Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2160
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 524. Пешоянди дар ба маънои гуногуии масоха кор фармуда мешавад.

      1. Барои нишон доданй макони амалу холат: Дар ин диёр хаво зуд торик мешудааст (Мухаммадиев). Он сой дар баъзе чойхо бись­ёр чукур аст (Рахим Налил). Х,оло хам дар Ленинобод ва дар дехо­тй атрофи он аксар духтарон токихои такдузи мепушанд (Рахим На­лил) .

      2. Барои нишон доданй замони вокеъ гардидани амал:

Дар тобистон дар сари кишту зироат козае сохта, бо зану фар- занди хурдсоли худ кучида мебаромад (Дехотй). Дар охирхои зи- мистон падарам ба Махаллаи Боло рафтан хост (Айнй). Дар нима- хои соли 1914 хат омад, ки иисараш дар чанг нобуд шудааст (Ик­ромй).

      1. Барои нишон доданй машгулияту амал:

Маълум мешуд, ки у чизеро дар паси чут- аз назархои оянда — равандагон пинхои гузошта дар хурдан аст (Айнй). Дар работи К,н- лич Халифа занон дар колинбофй машгул буданд (Айнй).

      1. Сарчашмаи аломатро нишон медихад: Пешоянди дар ба ин вазифа муродифи пешоянди таркибии изофии аз чихати/дар бобати мебошад: ...номй хакикии оймуллои Танбур Каримабону буд ва у хам дар ам ва хам дар хусн хакикатан ноДираи даврон ба шумор мерафт (Икромй).

§ 525. Пешоянди бар бештар дар забони адабии китобй истифо­да шуда, маъно ва вазифахои гуногун дорад.

        1. Ба суи предмет, бештар ба сатх ё ба болои предмет равона шудани амалро мефахмонад: Гар нихад по бар заминат, зери по гардад сараш (Дехотй).

Ман он нону намакро буса кардам, Ташаккур гуфтаму бар чашм бурдам

(Турсунзода).

Маиа, бар лаби руди Ому расндам, Садовой мавчаш ба гушам шунндам

(Турсунзода).

Акнун бар шоххои хамаи дарахтони сархавз лампахои чилуми овезаро овехта буданд (Айнй). Ин пирмард... бар сараш хам саллан сафед печонда, фашашро монанди муллоён ба печи саллааш халонда монда буд (Айнй). Дар вакти гармо бар он суфа нишастан ва ба оби равони руд назар андохтан ба кас рохат мебахшид (Айнй).

Знмистон тухми гул бар хок мерезад, Бахорон мавчн гул аз хок мехезад

(К а н о а т).

        1. Ба объект ишора мекунад, ки мавриди мухокима аст ва ё нис­бат ба он ягой хиссиёт зохир карда мешавад:

Бар пирии навчавон бибояд гирист. Бар курнн ошикон бибояд гирист

(Л о и к).

Модари мушфик туй бар наели захмат, эй Ватан (Дехотй).

        1. Пешоянди то барои нишон доданй ибтидо ва интихои масоха ва замони амал кор фармуда мешавад:

Як рузи бахор Курбонниёз — тагоиам моро то Риждувом бурда монд (Айнй). Яъкуббой... бо пиёдагардони эшон пеш даромада то дари хавлиаш омад... (Айнй) .Эхтимол ,то рафтани шумо онхо гус- фаидонашонро ба чаро гирифта бароранд (Айнй). Модар дар чамъомади коргарони завод, ки писараш то чанг дар он чо кор ме­кард, аз ин зиёд сухан гуфта натавонист (Рахим Чалил).

Пешоянди то тобиши маънои тафовутро низ нишон медихад: Одам то одам фарк мекунад. Аммо ман он вактхо фарки суф то шо- хиро намедонистам (Айнй).

§ 526. Пешоянди бо гайр аз маънохои хамрохй ва воситаи ичро вобаста бо семантикаи исм ва феъл тобишхои иловагии маъно зохир мекунад.

          1. Дар ичрои амал хамрохнро нишон медихад:

Дар вактхо и барфборй бомхои ин хавлии калонро бо саис ман меруфтам (Айнй). Ниёз гуфт, ки у бо тагояш пагох ба Бухоро ра­вон мешавад (Улугзода). Баргхои хазоп бо чанги рох якчоя дар ха­во чарх мезаданд (Икромй).

          1. Воситаи ичрои амалро далолат мекунад:

Максудчон ва Тохирчон бо панчшохахо дастахои хори тарро оварда, дар даруни охур андохта, хамвор карданд (Айнй). Аммо Те- мурмалик бо зарби шамшери бурро, тири паррон ва гурзи гарон он занчирхоро аз хам гусехт (Айнй). Бо ин автобус бояд духтари вай аз шахр бозгардад (Улугзода). Мо даст ва руямопро бо оби хунук, ки дар наздикй чори буд, шуста ба канори дастурхон нишастем (Айнй). Додочон бо карори правления ва мачлиси умумии колхоз хамон мехмоихоиаро ба хисоби колхоз гирифта, идораро ба он чо кучонид (Икромй).

          1. Тарзи амалро мефахмонад:

Бо дахшати аз одат берун хаво гулдуррос зад (Айнй). Бо к,ахр аз наздам хсста рафт (Айнй). Бо чунон чолокй ва чобукй кор меку­нанд, ки бинанда дар тааччуб мемонад (Рахим Чалил).

          1. Замони руи додани амалро нишон медихад:

Бо расидани чархи ароба ба лаби захкаш бо хавлй чон худро ба он тарафи захкаш хаво додам (Айнй). Бо дидани ин хол либосхои низомиашро аз тан бароварда, дар канори рох гузошт (Айнй).

          1. Сабаби руй додани амалро мефахмонад:

Шокир бо тафсиши офтоби нимрузии тобнстонй гарки арак шу­да, аз хоб бедор шуд (Айнй). 1\исми болоии ин Fop бо мурури за­мон бо таъсири барфу борон афтода, то иимаи тал фуромада буда­аст (Айнй). ,

§ 527. Пешоянди барои максаду таъиноти вукуи амалро мефах­монад:

Ахмад-махдум ба ип чо барои дамгирй меомад (Айнй). Агар дар вактн чавониаш хунархои зурозмоии худро барои бозй ва дил- хушй кор мефармуда бошад, акнун барои интикомгирй аз душман- хои пурзур кор фармудан хост (Айнй). Барои оташдон хезум шикаста медодам (Айнй). Падарам барои шумо як чомаи рупушии нав... тай­ёр карда мондааид (Айнй).

§ 528. Пешоянди бе набудани касе, ходисае ва ё нредметеро ни­шон медихад:

Мегузарад у нанамуда назар, Бе хаячони дилу шавке ба cap

(Турсунзода).

Ин дафъа аввалин буд, ки кас Мирюсуфро дар кучаву рох бе портфель медид (Дехотй).

§ 529. Пешоянди чуз ба маънои истисно меояд:

Аз илм мурод чуз амал нест (Зарб). Чуз машина, азизи ман, худ гуй, Кор осонкунанда дигар чист

(Турсунзода).

§ 530. Пешоянди бидуни дар забони адабии китобй истифода шуда, маъной нстисноро нишон медихад:

Охиста-охиста бидуни шитобу телбакорй идома мекунад, чунки муомилаи нозук металабад (Мухаммадиев). Дар порчаи хамвор бу- ридашудаи газета бидуни сарлавха, унвону имзо чунин сатрхо чоп шуда буд... (Мухаммадиев).

ПЕШОЯНДХОИ АСЛИИ ТАРКИБЙ

§ 531. Ба гурухи пешояндхои аслии таркибй то ба, ба чуз, чуз аз дохил мешаванд. Яке аз чузъхои пешоянди таркибй сохиби маъной асосй буда, дигараш маъной иловагии таъкидй дорад.

Пешоянди то ба муносибатхои масохагй ва замониро ифода ме­кунад:

Халк бурдааст рохи оханро то ба шахри ман (Турсунзода). Баъд беморро ба он чо кучонида болояшро то ба кифташ бо курпа пушонид (Икромй).

Пешоянди ба чуз истисноро мефахмонад:

Вай ба чуз як чуфт барзагов ва як таноб замин чизи дигаре на- дошт (Дехотй). Шояд пирамард дар сафи мавзуни сафедорон ба чуз он малохате, ки чозиби дидап дигарон аст, боз хусни изофае мебинад (Мухаммадиев).

МУНОСИБАТИ СИНОНИМИИ ПЕШОЯНДХОИ АСЛЙ

§ 532. Пешояндхои гуногуне, ки дар иборахои хам маъно муноси­батхои якхелаи грамматикиро ифода мекунанд, пешояндхои синони- мй мебошаид. Дар забони точикй ду навъи пешояндхои синонимй дида мешавад: а) синонимхое, ки ба чои якдигар кариб бе хеч то­бишхои иловагй кор фармуда мешавапд ва б) синонимхое, ки дар истеъмолашои вобаста бо маънсц! асосии пешоянд тобиши иловагии маъно мушохида мешавад.

Чунончи, пешояндхои ба ва дар барои ифодаи равона кардани амал ба суи предмете ба тарзи сипонимхои гурухи «а» кор фармуда мешаванд, масалан: Аммо аз амир ба номи козни мазкур муборак- нома (фармон) омадааст, ки вай дар тумани Шофирком рафтаI ба кори рудинавбарорй рохбарй намояд (Айнй). Сабадро ба як чуккии дарахт овехта монда, олухоро чида ба вай андохтап гирифт (Айнй).

Ва ё кор фармудани пешояндхои ба ва бо ба чои якдигар барои нишон додани воситаи ичро ё тарзи амал: — Ба хар хол, мову шу­мо бояд шукр кунем, ки ба пои худ мегардем. (Дехотй). Саг ба охис- тагй аз чояш хест (Айнй).

Пешояндхои ба ва барои низ барои нишон додани максад чуй синоним истифода мешаванд: Ба об омадам (Икромй). Ахмад-мах- дум ба ин чо барои дамгирй меомад (Айнй).

Муродифи якдигар будани пешоянди ба//дар, ба//бо, ба//барои ходисаи таърихй мебошад.

Дар забони адабии хозираи точик хамчун норма барои ифодаи макони вокеъ гардидани амал пешоянди дар кор фармуда мешавад, барои ифодаи суи амал пешоянди ба. Барон нишон додани тарзи амал ва ё воситаи ичрои амал дар баробари ба пешоянди бо исти­фода мешавад.

Маънои асосии пешояндхои синонимии гурухи «б» як мебошад, вале дар вакти кор фармуданашон тобишхои гуногуни маънои ва услубй пайдо мекунанд. Масалан, пешояндхои аз ва бо дар ифодаи сабаби вукуи амал, холат ё ягон хиссиёт хамин гуна хусусият до­ранд:

Ба дидани нони гарм оби дахапи Шокир, ки хеле гурусна буд, чакида омада бошад хам, ба нон даст дароз памекард (Айнй). Сару руи ва дасту пояшон аз зарби чубу камчин сиёх, хуншор буд (Айнй).

Пешояндхои аз ва ба дар ифодаи сабабгори амал ва холат (хис­сиёт) низ синоним мебошанд:

Ахмад аз хикояи ин кас беихтиёр хандид (Айнй).

Пешояндхои сермаъио дар баъзе мавридхо чун синоним, аммо дар мавридхои дигар чун антоним мушохида мешаванд. Масалан, пешоянди аз дар маънои масохагиаш, хангоми ифодаи ибтидои амал ва ё харакат аитоними пешояндхои ба ва то мебошад, ки ба иукта ё пункте расидани амал ва ё интихои амалро хам дар масоха ва хам дар замон нишон медиханд:

Аз шахр то Розмоз аз хучраи ман то хавлии шумо нест, ки одам як сари кадам рафта ояд (Айнй). Аз кучо меой, ба кучо меравй?— Аз Ворух ба Самаркандак меравам (Рахим Чалил).

ПЕШОЯНДХОИ НОМИИ ИЗОФЙ

§ 533. Пешояндхои номй аслан калимахои мустакилмаъно мебо­шанд, ба воситаи маънои лугавии худ муносибатхои синтаксисии бай­ни аъзохои чумларо аниктар ва пурратар менамоянд: мисли калима­хои мустакилмаъно суффикси чамъбандй, бандакчонишин ва баъзе унсури грамматикиро кабул мекунанд; бо калимаи тобеъшаванда ба воситаи изофат панваста шуда, як вохиди яклухти лутавию грамма­тикиро ташкил мекунанд. Пешояндхои номии забони точикй дар сис­темаи калимахои ёридиханда бо хосияти лексикию грамматикии худ мавкеи махсус доранд. Мукаррар намудани меъёр ва шароити ба пешояндхои номй гузаштани калимахои мустакилмаъно, ки аз ходи- еахои бисьёр маъмули забони точикист, аз чумлаи масъалахои душ- вори забони точикй мебошад. Мохияти асосии ташаккули пешоянд­хои номй бо он мукаррар карда мешавад, ки калимахои номй нишо­нахои аоосии худро гум карда, маъпои нав — маънои релятивй пай­до намуда, ба гурухи калимахои ёридиханда мегузаранд. Дар забони хозираи точикй шарту сабабхои ташаккули пешояндхои номй бо чан- дип омили грамматикй ва лексикй мукаррар карда мешавад.

            1. Кисме аз калимахои номй аввал ба маънои зарф истифода шуда, сонй тадричан ба гурухи пешояндхо гузаштаанд.

            2. Сермаъной ва маънои аслию мачозии калима низ имконият медихад, ки вай ба маънои умумй ва абстракт истифода шавад. Маънои умумй ва абстракта калима барои пайдо гардидани пешо­янди номй низ ёрй мерасонад. Масалан, калимаи руй дар вакти бо пешояндхои аслй истифода шуданаш танхо барои ифодаи муносиба­ти синтаксисии ибора хизмат мекунад: у ба руи гилем нишаст. Дар ин маврид руи... маъпои предметии худро гум карда, маънои асосии пешоянди аслии ба ва маънои умумии ибораро конкрет ва аник ме- гардонад. Хамин тарика, пешоянди таркибии номии аз руи ва шакл­хои дигари он, ки муносибатхои хархелаи синтаксисиро ифода меку­нанд, алокаи худро аз калимае, ки аз он ба вучуд омадааст, пурра накандааст.

            3. Чараёни истеъмоли калимахои мустакилмаъно ба вазифаи ка­лимахои ёридиханда дар забони точикй боз аз он чихат дар инки- шоф аст, ки адади пешояндхои аслй талаботи рузафзуни забон на пайдоиши муносибатхои нави грамматнкиро конеъ карда иаметаво- над. Пешояндхои номй аз кнсматхои мухим ва таркибии системаи пешоянду пасояндхо ба шумор мераванд. Онхо бо сохти грамматн­кни забон ва бо лугати забои сахт алокаманданд. Як катор пешоянд­хои номй дар натичаи дар онхо тадричан чамъ шудани маънон реля- тивй ба вучуд омадаанд, масалан, руи замин, болои бом, даруни хона.

Пешояндхои номии изофй ба ду гурухи асосй чудо мешаванд: а) пешояндхои номии соддаи изофй; б) пешояндхои номии таркибии изофи. Бипобар он ки дар забони адабии хозираи точик ин ду гурух баробар истеъмол мешавад, хар дуро якчоя муоина кардан мумкин аст. Дар пешояндхои таркиби маънои грамматикии пешоянди аслй бо маънои лугавии пешоянди номй зич вобаста мебошад, пешоянди номй маънои пешоянди аслиро аниктар ва пурратар менамояд. Аз тарафи дигар, пешояндхои аслй маънои чузъи номии пешоянди тар- кибнро равшану муайян мекунанд. Дар забони адабии хозира беш­тар пешояндхои номии таркибй истеъмол мешаванд.

Ба катори пешояндхои номй бештар иемхо ,ва зарфхои дорой мафхуми масоха ва замон дохил мешаванд, масалан, акиб, боло, баъд, байн, берун, дарун, пеш, тараф, суй, таг, гирд, иазд. кариб, ^ер, миён, пахлу, бар, ру, даст, пушт, cap, лаб, восита, рох, муноси- бат, бора, сабаб, боне, баробар, иваз, бадал, хамрох ва хоказо.

Таркибхои навъи гирду пеш (дар гирду пеши) ру ба ру (ба ру ба руи, дар ру ба руи), гирду канор (дар гирду канори) низ як кис­ми пешояндхои номии таркибй мебошанд.

Маънои пешояндхои номй кор фармудани онхо ва бо семанти- каи феъл ва калимае, ки хамрохи пешоянд омадаает, инчунин бо маънои лугавии худи пешоянд вобаста аст, чунончи, пешояндхои руи, дар руи, ба руи муносибатхои масохагиро ифода намуда, одатан бо исмхое, ки мафхуми сатхро ифода мекунанд, меоянд: руи об, дар руи замин ва гайра.

Кисми бештарини калимахо» -.'муста кил маъное, ки ба вазифан пешоянд истеъмол мешаванд, дорой маънои масохагй буда, муноси­батхои масохагй ва замопиро, ки ба хамдигар алокаманд мебошанд, ифода мекунанд. Дар чараёни инкишофи минбаъда пешояндхои но­мй маънохои дигари гайримасохагй, яъне сабаб, максад, объект, шз- бохат, хамрохй, воситаи ичро, тарзи амал ва гайраро пайдо меку­нанд.

Пешояндхои номй аз руи маъно ба гуруххои гуногун чудо ме­шаванд. •

/. Пешояндхои номие, ки асосан муносибати масохагиро ифода мекунанд