Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2160
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 392. Феълй замони гузаштаи хикоягй аз асоси замони гузашта бо иловаи префикси ме- ва бандакхои феълй сохта мешавад. Гасрифн ин шакли феъл ба тарзи зерин аст:

Танхо Чамъ

                  1. ман механдидам 1. мо механдидем

                  2. ту механдидй 2. шумо механдидед

                  3. вай механдид 3. онхо механдиданд

§ 393. Феълй гузаштаи хикоягй хам дорой тобиши зиёди маъной ва грамматикй мебошад, ки хар яке аз онхо дар матн вобаста ба ра- виши сухан равшантар зохир мешавад. Гузаштаи хикоягй хаминро мефахмонад, ки амал дар замони гузашта бардавом вокеъ шудааст, вале натичаи он, яъне аичом ёфтан ё наёфтанаш маълум нест.

1. Феълй гузаштаи хикоягй амал ё холату вазъияти давомнокй муттасил вокеъшударо мефахмонад:

Дар он зиёфат ошро ман мепухтам ва дигар хизматхоро хам мая мекардам (Айнй). Дар хамин асно чанд нафар чанговарон бо сар- дории фармондехе бо ду пулемёт ва чанд дона милтик душманро да- равида, майдонро тоза намуда, пеш меомаданд (Хаким |Карим). Соа- ти деворй тик-тик мезад, ду нафар одамони харбй таппончахояшонро равган мекарданд, комендант... ба дафтари калон чизе менавишт (Икромй). Давлатшохи мехнатдуст то метавонист, мекушид, ки ба пирамард ва зани у зиёдтар мадад расонад. Давлат дасти Пётрро хар- гиз cap намедод (Рахим Чалил). Одамони мо ба мехмопи асабонй бо мулоимат ran мезаданд, аммо у торафт баландтар аланга мегирифт

ва тозиёнаи худро гох ба камарбанди пахнаш мехалонду гох дар бо- лои сараш тахдидкорона афшоиида, фарьёд мекашид (Мухаммадиев).

Дар забони точикй феълхои содда ва таркибие хастанд, ки маъ­ной лугавиашон тобиши давомнокй дорад. Онхо ба шакли гузаштаи хикоягй омада, маъной давомиокии грамматики пайдо мекунанд. Ма­салан: боридан — меборид, навохтан — менавохт, раксидан — мерак- сид, тарошидан — метарошид, хизмат кардан — хизмат мекард, накл кардан — накл мекард, тамошо кардан — тамошо мекард, бозй карда гаштан — бозй карда мегашт ва м. ин:

Он руз хаво абрнок буда, аз осмон чанг меборид (Икромй). Ро- нандааш дар сахни кема, ба рун хараке. нишаста бо сари хам аз чуб чизе метарошид. — Мили вай девонавор мераксид (Мухаммадиев). Акнун сухапхои расмию дароз гуфта нашуданд ва аксари мохмонон ду-дую се-се нишаста гирифта, аз хар хусус гапзанон мекарданд (Ра­хим Налил). Мутриб сози худро хануз чур мекард. Мазмунй ин савт чй бошад? — фикр мекард у (Мухаммадиев). Ду бачаи калонаш дар руи хавлй бозй карда мегаштанд (Хаким Карим).

                    1. Феълй гузаштаи хикоягй давоми мулкаратии амалй гузаштаро мефахмонад, ки чунин тобиши маъной гохо аз мазмунй умумии нутк (матн) маълум мешавад, баъзан бо ёрии калимаву иборахои алохида таъкид меёбад:

Mair шеърхои дустдоштаамро дар когазпорахо навишта мегнриф- там (Айнй). Х,ар чй хохад, пайдо мекардаму хар чй гуяд, бо чону дил мешунидам (Рахим Налил). Дар дами дарвозаи шахр посбоихо исто­да буданд, оянда, равандагонро гафтиш карда медиданд (Икромй). Хар шеъри навиштаамро борхо хонда медидам (Айнй). Дам ба дам аз чояш хеста, аз хона зада баромаданй мешуд (Хаким Карим). Хар ду гаштаю баргашта механдиданду завк мекарданд. (Рахим Налил). Гохо дугонахоятон аз кор фориг шуда, доираро тасфонда меоварданд (Мухаммадиев).

                    1. Шакли гузаштаи хикоягй бо чунин маъной давомнокй истеъ­мол мешавад, ки ин маънй дар мавридаш бо шакли замони гузаштаи дур ва гузаштаи дури давомдор низ ифода меёбад. Ин холат бештар бо феълй нишастан, истодан ва баъзан бо феълхои дигар руи меди­хад:

Командир дар шипанге, ки дар канори хавз вокеъ буд, чой ну- шида менишаст (Хаким Карим). Бегохи хамон руз ману Хайдарчоч аз кор омада, дар лабй хавзчаи хавлиамон менишастем. — Мошин дар канори рох, байни ду теппаи пасте меистод (Мухаммадиев). Ру­зи серкор ва пур аз ташвиш ба охир мерасид (Икромй).

                    1. Шакли гузаштаи хикоягй барои ифодаи тобишхои маъноии амалй вокеъшуда (шарт. хохиш, умеду орзу, имконпазирй, нобоварй) кор фармуда мешавад .Ин гуна тобишхои маъной вобаста ба мазму­нй сухан, оханги гуфтор аз хамдигар фарк, мекунанд. Баъзан дар шакли гузаштаи хикоягй тобиши маъноии замони хозира-оянда ё оян­да хис карда мешавад ва маълум аст, ки барои ифодаи чунин маъни- хо шаклхои дигари феъл низ хизмат карда метавонанд:

Агар рафикони мо хама аз як гиребон cap мебароварданд, халли ин муаммо осон мешуд (Икромй). Агар дар ин кучаи беодам холо касе пайдо мешуду ин пурсу посу дастфишориро медид, гумон ме­кард, ки пахлавони чавон ба пахлавони машхур арзи эхтироми шо- гирдона мекунад (Мухаммадиев). Дер монанд, майлаш-куя, лекип говро барвакттар меоварданд, ки дар вакгаш душида мешуд гуфта боз хасрат кард (Айнй). Кам монда буд, ки аскархои амир моро зер мекарданд, хамаи моро нобуд мекарданд, лекин хайрият, ки аз тара­фи Тошканд ба мо ёрй расиду мо халос шудем (Икромй). Як дари даромад дошт, ки дар айии замон рушной хам бояд аз хамон дар ме- даромад (Айнй). Кош мох мебаромад (Мухаммадиев).

Эзох: Феълй доштан ба маънии шартй ва ё барои ифодаи хохишу орзу ба шакли гузаштаи хикоягй омада метавонад: дар мавридхои дигар вай одатан ба шакли замони гузаштаи наздик (оддй) омада, давомнокии амалро ифода мекунад. Чунончи, мукоиса кунед:

Хукуки намояндагй медоштам, таклнфхои амали пешниход мекардам. Кошки хозир пулемёт панчсад дона тир медошт, — гуфт чавон.

Чакидан дошт чзк-чак шираи ток, Тапидан дошт аз гармй дили хок.

(Турсунзода).

5. Шакли гузаштаи хикоягй дар нутки гуфтугу ва адабнёти ба­дей замони ояндаро низ ифода мекунад, ки он бо оханги нутк ва бо ёрии калимахои чудогона ифода меёбад. Ин гуна тобишхои маъной дар мавриди худ бо шаклхои замони хозира-оянда ва ояндаи феъл ифода шуда метавонад:

Лз шумо мепурсидем, ки еоати панчи пагохй ба клуби кишлох хозир мешудед (Айнй). Чй ran буду аз кй шунидед, фахмидан мехос- там (Рахим Чалил). Шумоён ба кучо? — пурсид марди рус. — Ба Сталинобод. — Бисьёр naF3, хамрох мерафтем-дия (Икромй).

Гузаштаи .уикоягии наклй

Шакли замони гузаштаи хикоягии наклй аз гузаштаи наклй бо иловаи префикеи ме- сохта мешавад. Тасрифаш чунин аст:

Танхо Намъ

  1. ман мехондаам 1. мо мехондаем

  2. ту мехондай 2. шумо мехондаед

  3. вай мехондааст 3. онхо мехондаанд

Гузаштаи хикоягии наклй низ тобишхои гуногуни маъной ва за- монй дорад. ки опхо аз омезиши тобишхои маъноии наклй ва хикоя­гй иборатанд. Ин шакл давомнокй ва такрори мулкаратии амал, на- тича ва хулосабарории мантикиро бо тобиши давомнокй ва шохиди вокеа набудани гуяндаро ифода мекунад. Гайр аз ин, шакли гузаш­таи хикоягии наклй вобаста ба матн замони гузашта, хозира ва оян­даро ифода карда метавонад.