Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2160
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 423. Феълхое, ки таркибашон аз хиссахои номии нутк ва феъл­хои ёридиханда иборат аст, феълхои таркибии номй шуморида меша­ванд.

Хар як феълй таркибии номй як вохиди лугавй, як хиссаи нутк ни чузъхои ибора алокаи синтаксисии ду хиссаи нутк (зарф ва феъл) ва таркибии номй на алокаи синтаксисй, балки тапосуби манной ва мувофикати морфологй мавчуд аст. Ба ин маънй байни ибораи тоза чидам ва таркиби тоза кардам фарки куллй дида мешавад: дар бай­ни чузъхои ибора алокаи синтаксисии ду хиссаи нутк, (зарф ва феъл) ё ду аъзои чумла (хол ва хабар) мавчуд асту байни чузъхои тарки­бии сонй мувофикати шаклию маъноии ифодакунандаи маънии як во­хиди лугавй днда мешавад. Муносибати чузъхои таркибии ёрй тала- бидам ва ёрй додам низ монанди ду таркиби аввала мебошад.

Хамин тарика, аз сабаби мавчудиятн алокаи синтаксисии байни чузъхо иборахои тоза чидам, ёрй талабидам, даст расондам ва амсолп инхо таркибхои синтаксиси, аммо ба сабаби мавчудияти танхо муво- фикати шаклию маъпой таркибхои тоза кардам, ёрй додам, мадад расондам ва монанди инхо таркибхои морфологи мебошанд. Х,ар яке аз ин таркибхои морфологи хамчун вохиди лутавй, як хиссаи нутк, яъне хамчун феълй таркибии номй ба хисоб гирифта мешавад.

Таркиби морфологии феълуои таркибии номй

§ 424. Таркиби феълхои таркибии номй аз ду чузъ иборат аст: чузъи номй ва чузъи феълй.

Чузъи номй

§ 425. Чузъи номй хиссаи асосй ва сохибмаънои феълй таркибии номй буда, маънон феълро мукаррар ва муайян мекунад. Дар феъл- созй хиссаи сермахсул исм ва сифат мебошанд.

  1. Исм — чузъи номии феълй таркибии номй мешавад ва хеле сермахсул аст: кор кардан, хизмат кардан, чустучу кардан, бовар кардан, муаллимй кардан, ишорат намудан, сарф шудан, хаво до­дан, анчом ёфтан, вокеъ гаштан, чашм андохтан, кадам гузоштап, чавоб гардондан, чарх задан, касос гирифтан ва м. инхо:

Мо барои ба\т, барои саодати худамон ва наели ояндаамон кор мекуием (Хаким Карим). Раву бахти худро чустучу кун (Рачим Ча­лил). Дар баъзе чойхо хануз хам дуд фаввора мезад (Икромй).

  1. Сифат — чузъи номии феълй таркиби мешавад: озод кардан, босавод кардан, сафед кардан, тоза кардан, сер шудан, сихат шудан, хунук шудан, сокит гардидан, намоён гаштан ва амсоли инхо:

Ин пешбинихои оной рост баромад (Хаким Карим). Зани Шохму- родбек ба духтараш гаълим дода, дар андак муддат уро босавод кард. Дар симон окилонаи у аломати хузн намоён гашт (Икромй). Радио- приёмникхо хомуш шуданд. Садои тир баланд шуд (Мухаммадиев).

  1. Таъбирхое, ки аз такрори бевоситаи исм иборатанд (даст-даст кардан, пора-пора кардан, порча-порча шудан), таркибхои исм бо пешоянд (дар бар кардан, дар газаб шудан, ба нофахмй задан, аз назар гузарондан, ба чо овардан, аз худ намудан, ба хисоб гирифтан ва г.) чузъи асосии феълй таркибии номй мешаванд:

Маъмурияти корхона хурмати коргарони содики худро ба чо овард (Хаким Карим). Сайд Пахлавой яке аз хамин хел дехконхои хупарманд ва пурдон ба шумор мерафт (Икромй). Онхо аз хар гек­тар ба хисоби миёна кариб 37,5 центнер пахта ба даст оварданд («То­чикистони советй»). Дар ин мачмуа шеърхои шоири чавон ба табъ расидааид («Маориф ва маданият»). На танхо худи ту, балки хамаи касоне, ки аз давлати чаноби олй дар ин чо бо осудагй умр ба cap ме- баранд, дузданд (Айнй).

  1. Таркибхои номй ба шакли такрори исм бо пешоянд (ру ба ру шудан, чо ба чо кардан, дар ба дар шудан), иборахои синонимй ва антонимй (оху фигон кардан, фикру хаёл кардан, дугу пупнеа кар­дан, зеру забар кардан, сурху сафед шудан...) ва таркибхои изофии устувор (касби камол кардан, зери по кардан, дуои бад кардан, таги бинй кардан) чузъи номии феълй таркиби шуда меоянд.

Он дуй дигар як чавону як духтар буданд, ки хамин холо савор шуда, чизу чорахояшонро чо ба чо мекарданд. Дар кучаи кишлок ба вай раиси чамоа ру ба ру шуд (Икромй). Деворхояш бо накшахон кандакорй ва гулхои гуногун зебу зииат дода шуда буд (Айнй). Ар- боб тамоми овозй чирросии худро cap дода, дугу пуппсахо кард (Ра­хим Чалил). Дар кучаву тангкучахои деха бачахо давутоз ва шавку- ну сурон мекарданд (Мухаммадиев). Акаю ука сурху сафед шуданд (Хаким Карим).

  1. Х,иссахои дигари нутк,, масалан, шумора, зарф ва баъзе шакл­хои феълй холу сифати феълй, ки як андоза тобиши исмй ё сифатй пайдо кардаанд, низ чузъи номии феълй таркибй мешаванд, вале кам- махсуланд: як кардан, як шудан; бас кардан, бадар рафтан, пеш ги­рифтан, пайдо шудан; омухта кардан, омухта шудан, равон шудан, пурсон шудан ва гайра:

Ба пеши чашми аппарат як заминкане пайдо мешавад (Хаким Карим). Баъдтар рафта-рафта сархадро бастан лозим омад, чунки мо дар зиндагонй рохи нав пеш гнрифтем. Дигар чизе нагуфта бадар рафт (Мухаммадиев). Амалдор Махрам хам Едгорро пеш андохта, аз дунболи ин бандй ба арк нигох карда равон шуд (Айнй).

  1. Калимахои таклидй хам чузъи номии феълй таркиби шуда метавонанд. Дар ин маврид ин гуна калимахо маънии исмй пайдо мекунанд: fvbboc задан, шуввос задан, Fyp-Fyp кардан, так-гак кар­дан ва Faflpa:

Пайдо шудани одами ношиносро ба хотир оварда, аъзои бада- наш вичиррос зада рафт (Ниёзй). Дар зери чарххо гохе муми нарми часпак, гохе сангрезахои хушк фишор хурда, шуввос мезаданд. Ах- мадбек ба кадаммонии шахеи ояида зехн монда, дилаш чигги карда рафт (Мухаммадиев).

Чузъи феълй

§ 426. Чузъи дуюми феълхои таркибии номй аз феъл иборат аст. Fafip аз феълхои ёридихандаи кардан, шудан, намудан, гардидан, ки маънои лугавиашои кайхо гум ё суст шудааст, дар феълсозй ва тар- кибсозии феълй боз як гурух феълхои соддаи аслан мустакил хам­чун феълй ёридиханда меоянд. Дар ин маврид маънии лугавии онхо суст шуда, вазифаи нави грамматикй пайдо мекунанд, хнссахои но- миро хамчун феъл сурат медиханд.

Хамин тарик, чузъи феълии феълхои таркибии номй чузъи тас- рифшаванда буда, категорияхои шахсу шумора, замон, тарз ва намуд ба туфайли он, яъне ба воситаи феълхои ёридиханда ифода меёбанд.

Феълхои ёридихандаи кардан (намудан) ва шудан (гардидан, гаштан) хеле серистеъмоланд. Бо ёрии феълй кардан аз хнссахои номй бештар тарзи фоилии феъл, аммо бо ёрии шудан тарзи мафъу­лй, феълй монда сохта мешавад, чунончи: озод кардан — озод шудан, тайёр кардан — тайёр шудан, бедор кардан — бедор шудан; тамошо кардан, хоб кардан; хам шудан, зард шудан, хозир шудан ва гайра.

Адади феълхои ёридиханда дар феълсозй ва таркибсозии феъэтй аз хисоби феълхои аслан мустакили гирифтан, додан, доштан, ёф- тан, задан, хурдан, сохтан ва г. меафзояд. Феълхои мазкур чун ёриди­ханда омада, феълй таркибии номй месозанд^ ёд шрифтам, дам ги­рифтан, авч гирифтан; ёд додан, хаво додан, ривоч додан; дуст дош­тан, нигох доштан, масхара доштан; зафар ёфтан, сихат ёфтан, таб­дил ёфтан, анчом ёфтан, ran задан, чарх задан, хунук задан; хунук хурдан, тоб хурдан, гам хурдан, фиреб хурдан ва хоказо.

Гурухи дигари феълхо аз кабили рафтан, андохтан, духтан, бастан, кашидан, бурдан ва f. бо микдори ками иемхо феълй тарки­бии номй месозапд. Ни гуна феълхо дар таркиби феълхои номй чун ёридиханда омада, вазифаи грамматикиро адо мекунанд ва азбаски маънои аслии лутавии онхо як андоза нигох дошта шудааст, ба феъ­лй таркибии номй тобиши лугавии иловагй мебахшапд, чунончи: рафтан — рох рафтан, андохтан — назар андохтан, тир андохтан, духтан —чашм духтан, бастан — умед бастан, накш бастан, каши­дан — раем кашидан, азоб кашидан, бурдан — пай бурдан ва гайра.

Чунин иборахои феълии устувор низ ба гурухи феълхои таркибии номй дохил мешаванд: кахрам омад, хобам омад, хобам бурд, димо- гам сухт, ба дилам зад ва монанди ин.

Дар таркиби феълй таркибии номй омадани унсурхои грамматикй

§ 427. Азбаски чузъи асосии феълй таркибии номй аз хиссаи по­мни нутк иборат аст, дар чумла холатхое руи медихад, ки дар нати­чаи он зохиран шакли мукаррарии феълй таркибй вайрон мешавад: чузъи номй аломате кабул мекунад; калима ё иборае дар байни феъ­лй таркибй омада, чузъи номй ва феълиро аз хамдигар дур мекунад, лекин аз чунин холатхо муносибати байни чузъхои феълй таркибии номй тагьир намеёбад. Яке аз хусусиятхои феълй таркибии номй махз хамин аст. i

_ 1. Чузъи номии феълй таркибии номй аломатхои чудогонаи грам­матикй кабул мекунад. Масалан, чузъи номй исм бошад, суффикси Чамъбандии -хо ва артикли -е, сифат бошад, суффикси киёсии -тар кабул мекунад. Нему сифат бо бандакчонншин.хои шахси низ омада метавонанд:

Арбоб тамоми овозй чирросии худро cap дода, дугу пуписахо кард (Рахим Чалил). Мунавваршох ба Сайд Амон «мархамат кунед» гуфтагй барин ишорате кард (Мухаммадиев). Ин хандаи болохонадор Солехро боз оташинтар кард (Хаким Карим). Бошандагони дарае, ки шумо дар фасли аввал тамошояш кардед, хамагй ба кору кочоли худ сокул буданд (Айнй).

    1. Дар байни чузъхои феълй таркибии номй пайвандакхои хам, ки ва калимаи (феълй) модалии бояд омада мставонанд:

На танхо кор надоранд, хатто онхоро хурмат хам мекунанд (Ай­нй). Холо то ба кишлок рафтанамон ду-се бор омада хоб хам меку­нам (Ниёзй). Фаромуш набояд кард, ки директор дар мактаб муал­лим хам мебошад («Маориф ва маданият»). Духтарам мактабашро тамом ки кард, баъд ба ин масъала бармегардем.

    1. Дар байнн чузъхои феълй таркибии номй калимаю иборахо хамчун муайянкунанда меоянд:

Хардуямои хам хадафи чашмон гардидем. Ва Одилов хам аз чо- яш хеста мунтазири амр шуда истод (Хаким Карим). Аз ман шубхаи бечо накунед, — гуфт... марди ношинос (Икромй). Як силсила тарчу- махои нав низ пешкаши хонандагони точик шуданд(«Маориф ва ма­даният») .

    1. Дар байни чузъхои феълй таркибии номй калима ва иборахо ба вазифаи пуркунанда меоянд ва чузъхои феъл, чунон ки дар ми­солхои боло дида шуд, аз хамдигар дур мешаванд. Масалан, чумлаи якум бо чумлахои дигари зерин мукоиса карда шавад:

Мунавваршох ба навохтан шуруъ кард (Мухаммадиев). Насими субхидам шуруъ ба вазидан намуд (Хаким Карим). Наим худи хамои руз ба кишлокаш баргашту дигар ёди Бухоро пакард (Икромй). Зан... чанд кадам дуртар аз Сайд Амон, дар лаби чуйчаи беоб нишаст ва гуш ба садои тор дод (Мухаммадиев).

    1. Дар байни чузъхои феълй таркибии номй калимаву иборахо ба вазифаи холшархкунанда низ омада метавонанд: Вакте ки мо аз он чо дур мешудем, офтоб ру ба Fypy6 нихода буд (Хаким Карим).

    2. Аз хамдигар дур шудан ва чои худро тагьир додани чузъхои феълй таркибии номй дар назм вобаста ба копунияти каломи мавзун вокеъ мешавад:

Кабул он хадьяро чун ёдгори нурбахо кардам (Турсунзода).

Чу мебинам туро, эй руди Помир, Замони хурдсолй мекунам ёд.

(М и р ш а к а р),

7. Хангоми чида шуда омадани феълх,ои таркибии номй феълй ёридиханда, агар айнй як феъл бошад, одатан бо хар фе>л такрор нашуда, танхо бо феълй таркибии охирин меояд: , '

Дар ин колхоз одамони нуздах миллат якчоя тифок зиндагй вл кор мекунанд (Икромй). Баъдтар рафта-рафта вазнин ва халим шуда монд (Мухаммадиев).

ФЕЪЛХОИ ТАРКИБИИ ФЕЪЛЙ