- •§ 5. Омузиши сохти фонстнкин забон ахамиятн калопи амалй ва назариявн дорад. Алокаи байни одамон чахд ба воснтаи овозчо вокеъ мегардад.
- •§ 9. Овозхои нутк дар таркнбн вохидхои маыюдоп ду вазифаро ичро мекунанд: калимасозй на калимафарккунй (маънофарккунй),
- •§ 18. Транскрипция вобаста ба максад ва тарзи нстифодя ду хел .Мешавад: а) фонетикй вя б) фонологи.
- •§21. Дар сохта шудянн садонокхои забони точикй забои ва лаб- хо иштирок мекунанд. Бниобар ин таснифи тавлидии садонокхо дар асоси хамин ду узв сурат мсгнрад.
- •§ 22. Забон хамчун узви фаъол ба ду тараф харакат мекунад: 8) аз иеш ба кафо ё аз кафо ба пеш (харакатн уфукй) ва б) аз поён ба боло ё аз боло ба поён (харакатн амудй).
- •§ 45. Нншонан фарккунандаи бардошт (харакати а.Чудии забон) садонокхон точикнро ба се гурухи микдоран нобаробар таксим мску-
- •§ 46. Нншонан лабишави дар зимни тазоди лаби-гайрилаби са- донокхоро ба ду гурухи баробар чудо мекунад: а) лабй — у, у, о ва гайрилабй — и, э, а.
- •§ 47. Системен хамсадохои забоин точнкнро бисту чор фонемаи зерни ташкил мснамояд: б, п, м, в, ф, д, т, з, с, н, л, ж, ш, ч, ч, р, й,
- •§ 57. Тавснфи еадонокхои забоин точикй дар бештари маврндхо ба тобншхои асосин опхо, ки дар талаффузн алохндаи садонокчо му-
- •§ 59. Садонокхои катори омехта. Фонемаи у садоноки каторн омехта, бардошти миёна ва лабист. Хангоми тавлнди ин садонок да-
- •§ 83. Табдилн фонетики дар забони хозираи точик ду навъ до- оад: табдили хамнишинй ва табдилн мавкей.
- •§ 91. Мохиитн фонетикин задаро воентахои фонетнкие муайян мекунанд, кн барои фарк кунониданн хичои зядянок аз хичохои бе- зала истифода бурда мешаванд. Ин воснтзхои фонетикй аз инхо ибо- ратанд:
- •§ 97. Вазнфан задан калима. Задан калима хамчун яке аз унсурхои системаи фонетикии забон вазифаи ба худ хос дорад.
- •§ 99. Ин гуна калимаю морфемахо вобаста ба чоишон нисбат ба калимахои заданок ба ду гурух чудо мешаванд:
- •§ 100. Ба гурухи проклигнкахо инчунин морфемахон зерин до- хил мешаванд:
- •§ 102. Интонация, хамчун ходисаи овозн забо::, ду чихати ому- зиш дорад: а) чи.Чати мухобироти (коммуникативн) ва б) чихати ифоданокй.
- •§ 105. Интонация аз воситахои мухимми ифодаи муносибатхон мантикии чумла мебошад. '
- •§ III. Тамдид суръати талаффузи порчахои нутки овозй (овозхо. Хичохо. Калимахо ва кайра) дар вохиди вакг низ яке аз ун- сурхон интонация мебошад. Сует ё босуръат талаффуз кардани пор-
- •§ 127. Гуфтори хабарн якгаркиба ва дутаркиба мешавад, ки хар кадоми онхо шаклхои тасдичн ва инкори доранд.
- •§ 141. Фарки задан таъкид аз задахон дигари фраза ва синтагма дар лахзахои зерни ошкор мегардад:
- •§ 101. Таркиби морфемавии калима Дар калимахои сохтан забони точикй ду павъи морфема мушохида мешавад: 1) морфеман решагй ва 2) морфемаи ёрнднханда.
- •§ 181/Исм дорой категориям морфологии муайяниву номуайянй мебошад, кн воситаи асосин ифодаи он артикли -е ба шумор меравад.
- •§ 184. Артикли -е2 хусусияти муайянкунй (ншоратй) дорад ва му- родифи он чонишинхои ишорагй ба шумор мераванд. Артикли -ег бо иемхое меояд, ки онхоро чумлахои пайрави муанянкунанда эзох ме- диханд:
- •§ 1!?7. Суффикси -гар дар исмсозй сермахсул буда, иемхои шахе месозад, ки маънохои гуногун доранд:
- •§ 198. Суффикси -гор дар забони хозираи точик каммахсул буда, 6а воситаи он аз исму асосхои феъл иемхон шахе сохта мешавад:
- •§ 219. Суффикси -истон (нас аз садонок -стон, дар назм инчунин -ситон).
- •§ 238. Барои ифодаи навозиш гохо суффиксхои -ча ва -ак, ё ки -ича ва -як дар як чо меоянд. Ин холат ба нутки гуфтугу хос мебошад ва гохо дар шакли ихтисор (ба чои -чаяк, -чек ё ки -чак) вокеъ мешавад:
- •§ 239. Маъной навозиш ба воситан калимаи чон низ ифода меёбад.
- •§ 241. Заминай асосии калимахои мураккаб вохидхои синтаксисй, пеш аз хама ибора мебошад. Аз хамин чихат калимасозии иемхои мураккаб масъалаи муносибати иемхои мураккаб ва иборахоро ба миён мегузорадл
- •§ 242. Иемхои мураккаби пайваст аз асосхои баробархукук бо роху воситахои гуногун ташкил меёбанд.
- •§ 243. Иемхои мураккабе, ки аз такрори бевоситаи калимахо сохта шудааид:
- •§ 224. Исмхое, ки аз такрори чузъхо. Иборатанд, инчунин бо интер- фикси -о- ташаккул меёбанд. Тарзи сохта шудани ин гуна иемхо чунин аст:
- •§ 245. Исмхои мураккаби пайваст, ки аз асосхои гуногун сохта шудаанд, вобаста ба тарзи васли чузъхо ва воситахои алокан онхо ба чанд гурух таксим мешаванд.
- •§ 246. Исмхое, ки ба воситаи интерфикси -у- таркиб меёбанд. Ин
- •§ 259. Ба исм гузаштани сифати феълй. Сифати феъЛй пн.З ба исм хеле зиёд гузашгааст.
- •§ 270. Аз чихати маъно ва аломатхон морфологй сифат ба ду гурухи калон чудо мешавад: аслй ва нисбй.
- •§ 306. Сифатхои мураккаби пайваст бо роххои зерин сохта мешаванд:
- •§ 310. Сифатхое, ки чузъхояшон аз хам чудо навишта мешаванд, таркиби ном доранд. Сифатхои таркиби бо чанд рох сохта мешаванд.
- •§ 313. Шумораи микдори микдори предметхоро мефахмонад вай инчунин ададхои абстрактро номбар мекунад. Шуморахои микдори аслй, тахминй ва касрй мешаванд.
- •§ 318. Шумораи тартиби тартиби предметхоро ифода мекунад. Шуморахои тартиби аз шуморахои аслй ба воситаи суффикси -ум (-юм) сохта мешаванд: панчум, шашум, хафтум ва монанди инхо: —
- •§ 330. Чонишини худ дар забони адабии хозираи точик хеле серистеъмол буда, дар чунин мавридхо истифода мешавад: j
- •§ 335. Чонишинхои ишоратии гайриасли микдоран зиёданд. Онхо аз чихати вазифа ба чонишинхои аслй умумият доранд.
- •§ 344. Дар забони точнкн шаклхои феълй микдоран бисьёр ва гуногун буда, системаи муайяни устувор доранд.
- •§ 345. Аз руи шахсу шумора тагьир ёфтани асоехо ва шаклхои за- монии феълхо тасриф номида мешавад. Тасрифи феълхо бо ёрии бан- дакхои феълй ва хабари ё флексияи феълй вокеъ мегардад.
- •§ 346. Дар тарзи тасрифи феълхо ва ифодаи шахсу шумора бо бан- дакхои феълй хусусиятхои зерин хамчун коидаи забони точикй ба эътн- бор шрифта мешаванд:
- •§ 347. Бандакхои хабарй (гайр аз шахси сеюми танхо) бо бандакхои шахсии феъл баробаранд. Бандаки хабарии шахси сеюми танхо аст мебошад. Бандакхои хабарй инхоянд:
- •§ 351. Префикеи на-/ма-/ ба феъл хамрох шуда, шакли инкор (манфй) месозад ва нашудани кору холеро мефахмонад: нарав, наги- рад, надид, намечунбад, кор намефармояд.
- •§ 352. Преф,икси ме- ба асосхои феълй хамрох шуда, шаклхои за- монии феъл месозад.
- •§ 358. Феълхо аз чихати воситаи ичрои амал ва муносибати бо он доштаи фоилу мафъул бевосита ва бавосита мешаванд.
- •§ 364. Тарзи мафъулии бавосита аз тарзи фоилии бевосита бо феълй ёридихандаи шудан сохта мешавад ва амали бо ягон восита ичрошударо мефахмонад.
- •§ 366. Феълхое, ки дар лахза ва худуди муайяни вакт вокеъ шудан ва ба анчом расидани амалу холати яккаратиро мефахмонанд*
- •§ 370. Феълй истодан. Ин феъл дар таркибхои феълй ба шаклхои замони гузаштаи наздик (истод), гузаштаи дур (истода буд), гузаштаи хикоягй (меистод) ва хозира-оянда (меистад) омада, потамо-
- •§ 384. Сигаи амрй изхори хохишу супориш, фармону таъкид ва водор кардан ба амалеро, ки нисбат ба шахеи дуюм гуфта шудааст, мефахмонад.
- •§ 386. Сигаи эхтимолии феъл дар бораи вокеъ шудан ё нашудани амалу холат аз руи тахмин, эхтимол, гумон ва шубха сухан кардани гуяндаро мефахмонад.
- •§ 388. Феълй замони гузаштаи наздик (гузаштаи оддй) аз асосй замони гузашта ва бандакхои феълй сохта мешавад. Шахси сеюми танхои ин феъл бо асосй замони гузашта баробар аст.
- •§ 389. Замони гузаштаи наклй аз шакли феълй холи (сифати феълии) феълй асосй бо иловаи бандакхои хабарй сохта шуда, ба таври зср тасриф меёбад:
- •§ 391. Маънихои наклии замони гузашта бо чор шакли феъл ифода меёбанд.
- •§ 392. Феълй замони гузаштаи хикоягй аз асоси замони гузашта бо иловаи префикси ме- ва бандакхои феълй сохта мешавад. Гасрифн ин шакли феъл ба тарзи зерин аст:
- •§ 394. Тобишхои асосии маъной ва замонии ин шакли феъл дар матн равшан мушохида мешавад.
- •§ 395. Феълй замоии гузаштаи дур аз шакли феълй холи (сифати феълии) феълй асосй бо иловаи шакли замони гузаштаи феълй ёридихандаи будан сохта шуда, ба таври зер тасрнф меёбад:
- •§ 396. Шакли гузаштаи дур низ дар мавридхои гуногун бо тобишхои гуногуии замопию маънои истеъмол мешавад, ки опхоро вобаста ба мазмуни матн муайян кардан мумкин аст:
- •§ 397. Замони гузаштаи дури наклй аз феълй хол (сифати феълии замони гузашта бо суффикси (-а) ва шакли феълй будан сохта мешавад. Тасрифаш:
- •§ 400. Феълй гузаштаи эх,тимолй амали воксъшудаеро мефахмонад, ки гуянда дар бораи он бо шубхаю тахмин, гумону эхтимол сухан меронад (ниг. Сигаи эхтимолй).
- •§ 402. Феълй хозираи давомдор (муайян) аз шакли феълй холи (сифати феълии) феълй асосй ва шакли гузаштаи нагуши феълй ёридихандаи истодан таркиб меёбад. Тасрифаш чунин аст:
- •§ 403. Шакли хозираи давомдори феъл барои ифодаи маънихои зерин истеъмол мешавад:
- •§ 404. Феълй замони хозира-оянда аз асосй замони хозира бо иловаи префикеи ме- сохта шуда, бо бандакхои феълй тасриф меёбад. Масалан:
- •§ 405. Феълй замони хозира-оянда шакли муштаракест, ки бо мохияти грамматикни худ тобиши маъноии хар се замонро ифода карда метавонад. Чунин тобишхои маъной дар матн муайян мешаванд.
- •§ 400. Феълй гузаштаи эхтимолй амали вокеъшудаеро мефахмонад, ки гуянда дар бораи он бо шубхаю тахмин, гумону эхтимол сухан меронад (ниг. Сигаи эхтимолй).
- •§ 402. Феълй хозираи давомдор (муайян) аз шакли феълй холи (сифати феълии) феълй асосй ва шакли гузаштаи наклии феълй ёридихандаи истодан таркнб меёбад. Тасрифаш чунин аст:
- •§ 403. Шакли хозираи давомдори феъл барои ифодаи маънихои зерип истеъмол мешавад:
- •§ 404. Феълй замони хозира-оянда аз асосй замони хозира бо иловаи префикси ме- сохта шуда, бо бандакхои феълй тасрнф меёбад. Масалан:
- •§ 405. Феълй замони хозира-оянда шакли муштаракест, ки бо мохияти грамматикин худ тобиши маъноии хар се замонро ифода карда метавонад. Чунин тобишхои маъной дар матн муайян мешаванд.
- •§ 407. Феълй фармоиш замони ояндаро ифода мекунад ва факат шахеи дуюми танхову чамъ дорад, ки шахеи танхои он асосй замони хозира хисоб меёбад наз—пазед (пазетон), хур—хуред/хуре- тон ва г.
- •§ 408. Шакли аористи феъл аз асосн замоин хозира бо иловаи бандакхои шахсии феъл сохта шуда, ба таври зер тасриф меёбад:
- •§ 417. Префикси фар- хамчун вариант айнап тобиши маъноии префикси фур-ро дорад: фаромадан//фуромадан, фаровардан//фуро- вардан:
- •§ 418. Дар забони адабии хозираи точик хангоми бо префиксхои шаклсози феълии ме- ва на- омадани феълхо мавкеи баъзе аз префиксхои калимасози феъл устувор, баъзеаш ноустувор аст.
- •§ 423. Феълхое, ки таркибашон аз хиссахои номии нутк ва феълхои ёридиханда иборат аст, феълхои таркибии номй шуморида мешаванд.
- •§ 424. Таркиби феълхои таркибии номй аз ду чузъ иборат аст: чузъи номй ва чузъи феълй.
- •§ 425. Чузъи номй хиссаи асосй ва сохибмаънои феълй таркибии номй буда, маънон феълро мукаррар ва муайян мекунад. Дар феъл- созй хиссаи сермахсул исм ва сифат мебошанд.
- •§ 428. Феълхое, ки чузъхои таркибиашон аз шаклхои гуногуни феълй иборат буда, хамчун як вохиди лугавй ё грамматикй ба хисоб гирифта мешаванд, феълхои таркибии феълй номида мешаванд.
- •§ 430. Масдар аз асоси замони гузаштаи феъл бо суффикси -ан сохта мешавад: хондан, дидан, гирифтан ва гайра.
- •§ 433. Масдар хамчун феъл ба хусусияти вобастакунии калимахо молик аст. Вай монандй феълхо калимахоро одатан бо пешоянду пасояндхо ба худ вобаста мекунад ва иборахои масдарй месозад:
- •§ 434. Масдар дорой ду намуди феъл аст: намуди мутлак ва давомнок.
- •§ 435. Масдар, чунон ки ишора шуд, бо хусусиятхои номии худ ба исм наздик аст, бинобар ин хамчун исми феълй дорой хусусиятхои зерин аст:л
- •§ 436. Масдар шакли кутох дорад, ки бо асоси замони гузаштаи феъл шаклан як аст. Масдархои кутох дар яке аз шаклхои феъл ва баъзе таркибхои феълии дигар пас аз калимахои модалй меоянд:
- •§ 438. Шакли таърихии сифати феълии замони хозира (бо суф- фикси-он) ду хусусият пайдо кардааст.
- •§ 444. Сифагхои феълии забони точикй ду тарз доранд: тарзи фоил ва тарзи мафъул.
- •§ 445. Сифатхои феълй монанди феъл дорой хусусиятн вобаста- кунй буда, калимахои дигарро ба худ тобеъ мекунанд:
- •§ 446. Сифати феълй намуди мутлак ва давомнокро хам ифода менамояд. Сифатхои феълии намуди мутлак, аичом ва натичанокии амалро нишон медиханд:
- •§ 450. Дар забони адабии хозираи точик сифатхои феълй аз ду асоси феъл ва масдар сохта мешаванд. Сифати феълй панч шакл дорад.
- •§ 451. Шакли сифати феълии замони хозира аз асоси замони хозираи феълхои гузаранда ва монда бо хамрох кардани суффикси -анда сохта мешавад:
- •§ 453. Сифатхои феълии замони хозира гузаранда (донанда, фахмапда, кашонанда, каркунанда, зинатдиханда) ва монда (чаханда, расанда, коркунанда( боранда, харакаткунанда) мешаванд.
- •§ 454. Сифатхои феълии замони хозира ду тарз доранд: тарзи фоил ва тарзи мафъул.
- •§ 455. Сифатхои феълии замони хозира хосияти бобастакунш феълй доранд.,Онхо монандй феълхо калимахои дигарро ба худ вобаста намуда, иборахои сифати феълии замони хозира месозанд:
- •§ 460. Сифатхои феълии замони гузашта гузаранда (партофта, навишта, дидагй, Еобаста кардагй, пешвоз гирифтагй) ва монда (хандида, омада, баромадагй, хобида, боридагй, нишастагй, руй додагй) мешаванд.
- •§ 461. Сифатхои феълии замони гузашта ду тарз доранд: тарзи фоил ва тарзи мафъул.
- •§ 465. Сифатхои феълии замони хозира-оянда факат дорой намуди давомнок буда, амалй бо хабарй чумла дар як замон вокеъша- вандаро мефахмонанд:
- •§ 467. Сифатхои феълии замони хозира-оянда хамчун феъл ду тарз доранд: тарзи фоил ва тарзи мафъул.
- •§ 467. Вазифаи синтаксисии сифатхои феълии замони хозира-оянда, муайянкунанда мебошад:
- •§ 470. Сифатхои феълии замони хозираи муайян хамчун феъл ду тарз доранд: тарзи фоил ва тарзи мафъул.
- •§ 476. Феълй холи замони хозира тарзи фоил дорад. Феълй холи тарзи фоил амали гузарандаест, ки бевосита ба объект равона мешавад. Объекти бевосита бо пасоянди -ро ва бе он меояд:
- •§ 478. Феълй хол хусусияти вобастакунии феълй дорад. Он калимахои дигарро хамчун феъл вобаста намуда, иборахои феълй хол месозад.
- •§ 479. Зарф хиссаи муста кили нутк, буда, аломати амал, предмет на аломати аломатро мефахмонад.
- •§ 507. Ба воситаи префиксхои бе-, но-, ба-, бо-, бар-, дар-, то- аз днгар хиссахои нутк зарф сохта мешавад. Аз инхо префиксхои бе- ва но- сермахсул мебошанд-
- •§ 513. Як гурухи зарфхои мураккаб ба воситаи инфикси -о-, -у-, -ма-, -ба- сохта мешаванд. Аз инхо инфикси -о- нисбат ба -у-, -ма-, -ба- серистеъмол аст.
- •§ 520. Пешояндхои забони адабии хозираи точик аз руи сохти морфологиашон ба гуруххои зерин таксим мешаванд:
- •§ 521. Ба гурухи пешояидхои аслии содда пешояидхои кадимта- рин дохил мешаванд, ки аз чихати пайдоиш дар забони хозира бо ягон хиссаи дигари нутк алока надоранд.
- •§ 524. Пешоянди дар ба маънои гуногуии масоха кор фармуда мешавад.
- •§ 525. Пешоянди бар бештар дар забони адабии китобй истифода шуда, маъно ва вазифахои гуногун дорад.
- •§ 526. Пешоянди бо гайр аз маънохои хамрохй ва воситаи ичро вобаста бо семантикаи исм ва феъл тобишхои иловагии маъно зохир мекунад.
- •§ 534. Пеши бо пешояндхои аслии ба, дар, аз низ кор фармуда мешавад ва ба суи касе ва ё предмете равона будани амалро мефахмонад:
- •§ 535. Сииопими пешоянди наздики пешоянди кариби//карибии (дар карибии, аз карибии) мебошад:
- •§ 537. Синонимхои пешоянди пушти — пешояндхои акиб, паси, кафои, паи, дунболи хам мустакилона ва хам бо пешояндхои аслии дар, ба, аз кор фармуда мешаванд:
- •§ 538. Пешоянди болои хам дар шакли содда ва хам дар шакли таркибй бо пешояндхои аслии ба, дар, бар, аз кор фармуда мешавад.
- •§ 539. Пешоянди руи хам алохида ва хам бо пешояндхои аслии дар, ба, бар, аз кор фармуда мешавад. Вай сатхи прсдметеро нишон медихад, ки «амал дар он вокеъ гардидааст ва ё нигаронида шудааст.
- •§ 540. Пешоянди зери алохнда ва бо пешояидхои аслии ба, дар, аз ба кор бурда мешавад. Вай предмете ва ё чоеро нишон медихад, ки амал дар таги он вокеъ мегардад:
- •II. Пешояндхои номие, ки муносибатхои замониро ифода мекунанд
- •§ 547. Ба ин гурух чунин калимахо дохил мешаванд: пеш, пас, кабл, мукаддам, баъд, кати, замон, хамон, эътиборан, боз.
- •§ 549. Пайвандак хиссаи ёридих,аидаи нутк буда, аъзохои чидаи чумла ва чумлахои соддаи таркиби чумлахои мураккабро ба хам алокаманд менамояд.
- •§ 550. Пайвандакхои забони адабии точик мувофики сохт ва таркиби морфологии худ содда, мураккаб за таркибй мешаванд.
- •§ 551. Пайвандакхоро мувофики вазифаи синтаксисиашон ба ду гурухи калон чудо менамоянд: пайвасткуиаида ва тобеъкунаьда.
- •§ 558. Хиссачахо аз бобати сохт содда ва таркибй мешаванд.
- •§ 581. Чумлахои хитобии эмоционалие, кн далел ва даъвою таъкид, такдир ва бахои эхсосиро ифода мекунанд, гурухи алохидаро ташкил менамоянд. Ин гурухи нидохо хиссиёту хаячонро мефахмонанд:
- •§ 582. Як гурух нидохои эмоционалй ба таркибхои устувор ва вохидхои фразеологй нисбат доранд- Онхо аз бобати маъно ба чанд гурух таксим мешаванд.
- •§ 584. Нидохои амрй аз руи маъно ва вазифа ба гуруххои зерин чудо мешаванд:
- •§ 588. Гохо бо нидо хиссача хамрох меояд, ки оханги нидо пуркув- ват ва пуртаъсир мегардад:
- •3 Суму 10 тин.
§ 270. Аз чихати маъно ва аломатхон морфологй сифат ба ду гурухи калон чудо мешавад: аслй ва нисбй.
Сифати аслй аломат, хусусият ва чигунагии предмету ходисахоро бевосита ифода менамояд: одами озод, фикри олй, чомаи тар, хавои гарм, меваи ширин
Чихати махсуси сифати аслй ин аст, ки дар калимахои ифодаку- нандаи он аломати предмет метавонад тагьир ёбад: ширин, ширинтар, ширинтарин, хеле ширин, багоят ширин, каме ширин, ширинак.
Сифатхои аслй чунин аломатхоро ифода карда метавонанд: ранг (сурх, сафед, кабуд, зард ва монанди инхо); сатху масоха (дур, наздик, рост, васеъ, паст, пахн, кутох,, чап ва гайра); хусусияти ашьёхое^ки бо узвхои хис дарк мешаванд (ширин, талх, гарм, сард ва гайра); аломати чисмоиии шахе ва хайвонот (зур, пир, суст, заиф, хароб, фарбех, кар, гунг, ланг ва гайра); хусусиятхои маънавии одамон (окил, доно, гам- хор, бахил, дагал, шучоъ) ва гайра.
Сифатхои аслй як катор хусусияти лекенкию грамматики доранд.
Онхо аломати предмет, ходнеа ва вокеаро бевосита ифода менамоянд: калон, хушбахт, мукаддастарин.
Сифатхои аслй аломати предметро дар шакли содда хам ифода мекунанд, чунки бештарнни онхо аз руи баромад калимахои аслй — решагй буда, 6а давраи кадимтарини забон мансубанд: нек, бад, гарм, хунук, сурх, тоза, калон, бузург, пир, нав.
дид, хамчунон тарсу бими Бибиоиша хам зиёдтар шуд (Айнй). Дар рун карнайчахо гулпартой кард, ки баъд аз он бозораш часпонтар шуд (£ахим Налил).
Дар забон хангоми мукоисаи аломати предметхои бо хам мукоиса- шаванда чунин холатхо дида мешаванд:
аломати як предмет бо аломати предмети дигар мукоиса мешавад: Шумо аз ман чавонтар будаед? — пурсид оймулло (Икромй);
аломати як предмет бо аломати предметхои хамчине мукоиса карда мешавад: Дуруст аст, ки шиками ин одам аз шпкамхои одамони дигар хеле калоь буд (Айнй). Чй гуям? — Ман оё ягон бор гуфта бу- дам, ки ту аз дугонахоят ё хамсоязанон камтарй («Садои Шарк»). Ман гумон мекунам, кн нияти у,—Аз акик, аз булур софтар аст (Турсун- зода);
аломати якчанд предмет бо як предмет мукоиса карда мешавад: Сафар Рулом ва Ака-Эргаш дар коммуниста аз ту кухнатаранд (Айнй);
аломати якчанд предмет бо аломати якчанд предмет мукоиса карда мешавад: Хамин кадараш хает, ки мо калонтар, инхо донотар, яъне мо соддатар, инхо фиребгартаранд... Эшон аз мурдашуён боиззат- тар ва хуштолеътаранд (Айнй). Политрук, агар фахмед, барои онхо аз мову шумо мушкилтар аст (Ниёзй);
дар мавриди мукоиса баъзан аломатхои гуногуни як предмет бо Х^м мукоиса карда мешавад: Нон бошад-чй? — гуфт гадозан,— барои
'о барин кампирхои бедандон тар кардагиаш аз хушкаш бехтар аст инй);
дарачаи киёсии сифат дар вакти чузъи номии феъл шуда ома- дан вобаста ба хусусияти феълхои ёрнднханда чунин маънохоро ифода мекунад:
а) мукоиса бо аломати пешинаи предмет (мантнкан) амалй мегардад: Вакте ки у калонтар ва серпултар шуд, майдафоидахурии сарику- чагиро, ки баъзан пулаш месухт, ба як тараф гузошта ба дукондорони калон ва савдогарон муомила cap кард (Айнй);
б) мукоисаи аломати предмет бо аломати баъдинаи он: Вакте ки кишлок бойтар мешавад, хочагии коллективй имконият медихад, ки дар пахлуй он шумо як беморхона хам бино кунед (Рахим Чалил). То кн хушбахттар шави, Помир, — Пора бинмои синаи кухсор (Миршакар).
Дарачаи бартарин сифат бо ду рох ифода меёбад: а) синтетики, б) аналитикй (таркиби).
§ 275. Рохи синтетикй. Рохи синтетикй рохест, ки дар он дарачаи бартарй ба воситаи афзудани суффикси -тар дар охири сифатн аслй ба амал меояд: бузург — бузургтар, мухнм — мухимтар. Дар усули киёси синтетикй мукоисашаванда дар чумла зикр намеёбад, вале вай аз маз- муни мати ба осонй фахмнда мешавад. Бо ин рох аломати як предмет ба аломати худи он ва дар мавридхои гуногун мукоиса карда мешавад.
Суффикси -тар ба сифатн аслй хамрох шуда, якчоя бо он тобишхои туногуни маъноиро мефахмонад:
а) нисбатан зиёд, пуркуввату баркарор шудани аломати предмети мукоисакупандаро: Не, сад бор не! Хамаи ran дар хамин, ки мехнат бе кор наравад, кор осон щавад, зиндагй бехтар шавад (Икромй). ...дар ин гуна муомилахо у дар фикри худ инодкорона устувортар гардида, мукобилбаромадагонро ба нодонй ва яхмакй хамл мекунад (Айнй);
б) камй ва норасоии аломати предметро: Бемор бошад руз то руз сусттар ва бемадортар мешуд (Айнй). Дар лабони хубруён ханда хусни дигар аст,—Чилваи ин бог хам дар нозукй нозуктар аст (Турсуизода).
Дар сифатхои чида чои суффикси -тар гуногун аст:^
а) бо хар я: аъзохои чида омада, маънои чузъи чидаро алохида таъ- кнд мекунад: Бой шиками танобчиро хуб сер карда буд, ки зур шуда кадами худро калонтар ва кушодатар монда... (Айнй). Ба хама рчзхои минбаъда хубтар, дуртар назар кардем (Турсун^ода);
б) бо яке а ; сифатхои чида меояд ва ба хамаи аьзохои он баробар тааллук дорад: Менамояд ба дида банотат — Пурсафо, дилнишину хур- рамтар (Турсунзода).
Сифат бо дарачаи мукоисави дар чумла пас аз мавсуф меояд: Агар ба чои озодатар хобиданро хохед, чомаи худро дар зери худатон пахн мекунед, хурчииатонро болин мекунед ва хобидан мегиред (Айнй). Аммо барои ин кор сарбандн мустахкамтар ва хавзаи калонтар сохтан лозим аст (Улугзода).
Сифатхои дарачаи мукоисави барои таъкиди аломат гохо пеш аз мавсуф овардт мешаванд: Хозир шуморо дидаму ба дилам гуфтам, кн аз эшончони сурдй боътимодтар, донотар ва бохабартар касе нест, биё аз хамин кас пурсида гнрам (Икроми). Баъзехо хазил, баъзехо танкид мекунанд, баъзехо аз руи манфиати кор чурагиро ба як су монда, сахт- тар чазо хам медиханд (Ниёзй).
Хусусияти дигари дарачаи мукоисавии сифат дар забони адабии хозираи точик он аст, кн шакли синтетикии вай дар чумла баъзе кали- маю таркибхои таъкидй кабул мекунад. Дар ин хол аломатн предмет пуркувваттар ифода мегардад. Ба ин вазифа калнмахои таъкидии гуногун меоянд.
Зарфн «боз», ки ба таври иловагй зиёд ё кам шудани аломати предметро мефахмонад: Хамон Кудрати самоворчии худамон,— Пулод ба оянда боз хубтар диккат карда... (Айнй). Рухсораи гулгуни у боз гулгунтар шуд (Хакцм Карим).
Калимаи «боз» бо сифатхои мукоисавии чида низ омада метавонад. Дар ин маврид «боз» гохо пеш аз аъзои чидаи аввал ё ки пеш аз хар як аъзои чида вокеъ мешавад: Шабхо боз фочеътар ва боз чонкохтар мегашт (Айнй). Аз огуши боду бурой мисли укоб сина ба пеш дода, боз устувортар, далертар ба пеш пой менихад (Ниёзй).
Зарфи «боз» ва хиссачаи «хам». Агар «боз» бо дарачаи мукоисавии сифат омада, афзудани микдори аломати предметро фахмонад, бо илова гаштани «хам» маъной вай таъкид меёбад ва пуркувваттар мегардад: Бинобар ин ба шумо узр гуфтанй ва аз дилатон бароварданй шуда ба пеши шумо нишастам, гуфт бо оханги боз хам мулоимтар, ле- кин чиддй (Айнй). Ин хол ба асаби вай боз хам сахттар таъсир кард (Икромй).
Ин калимахо бо сифатхои чида гохо пеш аз аъзои чидаи аввал, гохо бо хар як аъзои он меоянд: Ракси у дар зери усули устодонаи Мул- лохом ид боз хам мохиронатар, боз хам нодиронатар баромад (Айнй). Дар танаш куртаи чити гулдор пушпда, муяшро ба пешонааш оварда тугун намуда буд, ки ба вай хеле мезебид ва Дилбари шухро. боз хам шухтар ва дилработар карда нишои медод (Икромй).
Зарфи «торафт», ки ба дарачаи мукоисавии сифат хамрох шуда, афзоиш ё камшавин пайдархами аломати предметро мефахмонад: Чашмони каме аз ин пеш нихоят чиддин Ашрафпартизан торафт шод- монтар мегардиданд (Рахнм Чалил). Катори одамоне, ки дар таги дари зарринкорни Каъба ба навбат нстодаанд, торафт зичтар ва гафстар мегардид (Мухаммадиев).
Зарфхои «андак», «кадре». Ин калимахо ба сифат тобиши зиёд ё кам шудани микдори аломати предметро илова менамоянд: Ана дар ни гуна тазъики об, ки баъзан трубахои чуянй ва цементии андак тунук- тар тоб наоварда кафида меравапд, трубахои сафолини шумо мумкин пест, ки тоб оваранд (Айнй). Дар рузхои охир кадре бехтар шуда, cap аз болишт бардошта буд... (Айнй).
Калнмахои «дучандон», «хазор бор», «чанд дарача», «чандин ма- ротнба» ва гайрахо, ки дар худуди муайян зиёд шудани аломати предметро аз чихати микдор ва дарача таъкид мекунанд:
Дуюм ин, ки шароитн зиндагониаш бо Одина чанд дарача душвор- тар буд, зеро Одина уро чунон ки махбуби аз чон ширинтар буд, инчунин ягона парастораш хам у буд... (Айнй). ...аз ин гуна беасос аз марг тарснда гурехтан, ки рузе чанд бор вокеъ мешавад, бо шамшери аска- ронй сурх кушта шудан хазор бор бехтар аст (Айнй-). Шабхо дар чога- хн танхой фикру хаёл карда, он хнкояро худаш боз хам чандин мароти- ба афзунтар карда медид (Икромй).
Суффикси дарачаи мукоисавии -тар дар забони адабин хозираи точик серистеъмол мебошад. Ин суффикс на танхо бо сифатхои гуногун- маънои аслй дарачаи муконсави месозад, балки бо сифатхои нисбии ба сифати аслй гузашта, сифати феълн ва исмхои ба зарф табдильёфта ва ё сифатхои иктибосй низ меояд: равганинтар, чахондидатар, олудатар, арзандатар, абстракттар, конкреттар.
§ 276. Рохи аналитики. Бо рохи аналитики (ё таркиби) ифода гаш- тани мукоиса он аст, ки предметхои киёсшаванда дар чумла хузур дошта, сифати аслй бо ёрии пешояндхо дарачаи мукоиса месозад: Ин хона аз он хона калон аст.
Дар ташкили мукоиса пешояндхо ахамияти махсус дошта, махз бо ёрии онхо ва сифати аслй мукоиса сурат мегирад. Дар мукоисаи аломати предметхо пешояндхои зерин иштирок мекунанд:
I. Пешоянди аз. Яке аз роххои асосии бо рохи аналитики ифода намудани дарачаи бартарии сифат якчоя омадани пешоянди аз ва сифати аслй бо чузъхои мукоиса мебошад. Дар ин вакт предмети мукои- сашаванда дар шакли дарачаи оддн ва ё бартарй меояд:
Дар он чамъ гашта 1я хар фаслу бобе, Намоянд сухан бех зи дурри хушобе.
(Р а х н и й),
Нагз, — гуфт Шодй, — аммо тарбузхои полези колхози мо аз ин хам калонтар ва хеле ширин мешавад (Икромй).
Дар як вакт истифода шудани усулн мукоиса ахамияти услубй дорад, бо ин восита маънй таъкид меёбад.
Истеъмоли сифати дарачаи мукоисавй бо суффикси -тар бештар дида мешавад, ки бесабаб нест. Агар рохи таркибй дар чумла хатман мавчуд буданн чузъхои мукоисаро талаб кунад, рохи синтетикй бе му- коисашаванда ифода мегардад, ки барон тарзи ифодаи муъчаз мусоид- тар мебошад. Райр аз ин дар усули синтетикй ба шакли чида омадани сифат пазар ба рохи аналитики созгортар аст: Аъзоёни бригада садое набароварда, сархам машгули васеътар ва чукуртар кандаин чашма шуданд («Садои Шарк»),
2. Пешоянди «аз» ва пасоянди «дида». Дар чумла мукоиса метавонад дар як вакт бо ду воситаи грамматики — бо пешоянди «аз» ва калимаи «дида» ояд. «Дида» нисбат ба пешоянди «аз» вазифаи ёриди- хандаи иловагиро ичро мекунад. Пасоянди «дида» доимо nafc аз пешоянди «аз» ва предмети мукоисакунанда (агар мукоисакунанда бо худ калимахои тобеъ дошта бошад, пас аз онхо) вокеъ мешавад. Дар ин маврид сифат метавонад дар шакли дарачаи мукоисавй ва ё дарачаи оддй истифода гардад:
Аз хонаи оймулло дида ба вай ин чо нагз нест магар? (Икромй). Аз ман дида ту худат маро хуб медонй (Ниёзй). Аммо шумо, дугонахо, аз ман дида озодтаред (Икромй).
Дар таркиби мукоиса омадани пасоянди дида асосан хоси забони гуфтугуи буда, бештар дар нутки персонажхои асари бадей вомехурад.
Пешояндхои нисбат ба, назар ба. Дар забони адабии хозираи точик мукоиса инчунин ба воситаи пешояндхои таркибии нисбат ба ва назар ба ифода мешавад. Дар ин маврид сифати аслй дар шакли дарачаи оддй ё дарачаи мукоисавй омада метавонад: Духтур бо иаичахои нисбат ба дасти кутохаш дароз... набзи Пулодро гирифт... (Рахим Чалил). Вай... ба аскарбачаи нисбат ба дигарон сертараддуди камкор... мурочиат кард (Ниёзи). Ботурчаи хурдсол, навдарсхои ва сохти ба- данаш нисбат ба бародаронаш муътадилтар, дар кирдор ба бародаро- ни худ мукобил буд (Айнй). Лспони хамрохони ман назар ба аспн ман логартар буданд (Айнй).
Шакли мукоиса бо пешояндхои таркиби дар чумла бо снфатхое омада метавонад, кн калимахои кувватдиханда доранд. Онхо бо маф- хумн мукоиса тобнши боз хам зиёдтар шудани аломати нредметро плова менамоянд: Дар дари яке аз ин хучрахо, кн нисбат ба дигархояш кадре калонтар аст, «золи заседанн», «нишемангохн амир» гуфта на- виштаанд (Айнй).
Хангоми бо пешояндхои мазкур ифода ёфтани мукоиса дар чумла мавчуд будани чузъхои мукоисакунаидаю мукоисашаванда хатмист, чунки онхо аломати предмет, ходиса ё вокеаро бо аломати ба он мо- нанди предмет, ходиса ва вокеаи дигар ё ки бо аломати худи он (фа- кат дар мавридхои гуногун) мукоиса мекунанд: Дар он сарой Боярчй ном як хинду буд, ки нисбат ба дигарон як дарача камбуйтар ва озод- тар буд (Айнй). Хохараш нисбат ба у баландкоматтар ва сафедруйтар буд («Садон Шарк»).
Дар ин мисолхо аломати предметхон гуногун мантикан бо хам мукоиса шудааид. Дар мисолхои зерин аломати хозираи предмет бо аломати пешина ё баъдинааш мукоиса карда мешавад: Хавлии К,арокули- бои машхур, ки дар гузари Чордараи Бухоро буд, он руз нисбат ба дигар рузхо серрафтуойтар шуда буд (Икромй).
3. Ифодаи мукоиса бо зарфи нисбатан. Мукоиса ба воситаи зарфи нисбатан низ ба вучуд меояд. Бо зарфи нисбатан сифат метавонад дар шакли дарачаи одди ё кн дарачаи мукоисавй ояд: Днгар то ба худи гузари Кукалтош мо аз рохн калон рафтем, ки ба хар хол нисбатан сер- рафтуой буд (Икромй). Хама мехостанд, ки то тахт шудани хуччатхо ва ичозатномаи сафари Мадинаи мунаввара ду-се рузи интизориро дар ин шахрчаи обу хавош нисбатан сабук гузаронанд (Мухаммадиев). Ода- тан шамъ вакте ки сухта ба поён расид, як шуълаи нисбатан бокувват- тар мебарорад ва дар паи он тамоман хомуш мешавад (Айнй). Занаш, ки нисбатан ба назар чавонтар менамуд, дар сари оташдон хурок ме- пухт (Рахим Чалил).
Дар холатн мукоиса бо калимаи нисбатан предметн мукоисашаванда дар чумла намеояд, аммо он аз мазмуни матн ба осонй фахмн- да мешавад.
ДАРАЧАИ ОЛЙ
§ 277. Дарачаи олии сифат хадди охирини аломат ва ё ба дарачаи олин аломат сохиб будани яке аз предметхои хамчинсро дар мукоиса бо предмети алохида ё гурухи предметхо мефахмонад: аз хама калонтар, аз хама хубтар, бехтарини роххо, зеботарини иморатхо, машхурта- рин олим, зеботарин шахр, наздиктарин дуст.
Дарачаи олии сифат бо ду рох ифода мешавад: а) бо рохн синтетики, б) бо рохи аналитики.
Рохи синтетикй. Ин шакли дарачаи олй дар натичаи ба сифати аслй хам рох шудани суффикси мураккаби -тарин ба .вучуд меояд: Хосият хурсанд.буд, ки шавхараш имруз бо дугонаи наздиктарини ван дустона муомила мекунад (Улугзода). Артисткаи пешкадамтарин, зани озод, намунан духтари мадании советй буд (Икромй).
Рохи аналитикй. Шакли мазкур бо рохи ба хам омадани тар- кибхои аз хама, аз тамоми ва сифати аслй сурат меёбад: аз хама доно, аз хама пешкадам, аз тамоми касбу хунархо авлотар.
Дар ин мавридхо сифати аслй дар шаклхои зерни меояд:
а) дар шакли дарачаи оддй: — Рост, оймуллои ту аз хама як сару гардан баланд буд (Икромй);
б) дар шакли дарачаи мукоисавй: Дар болои буз факат як ей на- фар саворонн аз \ама гаюртар монданд (Улугзода).
Таркиби «аз хама» бо сифатхоп аслии оддй, мукоисавй ва олй шак-
Л
ли дарачаи олни сифатро ташкил дода. хуеустттгч^Махсуси услубй зохнр мекунад. Масалан, дар иборахои «кори аз хама душвор» ва «кори аз хама душвортар» сифати дуюм назар ба якум бештар таъкид меёбад.
ДАРАЧАХОИ FAHPHKHECMH СИФАТ
§ 278. Дарачахои гайрикиёсй, чунон ки дар боло хам шпора шуд, аломатро бе мукоисаи предметхои хамчиис ифода менамоянд. Агар дар дарачахои кнёсй максади асосй дар мукоиса муайян намудани барта- рии аломати предметхои хамчиис бошад, дар категорияи дарачахои гайрикиёсй Чизи асосй шпион додапи кам ё зиёдии аломат аз меъёри муътадил мебошад: барги заб-зард, ранги захирча.
Дарачахои гайрикиёсй ду хел мешаванд: дарачаи зиёдй ва дарачаи камни аломат.
§ 279. Дарачаи зиёдй маъной зиёд будани аломати предмет, ходиса ва вокеаро мефахмонад, маъноеро мефахмонад, ки аломат дар предмете аз меъёри муътадил беш аст. Дарачаи зиёдии аломат бо чунин рох- хо нфода меёбад:
1) бо рохи бевосита такрор шудани сифати аслй: либосхои лах- лах, олухои калон-калон, мижгонхои дароз-дароз: 2) бо рохи бо сифатхои аслй омадани зарфхои мицдору андоза: хеле озода, басо хуб, бисьёр зебо, нихоят хатарнок, багоят реза, бехад борик, беандоза ширин, бенихоят шод, аз хад зиёд: То як поен шаб бо тамошои ин манзараи табиат хобаш набурд. Оянда ба назараш бисьёр дурахшон метофт (Айнй). Аз ман хавотир нашавед, чаноб, ахволам басо хуб аст (Мухам- мадиев). Чашмони каме аз ин пеш нихоят чиддии Ашраф-партизаи торафт шодмонтар мегардиданд (Толнс). Аз руи одам хурсандии аз хад зиёд ногахонй ва инчунин та реи сахти нохост рун дода, сустдилонро са- баби халок мешавад (Айнй);
3) бо рохи такрори нопурран сифатхои таъкидй, ки мазмунан дарачаи олии аломати предметро бе мукоиса ифода менамоянд. Дар ин шакл чунин конуниятро мебннем: хичои аввали калима такрор шуда, овозн охирини он мувофики конуни фонетикй вобаста ба мавкеаш пеш аз бечаранг ояд, ба «б», чарангдор ояд, ба «б» ё «д» бадал мешавад: каб-кабуд, буд-бутун, заб-зард: Бо шуниданн ин сухан рангу руи Гул- нор аз хичолат суп-сурх шуд (Айнй). Мактаби хушхавои дахсола, сап- сафед аст дар миёни дех... (Турсунзода).
Дар калимахон каппа-калон, топпа-тоза, дуппа-дуруст па мисли ннхо баробари нигох доштани хичои аввал овозй охирини хичо ба «п» табднл гашта, барои хифзи бутуни калима ва ё ташкили хамвазнй бо он хичои дигар дар шакли «па» хамрох мешавад: Муким, ба кавли Ака- Истад дуппа-дуруст, бо падараш чой хурда менишаст (Икромй). Агар пул бошад, халоей оппа-осон, хама ran дар сари пул, — гуфт (Айнй). Шакли мазкури дарачаи гайрикиёсй асосан хоси услубй гуфтугуист.
Сифатхои таъкидй бештар ба исмхои ифодакунандаи рангхо, баъзан птахе ва предметхои дигар вобаста шуда меоянд: Дар вакте кн Гулсум ин сухани охирини худро мегуфт, руяш аз хичолат суп-сурх шуда дурахшид (Айнй). Бо рохи кап-кабуди бепоён, меравад рох хо- харп хуршед. (Миршакар). Хозир хам ба ман баъзан лозим меояд, ки ба одамони каппа-калон ба шавхарон ва падархо панду насихат кунам. («Шарки сурх»), Ин хоначаи нав сафедшудаи асбобу ускунааш оддиву кам, вале наппа-нави озодаро днда, май хоначан мучаррадоиан худро... ба хотир овардам («Шарки сурх»),
§ 280. Дарачаи камни сифат аз меъёри муътадил паст будани аломати предметро мефахмонад. Вай бештар аломатхон ифодакунандаи рангро дар бар мегирад ва ба дарачаи оддй нарасиданн ягон хели онро нишон медихад.
Дарачаи камии аломат бо чунин воситахо ифода меёбад:
мй, саргузаштхон сафари, латофатн духтарц. либоси харбй, токчахои мехробй, мехри модарй; 2) аз исм ва зарфхон замон сифат месозад: кишги тирамохй, сухбати фардой, рафикаи умри, айёми чавонй, хуро- ки пагохй, шарики доимй, поезди пагохй; 3) аз исмхои макон ва таркиби хар чо сифати нисбии ифодакунандаи макон месозад: шоири дарво- зй, хубони хучандй, мусофирони уротеппагй, аробаи кукандй, рафикони бухорой, бои кунгуротй, факирони харчой; 4) аз исмхои ифодакунандаи предметхои гуногун сифат месозад, ки аз кадом материал сохта шудани предметро мефахмонад: пули когазй/суфачаи сангй, сандончайч^ оханй, миёнбанди карбосй, еарбанди абрешимй, дарвозаи тахтагй; 5) аз исмхои конкрету маънй сифати нисби месозад, кн дорой хусусияти таъинотанд: бози шикорй, кулохи аскарй, шалвори харбй, омузишго- хи тиббй, институти педагогй, чойхои истикоматй, олоти дехкони; 6) аз исмхои конкрет сифати нисбй месозад, ки монандии зохирии предметро ифода мекунад: шохии гулобй, раненой лимуй, зайтунй, лочувардй, хо- кистарй, чашмони гусфандй, чашмонибодомй; 7) аз исмхои конкрет сифати нисбй месозад, ки маънои воситаи ичро доранд: осиёи обй, бодй, электрики, хунари дастй, итоатн забонй; 8) аз зарф ва калимаи таклидй сифат месозад: дарьёфти ногахонй, азонхонии ногахонй, овозй хир- рй, гуфтугуи чирроей, хандаи кахкоей.
§ 283. Суффикси -она, -ёна, -вона, -гона. Дар истеъмоли ин суффикс ва вариантхои он чунин конуният дида мешавад: а) калима бо хамеадо тамом шавад, -она меояд: плани окилона; б) калима бо овозхои о, а, и ва йотбарсари ё тамом шавад, -ёна истифода мешавад: кирдорхои бехаёёна, зицдагин сарсариёна, хонаи бенавоёна; в) калима бо овозй а, о, х анчом ёбад, -гона меояд: ракамхои нухгона, куттихои чудогона, гиреххои дувоздахгона.
Суффикси -она дар калимаеозин сифат сермахсул буда, аз хиссахои гуногуни нутк сифат месозад:
аз исмхои ифодакунандаи чинсияти табий ва синну сол сифате месозад, ки таъинотро мефахмонад: мактаби духтарона, соддагии ку- дакона;
аз исмхои замон сифат месозад, ки нисбати замонй доранд: чашни солона, мактаби шабона;
аз исмхои чондори кайришахс енфатхое месозад, ки монандии хислату характерро мефахмонанд: хези гурбагона, чангу чидоли саго- на, хнреи хайвонона, чанголи шерона, табассуми гургона, хислатхои морона.
Суффикси -гона, ки вариантн -она аст, бо шуморахо омада, сифат месозад: ракамхои нухгона, гиреххои дувоздахгона, писари ягона: Пах- пахкуион бардошта калон кардам, писари яккаю ягонаи писарам гуф- та («Садои Шарк»). Дар ин когаз дар байни гиреххои дувоздахгона си- торахова бодомчахо накш ёфтаанд (Айни). Манба асоси он коида харф- хои арабиро такрор ба такрор хисоб мекардам ва бо ракамхои нухго- наи хинди ва цифр навишта чамъ менамудам ва аз ин кор завк меги- рифтам (Айни).
§ 284. Суффикси -нок. Ин суффикс сермахсул аст, бештар аз исмхои маънй сифати аслй месозад, кн ба маънои решай калима доро бу- дани предметро мефахмонад: рохи вохиманок, охи аламнок, каси шуб- ханок, гунбади хайбатнок, нигоххои хасратнок, чонварони зарарнок, муборнзаи шиддатнок, чои тахлуканок.
Суффикси -нок гохо аз исмхои конкрет сифате месозад, ки аломати предметро мефахмонад, маънои дорой низ боки мемонад: пашшахон хартумнок, маргзорхои камишнок, оши чурготнок запи фаранчинок, хавлии руидаричанок, хиндуи салланок, хати лифофанок.
§ 285: Суффикси -манд. Ин суффикс сермахсул буда, аксар аз исмхои маънй сифатхои аслие месозад, ки ба аломат, хислат ва хосият доро будани предметро фахмонанд: кампири дардманд, марди аёлманд,
оШНОХОИ давлаТманд, оДамН обруманд, хаттотоии ХунармаНд, чайоми хирадманд, касонн донишманд, каси иззатманд.
§ 280. Суффикси -ин (пас аз садонок ва хамсадохои «х» ва «м» -гин). Ин суффикс аз исмхои маънй ва баъзан конкрет сифатхои аслие месозад, ки ба маънои решай калима монанд ва доро будани предметро мефахмонанд: ранги зумураддин, бачаи гамгин, одами хашмгин, ча- вони шармгин, нигохи захрин, зулфи анбарин.
Суффикси -ин (-гин) аз исмхои конкрет сифатХое месозад, кн аз чй сохта шудани предметро мефахмонанд: дастпонахои нукрагин, кунру- ки сангин, шишахои булурин, сарбанди абрешимин, чаротояи чубин.
Суффикси -ин аз зарфхо сифат месозад, ки нпсбати замониро ифода мекунад: мулокоти аввалин, дусги дерин, мактуби охирин.
§ 287. Суффикси -ина. Ин суффикс дар снфатсози сермахсул аст: а) аз исм сифат месозад, кн аз кадом материал сохта шудани предмет ва ё ба кадом чине тааллук доштани онро ифода мекунад: дастшуи мисина, ресмоии пашмина, мехмони мардина: У ба миёнбанд корд и да- роз, ба гилофи он шавнй — ресмоии пашмина ва чуволдузе овехта буд (Рахим Налил). Кайр аз ин, дар ду тарафи камин дутой равок, буд, ки дар онхо косаву пиёла, дар пойгах офгоба ва дастшуи мисина меис- тоданд (Рахим Чалил). ...чавонои он табакхоро бурда ба пеши мехмо- нони мардина мегузоштанд (Айнй); б) бо сифатхо омада, онхоро ба ранг ё аломате нисбат медихад: ранги сабзина, пирамарди кокина; в) аз енфату зарф енфате месозад, ки нисбатн замони дорад: аерхои баъдина, цураи дерина, кори фардоина, хуроки пешина:
1 {Цар зарфн ин солхо якаш ду нашуд, як пул хам окибандоз карда натавонист ва ба орзуи деринааш — ба хонадор шудан муваффак нашуд (Хаким Карим). Хайр, нсто ки ту боварй дорй-ми, ки мачлиси па- гохина «Хаёти нав»-ро ташкил мекунад (Икромй).
§ 288. Суффикси -а(-я). Ин суффикс нисбатан каммахсул буда, аз хнссахои гуногуни нутк сифатхои аслию ннсбй месозад, ки замон, чои ва ё аломати предметро ифода мекунад: а) аз сифат: богчан озода, тиллои нак.да, шахри кадима, чорахои лозима, кулбаи вайрона; б) аз исм: кургахои ранга; в) аз зарф: таассуротн имруза, сармоядорони бе- руна; г) аз феъл: сумкан овеза, марди гуреза.
§ 289. Суффикси -ак. Ин суффикс дар сифатсозн каммахсул буда, аз хиссахон зерннн нутк сифатхои аслие месозад, ки ба ягон аломат, амалу холат доро будани предметро мефахмонад: а) аз сифат: пули пуччак, духтари хаппак, купруки ликконак, лои лагжонак.
Суффикси -ак (-як), -акак (-якак) ба енфати аслй хамрох шуда, ба аломати предмет маънои хурдиро бо тобиши нармй ва зиёдии аломат- ро бо тобиши навозиш ифода мекунад:
...дар пеши дарвоза сахпп тангаке хам дошт (Айнй). Аз машина духтарчан сиёхчашмаки хурдсол cap бароварда ба Нуралн нигох кард (Улутзода).
Суффикси -ак: а) ба сифатхои аслй хамрох шуда, тобиши истехзо ва тахкик илова мекунад:
Дар тарафи шимоли руи хавлй як хоначаи пастаки офтобруя буд, кн дар вай хизматгорон зиндагй мекарданд... (Айнй). Модари вай кам- пиракн кадпастак ва мичморукак, ки дар кишлок хама уро «бакавул» мегуфтанд, духтара1нро пешвоз шрифт (Икромй); б) маънои хурди ва навозишро ифода мекунад: Бегохй боронакн нагзакак шуду хама чоро тозаю тар кард (Икромй). ...Зоя дасти кафаш дагар-бугурн Сафарро ба рун дастони мулои- ми гармакаки худ гирнфта набзи уро санчиданй шуд... (Ннёзй). Хола, ки уро дар гуломгарднши хавлй пешвоз шрифт, мехост, ки ба нн бедо- мударакшавй ба марди калон худ танбехи сахтакак дихад (Рахим Чалил); в) аз феъл: хамири часпак{ г) аз исм> табли каторак.
§ 290. Суффикси -акй. Ин суффикс аз хнссахои гуногуни нутк си- фат месозад, ки ба хосняте доро будаии предмет ва ё воситан ичрон амалро мефахмонад: а) аз сифат: созишн хрмакй, хандри дурусакй; б) аз исм: фармони даханакй, кандфур^шии дастакй, сураткашии хава- сакй, фармони руякй.
Бо фармони даханакии охистаи^'оманднр отряд аз асп фуромад (Айнй). ...дар байни у ва чанобу Корй дар бораи ба у карз дода за- минхояшро ба гарав 'шрифтам 'созиши хомакй шудааст... (Айнй). ...дар кодоки пешгахи он Хучаназарбой, дар холате ки ба болояш чоман сер- пахтаи майдалагаидан ка(ждумакиро кашида мехобид... (Айнй). Хол- мирзо якбора хандан дуругакии баланд кард... (Икромй).
§ 291. Суффикси -чак аз сифат .ва сифати феълй сифате месозад, ки аломат, ё ба амал ва ё холате моил ё доро будани предметро мефахмо- надмиафтолуи луччак, одами тарсончак, духтари хандончак, гунчишки паррончак.
Нахрчаи кухни кишлокамон луччак буд (Хаким Карим). Як кисми занхо ва кампирхои тарсончак ва инчунин мардхои буздил зуд харакат карда рохи хавлиро пеш гирифтанд (Икромй). Ман дигар кудаки гирь- ёнчак, гуломи зархарндн бой местам (Хаким Карим). Мохру намехост, кн ба гап.хои ин марди хандончак гуш кунад (Рахим Налил).
§ 292. Суффикси -они каммахсул буда, аз нем ва сифат сифатхои аслию нисбй месозад, ки ба аломат ва хосияти решай калима молик будани предметро мефахмонад: пири нуронй, кори чисмонй, хаваси нафсонй, сухани хаклонй.
Навой дар бораи ин, ки агар рохбарн хукумат ва чамоат шодии мардум ва ободии мамлакатро хохад, бояд аз орзуву хаваси нафсонии худ ва осоишу таносоии худ гузарад... (Айнй). Мархамат кунед, хуш омадед, — гуфт ба Оймулло як занаки пири нуронй... (Икромй).
§ 293. Суффикси -вар каммахсул буда, аз иемхо сифате месозад, ки ба аломате ё хислате сохиб будани предметро мефахмонад: чавони суханвар, марди хунарвар, духтарони номвар дили донишвар, дасти хунарвар.
§ 294. Суффикси -вор каммахсул буда, аз исм сифатхои нисбй месозад, ки ба аломат ва хосияти дар реша номбаршуда аз ягон чихат муносибат дорад: хадьяи сазовор, ошикн умедвор. Вай инчунин аз нем сифатхое месозад, кн монандиро ифода менамоянд: овозй раъдвор, тобнши абрешимвор.
§ 295. Суффикси -гун. Ин суффикс каммахсул буда, аз исм ва сифат сифатхое месозад, ки аз ягон чихат ба маънои дар реша баёншуда монанд будани ранги предметро ифода мекунад: рухсори лолагун, бар- ги алмосгун, шуои заргун, рун сафедгун.
§ 296. Суффикси -гар исмсоз бошад хам, дар баъзе иборахо бо исм омада, ба аломату хусусияте сохиб будани предметро мефахмонад: одами игвогар, кампири хилагар, марди хасратгар, котиби чавобгар, игамоли шуришгар, дасти хиёнатгар, зани афсунгар.
§ 297. Суффикси -ам, -ук, -ик. Ин суффиксхо бемахсул буда, аз исм, сифат ва феъл сифатхои аслие месозанд, ки ба аломату хусусияте доро будани предметро мефахмонанд: бодн форам, куртаи шинам, замини корам, дастопн иозук, шабн торик.
Ба болои ин худаш як одами лофакии паррами беандеша аст (Айнй). Садои форами нан чупоий хаёли касро ба сахрохон сабзу хуррами бесару нуг шрифта мебурд («Точикистони советм»). Зеро ки,— гуфт Мухаббат, — дасти у монанди дасти шумо нозук пест... ^4йнй). Дар шаби торик, дар кучаи хилватн ором нн ду чапон дасти хамднгарро шрифта, хомушона мерафганд (Айий).
§ 298. Суффнксхои -огин, -осо (-со), -ваш, фом, -сор бемахсуланд. Онхо аз иемхо сифат месозанд, ки ба маънои асоси калима монанд будани аломатро мефахмонанд: муи атрогин, боги ирамоин, одами дар- вешваш, духтари париваш, нигохи баркосо, муи анбаросо, рухи гулфом, сахрон зумрадфом, марди хоксор, зулфи сумансо.
У, дар холате ки бо румолчаи атрогини худ чашм, гуш ва руяшро пок мекард, ба Хамдам-Фурма наздик шуд... (Айнй). Муаллифон дар китобх,о бегапе хам «гесуи анбарбуй, анбаросою анбарбез, муи муш- кин» — гуфта таъриф намекардаанд (Рахим Чалил). ...занону духтаро- ни онхо дар богчахои ирамоин, бо либосхои рангини атрогин, бо сад нозу карашма хнроманду занонн мо мисли мо дар мехнати сиёх гириф- тор бошанд (Айни). Бобур Мирзо як одами дарвешваш, фонисифат, каримахлок буд (Айнй). Ба сахрохои зумрадфом иахнои кухистон бин, —Махистони гулободанд аз дидори духтархо (Рахимн).
Суффнксхои -о, -он. Ин суффиксхо аз асоси замони хозираи феъл сифатхои аслие месозанд, ки ба хислате доро будани предметро мефах- монанд. Калимахое, ки бо ин суффиксхо меоянд, таърихан сифати феълй буда, ба сифат гузаштаанд: судхури гузаро, суханхои бурро, бозуи тавоно, деги чушон, кураи тафсон, дарьёи хурушон.
Фотима, ман барои ту, барои ин чашму абруи сиёхи ту, барои ин руи чу мохи ту, барои ин дасту бозуи тавонои ту, барои он суханхои катъин буррои ту тайёр хастам, ки худамро дар як- деги чушон, дар оташи сузон, дар кураи тафсон, дар дарьёи хурушон андозам (Айнй).
ПРЕФИКСХОИ СИФАТСОЗ
Дар забони точикй ба воситаи префиксхо сохта шудани сифат низ воситаи сермахсули калимаеозин ин хиссаи нутк ба хисоб меравад.
§ 299. Прсфиксхои ба-, бо-. Ин префиксхо сермахсул буда, аз исм сифати аслй месозанд, ки мазмунан ба ягон хосият ё аломат сохиб будани предметро мефахмонад: фикри бамаънй, одами баобруй, духтари ботамкин, донаи бобаракат, хурдании болаззат.
Ин префиксхо якдигарро озодона иваз карда метавонанд: бачаи боадаб—баадаб, одами боандеша—баандеша.
§ 300. Префикси бар- каммахсул буда, аз нем, сифат ва зарф сифат месозад. Ип гуна сифатхо ба ягон аломат доро буданн предметро ифода менамоянд, ё аломати дар реша номбаршударо кувват меди- ханд: суханхои бардуруг, ташвиши барзиёд, акли баркамол, умри бар- давом, суфаи бархаво, чинхои барма\ал, тнри бархато, мухаббати бардуруг, анчоми барзиёд.
§ 301. Префикси бе- сермахсул аст. Аз иемхо сифати аслй месозад, ки ба аломати дар асос иомбаршуда молик набуданро мефахмонад: мухаббати бспоён, чои бехатар, одами бетараф, хонаи бедахлез, нахудшурбои бегушт, лнбоси бедарбех, хавлии бедевор.
§ 302. Префикси но-. Ин префикс дар сохтани сифат нисбат ба пре- фиксхои дигар сермахсул ва серистеъмол мебошад. Вай аз хиссахои гуногуни нутк, сифати аслй месозад, ки акси маънои асое, молик иабу- дани мавсуфро ба он ифода мекунад ва ё"холати предметро мефахмо- нал: а) аз исм: духтари номурод, зани ноумед, бачаи ноодамс б) аз сифат: хамрохи ноахл, вучуди нопок, чойхои номаълум; в) аз асоси замони хозираи феъл: корхои нозеб, чойхои ношинос, журналиста нотарс, бачаи нодон; г) аз асоси замони гузаштаи феъл: ощи ногуфт, аспи нооз- муд, бачаи ношуд; д) аз сифати феълй: мехмони нохонда, чизи ноарзан- да, либоси нодухта.
Хусусияти фарккунандаи префикси но- аз дигар префиксхо дар он аст, ки бо йай антонимхои сифатй сохта мешаванд: бино-нобино, маъ- лум-номаълум, кобил-нокобил.
§ 303. Префикси дар- каммахсул аст. Вай аз исм ва асосхои феъл сифат месозад: абри даргузар, хасми дарпуст, чойники дарчуш.
§ 304. Префикси -то каммахсул буда, аз нем сифати нисбии маънои замонй дошта месозад: давраи тоалифбо. Ин ходиса бо таъсири омили хоричи, дар натичаи калька ба амал омадааст.
СИФАТХОИ МУРАККАБ
§ 305. Бо рохи васлшавии калимахо сохта шудани сифатхо аз сер- махсултарин усулхон сифатсозист. Воситаи асосии ташкили сифатхои мураккаб бо ин рох ба хам васл шудани ду ва ё зиёда калима аст: хо- силхез, рахмдил, халкдуст, навбаромад, хамешасабз, сарупобарахна, чорсинфдор.
Дар сифатхои мураккаб калимахо ба хамдигар метавонанд бевосн- та (мохпайкар, хушбахт, сечашма, хандонру, хушхон), ё ки ба воситан инфиксхои -о-, -ё-, -ма- найваст шаванд (рангоранг, дурмадароз, саф- масаф, паёпай).
Аз руи муносибати байни чузъхо сифатхои мураккаб ба ду гурух чудо мешаванд: 1) сифатхои мураккаби тобеъ ва 2) сифатхои мураккаби пайваст.
Дар сифатхои мураккаби пайваст чузъхо муетакил ва баробарху- кук буда, яке дигареро мазмунан пурра мекунад, такмил медихад. Ин усули калимасозии сифат каммахсултар аст.
Дар сифатхои мураккаби тобеъ чузъхо ба якдигар тобеъ буда, чузъи тобеъ чузъи асосиро шарху эзо.х, медихад. Ин тарзи еохтани сифатхои мураккаб сериетеъмол ва сермахсул мебошад.
Сифатхои мураккаби пайваст