Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2160
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 470. Сифатхои феълии замони хозираи муайян хамчун феъл ду тарз доранд: тарзи фоил ва тарзи мафъул.

Сифатхои феълии замони хозираи муайяни тарзи фоил ба восита»1 феълй гузаранда ифода мешаванд ва одатан бо объекта бевосита меоянд:

Шамоли сахт вазида пулакхои сафедори акнун барг бароварда- истодаро мерезонд (Рахим Чалил).

Сифатхои феълии замони хозираи муайяни тарзи фоил бо феъл­хои монда ифода мешаванд. Онхо объекта бевосита гирифта намета­вонанд ва фак,ат амалу холати субъектро мефахмонанд: Аз чои ба шифт часпидаистодаи девор як сурохи равзанвсре кушода, дар он чо як гаргараи оханинро шинонданд (Айнй). Соро аз чояш хеста ба ояндаи аз дар баромада истодагй ру ба ру шуда дид (Айнй). Обхои бар рун оташ пошхурда монанди обе, ки дар деги равгани доги дар- гирифтаистода рехта шуда бошад, оташро боз хам шуълавартар ме­карданд (Айнй).

Шакли сифатхои феълии замони хозираи муайяни тарзи '"мафъул бо феълхои гузаранда ва феълй ёридихандаи «шудан» сохта мешаванд: Шунаванда садои ба хам пайвасти бо рез навохта шудаистодан тори рубоб гумон мекард (Айнй). Чашмони гусфандии нармнигохд у монанди чашми шери ба чанг тайёр шудаистода бо оташи газаб шуълавар гардиданд (Айнй). Ин гапи Назир мергаи хусни тавач- чухи чамоати дудила шуда истодаро якбора ба тарафи Аноргул ва Восеъ гардонд (Улутзода).

Сифатхои феълии замони хозираи муайян хосияги вобастакунии феълии худро нигох медоранд ва иборахои сифати феълии замони хозираи муайян месозанд: Бача аз берун омада, рост истода ба акси даруни оина намудаистодаи Ятим диккат карда нигох карда монд (Айнй). Дар Покистон, дар шахри Карочй, як ходими тараккипарвар ба ман гу^)т: «Мо худро солдати сулх эълон кардем, зеро намехохем, ки халки аз офатхои табий мурдаистодаи мо дар натича и чанг халок гардад» (Турсунзода). Ин вакт одами бо диккат нигох карда истода­гй бараъло дида метавонист (Рахим Чалил). Тамоми вокеахои хозир дар руи олам шуда истодагиро як ба як гуфта додан гирифт (Каким Карим).

§ 472. Сифатхои феълии замони оянда хам гузаранда (сохтани, ташкил доданй, ичро карданй, омухтанй, диданй) ва монда (омадани, сухбат карданй, хоб рафтанй, дам гирифтанй, рухсат доданй) меша­ванд. Сифати феълии замони ояндаи гузаранда амали ба объекти бе­восита равонашавандаро ифода мекунад:

Ана ин рохи сангфарше, ки онро хам аз нав сохтапием... («Точи­кистони советй»). Ман бухчаро аз дасти у гирифта монданй будам (Айнй). Ибод хамон соат фармоиши надарашро бачо оварданй шуд (Айнй).

Сифати феълии замони ояндаи монда одатан амалу харакати субъектро мефахмонад ва объекти бевосита намегирад:

Гурухе, ки на пул доштанд ва на фарзанд, на чавони ва на зур, ризо ба казо дода, Бухоро рафтанй шуданд (Айнй).

Сифати феълии замони оянда ду тарз дорад: тарзи фоил, ва тарзи мафъул.

Сифати феълии замони ояндаи тарзи фоил бо амали гузаранда ифода мешавад ва бо пуркунандаи бевосита меояд: Хамин шабу руз дар вакти будани фуосат ин маъракаро аз пеш гузаронданй (Икро­мй). Коргарон аз мобайни худашон чанд сум идона чамъ намуда уро •ба Тошканд равона карданй шуданд (Айнй).

Сифати феълии замони ояндаи тарзи фоил бо феълхои монда ифода мешавад, пуркунандаи бевосита намегирад, факат амалу хола­ти субъектро мефахмонад:

Фалокатхои пас аз ин ба сарашон омаданиро ба ёдаш оварда Хой-хой мегиристапд (Айнй). Вакте ки Норбой Карки рафтанй шуд, инро таъин кард (Айнй). Ин шавкунн нахустин барои тамошохои имруз шуданй фоли «хайр» буд (Айнй).

Сифати феълии замони ояндап тарзи мафъул аз феълхои гуза­ранда ба воситаи феълй ёридихандаи «шудан» ба амал меоянд:

Аз ман хохиш кард, ки хар пагох ба хонаи у равам ва пеш аз даре бо у дарси хамон руз хонда шуданиро «муколама» кунам (Ай­нй). Гапхои хеч тамомнашудании сохиби дуконро мешунид (Айнй).

Сифатхои феълии замони оянда намуди давомпокро мефахмонанд: сохтани, омадани, сухбат карданй ва гайра.

§ 473. Сифатхои феълии замони оянда хусусияти феълии вобаста- кунй доранд ва калимахоро ба худ тобеъ намуда, нборахои сифати феъ­лии замони оянда месозанд: Амир бо муллохои калон маслихат карда мардумро шурониданй буд (Айнй). Вай акнуи аз тирамо.\и хамин сол гонбона хонданй буд (Мухаммадиев).

Сифатхои феълии замони оянда ба вазифаи муайянкунанда мео­янд:

Агар ягон карздораш карзашро дода натавонад ва чизи фурухта доданй хам на дошта бошад, у ип одамро бурда ба ягон бои серзамин ятим монда пули худро меруёнад (Айнй). У ба чои харгиз наёфтанй пинхои мекунад (Айнй). Бар руи чизхои хурданй хамеша турхои си- мини сиёх мепушоид (Айнй).

Сифатхои феълии замони оянда аксар ба вазифаи хабар меоянд:

Дар хамин асно, пакте ки Фузайл бо хуни Алибатракхо ба худ рох кушоданй буд, дар хамин лахзае, ки чанголи ситам синаи Кдро- тегин-Рармро тамоман пахш карданй буд, дар хамин фурсате, ки ур- дуи разил гилемхои сабзи айёми бахорсни кухистонро бо хуни Иазарн нанчьяккор, Сафармардикорхо сурхранг гардондагй буд, умедгохиохи­рин—чанд нафаре аз чонбозони дастаи худмудофиа дар пости чорум чон медодаиду чон мсгирифтанд (Хаким Карим). Мо хам колхоз таш­кил доданй (Икромй). Ин чавон кузаро аз дасташ гирифта бурда до- данист (Рахим Налил). Чавон орди муйсафедро ба мошини худ бор карда ба хонааш бурда доданй буд (Мухаммадиев).

Агар дар сифати феълии замони оянда хусусиятхои грамматикии

... ба тарафи кушбсгй ва козикалон таъзимкунон аз зинаи ру ба руи фуромада мерафтанд (Айнй). Аз пеши боги шахрии Шуроб гу­заштаравон ба Шодмоиов дучор омаданд (Рахим Налил). ...монандй шутури мает наъразанон аз дахонаш кафк мепошид (Айнй).

Феълхои холи замони хозира гузаранда (такроркунон, кашолаку- нон, тозакунон, навиштаравон, пушидаравон, гичирроезанон, тасдил,- кунон, таъкидкунон, бусакунон) ва монда (табассумкунон, нолакунон, хучумкунон, тохтаравон, гузаштаравон, бэромадаравон, таклидкунон, таъзимкунон, мурочиаткунон, завккунон, хайрухушкунон, гапзанон, такьякунон) мешаванд. Ин хусусияти феълй хол бевосита ба катего­рняи тарзи феъл алокаманд аст.