Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2160
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 444. Сифагхои феълии забони точикй ду тарз доранд: тарзи фоил ва тарзи мафъул.

Сифатхои феълии тарзи фоил бо амали гузарандае ифода ме­шаванд, ки ба объект бевосита равона аст: Дар току деворхои даруни бино хайкалхои модарони дар кафи худ кабутари сафеди сулх доран- да сохта шудаанд (Турсунзода). Вакте ки хаво тамоман торик гашту на аз домод ва на аз Арслоналии подаро ронда рафтагй дараке на­шуд, пиразан хам бекарор гардид (Рахим Чалил).

Тарзи фоили сифатхои феълй бо феълхои монда низ ифода ме­шаванд ва амалу холатро хамчун аломати субъект мефахмонанд ва хеч гох объекти бевосита кабул намекунанд:

Ба дехконони аз сахро омада «чой» гуфта мефурушад (Айнй). Дарахтони бед, гучум ва тут хам монанди зардолухои дар бахорон шукуфта шукуфтазорсро ба назаратон чилва мекунониданд (Айнй) Хамаи ин ахли аз шодй ва хурсандй ба пусти худ намегунчидагиро ба шахр фуровард (Хаким Карим).

Сифатхои феълии тарзи мафъул аз сифатхои феълии тарзи фоил бо ёрии феълй «шудан» сохта мешаванд. Сифатхои феълй дар ин холат хусусияти гузарандаи худро гум мекунанд. Онхо аломати пред­метро ифода мекунанд, ки объекти амал мебошад: Дехкон чакмани ба тагаш пахн кардашударо мебарорад (Рахим Чалил). Рушноиро аз як даричаи ба руи еахни беруни Мадраса кушода мешудагй мегкрифт (Айнй). Гулхо хайкали шуми монанди мурдахои аз гур кашида ги- рифташудан онро дида хис мекарданд (Турсунзода).

Дар ин маврид субъект хамчун пуркунандаи бевосита меояд: Сиддикхон маоши аз подшохй ба худаш додашавандаро ба китобхарй сарф кард (Айнй).

Хулоса, тарзхои фоил ва мафъул одатан бо феълхои гузаранда ифода мешаванд.

Худи сифатхои феълии таркибии номй бо феълхои ёридихандаи «шудан», «гаштан», «ёфтан», «дидан» тарзи мафъулро низ ифода кар­да метавонанд:

Инхо аввал лафзбозихо, муаммохо, касидаи аз харфи бенукта тамомшаванда барин корхоро ба даст даровардааид (Айнй). Чашмо- ни аз мастй хирашудаи ман уро намешинохт (Айнй). Унвони маълум ва машхури аз тарафи уламо ва сипохиён кабульёфтаи у буд (Айнй). Монанди гули хазондида хеле пажмурда ба назар меояд (Айнй).

Агар дар ибораи изофн сифатхои феълии гузарандаи замони гу­зашта, хозира-оянда ва хозираи муайян ба вазифаи муайянкунанда омада бошанд ва муайяншаванда чун объекти онхо хизмат кунад, тарзи мафъул низ ифода меёбад. Дар ин сурат сифатхои феълй асосан бо бандакчонишинхои шахей- сохибй меоянд: Мо мачбур шу- дем, ки оби аз хавз овардаамонро зуд кор фармуда бакияашро резо- нем (Айнй), Ту боз як бори дигар байти навакак хондаатро хон ва аз ман чавоб шунав (Айнй). Кори мекардагиатро ман хеч нафахми- дам-ку! (Улугзода). Одина хар руз пагохй аз огил молхоро гирифта ба чаро мебурд ва бегохй хезумхои он руз аз дара ва кух шикаста гундоштагиашро ба хар бор карда, рамаро пеш андохта ба хонаи хучаини худ меовард (Айнй).

Тарзи мафъул дар иборахое, ки субъекти мантики доранд, боз хам равшантар ифода мешавад:

Чарххои падарам тарошидаро хам касе нахарид (Айнй). Ман ягон усули нави шумо намедонистагиро кор намефармоям (Улугзо­да). Заминхои сел шуста бурдаро вайрон кардан гирифтанд (Икро­мй). Агар чизи вай ёд дода истодаро дурусг гуфта натавопад, бо остини васеу дарози куртааш ба руи у мезад (Айнй).

Дар ии мисолхо муайяншаванда объекти амал аст ва сифате феълй нисбат ба он тарзи мафъулро мефахмонад, вале дар хамин иборахо субъекти мантикй хам ифода шудааст, ки нисбат ба он си­фати феълй тарзи фоил мешавад.

Сифатхои феълии гузаранда хамчун хабарй чумла дар алохи- дагй тарзи мафъулро хам ифода мекунанд. Мубтадо дар ин сурат объекти амал аст:

Дарвоза кушодагй буд (Улугзода). Заминхо шудгор кардаги, по­рухой маъданй на махаллй андохтагй, чигит кашонда ва тоза карда­ги, формалин дар зарфхо андохта мондагй (Улугзода).

Агар муайяншавандаи ин шаклхои сифати феълй хамчун субъект омада бошад, тарзи фоилро мефахмонад: одами мактуб навиштаги, бачаи китоб овардагй, духтараки суруд хондагй, зани хурок пухтагй.

Сифатхои феълй дар забони точикй се замой доранд: замони хозира, гузашта ва оянда. Категорияи замон хамчун хусусиятн бар- часта сифати феълиро хамеша дар доираи феъл нигох медорад.

Замони хозира: Тирхои жолавор борандаи пулемёт босмачиёни дар як чо рун нстодаро тут барин мерехт (Айнй). Сухани паст-паст гуфта истодаи хамон профессор ба гуши хама равшану гуё мерасид (Рахим Чалил).

Замони гузашта: Мо порчахои дар дасти додари шоир мондаро навишта гирифтем (Айнй). Куртап крепдешини гулобиранг ва хеле санъаткорона духташударо дар бар кард (Икромй).

Замони оянда: Маърузаи хисоботии дар бюрои райком мекарда- гиашро бароварда хонда нишаст (Улутзода). Шабона дарсхои гузаш- таро такрор ва дарсхои хонда шуданиро тайёр мекардам (Айнй).