Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2160
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 445. Сифатхои феълй монанди феъл дорой хусусиятн вобаста- кунй буда, калимахои дигарро ба худ тобеъ мекунанд:

Рурриши гор ва нолаи аз чангал барояндаро худам бо гуши худ шунида будам (Айнй). Регхои ба боми хона гуншударо бо бел руфта истодаем (Айнй). У фармони ба воситаи кушбегй аз амир гирифтааш- ро аз багал бароварда... (Айнй). Ин чанг мудофиаи богу бустоии бо мубориза ва мехнати кахрамоиона парваришьёфтаи мо мебошад (Де- хотй).

Хусусан сифатхои феълии гузаранда пуркунандаи бевоситаро во­баста намуда, яке аз хусусиятхои барчастаи феълии худро зохир ме- намоянд:

Киштибон ки ин холро лид, ба одами гупсарро дар об фаро- ранда... гуфт (Айнй). Барфи рун пайрахдро пушида дар зери пои Рустамов гичиррос мезад (Ниёзй). Холаи чома духта истодагй аз паси айнак ба писарчааш нигарист (Толис). Мо хам колхоз ташкил доданй (Икромй). Мои, ки урфу одатхои занро каниз, мардро гулом мекар- дагй аз миён бардошта шаванд (Хаким Карим).

Сифатхои феълии замони гузашта, замони хозира-оянда ва хо­зираи муайян гайр аз пуркунанда ва хол боз калимахоеро фаро меги­ранд, ки субъекта амал шуда омадаанд:

Чубхои ман ба хавз фиристодагй чубхои тут буданд (Айнй). Бо бригадаи дар он шавхараш кор мекардагй мусобика баста буд (Ха­ким Карим). Агар чизи вай ёд дода истодаро дуруст гуфта натаво- над,... (Айнй).— Ака бой,... гулумон-ку бо мошпиёбаи Кдлмокоим гарм карда медодагй шикамашонро сер мекардаанд, аммо мо ба туй омада бо чй чиз шикамамонро сер мекунем? (Айнй).

§ 446. Сифати феълй намуди мутлак ва давомнокро хам ифода менамояд. Сифатхои феълии намуди мутлак, аичом ва натичанокии амалро нишон медиханд:

Накшаи чангии Павел тартибдода ба Пулод нихоят маъкул шуд (Рахим Чалил). Хамон чизхои ба чашми худ дидаатро гуфта дех (Айнй). Занаш Аноргул дар таги новаи чашма як тагора либоси шустаашро ба об чайконда истода буд (Улугзода). Муйлабхои тамо- ман тарошидашуда аз сифатхои муштараки ин ду кас буданд (Айнй). Аз оши палави ман бурда додагй ба ту хам доданд? (Айнй).

Намуди мутлак махсусан ба воситаи баъзе феълхои ёридиханда равшантар ифода мегардад:

Хосият дастархони барои туйравй тахт карда мондагиашро овар­да, дар рун сандали гузошт (Улугзода). Суханхои чида гирифтаатро ба хучаин ва баъд ба волостной бурда расонад (Рахим Чалил). Хам- сухбати ман аз чойники бо руймолча печонда мондагиаш як пнёла чой кашида нушид (Айнй). Лабхои ба ханда кушода шуда рафтаашро ба хам кашида натавониста, чанд сония нигох карда истод (Айнй). Нонхои дар вакти гурез пухта овардаашонро шамол медоданд (Айнй).

Сифатхои феълии намуди давомнок амали нотамом—давомнокро ифода мекунанд.

Бой як бурда ноли коки харруза ба Ятим медодагиашро харчи барзиёд донист (Айнй). Аз ryp-Fypy ак-аки сагхои ба атрофи онхо чамъ мешудагй хама безор мешуд (Дехотй). Аз заррахои ба руяш задаистодаи об лаззат мебурд (Рахим Чалил). Бо фармони Рузиму- род аз дунболи босмачиёни гурехта рафта истодагй тир андохтанд (Айнй).

§ 447. Сифати феълй монандй сифат шакли чамъ намегирад ва хамчун муайянкунанда дар ибораи изофй пас аз муайяншаванда чой мегирад: одамони омадаги, офтоби тулуъ карда истода, образи фаромушнашаванда, тутхои хурданй: Ин тагма он тагмае буд, ки ба молхои ба Россия фиристодашавандаи бой, ба гусфандхои дар рама будан он, ба аспхо ва молхои сиёхи дар гала будааш ва ба шутурхои дар катор гаштааш зада мешуд (Айнй). Мургон ва гулхо бо савту таронахои худ хаёти зафарёбанда, табиати сабзшаванда, водии ба нашъ- унамо дароянда, бахори гул-гул шукуфандаро табрик намуданд (Турсунзода).

Гохо монандй сифатхо пеш аз муайяншаванда омадани сифати феълй низ дида мешавад, ки бештар хусусияти гуфтугуй дорад:

Дар хона нигохубин мекардагй одам хам надорад (Икромй). Дар ин чо шуморо мешинохтагй одамхо бисьёр буданд (Улугзода). Ба пул мерафтагй чизаш хам намонд (Айнй).

Ин ходиса дар наз.м, махсусан, дар назми классикй бештар мушо­хида мешавад:

Хои на uo.чон бахори даиру даврони Ватан!

Хои газалчои шукуфта ша.\ру кишлоки чаман.

(Д е \ о т н).

Пароканда лашкар наояд ба кор, Дусад марди чангй бех аз сад хазор

и о д а в с и).

Сифатхои феълй (феълй хол) ба вазифахои хол хам фаровон истеъмол мешаванд:

Аз гушаи дури зиндон хунгос зада гиристан» марде шунида шуд (Улугзода). Суханро наандешида, насанчида магу (Зарб.). Сартароши солхурда дехкони чавонсро руи санг шинонда муи сарашро мета­рошид (Улугзода). Дуст гирьёнда ran мезанад, душман хандонда (Зарб.). Азимшох гум шудани ду гусфанди худро шунида, хеч изхори андух пакард (Айнй). Нуралй аз пеши тамзшобинон гузашта истода ба тарафи онхо як назар андохт (Улугзода).

Сифатхои феълн хабарй чумла хам шуда меоянд:

Рангхо парида, чашмхо дарун рафта, бинихо tcf кашида, дасг- хо кубла зада, кафида ва хуншор шуда, пойхо обила карда ва чаро- хат пайдо карда ва либосхо дарида... (Айнй).. Саломатхола бо шав- Хараш гашта, обдориро нагз омухтагй (Икромй). Барф руи замин- ро курпа барин пушонда гирифтагй (Толис). Почаи брюкаш ба да- руни муза халондагй буд (Улугзода).

§ 448. Сифатхои феълй аз руи маъно ва вазифахои синтаксисй ба сифат наздиканд, бинобар ин инхо дар чумла ба категорияхои сифат мегузаранд. Агар дар сифатхои феълй хусусиятхои граммати­кин замон, тарз, намуд ва вобастакунии феълй суст гардад ё гум шавад, албатта онхо аввал ба сифат, баъд ба исм мегузаранд. Дар мисолхои зерин сифатхои феълй ба сифати аслй гузаштаанд ва хатто дарачахои киёсй гирифтаанд:

Ба фикри ман хам таклкфи Саидмухаммад—таклифи пухта (Ик­ромй). У аз забони зани шуридаву бекарораш тафсили вокеаро шу­нида буд (Улугзода). TeFe аз ман буррандатар набувад—Барке аз ман чахандатар набувад (Лохутй). Имконият дод, ки шарикаш осудатар хоб кунад (Икромй). Ба у рохбарии бригадаи аз хама акибмондаро супориданд («Садои Шарк»).

§ 449. Сифатхои феълй дар чумла чун исм хам кор фармуда мешаванд. Маълум аст, ки сифатхои феълй аломатхои предметхои мухталнфро ифода карда метавонанд ва доираи истеъмоли онхо ни­хоят васеъ аст, аммо сифатхои феълии исмгардида факат предмети муайяни ба хамин аломат моликро нишон медиханд. Сифатхои феъ­лии исмгардида дорой хусусиятхои асосии исм мегарданд:

а) категорияи шумораро ифода мекунанд ва суффиксхои чамъ­баидй мегиранд: кор мекардагихо, омада истодагихо, хучумоваранда- гон, нишастагихо:

Аз фронт омадагихо хар кадомаш аллакай сохиби идора шуд, ране шуд-ку! (Улугзода). Хдкояхои Рахими Канд бештарин аз сар- гузашт ва ёддоштхои худаш, аз ахволи худаш ва аз дида ва шунида- хояш буд (Айнй);

б) бо пешояндхо ва пасоялдхо меоянд: аз рафта истодагон, бо равандагон:

Кдгор шунидахояшро ягон-ягон ба Гулнор накл кард (Айнй).

Сифатхои феълии исмгардида дар чумла вазифаи синтаксисии исмро адо мекунанд ва калнмахои эзохдиханда дошта метавонанд:

Чуянда (мубтадо) ёбанда асг (Зарб.). Яке аз бадхохо«и у во- кеан хам ба каротегинихо хабар кашид, ки кушандаи хеши мир ха­мин Шакар аст ва андозчинони мирро бо хилла гурезондагй писари у — Восеъ мебошад (Улугзода). Раис бо кор карда истодагихо (пур- кунанда) саволу чавоб карда гузашта мерафт (Улугзода). Номашро соли гузашта дар руйхати орден гирифтагихо (муайянкунанда)*дкдам (Толис). Донистагии (мубтадо) худам ба худам маъкул буд (Х,гп1им Карим).

Сифатхои феълии замони хозира ва гузаштаи шакли якум бештар хамчун исм кор фармуда мешаванд. Сифатхои феълии иемгардидд ду хел мешаванд:

  1. сифатхои феълии иемгардидае, ки бе калимахои эзохдиханда меоянд:

Холо хам рохи калонн аз пеши майдонча гузаранда бо раванда- гон пур, холо хам оромии шабро садои равандагон вайрон мекард (Айнй). Бо хонданй навиштахои матбуот ва бо шунидани гуфтахон радио оташи шавки тамошои пойтахти Ватан дар дили ман торафт балапдтар мешуд (Дехотй). Хурданй ва ширинихо дар лаълй оварда мешуданд (Улугзода). Вай кам-кам ба забон даромад, баъзе дида- гихояшро хикоя мекард («Шарки сурх»). Аз дидаву шунидахояш ran cap кард (Айнй). Восеъ шуришгарони аз азобу укубат, мондагй ва гуруснагй ба чон расидаро боздошта натавонист (Улугзода);

  1. сифатхои феълии иемгардидае, ки бо калимахои эзохдихан- даашон омадаанд: Мол надоштагихо чй мекунанд? (Икромй). Ба сах- на гузоранда ва ё нависандагони либретто метавонистанд... (Каххорй). Вай аз берун омадагонро ба дарун рох намедихад (Айнй). Вазифаи мо, рохнишинон, барои дар рох афтодамондагон ва сармогирифтагон хизмат кардан аст (Айнй). Дар хавлй будагихо кар нестанд (Улуг­зода). j

Сифатхои феълии иемгардидаи гурухи дуюм нисбат ба якум ху­сусияти феълии худро нигох медоранд.

СОХТИ СИФАТХОИ ФЕЪЛЙ