Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2160
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 430. Масдар аз асоси замони гузаштаи феъл бо суффикси -ан сохта мешавад: хондан, дидан, гирифтан ва гайра.

Масдар аз чихати сохт се хел мешавад: аслй, сохта ва таркиби.

        1. Масдари аслй ё содда аз асосхои содда бо суффикси -ан сохта мешавад: хондан, гуфтан, чидан ва монанди инхо.

        2. Масдархои сохта ду хел мешаванд: а) масдари сохтаи феълй ё префикснок, ки бо префиксхо аз масдархои аслии дигар сохта ме­шавад: даромадан, даргирифтан, вохурдан, фуромадан; б) масдари сохтаи номй, ки ба воситаи суффикси -идан ва ё -онидан аз исму сифат сурат мегирад: номидан, чангидан, тезонида.н, хушкидан, кол- лективоиидан, механиконидан, мукофотонидан, техниконидан.

        3. Масдархои таркиби низ ду хел мешаванд: а) масдари тарки­бии номй: кор кардан, кишт кардан, як шудан, ханда кардан, исти­фода бурдат, ба даст овардан, аз худ кардан, аз бар кардан, дам гирифтан, ёд додан, ran задан, хунук хурдан, нигох доштан, нест шудан; б) масдари таркибии феълй: хонда баромадан, расида ома­дан, хурда дидан, даромада мондан, баромада рафтан.

Масдархои сохти дигар низ мавчуданд, ки одатан онхо аз асос­хои замони хозираи баъзе феълхои содда аз нав пайдо шудаанд: коридан (киштан, коштан), гардидан (гаштан), хобидан (хуфтан).

Шакли инкории масдар бо префикси феълии на- сохта мешавад. Чои ин префикс ба сохти масдархо вобаста аст: 1) ба аввали феълхои содда мечаспад: нарафтан, нарасидаи, натавонистан; 2) ба аввал ё пас аз префикси фсъли сохта меояд: набаромадан, надаромадан, во-

нахуодан, барнахурдан; 3) ба аввали феълхои ёридихандаи феълхои таркиби хамрох мешавад: тамом наш'удаи, хонда набаромадан, ёд нагирифтан, ёд надодан.

§ 431. Масдар дорой бисьёр хусусиятхои феъл аст. Вай гузаран­да (навиштан, гирифтан, шу.нидан, донистан, овардан, омухтан, дидан, пешвоз гирифтан, такрор кардан, муайян намудан) ва монда (нишас- тан, давидан, хоб кардан, хомуш шудан, хичолат кашидан, омадан, рахсипор гардидан) мешавад. Масдарй гузаранда амалеро мефах­монад, ки ба предмет бовосита равона шудааст: китобро хондан, ни- хол овардан. Чунин амалхо одата.н бе объект вокеъ намешаванд, зеро объект вазифаи феълро конкрет мегардонад. Масдархои монда амали субъектро ифода мекунанд: хобидани модар, шукуфтани гулхо, ома­дани бародар, паридани кабутарон.

Вобаста ба маъно як масдар хам гузаранда ва хам монда шуда метавонад: дар мактаб хондан (монда), китобро хондан (гузаранда).

Дар натичаи кувват гирифтан ё суст шудани алокаи худ бо объект масдархо ё аз монда ба гузаранда мубаддал мешаванд, ё ин ки аз гузаранда ба монда мегузаранд. Феълй кардан дар алохидагй ва дар хайати феълхои таркибии номй асосан гузаранда аст:

У барои бедор кардами падараш ба хона даромада буд (Икромй). Ман ин корро хар шаб кардан гирифтам (Айнй). Вале масдархои «хоб кардан» ва «ханда кардан» мондаанд. Аз феълхои гузарандаи «гирифан» ва «хурдан» бо ёрии префикс.хои дар- ва во- феълхои мон­да низ сохта шудааад: даргирифтан, вохурдан.

§ 432. Феълхои гузаранда ва монла баъзан ба калимасозй ало- каманд мешаванд. Суффикси -он факат бо сохти масдархои гузаран­да вобаста аст. Ва воситаи ин суффикс аз асосхои замони хозираи масдархои монда масдархои гузаранда месозанд: нишастан — шинон- дан, галтидаи — галтондан, хандидан — хандондан, чаридан — чарон- дан:

Ман Мирзодиккакро охиста ба зонуяш шинонда мондам (Улуг­зода). Холо ту танхо дар майдони гуштингирй баромада, чй гуна галгондани як чавени монанди худатро медонй (Айнй). Бо шухихо хамаро механдонд (Тслис). Лой хишти имруз рехта мешудагиро як руз пеш хобоидан даркор (Рахим Чалил).

Агар суффикси -он ба асоси замони хозираи масдархои гузаран­да хамрох шавад, шакли масдархои гузарандаи бавосита ба амал меояд: навишган—нависоидан, доштан—дорондан, духтан—дузондан, хондан—хонондан: Барои бе гуфтугу ва бе чангу хунрезй таслим ку- нонидани душманхои хукумати шурой як мурочиатнома аз номи мо- дари амир тартиб додем (Икромй).

Хусусияти гузаранда ва монда будани масдархо ба ифодаи ка­тегорияи тарзхои феъл бевосита алокаманд аст.

Масдар дорой категорияи тарз аст. Тарзхо муносибатхои гуногуни ба субъект па объект доштаи амалро ифода мекунанд. Масдар тарз­хои фоил ва мафъул дорад.

Масдархои тарзи фоил амали гузарандаеро ифода мекунанд, ки бевосита ба объект равона шудааст. Дар ин сурат объект бо пасоян­ди -ро ва бе он ифода мешавад:

Шеър хондан >ва счро фахмидан осон нест, духтарам (Икромй). Хар руз як ош пухта, як касро зпёфат кардан кори душвор нест (Айнй). Баъзан онхоро ёфта гирифтан хам мушкил аст (Икромй). Дар хангоми аспхояшонро баста истодани онхо аз даруни яке аз хонахои снёх як зг«и пирсол баромада омада онхоро пешвоз гирифт (Айнй).

Тарзи фоили масдар бо масдархои монда низ ифода мешавад. Онхо амалу холати субъектро ифода мекунанд, аммо пуркунандаи бевосита кабул намекунанд:

Дар вактн ба хонаи бой омадани мулозими козй ва миршаби туман амлокдор Абдусаттор хам дар хамон чо будааст (Айнй). Баъд аз 5 дакика ба замин хобидан cap бардошта чорзону нишаст (Айнй). Аз кор гашта ба хавлй даромадан замон чашмам ба Муллофозил аф- тид (Рахим Чалил). Баробари ба охир расидани сухани Юнусбобо аз мобайни мардум якчанд кас пасу пеш «офарин» — гу>ён. овоз баровар- данд (Улутзода). Пагохи, вактн ба кор рафта истоданам, пеши рохам- ро гирифт (Рахим Чалил).

Масдаохои тарзи мафъул таркиби буда, аз масдархои гузарандаи, тарзи фоил бо ёрии феълн ёридихандаи «шудан» сохта мешаванд, феъл дар ин хол хусусияти гузарандаи худро гум мекунад. Феълй ёридихандаи «шудан» нишонаи грамматикни тарзи мафъулй масдар аст. Дар тарзи мафъул объект сохиби амал мебошад:

Дарвоза кушода шудан замон як нафар савор ба сарой даромад (Айнй). Пас аз гундошта гирифта шудани пучокхои харбуза ноиб ба руи суфа баровардапи Хамрохрафикро амр фармуд (Айнй). Аз штаби армия ба телефон даьват карда шудани онро хабар дод (Ниёзй). Аз дур, аз ким-кадом гуша, овозй данг-данг зада шудани лаълй барин як чиз ба гуш.хо расид (Дехотй).

Хатто худи феълхои таркибии номие, ки бо феълхои ёридихандаи «шудан», «гаштан», «гардидан», «ёфтан» сохта шудаанд, тарзи мафъу- ланд: ифода шудан, ифода гардидан, ифода ёфтан:

Ман ба воситаи узангу ба асп андармон шуда, аз гарк шудан рахои меёфтам (Айнй). Салимбой аз пайдо шудан ва гурехга халос гардидани вай хеле дар ташвиш монд (Рахим Чалил). Мулло ва поп- хояш бо талкиноти дин игво карда аз як шудан ва ба хам пай- вастан боз медоштанд (Айнй).

Ба хамин тарик, бояд кайд кард, ки баъзе феълхо ду тарз дош- таанд: хондан (китоб хондан, дар мактаб хондан), рехтан (чой рехт, чойро рехтан), шикастан (шох шикает, шохро шикастан). Чунин феълхо хам тарзи фоил ва хам тарзи мафъул доранд.