Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2160
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 479. Зарф хиссаи муста кили нутк, буда, аломати амал, предмет на аломати аломатро мефахмонад.

Зарф хусусият ва аломатхои махсусе дорад, ки мухимтаринашоч иборат аз нихост:

  1. Бо калимахои дигар хамеша бо рохи хамрохи алока манд ме­шавад. Дар таркибхои изофй намеояд, яъне ба воситаи изофат ба ка­лимахои дигар тобеъ намегардад. Ба воситаи изофат ба нем тобеъ шу­дани калимахои бисьёр, кам (гапи бисьёр, пули кам), ки ба гурухи зарфхои микдору дарача дохил мешавад, аз ип коида мустасност: ка­лимахои мазкур холо харчанд хамчун зарф бештар истифода шаванд хам, аслап сифат мебошанд ва дар нборахои боло ин хусусияти худро нигох доштаанд.

  2. Кисми асосии зарфхо дар назди феъл омада, ба он вобаста мегардад. Аз ин сабаб онхо дар чумла хамеша хелхои гуногуии хол- ро ифода намуда, аз ягон чихат амалро шарх, медиханд. Азбаеки мас­дар ва сифати феълй шаклхои гайритасрифии феъл мебошанд, зарф ба шарху эзохи оп.\о низ меояд. Гохо ба сифат, зарф ва исм тобеъ шудани зарф (асосан зарфи микдору дарача) низ мушохида мешавад.

  3. Баъзе аз зарфхо (асосан зарфхои мивдор ва тарз) дар чумла ба вазифаи хабар низ меояд: Дар м.иёни чадидони Бухоро таъсири турк ва тоторхо бисьёр аст (Айнй). ...дар Рушон хок... аз Рошткалъа дида бисьёртар аст (Дехотй). Масофаи то он чо аз ним километр зиёд- тар буд (Улугзода).

  4. Шакли чамъ иадорад. Суффикси -\о, ки ба баъзе калимахои зарфи (кайхо, аввалхо, сонихо, ким-кайхо) меояд, ба онхо на маъ­нои чамъ, балки тобиши тахминии микдор мебахшад.

  5. Бо пешоянду пасояндхо намеояд. Иборахои исмии он чо, ии чоро, ки дар таркиби чумла бо пешоянд низ вокеъ мешаванд (ба он чо рафтан, ба ин чо омадан), ба зарф мансуб дон иста и дуруст нест.

  6. Зарфхо (зарфхои макон, тарз, дарача) дарачаи оддй ва киёсй доранд.

  7. Баъзе зарфхо (асосан зарфхои замон) дар назм бо такозои вазн бандакчонишин мегиранд, мисли акнунам, ханузаш дар байтхои зер:

Хуни худ бу кунам rap акнунам, Буи хуни вай ояд аз хуна.м.

(Турсунзода).

Ханузаш харфн хуш нашнида аз кас Ханузаш мархамат ноднда аз кас

(T у р с у н з о д а).

§ 480. Зарф аз хисоби хиссахои номии нутк такмил меёбад. Аз ин сабаб калимахои зиёде (амсоли боло, зер, тез, сахт, харакй) во­баста ба мавриди истифода кисман тагьири маъно карда, ба вазифаи зарф истифода мегарданд. Калимахои мазкур асла<н исм (боло, эер) ва сифат (тез, сахт, харакй) бошанд хам, вобаста ба мавкеи истифо­да аломат ё холати амалро муайян карда, ба вазифаи зарф истифода мешаванд. Як гурухи зарфхо хукми архаистй гирифтаанд. Чунончи: •сарохата'н, сигоран, кнборан ва амсоли инхо. Чунин калимахо холо дар услуби бадей бо ниятхои услубй баъзан истифода мешаванд:

Дар «Точ-ут-тавор.их» сол ва мо.чи вуруди Бухоро сарохдтан на­вишта нашудааст (Айнй). Хулосаи калом, козй Бадриддим ба воси­таи тадбироти мазкура синфи илмияро сигоран ва киборан дар тахти амр ва фармони худ даровард (Айнй).

Царица ва ифодаи субъективй дар зарф

§ 481. Категорияи дарача ба хама хел хой зарф хос пест. Зарф- хон тарз, дарача, микдор, замон ва макон дорой чунин шакли грам­матики мебошанд. Ин кабил зарфхо зохнран ба сифат монанд бошанд хам, аз хусусй вазифаи синтаксисй аз он фарк мекунанд. Зарфхои да­рачаи киёсй аломати феълро муайян карда, ба он нигаронида меша­ванд, сифатхо бошанд, аломати предметро муайян мекунанд ва аз руи ин хусусият ^обе.и исм мебошанд. Зарф ду дарача: дарачаи оддй ва киёсй дорад. Зарфи дарачаи оддй аломати амал ва ё аломати ало- матро бе мукоиса ифода мекунад: Холо биёед, ки аз руи харита ва фикран махалхоро андаке сайр кунем (Дехотй). ...ба холабегамин рохбаронн колхоз бахшида, як фельетон навишта фнристодам, ки зуд чоп шуда баромад (Рахим Чалил). Баъд аз гуфтугузори бисьёр хама муттафик, шуда, фирор ба тарафн Хоразмро салох дониста, маъруз доштанд (Айнй).

Дарачаи киёсй аз дарачаи оддй бо иловаи суффикси -тар сохта мешавад. Маънои лугавии хамаи хелхои зарф имконият иамедихад, кн онхо суффикси мазкурро кабул кунанд. Ин чихат ба зарфхои за­мон, макон, микдору дарача ва тарз маисуб аст. Аз зарфхои мазкур зарфи тарз ва дарача маънои киёсиро нисбатан кам ифода мекунад. Зарфхои максад, сабаб ва монанди аз ин гуна категорияи грамматикй фориганд:

Акнун орзуи калони ман буд, ки тезтар забони русиро ёд гирам (Улугзода). Охир, сонитар гуфтани ин боз мушкилтар мешавад (Улуг­зода). ...ба доду фарьёдкунон дафъ кардани еохнбашон нигох накарда, аз асп болотар чахида аз банди пои ман у акай Мадалй гирнфтанй мешаванд (Начмнддинов). Хар кадар бештар ба чирку карк огушта шавед, хамон кадар хуб аст (Мухаммадиев). Аммо ин остинзаини у аз як боди суст зиёдтар таъсир надошт (Айнй).

Ба гайр аз »н дарачаи киёсии зарф бо чунин роххои синтаксисй ифода меёбад:

а) бо алокаи хамрохй тобеъ шудани зарф ба зарф:

Ришп сафеди Айнй аз манахаш андаке поён кутох кайчй зада шудааст (Улугзода). Бой кариб тамоман аз кор бозистодани халло- чихоро дида, барои зудтар баровардаии ош худаш ба хавлии даруй даромада, рост ба ошхона рафт (Айнй). Ба ман чунин менамуд, ки бача хеле охиста калон шуда истодааст (Улугзода);

б) ба воситаи пешоянди аз тобеъ шудани исм ва чонишинхо:

Мамарачаб аз онхо пештар аз мехмонхона берун баромада, ба

Одил Саркор гуфт (Ниёзй). Шоире дар хакки як давлатманд касидае навишта, уро аз хад зиёда мадх кард (Дехотй). Вай пас аз якчанд рузи дар шуъбаи маориф нишастан, барои бо мактабхои район шинос шудан ба сафар баромад ва аз хама аввал ба дехаи Чуибор омад (Ниёзй).

Дар ин маврид зарф суффикси киёсии -тар-ро низ гирифта мета­вонад, бо ин маънои киёсии зарф таъкид меёбад,

Албатта, хамаи хелхои зарф зарфхои замон, макон, микдор, да­рача, тарз дарача надоранд. Чунончи, агар зарфи пеш суффикси -тар гирифта та вон ад, зарфхои замоне, ки аз исми ченаки вакт ва суффик­си -она сохта шудаанд (рузона, шабона) ё и,н ки зарфи тарз ё мик­дори мураккабе, ки яке аз чузъхояш ё хар ду чузъаш шумора аст (сечанд, дучанд, дахчанд, ду-ду, се-се), зарфи тарзи воснтаи ичро (аспакй, харакп) ва зарфи тарзи ифодакунандаи холат (пуштнокй, руйнокй, диккак) вобаста ба маъной лугавиашон суффикси мазкурро кабул намекунанд.

§ 482. Зарфхои тарз, микдор, дарача, замон ва макон камй ё зиё­дй, хурдй ва навозишро ифода мекунанд. Муносибати субъективонаи гуянда бо ду рох — ба воситан суффиксхои -ак, — акак (-якзк) ва ё такрори зарф ифода меёбад.

Зиёдй ё камиро далолат кардани суффикси -ак, -акак (дао назм баъзан -якак) ба маъной лугавии зарф ©обаста мебошад. Чунончи, суффиксхои номбурда ба зарфи хеле хамрох шавад, микдори зиёд, бо зарфи сахл ояд, микдори камро мефахмонад. Ин суффиксхо бештар бо зарфхои микдор, замон ва тарз вокеъ мешаванд: ...ман хам якборакак ба хамон чо мерафтаму он шахрхоро медидам (Улугзода). Шумо аввал гапи маро дурустакак гуш кунед (Толис).

Дар забони точикй бо рохи такрор ифода шудани муносибати субъективй «из хос буда, чунин тарзхо дорад:

а) такрори калима бо баъзе тагьироти фонетикй дар хиссаи ду юм: андак — муыдак, еахл — пахл: Лекин масъалаи хуш карда шриф­тами лахча ва кабул карда гирифтани лахчахон умумитар як масъа- лаест, ки ба андак—мундак кушиш хал намешавад (Айнй). Ман мана акнун ба мактаби махви бесаводй рафта сахл-пахл саводам баромада истодааст (Амонов);

б) такрори зарф ба воситаи пайвандак. Ин тарзи ифодаи зарф хоси забони гуфтугу буда, дар асархои бадей микдоран кам бошад хам, дучор мегардад: Барон ин ки оози нихонии шавхарашро ошкор намояд, касдан вай бештар ва бештар озодона рафтор менамуд (Ка­ким Карим). Боз ва боз Асад хайрон шуд (Икромй). Лекин фаркашон дар он аст, ки хачми хар яки инхо аз чубтарахои кишлоки мо хеле ва хеле калон аст (Каким Карим).

ХЕЛХОИ ЗАРФ A3 РУИ МАЪНО

§ 483. Зарфхо аз рун маъно ба ду гурух: зарфхои хосаи тавсифй ва холй чудо мешаванд. Ба гурухи якум зарфи тарз, монандй, микдор ва дарача ба гурухи дуюм зарфхои замон, макон, сабаб ва максад дохил мешаванд.

ЗАРФИ ТАРЗ

§ 484. Зарфи тарз тарики вокеъ шудани амал ва чигунагии хо- лату вазъиятро мефахмонад ва вобаста ба ин хусусияти худ ба феъл ва предикативхои аз дигар'хиссахои нутк сохташуда нигаронида ме­шавад., Зарфи тарз инчунин аломати аломатеро, ки ба воситаи сифат ва зарф ифода меёбад, нишон медихад. Вай нисбат ба дигар хелхои зарф микдоран бисьёр буда, тобишхои гуногун дорад. Ин навъи зарф ба се гурухи калон чудо мешавад.

1. Зарфхои тарзе, ки чй тарз ичро шудани амал, яъне аломати амалро мефахмонанд. Онхо аз чихати микдор ва маъно хеле бисьё- ранда ва нишон додани аломати амал тобишхои гуногун воситаи ичро, такрор, суй, лахзагй ва давомиокии амалро низ ифода мекунанд: Хар хам... хеле чолокона кадам мезад (Айнй). Абуалй саросема ба ин чо расида карор гирифт (Улугзода). Ба сад чон дар танури ишк хомохом месузем (Лоик). Дар он Мадраса Мулли-Дйду.мгп-ьч;■■, иом «к муллой кулобй буд, ки даста>игкптоофурушн мекард (ЛиниК .j';ni кузаро ба cap бардошту хеуУ^дулт-култ фуру бурд (Рахим Чалил). Ба хамин тарик, мо дар шахрхо ва дехоти гуногуни Япония кам-кам бо хаёт ва тарзи маишати мардум ошно шудем (Дехотй).

Ба ни гурух зарфхои дорой тобиши таклиди овозй, ки тарзи ич- рои амалро нишон медиханд ва бештар пеш аз феъл мейянд, низ до­хил мешаванд: \

Вакте ки пнрамард ба хонааш наздик мешуд, аз акиб як газик омада, дар наздаш такки истод (Саттор Турсун). ...пару болаашро гурри аз танаш рехт (Амонов). Паррандахо холо нагмасарой намекар- данд, факат гох-гохе ба девори кафасхо минкор зада ё аз дилтангй часту хезкунон тапар-тупур садо мебароварданд (Мухаммадиев).

  1. Ба гурухи дуюм зарфхои тарзе дохил мешаванд, ки аломати аломатро мефахмонанд ва бештар ба зарф, феълй хол, масдар тобеъ мешаванд:

.-.гилемро cap дод ва хой-хой гирьякунон ба хона даромада рафт (Рахим Чалил). Он «Одина»и Айнй аст, ки саргузашти як точикй камбаталро му ба му самимопа тасвир кардааст (Дехотй). Сафар якбора оташинона дасташро шарт ба зону зада, аз чо хест ва газа- болуд гуфт (Ниёзи). ...зуд-зуд нафаскашон ба тарозубон гуфт (Ниёзй). Пас уро барвакттар рузхои навкориаш, ба ягон гуша бурда, чиддй тори у зехн мемонд ва Kopauipo номаълум аз назар гузаронда, даруи- гуфтугу кардан лозим будааст (Саттор Турсун).

  1. Гурухи сеюмро зарфхои тарзе ташкил мекунанд, ки холати давомияти амалро мефахмонанд: Домулло мижа зада-мижа зада са- рашро поин мефарорад (Улугзода). Бечора хунгас зада зор-зор ме- гнрист (Улугзода). Вай мехмонхои баландмартабаро бссаброна мун- тазир буд (Икромй). Аз хама гушаву канораи он,— Сарбаландона ман гузар кардам (Турсунзода). Холо парчини бистар шуда, аз шид- дати дард дарун-дарун менолад (Мухаммадиев). Владимир ба раф- тори у зехн мемонд ва корашро номаълум аз назар гузаронида дарун- дарун хурсанд мешуд (Саттор Турсун)-

Хамчун зарфи тарз инчунин як гурух таркибхои устувор, аз кз- били кушоду равшан, бекаму кост, бетарсу бим, бегапу харф, гарму чушон, дархам-бархам, пасту расо, сарам-дилам, гаштаю баргашта, чаппаву роста истифода мешаванд: Дар ин вакт хар ду гарму чушон вохурдй карданд (Дехотй). Ман хам инро бекаму кост ба рун когаз кучонидам (Хаким Карим). Муаллим, максадро рупуш накарда, ку­шоду равшан гуед (Ниёзй). Шарифчон, ки ба кувваи худ боварии комил дошт, бегапу харф рафт (Хаким Карим). ...у изхори хурсандй мекард, дастони дусти худро гаштаю баргашта мефушурд (Мухам­мадиев). Вай бетарсу бим ба Бухоро меравад (Улугзода).

Ин гурухи таркибхои устувор пурра ба зарф нагузаштаанд ва аз ин сабаб баъзе аз онхо гохе пешояндхои номии таркибии изофй ме­гирад: Маълум мешавад, ки у ба риши сафеди пирон ба кадри бояду шояд эхтиром надоштааст (Мухаммадиев). Ин нуктаро хам кайд на- кардан мумкин нест, ки тарчумон аксар маънои калимахоро ба таври бояду шояд нафахмида истифода мебарад (Толис).

ЗАРФИ МОНАНДЙ

§ 485. Зарфи монандй тарзи ичрои амалро хамеша бо рохи му­коиса ба аломат ва хусусияти предмети конкрете баён менамояд. Зар­фи монандй шакли содда надорад. Вай аз исм (асосан, из исмхои конкрет) ба воситаи суффиксхои -вор, -она, -сон, -ваш сохта мешавад:

Баъд аз он чубчаро пробкавор тарошида ба он тарафи сурохич най зада банд кард (Айнй). Рудворона зиндагонй кун, —Чуш зан, чуш зан, чавонй кун (Турсунзода). Ташкилоти районии партия дар ташкил кардани мехиати кахрамононе, ки ин корро бо хохиш ва их- тиёри худ cap карда буданд, ба хубй ва большевиквор кор кард (Ай- нй). Бо хамрохни у бачагона бозихо кардан ба бисьёр касон одат шуда мемонад (Рахим Налил).

Зарфхои монандии хели «лаълсифат», «лолагун» бештар дар назм истифода мешаванд:

Х,еч шунидй, ки рухи осмон,— Нилва кунад, лаълсифат дар ча- хон (Турсунзода). Замине, ки халки ситамкаш зи хун,— Намудандй онро чунон лолагун (Лохути). Дар паси вай уфук аз шуълаи сухторн бузургс лолагун метобад (Улугзода). Дуздсифат нон барад аз хоми мо,— Аз сари чу оби фаровони мо (Турсунзода).

Зарфи монандй гайр аз феъл ба шархи сифат ва сифати феълй низ меояд: Занн- бемор чои тасмасон кабудшуда ва чуяквор фуру нишастаи бандн дасташро тез-тез мехорид (Мухаммадиев). Оби лой атоласон гафсу нарм гашта буд (Мухаммадиев). ...дандонхои марво- ридсон сафеди чилодорашро нишон дода, бо овозй чарангоей аз тахтп дил, самимона механдид (Мухаммадиев). Дар саргах асбоби худгарди пармакунй санги фулодосо сахтро сурох менамояд («Комсомоли То­чикистон») .

Зарфхои монандй асосан хоси забони адабианд. Дар гуфтугу кам дучор мешаванд. Дар гуфтугу ин гуна мафхумхо ба воситаи исм ва пешояндхои номию пасоянди барин ифода меёбанд: монанди (мисли, чун, хамчун) бача рафтор кардан—бачагона рафтор кардан, садаф барин сафед — садафзор сафед.

ЗАРФИ МИКДОРУ ДАРАЧА

§ 486. Зарфхои микдор ва дарача ба хамдигар хеле наздик ме­бошанд. Як гурухи зарфхо аз кабили кам (каме, камтар), зиёд (зи- ёдтар), андак (андаке), чанде, мутлако, мутлакона, басе, багоят, бе\ад, кадре, хеле (хело), бисьёр (бисьёртар), лаболаб муштараква- зифа буда, вобаста ба маънон калимаи тобеъкунандаашон хам маъ­нои микдор ва хам маънои дарачаро ифода карда метавонанд. Зарфи зиёд (зиёдтар) асосан мпкдорро далолат мекунад. Дар баробари шак- ли дарачаи киёсии он зиёдтар вобаста ба калимаи шархдихандааш маънои дарачаро низ ифода менамояд. Чунончи, дар чумлаи «Аз ин кадаре зиёдтар суфро аз б.лои китфи чап ва зери багали рост гуза­ронида, ба тапамон пахн карда мепартоем» (Мухаммадиев) зарфи зиёдтар мпкдорро, аммо дар чумлаи «Аммо ин остинзании у аз як боди суст зиёдтар таъсир надошт (Айни) дарачаро пфода кардааст. Е ин ки зарфи багсят бештар дарачаро ифода мекунад. Ин зарф хеле кам бошад хам, мпкдорро низ мефахмонад. Дар чумлаи «Тутапошшо ин хикояро бо образхои бисьёр равшан ва бо тасвирчои соддаи халки багоят дилчасп накл карда буд» (Айни) дарачаро, вале дар чумлаи «Афсус ки Хаттори барин чавонони озурдаи такдири бад дар диёри у багоят бисьёрашд» (Дехотй) маънои мпкдорро ифода мекунад.

ЗАРФИ МИКДОР

§ 487. Зарфи иомбурда микдори предмет ва микдори вокеъ шу­дани амалу холатро нишон медихад. Ба зарфи микдор калимахои зерин дохил мешаванд: бисьёр (бисьёрrap), бисьёр-бисьёр, зиёда, зиёд (зиёдтар), андак (андаке), кам (камтар), камубеш, яктагй, Кадре, як микдор, хеле (хело), басе (басо), лаболаб, танхо-танхо, гурух-гурух, сахифа-сахифа, туда-туда, як каф-як каф, бисьёр-бисьёр, андак-андак ва гайра.

Зарфхои микдор асосан дар шархи чунин хиссахои нутк истифо­да мешаванд".

а) феъл: Бо ниятп ба шахр рафтану ба мактаб дохил шудан ку- шиш мекардем, камтар хурем ва бештар захира кунем (Улугзода). Бозор бэ ин хол чашмашро ба чашми писараш духта кадре истод (Айнй). Ман китоб ва парча-палосхои худро ба хучраи Сироч-мах- дум ном як муллобачаи гичдувонй мандам ва худам дар кучахо гаш- там (Айнй);

б) исм: Подшох арзи уро кабул карда ба вай кадре мис ва би- ринчй дод, ки онхоро тнлло карда дихад (Дехотй). ...басе одамони саркашу нофармонро ба иродати худ тобеъ сохта ба рохи неку савоб хидоят карда тавонистааст (Мухаммадиев). Дили одам хамин хел-дия, андаке гам ё хурсандй кифоя аст, ки оби дидааш шашкатор шавад (Мухаммадиев). Пас аз чанд дакика онхо, заиу шавхар сару либоси кйриашонро пушида, дар даст яктай сумка куча баромаданд (Саттор Турсун);

в) сифат: Дар байни тамошоталабон, ки як гурухи бисьёр хурд шуда монда буданд, холо хам дар хусуси ин кор гуфтугузор мешуд (Айнй). .Колхозчиёнро дар ояндаи хеле наздик зиндагонии хуби ма- дании давлатмандона мунтазир аст (Улутзода);

г) масдар: Барон дубора обод кардани замину богча бнсьёр-бись- ёр мехнат кардан лозим аст (Улутзода). ...ба андозаи бисьёртар ну- шидан, боз бисьёртар шароб талаб мекунад (Айнй);

д) зарф: ...дар хабархои мукаррарй ин гуна иборахо бисьёр кам ёфт мешаванд (Толис). Азимшох аз чои нишондодаи козй кадре по- ёнтар нишаста, ба хакки чаноби олй дуо кард (Айнй). Дойр ба ча­раёни зиндагй ва эчодиёти шоир бошад, дар Аврупо андаке баъдтар асархо ба вучуд омаданд («Маориф ва мадапият»). Борони майда бо хавсалан томаш баргу мугчахои дарахтонро мешуст, булут торафт ноёнтар мефаромад («Садои Шарк»).

Кадам мондй басо кам дар замин, Аммо самовй гаштию андар само мондй.

(Л о и к).

Зарфхои микдор ва тарз аз чихати маъно ба хамдигар наздиканд.

1. Ба гурухи якум зарфхое дохил мешаванд, ки маъной соф мик- дорро мефахмонанд: кадре, кам, зиёд, бисьёр, андак, як микдор ва гайра: Агарчи акнун як микдор мавиз ёфта дар хум андохтан мумкин бошад хам, вай ба чил руз мувофикн коида намерасад (Айнй). Охир дар забони адабии мо калимахон арабй бисьёранд, аз забони форсу точик хам ба арабй дар давоми карнхо басе калимот дохил шудааст (Мухаммадиев).

Гурухи дуюмро зарфхое ташкил менамоянд, ки ба замми маъной тарз тобиши маъноии микдор доранд, чунончи, ду-ду, чор-чор, танхо- танхо, тока-тока, чуфт-чуфт ва монанди инхо: Одамон туда-туда ва танхо-танхо ба хар тараф тез-тез мерафтанд (Айнй). Пас аз ин хама хушбошй карда, тока-тока ва чуфт-чуфт ба хавлихои худ равона шу­данд (Хаким Карим). Фардои он руз Ёдгор ба хавлии "юзбошй рафт, сарбозони дигар хам як-як, ду-ду омадан гирифтанд... худхошон ду-ду, чор-чор ба хар гуна бозихо: найнавозихо, газалхонихо ва бадехагуихо машгул нп'данд (Айнй). Халк агар имруз дах-дах ба тарафи мо гуза- ранд, фардо, ки корд ба устухонашон расид, сад-сад ва хазор-хазор мегузаранд (Улугзода).

ЗАРФИ ДАРАЧА /

§ 488. Зарфи дарача дарачаи вокеъ шудани амалу холат ва да­рачаи аломатро нишон медихад. Зарфхои багоят, мутлако, басе, бе- хад, бисьёр, камакак, зиёдтар, кадре, хеле, торафт, тамоман, як да­рача ва гайра хамин гуна хусусият доранд. Зарфхои багоят, басе, бехад, мутлако нисбатан хамчун зарфи дарача бештар истифода ме­шаванд. Зарфхои дарача, чунон ки дар параграфи § 486 канд ёфта буда.нд, дар баробари маънои дарача маънои мнкдорро низ мефах­монанд. Вале онхо дар мавриде маънои дарачаро дода метавонанд, ки калимаи тобеъкунандаашон маънои холати рухй, бахо додан ба чизе ё касе, майлу рагбат ва гайра дошта бошанд:

Он шаб то дамидани субх хакикатан базми чамшедй шуд, аммо бароят камбагалона буд (Айнй). Бояд эътироф кард, ки мардуми од- дию ранчбари япон басе сергайрат, мехнатдуст ва чонсахт аст (Де­хотй). Ин мусохиба дар хаёти ман—дар хаёти адабй ва хам дар хаёти кордустии ман бисьёр таъсири калон кард (Айнй). Ба лагла™ буда­ни Абуалй ибни Сино мутлако боварй дорад (Улугзода)... бинобар ин гуфта метавоннет, ки як дарача хушбахтона умр ба cap бурда исто- дааст (Улугзода).

Зарфхои дарача асосан ба феъл, зарф, сифат, сифати феълй ва масдар вобаста шуда меоянд. Ин китобчаро ман бисьёр писандидам (Айнй). ...хусусан хавои байти: «у дар он чо, ман дар ин чо нолахо дорам зи хачр,— Кай тавон гуфтан маро аз нолиши худ дилхуш аст»- ро бисьёр дилхарошона адо кард (Айнй). Носир дар таги дари хона- ашон бо диккат ба гапи бобояш—марди хеле пиронсол, вале хануз хам бокувват — Боборахим гуш дода меистод (Толис). ... гох чун марди халими багоят орому солор пеши назараш чилвагар мешавад (Мухаммадиев). Таклидчиён ва ширинкорони халкй ...таклидхои ба foht характернок карда ба синфи хокими онвакта тамошобннони худро механдонанд (Айнй).

Зарфи дарача ба шакли таркиб низ вомехурад:

Шавкаткунанда силсилаи хохарон шумо, Бехаду бехисоб ба кас мехрубон шумо

(Турсунзода).

ЗАРФИ ЗАМОН

§ 489. Зарфи замон вакту замони вокеъ шудани амалу холатрэ нишон медихад. Калнмахое, ки хамчун зарфи замон омада метаво­нанд, аз инхо иборатанд: пеш, доим ( о), холо, гохо, дер,_ аллакай. зуд, минбаъд, хамеша, акнун, хозир, рузона, шабона, хануз, алхол, хамоно, асло, дархол, аввал, фаврп (фавран), барвакт, беист, мудом, дина, дируз, минбаъд, каблан, абадан, баъзан, харгнз, баъд, навакак. пешопешакй, гох-гох (гох-ногох), пеш-пеш, пагох-бегох, сонй, дам ба дам, руз ба руз ва гайра:

Вай шаби дароз як катор чорахои автоматй тарчима шуданро фикр карда баромаду пагохй барвакт ба чои кораш омада, бо шавку хаячон ба машинистка розй дил кард,- (Дехотй). Падари Хдлимчои бошад, навакак ба корхонаи худ, ба идораи газета рафта буд (Толис). Гох-ногох, хабар мегирифт (Икромй). Гохо монанди тирамохи гузашта ба ёди шахрхои дур меафтодам (Улугзода). Норбибй хамаи гапхои дишаб шудагузаштаро муфассал накл кард (Ниёзй). Имсол правле- нияи колхоз маро ба Москва фиристоданй (Рахим Налил).

Зарфи замон асосан бар эзохи феъл меояд. Баробари ин барои шархи сифат, сифати феълй ва масдар истифода мешавад:

Хидир бошад, фавран додани пулро талаб мекард (Улугзода). Ахрорамак... дасти тари хозиракак шустаашро ба зери багалхояш дароварда, пок карда меомад (Мухаммадиев). Чашмспи холо хам пур- нури пирамард аз тахтп абрувони сап—сафеди гафсаш медиданд (То­лис).

Доираи истифодаи баъзе аз зарфхои замой махдуд буда, онхо бештар дар забони зинда дучор мешаванд. Зарфхои даррав, асло, сонй ба хамин гурух мансубанд. Зарфхои мазкур дар адабиёти бадей, бештар дар нутки персонажхо дучор мешаваид ва кобилияти умумй шудан доранд:

Аммо Мирзо бо дусташ хамин .чел мулокот карданро асло наме- хост (Улугзода). ...вай маро даррав ба мактаб кабул мекард (Улуг­зода). Мирзорусгам сонихо мсфахмад (Рахим Чалил). Хоча, асдо кам иашавед (Улугзода).

Зарфхои замон вобаста ба маънои лугавиашон тобишхои гуно­гунро ифода мекунанд. Як гурухи зарфхои замон тобиши лахзагй дошта, дар як муддати кутох ичро шудани амалро мефахмонанд, ки ба ин гурух зарфхои фаврй (фавран), филфавр, дархол, хамоно, даррав дохил мешаванд:

Вай ба рун Сафар ва чарохати сараш диккат карда истода, дар­хол донист (Икромй). Ман даррав чашмонамро бо остинам пок кардам (Улугзода). Падараш фавран мошин мефиристад («Садои Шарк»). Дар филфавр кушода шуда, дар остоиа як зани миёнсоли малламуй... на- моён шуд (Саттор Турсун).

Зарфхои доим (-о), якумр, хамеша, мудом, гох-гох, пеш-пеш, зуд- хон минбаъд, баъд, акнун замони ояндаро далолат мекунанд:

Ман чамьомадро ба таври писандидаи худ гузарониданй шуда, анъанаи маълумро риоя накардам, яъне музокирачиёнро каблан таъин карда намондам (Мухаммадиев). Нав кадом як аз саркардагони хи- сорй «кор аз кор гузаштааст»,— гуфта ноумедй кард (Айнй). Баъд аз .ин гуфтугу минбаъд ман бо у вонахурдам. («Точикистони совета»). Он орзухо омаданд акнун саросар ба амал — Шуд домани он куххо бар шахри зебое бадал (Фархат).

Зарфхои доим (-о), якумр, хамеша, мудом, гох-гох, пеш-пеш, зуд- зуд бардавомй ва такрори амалро нишон медиханд:

...гумон мекард, ки офтоб якумр дар сараш тобон ва зиндагй якумр дар назараш равшан мемонад (Саттор Турсун). Ба ман ду самоворм калони чойхонагиро супурданд, ки доим чушонда истам (Ай­нй). Ман он вактхо гох-гох шеър менавиштам (Айнй).

Зарфхои рузона, шабона, имруз вакти муайяни вокеъ шудани амалро далолат мекунанд: Шивочп имруз мехмоии Напа Сохиб аст (Улугзода). Рузона ман хар замон тохта ба мактаб меомадам (Улуг­зода). Дируз ба разведка худам талабгор шуда баромадам (Улуг­зода) .

ЗАРФИ МАКОН

§ 490. Зарфн макон чои ва макони вокеъ шудани амалу холатро мефахмонад. Зарфхои макопи забони точикн микдоран каманд: дарун, берун, пеш, кафо, боло, поён ва гайра. Калимахои номбурда аслан исманд. Ин калимахо хамеша дар пахлуй хабар омада, ба тагьири маъно дучор шуда, дорой хусусияти зарфн гашта, хамчун зарф исти­фода мешаванд. Хамаи ин калимахо бо гирифтани суффикси -тар дар шакли дарачаи киёсй низ омада метавонанд. Зарфн макон асосан ба феъл вобаста мешавад. Дар баробари ин ба сифати феълй (феълй хол) тобеъ гаштани он низ ба чашм мерасад.

Сифатхои хоси макон аз кабили дур (дуртар), наздик (наздик- тар) тагьири маъно карда, дар чумла ба вазифаи зарфи макон мео­янд:

Равапдагони мо тамошокунон пеш мерафтанд (Улугзода). ...яке аз ояндагон монандй шаголе, ки мургеро даррабояд, аз гиребонн Хо- мидхуча гирифта берунаш кашид..., ...бо хамин хол руи худро ба та­рафи дарвозаи арк гардонда ду кадам поёнтар рафт, боз аз рахаш гашт ва хост боло барояд (Айнй). Баъди тамом шудани кор мо дур­тар рафта ба «анбор»-и махфии худ нигох кардем (Улутзода). Сар- дорашои сахл пештар шиштааст (Амонов). Ба чашмонатон бовар на- карда, он допаро бо эхтиёт ба даст мегиред ва куттиро ба гушатон наздиктар оварда меафшонед (Мухаммадиев).

Зарфхои макон сохти таркнбй низ доранд, кн аз такрори нем ба

18—322 273

вучуд омадаапд: чо-чо, дарун-дарун, пеш-пеш, боло-боло: Дар кучаву

хиёбонхо чо-чо 4apoF фурузон мегардад (Мухаммадиев). Дар Куктош хавлиеро дарун-берун то пеши дарвоза ва сари куча руфта об зада- анд... (Айнй). Хочиумар бо духтараш пеш-пеш, Нуралй ва Юнусбой аз кафотар ба тарафи чойхона равоп шуданд (Улугзода).

Зарфхои макони таркиби бо хусусияти сер маъно и и худ фарк ме­кунанд. Чунончи, зарфи макони чо-чо тобиши микдор, зарфи дарун-бе- рун тобиши дарача доранд.

Маънои зарфи макон дар мавриди бо инфикси -о- ба хам омада­ни калимахои мукобилмаъно ва ё пайвандаки -у чида шудани хамнн гуна калимахо ё такрори айнан як зарф як дарача суст гашта, тоби­ши маънои тарз хеле равшан хис карда мешавад: Татову чиян ширчои косаашонро ■акнун ним карда буданд, ки додару хохарони Самад бедор шуда, пасопеш аз хона ба айвон баромаданд (Саттор Туосун). ...гохо аз шунидани суха нести у завк, карда, бо тамоми баданаш пасу пеш мечунбид (Айнй). Пеш-пеш сардор ва аз дунболи у чавонон ка­тор шуда даромаданд (Айнй).

Як хусусияти фарккунандаи зарфхои макон аз дигар хелн зарфхо дар он аст, ки дар алохидаги хеле кам меоянд: онхо одатан барои возех ифода шудани маъно бештар бо дигар калимахо эзох меёбанд. Калимахои эзохднханда бо алокан хамрохй ва пешояндй ба онхо то­беъ мегарданд. Бо ин хусусияти худ зарфи макон ба зарфи замони аз исм сохташуда монанд аст:

Вай аз асп фуромада, бодпояшро ба алаф панч-дах метр дуртар аз хайма бает (Начмиддинов). Аз он дехахо дур, хеле дур дар он та­рафи шахрчаи 'Гус дарьёи Сир чорист (Улугзода). Дар ду пахлуи ин чавон, лекин як кадам паеттар аз он чор ианч нафар одамони миён- сол савор буданд (Айнй).

ЗАРФИ САБАБ

§ 491. Зарфи сабаб сабаби ба вучуд омадан ё наомадани амалу холатро ифода мекунад. Ин гурухи зарфхо- микдоран хеле каманд. Калимахои ночор, ноилоч, сахван, мачбуран, беихтиёр, тасодуфан хамчун заофи сабаб истифода мешаванд. Зарфхои сабаб тобиши маъ­нои тарз доранд: Ночор сари acripo аз он тараф гардонда ба сари дигар куча нигох карда давондам (Айнй). Берунй ва донишмандони дигар хам ноилоч ба онхо пайравй намуданд (Улугзода). Ана оймул- лои ту хам ба чанголи хамин пошшобибй гирифтор, чй кор карда- иашро памедоиад, мачбуран халокшуда хисоб кардапд (Айнй).

Зарфи сабаб аз хисоби таркибхои устувор пурра гашта истода­аст. Таркибхои «чор-почор», «хоху нохох», «хохам-пахохам», «бечуну чаро», «бахудаву бехуда» ба зарфи сабаб гузаштаанд. Тобиши маънои тарз назар ба зарфхои сабаби содда дар зарфхои таркибй бештар зохир мешаванд:

Сад бор ба худ кавл додааст, ки забопашро нигох дорад, ба ода­мон бехудаву бахуда пичинг нагуяд (Мухаммадиев). Махмуд китобро кушода хохаму нохохам варак задан мегирад (Улугзода). У амин буд, ки накшаи уро дар бораи сохтани фильми мустакил аз кору бори зиндагонии Хиромон бечуну чаро хохаид пазируфт (Мухаммадиев). ...бинобар ин хоху нохох ба такдиоам та.н дода, мунчокро дар гушам овехта гаштан шрифтам (Улугзода).

Яке аз хусусиятхои фарккунандаи зарфи сабаб дар он аст, ки суффикси дарачаи мукоисавй намегирад.

ЗАРФИ МАКСАД

§ 492. Зарфи максад максади содир шудан ё иашудани амалу холатро нишон медихад. Микдори зарфи максад хам монанди зарфи сабаб хеле кам ает. Калимахои касдан, ифтихоран, барКасд, лутфан, таъкидан хамчун зарфи макеад истеъмол мегарданд. Зарфхои бехуда ва бедарак вобаста ба маънои феъл тобиши максад пайдо мекунанд. Зарфхои мазкур хоси забони зинда буда, дар асархои бадей хам бо- мехуранд: ...занхои мазбура ин иишонхоро ифтихоран ба чилвагохи мардум меовехтанд (Айнй). Вай ба ягон хавлй бедарак кадам наме- монад (Икромй). Обидзода калимахои вакту кувватро таъкидан шид- дат дода талаффуз намуд (Амоиов). Китобфуруш лутфан розй шуд (Улугзода). Бехуда суи мо нигох намекард (Хаким Карим). Барои и.н ки рози нихонии шавхарашро ошкор намояд, касдан вай бештар ва бештар озодона рафтор менамуд (Хаким Карим).

Аз зарфхои мазкур касдан ва баркасд нисбат ба дигар зарфхои максад серистшфодаанд.

Ба гайр аз калимахои алохида ба сифати зарфи максад таркиб­хои устувори дидаю дониста, донистаю надониста ва бемавриду ба- маврид ,\ам омада метавонанд. Таркибхои номбурда бештар хусу­сиятн гуфтугуй доранд ва истифодаи онхо дар забони адабй хам тад- ричап зиёд шуда истода аст:

Дидаю дониста хотирахои хаячоиоварро накл мекунем (Мухам­мадиев). Тамоми онхое, ки донистаю надониста мукобил и чойдихй ба ин «мехмони нав» буданд, ба зери каноти Сандосим муттахид шу- данд (Хаким Карим). Ман ба хамаи мардум эълон мекунам, ки Махмуди бедодгар ба сухтори касри дониш дидаю дониста рох дод (Улугзода). Попандопуло ин гапро бамавриду бемаврид, дар хар чо ва ба хар кас мегуфт (Мухаммадиев).

Зарфи максад хам монанди зарфи сабаб дарачаи киёсй надорад.

КАЛИМАСОЗИИ ЗАРФ

§ 493. Зарфхо аз рун сохт содда, сохта, мураккаб ва таркибй мешаванд. Ба зарфхои содда калимахои решагй дохил мешаванд: беш, кам, зиёд, бисьёр, зуд, пеш, дер, боз, акнун, хозир, кафо, акиб. Зарфхои содда микдоран хеле кама.нд ва зарфхои гарз, дарача, за­мон, макон, микдор дар шакли содда омада метавонанд. Зарфхои максад, саба о ва монанди дар шакли содда дучор намешаванд.

Зарфхои таърихии сохта, ки холо ба морфемахои маънодор чудо намешаванд, низ ба назъи зарфхои содда медароянд: сони, имруз, фаврй, хадаха, дина, берун, бехуда ва гайра. Ба гурухи зарфхои содда инчунин калимахои филхол, фнлфавр, минбаъд, алхол ва райра дохил мешаванд, ки аз забони арабй бо хамин шаклу маъиояшон ба забонн точикй гузаштаанд.

§ 494. Ба воситаи аффиксхо аз хиссахои гуногуни нутк сохта шудани зарф яке аз роххои асоси ва сермахсули зарфсозй ба шумор мераванд. Аффиксхои зарфсоз аз бобати истифода дорой хусусиятн гуногунанд: як гурух дар зарфсозй хеле сермахсул, гурухи дигар кам­махсул ва гурухи сеюм бемахсул мебошанд. Дар сохтаии зарфхо аффиксхои -ан, -о, -нокй, -акй, -она, -вор, -е, -хо, -й, -сон, бо-, но-, ба-, бар-, то-, дао-, иштирок мекунанд. Аз инхо суффнксхои -ан, -ноки, -акй, -вор бештар хоси зарф буда, аффиксхои -она, -зор, й, -сон; бо-, но-, ба-, бар-, то-, дар- мушгараквазифа мебошанд, онхо дар сох- тани сифат, зарф ва исм низ ба кор бурда мешаванд.

Истифодаи хиссахои нутк дар ташкили зарф ба воситаи аффикса­ция як хел нест. Сифат нисбат ба дигар хиссахои нутк барои ба ву­чуд овардани зарф серистеъмол аст.

Баъзе аз суффиксхо (-о, -хо) дар баробари калимасозй хусусиятн шаклеозй низ доранд. Чунончи, дар чумлахои «...пеши вазорат—аз уфук то уф у к доимо кушода (Мухаммадиев). Баъдхо ман ба вай Хол до н шудам (Дехотй). Суффикси -о ва -хо шаклеоз мебошанд.

Префикси ба- низ дар баробари хусусияти калимасозй хусусияти шакл­еоз й низ дорад. Дар калимахон банохост, баногох вай танхо шаклеоз аст.

Зарфхои нохост, ногох бештар дар забони гуфтугу маъмуланд:

Дар хамин вакт банохост касе аз акиб номи уро гирифта чег зад (Улугзода). Баногох гунчишки Махмуд фаррй карда, аз таги куртааш баромад... Агар баногох ягон нафари мо дар пахлуяш чой мегириф тем, фарьёдзанои эътироз баён мекард (Улугзода).

Дар забони адабии точик як гурухи зарфхо хастанд, ки хам суф­фикс доранд ва хам префикс: бе-сабр-она, бе-шарм она, бе-такаллуф- она, но-маълум-ак. Аммо калимасозии ингуна зарфхоро бо ду восита- хам суффикси ва хам префнкси ба хисоб гиирфтан мумкин аст. .Калн­махои мазкур ду пояи калимасозиро тай намудаанд: аввал ба воситаи префикс аз исм, сифат (бешарм, бесабр) ва баъд аз сифатхо ба воситаи суффикси -она зарф сохта шудааст.

Зарфхои худбоварона, хунсардона, хавотиркашона, хушхолона, санчишкорона, эхтиёткорона, ки аз калимаи мураккаби худбовар, хун- сард, хавотиркаш, хушхол, санчишкор, эхтиёткор па суффикси -она ташкил ёфтанд, ба гурухи зарфхои сохта дохил мешаванд.

Зарфхое, ки аз калимаи мураккаб ва суффикси -она сохта шуда­анд, аз чихати маъно бештар ба зарфи тарз ва дарача (хеле кам) мансубанд: Модарам ва бародарам хавотиркашона ба якдигар иигох карда монданд (Улугзода). Акнун ба вай равшан мегардид, ки дар бораи Раъно ба ин андоза худбоварона ran задани Обидзода сабаб доштааст (Амонов).

Чашмони укобй аз паси абрувони баррок ба кас гуё санчишкорона ва айёрона духта мешуданд (Амонов). Вай ин гапро як навъ сахл- гирона ва бепарвоёна гуфт (Улугзода). Ин чо дар атрофи як масъ­алаи хеле мухими ичтимой сухан меравад; аммо аз сабаби ба ан- дозае хунсардона ба миён гузошта шудани масъала... ба назар мера- сад (Амонов).

Эзох: Як гурухи зарфхои сохта дорой ду суффиксанд (руд-вор- она), харчанд ки бо як суффикс (рудвор, балъамивор) ташкил ёф­тани зарфхои мазкур маъмул аст. Истифодаи ду суффикс бештар дар назм мувофики талаботи вазни шеър дучор мегардад. Аммо ин гуна зарфсозй маъмул пест: олуфтаворона, рудвороиа, балъамиворона, шерворона. Рудворона зиндагонй кун-Чуш зан, чуш зан, чавонй кун (Турсунзода). Метавона.м боз бишносам туро— Балъамиворона OFyinaT кунам (Миршакар). Аз раем чавонмарди хандонруе, ки шапкаашро олуфтаворона якшоха пуши да буд, бо чашмони зиракаш нигох мекард (Толис).

Ба катори зарфи сохта калимахон хели зурбазураки, ки ба воси­таи суффикси -акй сохта шудаанд, дохил мешаванд. Вале ингуна зарфхои мазкур хоси нутки гуфтугу мебошанд.

Вай ба руи мехмоноп зурбазуракй табассум мекард (Улугзода).

Агар аз калимаи чуфт бо суффикс зарф сохта шавад, суффикс танхо бо чузъи дуюм меояд: Лекин дар баробари тайёр шудани дон онхо муру малахвор пайдо мешуданд (Дехотй).

СУФФИКСХОИ ЗАРФСОЗ

§ 495. Суффикси -ан (-ян). Ба воситаи ин суффикс, ки серистеъ- мол аст, асосан аз исм ва зарф (хеле кам), инчунин сифат зарфи тарз, микдору дарача, сабабу максад ®а замон сохта мешавад: кас- дан, калбан, хаёлан, шахсан, тамоман, забонан, дафъатан ва f.: у хост, ки маро якбора дар мадрасаи калон мударрис карда ва танхо кисман, хагго калбан хам дар дасти худ нигох дорад (Айнй).... ман як машъалро ба сари халки худам чй гуна тобон карданамро хаёлан ба пеши назарам оварданй мсшудам (Улугзода). ...Боз забонан низ гуфт ва илтимос кард (Айнй). Мулло Давлат ба хондан дафъатан cap накарда, дар истихола буд (Дехотй).

Дар сохтаии зарф суффикси -ан бо суффикси -о ва -и синоморфе- ма мебошад. Ин холатро дар калимахои арабии мутлакан—мутлако, фавран—фаврй, чиддан—чиддй мушохида мекунем: Кнтоб дар забони махаллй мутлакан набуд (Айнй). Китоб дар забони махаллй мутлако набуд (Айнй). Дар сахни Мадраса Рудакй чашмаш ба у галтид ва фавран ба пешвозаш омад (Улугзода). Аз шурбои гушти гардани гусфанд... кадре хурда бошад хам, фаврй кайд кард (Айнй). Дар мис­ли Бухоро як шахре, ки дар тамоми Туркистон торикй, таассубро нашр мекард, ин хол чиддан сабаби масрурият ва умедворист (Айнй). Ман дар бораи вай, дар бораи такдиру ахволи вай бори аввал чиддй фикр кардам (Амонов).

§ 496. Суффнксн -нокй. Ип суффикс аз исм зарфи тарз месозад: кафонокй, паснокй, даруннокй ва f.: Гохо дар ягон тангкуча танбаи аробаю мошинахоро дида пас мегардад ва мо паснокй хеле масофаро тай карда ба рохи дигар мебарорем (Мухаммадиев). Баъд хамон да- кика ба токчаи тиреза рафта нишастам, мактубро гурунг-гурунг кар­да даруннокй хондан гирифт (Ниёзй).

§ 497. Суффикси -акй. Доиоаи истеъмоли ин суффикс махдуд буда, аз исм зарфи тарз месозад, ки воситаи ичрои амалро мефах­монад. Ван гохо аз зарф низ зарф месозад: аспакй, дарунакй, пешакй ва г.: Олимоп ип вокеаро кайхо пешакй гуфта моидаанд (Дехотй). Одати Очахурдй хамин буд, ки пони сахту коки пешакй тайёр карда мондаашро ба косаи пиёба андохта, то мулоим шудани нон нигох кар­да мешишт (Амонов).

§ 498. Суффикси -о зарфи тарз, дарача ва замон месозад. Доираи истеъмоли ин суффикс нисбат ба зарфи тарз ва дарача дар зарфи замон васеъ аст: мутлако, аввало, гохо, асло ва f.: ...ин мутлако кофир аст (Айнй). Хайрат ...гохо «Чехранамо» ном газетаи форсиро, ки дар Миср чоп мешуд, меовард (Айнй). Аммо Мирзо бо дусташ хамин хел мулокот карданро асло намехост (Улугзода).

§ 499. Суффикси -она. Ин суффикс дар сохтани зарф хеле сер­махсул мебошад. Вай аз сифат зарфи тарз, аз исми шахе зарфи мо­нандй месозад: Факирон аз коргарони мо хам дар оянда хушьёрона кор кунанд (Айнй). Он «Одина»-и Айнй аст, ки саргузашти як точики камбагалро му ба му самимона тасвир кардааст (Дехотй). Фирдав- сиёна васфи далерон баён кунам — То номашон чу Рустами достон аён кунам (Дехотй). Шабона пас аз торик шудани хама чо ба дехаи Испане даромадам (Айнй).

Дар сохтани зарф суффикси -она бо суффикси -ан синоморфема шуда метавонад, ин холат асосан дар калимахои арабй дида меша­вад: мустакилона — мустакилан. Бо суффикси -она сохта шудани ин гуна зарфхо маъмултар аст:

Шогирдони ип пеша «навча» номида мешуданд, ки баъд аз хунари саисиро ба даст дароваодан, бе маросими «миёнбандй мустакилан кор кардан мегирифтанд (Айнй). Дар асосн прогоаммаи нав дар машгулиятхои забони модарй бештар мустакилона кор кардани хо- нандагон ва ба тарзи проблемавй хал кардани масъалахои забони модарй дар назар дошта шудааст (Газетаи муаллимон).

§ 500. Суффикси -сон. Ин суффикс сермахсул буда, аз исмхои конкрет зарфи монандй месозад: атоласон, марворидсон, гунчасон ва

f-;

Оби лой атоласон гафсу нарм гашта буд (Мухаммадиев). Зогхо мепаранд форигбол — Догсон дар фазой манзилхо (Лоик).

...дандонхои марворидсон сафеди чилодорашро нишон дода... (Му­хаммадиев. Гунчасон бикшода лаб гуё табассум мекунад, — Саъю кушиш кард бояд то намонад интизор (Пулодй).

§ 501. Суффикси -осо, ки аз исмхои конкрет зарфи монандй ме­созад, нисбат ба суффикси -сон каммахсул буда, бештар дар назм истифода мешавад. Чунончи, нукраосо, мавчосо, лениносо; Шоирой дар хар забон тавеифи онхо гуфтанд — Барфи руи куллахошон нук­раосо гуфтаанд (Дехотй). Магар он дарьё, ки ин води и дилраборо бурида мегузарад, бо тобиши нукрагинн худ дар байни дарахтон мав­чосо зебо нест (Толис). Дар далерй халки мо хамто надорад дар чахон, — Хизмати мехиаткашонро лениносо мекунем (Пулодй).

§ 502. Суффикси -ваш. Каммахсул аст, аз иемхо зарфи монандй месозад. Дар адабиёти классики бештар дучор мегардад: хотамваш, ятимваш, фарходваш, занбурваш: Дар сари ваъда боз ба пеши он зан рафта дидам, ки дар пеши у чавоне ятимваш (олуфтаранг) нч- шаста, ки аз гирехи абруи у дилн бинанда мекафид (Айнй). Хама занбурваш камар баста—Нешхо захр дода пур хаста (Бахорй). Бо номй Ватаи халк, далерона миён бает, — Фарходваш омад, рахи дарьёи калон бает (Пулодй).

§ 503. Суффикси -вор. Сермахсул буда, аз исмхои гуногунмаъно ва сифатхое, кн бештар хислати шахсро нишон медиханд, зарфи мо­нандй месозад, ки амали он ба предмети дар асос номбаршуда мо- ианд буданро мефахмонад: булбулвор, охувор, чавонвор, мазорвор ва г.: Кучахои шахр хам мазорвор ором гирифта буд (Айнй). Он тараф- тар аз шутур дар назди очааш як курраи тахтапушташ хануз полон надидаи охувор базеб меистод (Рахим Чалил). Бо у чавонвор хазлу шухихо мекарданд (Толис).

Эзох; Суффикси -вор аз сифати феълии мурданй ва исми мурда зарфе ме­созад, ки он дарачаи амалро бо тобиши тарз ифода менамояд. Зарфхои дарача бо суффикси -вор каммахсул ва хоси забони гуфтугуянд:

Ба чину ачннахо бовар мекунам ва аз онхо мурданивор метарсам (Улугзода). Ман кокуламро мурданивор бад медидам (Улугзода). Гитлерчиён дар тарафхои гарЗ ва чаиуби иойтахт мурдавор шатга хурданд (Дехотй).

§ 504. Суффикси -и (-гй). Ин суффикс аз зарфи гарзу замон ва аз шумораю нумеративи -то (-та) зарфи микдор ва тарз^ месозад:... хама якчоя якборагй корро партофтанй шуданд (Айнй). У баъд аз савдо ва талоши бисьёре ду мардикорро хар кадом дутангагй (30 тинй), савдо карда овард (Айнй). ...мо аз байни чанги бисьёре ба худ яктой интихоб карда гирифтем (Толис). Муаллим чиддй истода: —масхара- бозй намекуиед, навиштан лозим аст,— гуфта хитоб карда монд (Де­хотй). ...дар сарашон хаёле пайдо .намешуд, ки сурати он.\о ва муал- лимаашонро рустй ба навор мегирифта бошад (Мухаммадиев). Кч- лимаи таклиди овозие, ки дорой суффикси -й мебошад, хамчун зарфи тарз истифода мешавад:

Боз гуши Иброхнмчон тппй махкам шуд (Ниёзй). Аз чояш хеста, курпаро аз болои .сандали бардоштани шуда будам, ки вай лаппй даргирифта рафт (Ниёзй). Хуни Сафар якбора ба чуш омада, гурей худро аз болои аеп ба замин партофт (Ниёзй).

§ 505. Суффикси -ак (-акак). Суффикси -ак (-акак) ва вариант- хои он (-як, -якак, -хак) бештар дар нутки гуфтугу дучор мешавад ва хусусияти шаклеози дорад. Суффикси мазкур асосан бо зарфи за­мон ва инчунин гохо бо зарфи микдор, дарача ва тарз омада, ба маъ­нои зарф тобиши махдудй ва нармй мебахшад- Суффикси -ак (-акак) дар услуби бадей дар нутки персонажхо васеъ истифода шуда исто­дааст:

Худатон хозиракак аз хоби нисфирузй сер шуда хеста омадед (Дехотй). Ман навиштани ип повестьро соли 1920 пештарак аз ре- волюцияи Бухоро cap карда... (Айнй). Many шавхарашон динаяк аз сари партаи институт хестем (Мухаммадиев). Дар дилам сахлакак умед пайдо шуд (Амонов)....

§ 506. Суффикси -е. Мавкеи синтаксиси ба як гурухи калимахои ифодакунандаи микдору дарача имконият додааст, ки суффикси -е гирифта, ба зарф табдил ёбанд. Ба ин гурух калимахои кадар, мик­дор ва Faftpa дохил мешаванд. Суффикси номбурда бо зарфхои мик­дор (андак, кам) низ пайваст мешавад. Вай ба калимахои пайваст- шудааш тобиши номуайянй мебахшад:

К,озй мисли як тирговчй ба ман кадре бо диккат нигох карда ис­тоду гуфт (Айнй). Хозирон аз ин хам як каламй бардошта, бо эхти- ёт андаке хурда диданд... (Дехотй).

ПРЕФИКСХОИ ЗАРФСОЗ