Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2160
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 476. Феълй холи замони хозира тарзи фоил дорад. Феълй холи тарзи фоил амали гузарандаест, ки бевосита ба объект равона меша­вад. Объекти бевосита бо пасоянди -ро ва бе он меояд:

Асирй баъзе сатрхоро такроркунон мехонду чехраи Юсуфхон эшоц тиратар мегардид (Рахим Налил). Фурушанда машкобро нафринкунон бо даети росташ аз домани харидор махкам медошт (Айнй). Мирб«- дал гуфтахои Шодмоновро тасдиккунон аз кафои Мамарачаб берун баромада... (Ниёзй). Вай аз фурсат истифода бурда, шахрчоро ха- роб, дехахоро вайронкунон пеш меомад (Икромй).

Феълй холи монда амали иловагиро хамчун аломати амал нишон медихад ва объекти бевосита намегирад:

Ман хам аз кафои у тохтаравон ногох падарамро дида мондам (Ра­хим Налил). Инду одами машхури завод бо мо сухбаткунон дар завод гашта хеле хикояхо карданд (Икромй). Сафар бо Норзода хайрухуш­кунон оринчи Зебиро дошта, «рафтем» гуфт (Ниёзй). Вале Носир Аббос аз назди онхо гузаштаравон дар хусуси гули хонагие ran мезад (Мухаммадиев). Пирак зери лаб хандакунон гуфт (Айнй). Аммо аз пайрахаи асфальтпуш охиста рохравон аз фикр мегузаронад (Мухам­мадиев).

§ 477^Феълй холи замони хозира факат намуди давомнокро ифо­да мекунад:

Дар он чо чанговарон гапзанон менишастанд (Ниёзй). Сухани уро табассумкунон шунида нншаст (Айнй). Хама гапи уро тасдик­кунон Умрихоларо тасаллй медоданд (Ниёзй). Юнусбобо даромада омад ва ба суи суфа рохравон гуфт (Ниёзй). Ман дарвозаро кушода монандй сохиби вай дарро тараккосзанон ба куча баромадам (Айнй).

Феълй холи замони хозира маънои мустакили замонй надорад. Вай хамчун шакли намуди давомнок амалу холати ба феълн асосй дар як замон вокеъгардидаро ифода менамояд. Барои хамин хабарй чумла дар замонхои гузашта, хозира ва оянда омада бошад, феълй холи замони хозира бо он хамеша хамзамон мегардад:

Дам ба дам поездхои дуру дароз хуштаккашон, гумбурросзанон мегузаштанд (Дехстй). Гохе домани куххои дуродурро тамошокунон худ ба худ табассум мекунанд (Мухаммадиев). Доманатонро бурида гурезед хам, кашолакунон ба хона мебарам (Рахим Налил). Харорати хуршед устухони сарди уро навозишкуноп гарм мекунад (Икромй). Хам аз шиддати зурзанихои бехуда, хам аз чуши газаб фишшосзанон нафас мегирифт ва дандонхои худро гичирроезанон ба хам мехоид (Мухаммадиев). Гусфандон... сахт рамида, аз чояшон хеста тапар- росзанон ба тарафи дигар гурехтанд (Айнй).

§ 478. Феълй хол хусусияти вобастакунии феълй дорад. Он ка­лимахои дигарро хамчун феъл вобаста намуда, иборахои феълй хол месозад.

Хусусан феълй холи гузаранда объекти бевоситаро вобаста наму­да, яке аз аломатхои барчастаи феълро зохир менамояд:

Яке аз дарбориён ба суи хамьён ишоракунон пичиорос зад (Улуг­зода). Музахои ялтосиашро гарч-гарчкунон пасу пеш' рафта меомад (Рахим Налил). Комиссар ба чанговарон бо чашми пурмехр ва иф- тихори падароиа нигохкунон ба полковник чавоб мегардонд (Ниёзй). Баррагони дар вакти чаро аз модар дур монда аз кафои рама баъос- занон медавиданд (Айнй). Ангушташро боло бардошта, суханхои чу- догонаро таъкидкунон мисраъро такроран мехонад (Улугзода). Гулру гусоларо аз дари куча баровардаравон ба бошишгохи аскарони сурх назар андохт (Рахим Чалил). Мочалов пулеметро аз дасташ кашо- лакунон ба суи кишлок рох гирифт (Ниёзй).

Феълй хол дар чумла одатан ба вазифаи холи тарзи амал меояд ва аз чихати вазифаи синтаксисиаш ба зарф наздик мешавад.'

Кулолхо Абуалиро кашолакуноц мебаранд (Улугзода). Бо шуни­дани ин чавоб ахли дарбор ках-кахзанон хандиданд (Айнй). Давлат баъди рафтани Петр ба мохи тобон назоракунон суруди гарибиро зе­ри лаб тараннум менамуд (Рахим Чалил). Духтарак аз шиддати дард нолишкунон фарьёд мекашид (Мухаммадиев). Х,еч кадоми онхо ба та­рафи аробакаш сайг хаво надоданд ва афсусхурон нигох карда меис- тоданд (Айнй).

Иборахои феълнхолй, махсусап феълй холи таркибии феълй холи замонро хам ифода карда метавонанд:

Аз пеши боги шахри Шуроб гузаштаравон бо Шодмоиов дучор омаданд (Рахим Чалил). Аз назди онхо гузаштаравон дар хусуси гули хонагие ran мезад (Мухаммадиев). Пагохнрузй буд, у зз пешн дари Наимшох гузаштаравон таронаеро тараннум кард (Улугзода).

Феълй холи замони хозира чихатхои феълии худро хуб нигох ме­дорад. Бо вучуди он вай дар чумла аломатхои тарз, намуд, замон, инчунин вобастакунии феълии худро суст намояд, ба зарф наздик ме­шавад ва дар як гурух бо зарфхо хамчун хол якчоя вокеъ гашта, аъзОхои чидаро ифода мекунад:

Дукондорон ба ин хандаи бемахали мо хайрон-хайрон ва тааччуб- кунон нигох мекарданд (Айнй). Сафар тозон ва хандакунон ба назди модараш давида омад (Ниёзй). Дар забони точикй мисли руйканону муйканон калимахое низ нфода мешаванд, ки онхо гурухи махсуси феълй холро ташкил медиханд: Нюра х,ам руйканону муйканон меомад (Рахим Чалил). Ота-аа ! -руёканону муйканон дод мезад Гулизор (Улугзода).

3 А Р Ф

МАЪЛУМОТИ УМУМЙ