Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2160
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 306. Сифатхои мураккаби пайваст бо роххои зерин сохта меша­ванд:

  1. Такрори исм: муи тор-тор, матои рах-рах, фуруши дона-дона, дуди халка-халка, тики рах-рах.

  2. Такрори калимахое, ки чузъи дуюмашон маъной алохида надо- раду таклидан ба чузъи аввал, дар вазни он талаффуз шуда, якчоя бо он маъной муайянро ифода менамояд: корхои майда-чуйда, кафи дагар- 6yFyp, рохи качу-килеб, суханхои алмой-алчой.

  3. Дар як чо омадани ду сифати нисбии бо суффикси -й сохташу­да, ки чузъхояшон барои пурра кардан ва эзох додани хамдигар ме­оянд: назарияи марксистй-ленинй, адабиёти идеявй-назариявй, лугати точикй-руей.

  4. Такрори калимахое, ки дар байн инфиксхои -о-, -ё-, -ма- доранд: гулхои рангоранг, гирьяи паёпай, модари чоночон, гулхои хелмахел. Дар ин колиб бештар исм ва феъл такрор шуда меояд.

Сифатцои мураккаби тобеъ

§ 307. Аз руи хусусияти алокаи чузъхо сифатхои мураккаби тобеъ ду хел мешаванд: а) чузъи аввали калима ба чузъи дуюм тобеъ аст: бадкор, некбахт; б) чузъи дуюм ба якум тобеъ аст: парипайкар, оташ- забон. Ин гуна сифатхо бо рохи бевосита хамрох шудани калнмахои гу­ногун сохта мешаванд.

vjA3 исму исм; шохии парчагул, пири сохибтадбир, духтари сохибча- мол, чавони гулдаст, шахси буздил, каси шутурсавор, духтарчаи чамо- лаккокул, босмачии хонашер, аруси парипайкар, шоири оташзабон, ода­ми хайвонтабиат, муи тиллоранг;

145

Ман хам, ки бо игвои ип шайтони одамсурат аз Сиёхкупдуз ва модаговам чудо шудам, дар дили худ карор дода будам, ки хар чй у гуяд, аксашро кунам (Айнй). Донистам, гунахкор хамон муйсафеди одамсирати хайвонтабиат будааст, донистам (Хаким Карим) Дар ку- чой ту, биё, гамбусаки тиллоранг. Як зимнетон, ки зи ту дур будам, кур будам (Шукухй). Ду босмачи, яке серриши маймункиёфа ва дига- ре кусай кампирбашара, ба сари хар дуяшон руймолхои чиркни тобгу-

10-322

ла карда бастагй, ба наздм мо омадаид (Улутзода). Саиавбар — духта- ри сохнбчамоли навданихолн симпаймо чойнаки чойро бо як пиёла оварда, бори дигар салом дод (Рахим Налил).

Дар ин гуна сифатхо хусусияти мукоиса дида мешавад, чунки онхо дар натичаи илова гаштани предмети мукоисакунанда ба мукоисаша- ваида таркиб меёбанд: мушкбу, сарвкомат, гулру.

Лз сифату нем: бачаи сурхруй, одами бадгап, хезуми сердуд, аро- бан иурбор, чавопи кутохгардан, зани некру, марди зик.табиат, зани гурусначашм, заргарн нозуктабъ, аспн сабукпо, дилбари нозукандом, марди олихиммат, чавонзани мавзункомат, бачаи навкиса, одами чо- букдаст, бузичаи чингилапо, Гулбибии шурбахт.

Кори-ишкамба.— Ман хознр аз пеши хамин хучрапишини дурут- ваьда ошашро хурда омада истодаам (Айнй). Ду мошинаи сабуксавори идора, хамаи ин мардуми аз шодй ва хурсандй ба пусти худ намегун- чидагиро ба шахр оварда фуровард (Хаким Карим). Як чавонзани бо- рикаидоми зардмуй, дар танаш нимкуртаи (кофточкаи) абрешими са­фед — доктор Зинаида Любовна дар сари патефон андармон буд (Улут­зода).

Ин сифатхо аломати зохирй ва ботинии мавсуфро ифода менамо­янд. Агар дар чунин калимахо исм чун чузъи дуюм вокеъ гашта, пред- метеро фахмонад, сифатн он ба аломате (аломати мусбат ё манфй) со- хнб будани вайро таъин мекунад.

Аз исму сифат. нинакшах, ситорагарм, дилтанг, ришдароз, бинипу- чук, сарбарахна, пойлуч, сарбаланд, сарсабз, дилсоф, сарсафед, \авоба- ланд, сархам, дилером, тандуруст, муштзур, пойбарахна, гарданшах.

Аз ду сифат. Ин гурухи сифатхо ба хусусияте ё аломате сохиб буда­ни предметро мефахмонанд. Ин колиб нисбатан каммахсул аст: ...дех- конони гушнапурзур, шахеи бадмаст, аспи сиёхмушкин (Икромй).

Аз исму асосй замони хозираи феъл. Ин колиб сермахсул аст: дар- ди чонгудоз, ходисаи андуховар, дарахти мевадор, халкй амниятпар- вар, духтарн ошикнавоз, киштии яхшикан, дарахти гухарбор, суханхои умедбахш, чавони дидадаро, суханхои дилрабо, пнгохи асрорангез, шах- си олимтарош, бачаи коргурез, одами хайрхох.

Ман хам бо нохунхои обдори шарарбор нагман торро ба гуши фа- лак.и даввор мерасондам (Айнй). Аз ман хафа нашавед, тасаддук,— овозй пиразан акнун хузнангез буд (Рахим Налил). Балки ин афгони озодипараст, — Мисли дил дар синахон мо нишаст (Турсунзода). Биёю кун машомамро муаттар,—Зи буи кишвари чонпарвари ман (Шуку- хи).

Аз исму асосй замени гузаштаи феъл. Ин колиб нисбат ба колиби исму асосй замони хозираи феъл каммахсул мебошад: лпбосхон навба- ромад, иморати хушеохт, бачаи хоболуд, мардуми сояпарвард, чоман зарбофт, саллаи каловабаст, девори хорбаст, хучраи зархарид:

Аз дасти як оташпоран хокистаролуд чй мебарояд, ки одамро зада девона кунад ё кушад (Айнй). ...у аз чумлаи мардумони сояпарварди офтоб камдидаи Бухоро ва сустмизочтар буд, чуб ба у аз ман бадтар таъенр кардааст (Айнй). ...дар кухистони мо, ки хар тарафаш бо калъ- ахои худоофарид мустахкам шудааст, агар аз тегаи к ухе сангеро гело- нем, чавобн сад тупу иулеметро медихад (Айнй). ...кух бо он азаматии худ аз шехакашихои им аспнбодпои оташниход ба фпгон меомад (Айнй). Хулоса, ба чашми ман он чунон чои зебо ва покизае чнлвагар шуд, ки намедонистам, пои ботинкадори чанголудамро ба кучо гузорам (Улут­зода). 4

Аз исму сифати феьли. кампирп кадхамида, иирн корозмуда, саги * сузанхурда, шахеи чангдида, куртаи обшуста, кучаи сарбаста, мургн посухта, бачаи рангпарида, муи оташдида, шахеи бахтбаргашта:

Корй-Исмат монандй хорпушти шаттахурда, ки cap ва пояшро да- рун мекашид, луб-лунда шуд (Айнй). Зеро кн дар хамсоягин мо як ха­ри гушбурида буд... (Айнй). Корни аз хавобаландиву худписандй тан- бехгирифта барон мусофири пайкарбузург зуд чой васеъ намуд (Рахим Чалил). Гургн дахонолудаю юсуфнадарида — Хайрии бечора дар ин чо гунохе надошт (Рахим Чалил). Ишки ман—ин турна не, к-ояд факат андар бахор (Шукухй).

Аз сифати феълию исм: одамони афтодахол, шикастадил, шикаста- нафс, чулидаму, даридачома, шикастабол, кушодару, хандонру, MypFH шикастабол, махбубаи паридаха'ёл:

Туро рухест пок, эй ранчбар! Дар чомаи такво — Фасоди зохиди олудадомонро чй медопй?

(Л о х у т й).

Дасти ларзони ошики шайдо — Х,алка беинтизом ба дар зад, — Дили махбубаи паридахаёл — Ба тапиш чун дили кабутар зад (Турсунзода).

Ин гурухи сифатхои мураккаб, ки дар забон чандон зиёд нестанд, бештар холат ва хусусиятн одамонро мефахмонанд.

Аз сифату асоси замони хозираи феъл: одами нозуксанч, нихоли навхез, чавони навомуз, духтари тезчин, хавон хомпаз, шохии баднамо, аспи рострав, майдони гандадарав, шамъи ториксуз, шахси некхох, одами муфтхур, марди бечогард, рахбари сахтгир:

Акнун таърифи уро аз забони Нормурод-акем барин як одами ростгуй шунида руяшон сурх шавад, гуфт Шошмакул (Айнй). У pax то pax хаёл менамуд, ки чунин занн кухнаиараст албатта руи худро ба у нишон намедихад (Рахим Чалил). Махтобнхои газй шабафруз ва ча- poFXOH электрикй ториксуз буданд (Айнй). Духтари хатиб аз ин кори у зохиран дар хашм мешуд, нешонаи худро турш, абрувонашро чин ва чашмонашро хашмгиннамо мекард (Айнй). Дур гаштй аз одаму олам — Ту, чавонмардн яккагард, кариб (Турсунзода).

Аз сифату асоси замони гузаштаи феъл; касби хушдаромад, расми навбаромад, чомаи бухоридухт:

Вай бо таъсирн ин «мусикап тозабаромад» мадхуш шуда буд (Айнй). Баръакс, мнниатдор хастам, падар, шумо одамн нексиришт хастед, — чавоб додам (Рахим Чалил). Вай бо хампн фикр тозон ба паси тирезаи хонаи навандохт, ки як тирезаи он ба тарафи рохи он ку­шода мешуд, нут-нуги по кадам монда омад (Рахим Чалил).

Сифатхои мураккаби навъи мазкур назар ба сифатхое, ки аз си­фату шакли замони хозираи феъл сохта мешаванд, каммахсул тар мебо­шанд. Ин сифатхо бештар хусусият ва холатхоп гуногуни шахе ва пред­метро мефахмонанд.

Аз сифат ва сифати феълй. Чунин енфатхди мураккаб дар кадом холат будани аломати шахе ва предметро мефахмонанд: зардолуп раркпухта, мехмони навомада, буи масткунанда, кори нотамоммонда.

Лекин хамрохи як духтари наврасидаи сохнбчамол ба як рохи ха- тарнокн пурмалол бе як мардинаи дигар баромадан аз маслихат набуд (Айнй). ...барои розй кардани ин хокимони гушнамурда хунбахои ману ту хам намерасад (Айнй).

Аз шумора ва исм. бинои дуошьёна, мусикии якранг, музаи ним- пошна, одами нимгурусна, нимбарахна, чавопи чорпахлу, кори дуюмда- рача, нишасти чорзону, одамони якзабон, чорчиллик хат, хонаи ёзда\- болор, куртаи хазорбахия.

Аз шумора ва асоси замони гузаштаи феъл.

Дар хона лампаи дахум месухт, гилеми нимдошт ва якандозу кур- паю курпачахое, кн аз хонаи оймулло ва хавлии бой оваронида шуда буданд, хонаро хеле оро медоданд (Икромй).

Аз шумора ва асоси замони хозираи феъл. барфи якмол, духтари якрав, ресмонп себанд, курпаи якандоз, ресмонн хашттоб, дехконн панчьяккор.

Аз чонишин ва исм: одамони худрайъ, марди худком, бачаи худ- сар, зани хамафа\м, машинам хамабоб.

Лекнн ин норизоихо, ин зорихо ва ин нлтичохо ба ин ду марди худ- писанди худком хеч таъсир накард (Айнй). Завк менамуд, ки ин маши- наи хамабоб кабатхои хам тунук, хам гафс, хам нишеб ва хам фарозро чи тавр чусту чолокона тай мекунад (Рахим Чалил).

Аз чонишин ва асоси замони хозираи феъл: гиёххои худруй, чавони худписанд, алафи худрас, олими хамадон:

Дигаре Пасриддинхоча ном хамдехаамон буд, кн ба мо хеши дур ва хамсоян наздик буда, одами хамафахм буд (Айнй). Лекин ин нори- зоихо, ин зорихо ва ин илтичохо ба ин ду марди худписанди худком хеч таъсир накард (Айнй).

Аз зарф ва хиссахои гуногуни нутк. одами хозирчавоб, шахеи зуд- бовар, меваи пешпазак, духтарчаи хамешахандон:

Ту хар шабу руз чи кадаре ки хоб кунй, онхо дар сахро аз он кам- тар кор мекунанд! — гуфт як нафар сангдарагии хозирчавоб (Улугзо- да). Хдёт, душворихои пай дар пай ва навозиши гох-гохии он Бобин ча- вонро, Бобин бетачрибаро мисли падарони бисьёрдида пурдон карда буд (Хаким Карим).

СИФАТХОИ СЕЧУЗЪА

§ 308. Дар байни сифатхои мураккаби тобеъ калимахои зиёде во- мехуранд, кн аксар аз се хпсса ташкил ёфтаанд. Ин гурухи спфатхо аз сифатхои мураккаби дучузъа, ки дар боло аз назар гузарондем, бо баъ­зе махсусияташон фарк, мекунанд.

Сифатхои сечузъа натичаи ду пояи калнмасозй мебошад: ду чузъи аввал ва гохо ду чузъи сонй дар пояи нахустин сурат мегиранд, илова шудани хиссаи сеюм пояи дигар ба шумор меравад. Ин навъи сифат­хои мураккаб чунин ба вучуд меояд: 1) аз исму исм ва асоси замони хозираи феъл: боги шохсуфадор, марди чубдастдор, пахтай пунбадона- дор, чавони муйлабдор, зани чашмбанддор, когазхои зархалдор, оташи хонумонсуз; 2) исму сифат ва асоси замони хозираи феъл. зехкалон- пуш, борони барфрезадор; 3) аз сифату исм ва асоси замони хозираи феъл: бадкавокнамо, серчахлнамо, куллахои пиряхдор; 4) аз чонишину исм ва асоси замони хозираи феъл. одами чандзабондон, мадрасаи чандхучрадор; 5) аз ибораи изофй ва феъл — исм бо бандакн изофи ва нему асоси замоин хозираи феъл: дузди молимардумхур, болиштп пари- кудор.

КАЛИМАСОЗН И ОМЕХТА

§ 309. Дар калимаеозин сифат ба воситаи суффиксхо сохтани сифа­ти мураккаб низ дида мешавад. Дар ин усулн калимасозн суффиксхон -й, -а истифода мешаванд. Асоси ин гуна калимахоро иборахо ташкил медиханд:

1) ибораи изофй ва суффикси -й (-гй): мехмонхонаи хиштихомй, чилими чубичормагзй, чилбурхои муибузй, атри равганигулй, телнаки пустигусфандй, фатири равганизардй, фарьёдхон хавличонй, зулмхои асримиёнагй, масъалахон нугируймолй, ресмони пашмибузц: 2) ибораи гайриизофй ва суффикси -а. шохии якруя, руймоли дахгаза, кори як- соата, умри дубора, чавони понздахсола, хаётн якчоя, дари яктабака, хайвони дубахра, бачаи якраха, саги якчашм, овозй дупуста, мероси хазорсола, духтарчаи якунимсола, кори хаминзамона, максадн онруза, хурокн инвакта, фалокатн порсола.

СИФАТХОИ ТАРКИБЙ