Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2160
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 507. Ба воситаи префиксхои бе-, но-, ба-, бо-, бар-, дар-, то- аз днгар хиссахои нутк зарф сохта мешавад. Аз инхо префиксхои бе- ва но- сермахсул мебошанд-

Префикси бе- аз исм, сифат ва асоси феъл зарфи тарз, микдору дарача ва сабабу максад месозад. Доираи истифодаи хиссахои нутк дар сохтаии зарф як хел нест. Исм дар ин вазифа хеле оеристифода аст: бемалол, беист, бешитоб, бехато: ...ман аз онхо бемалол фонда мебурдам (Айнй). Ба болои ин вай дар даруни куртаю эзори тар ху- нук хурда, гарданашро дарун кашида, кифташро ба пеш хам карда, беист меларзид (Дмонов). Мардак бешитоб даромад (Улугзода). Санг ба нишона бехато расид (Айнй).

Префикси но- аз исм (бештар) ва асосхои феълй (камтар) зарфи тарз ва сабаб месозад: ногох, нохост, ношумур: Ногох ба гу­щам овозй форами танбур ва хониши хофизи хушхонамон Шохназар Сохибов расид (Дехотй). Дар хамин вакт нохост надари бадкахри Махмуд—Шокир-амак пайдо шуда мопд (Улугзода). ...ду нафараш он ду чубро гирифта аз ду тарафам истода, аз сари шопа то пушти ронам ношумур заданд (Айнй).

Префикси ба- аз исм ва сифат зарфи тарз ва дарача ме­созад: багоят, бамаврид, бакуллй, базур: Хаво на сард буд ва на гарм ва багоят форам буд (Айнй). Дар Ватани худамон чй кимате доштанн миллатпараст хело бамаврид хотиррасон шуда буд (Му­хаммадиев). Вале монанди хамон шабе ,ки аз Чурабек мактуб ома­да буд, хоб уро бакуллй тарк намуд (Улугзода). ...похоямро базур мсбардоштам (Улугзода).

Префикси бо- ба исми амал ва сифати холат хамрох шуда зарфи тарз месозад: боазоб, бошаст, боэхтиёт ва f.: Холаи Оиша фараичию чашмбаидро аз сараш гирифта, руи аракшорашро бо ну­ги остинхои дарозаш пок карда, боазоб нафас кашида меомад (Амо- нов). Рузи саввум медидед, ки эшон даетонн хамдигарро сахт фишур- да... бошаст болову поии карда... (Толис). Баъд у аз ман охиста ва боэхтиёт пурсид (Толис). Донахои чола чунон бошаст ба замин мезаданд, ки монанди туб (хаипак) гашта боло бардошта шуда, ду- бора меафтидапд (Дехотй).

§ 508. Доираи зарфсозии префикси бар- махдуд буда, асосаи бо иемхои вакт, махал зарфи замон, зарфи тарз, бо исми касд зарфи максад месозад:

Агар кор пабошад, бихобед, ки фардо барвакттар аз хоб хеста, ба ёбон нурй мекашонед (Айнй). Фарашчигирй барои занхо хеле барвакт cap мешуд (Амонов). ...аз сари нависандагони мо яке аз со- хибистеъдодтарин нависандаи чавои ва хамкори фаъоли нашриёт бармахал рафт (Толис).

§ 509. Префикси дар- аз исми хол ва асоси феълии рав, тоз зар­фи тарз ва замон месозад: дархол, дартоз, даррав: Вай дархол ба кор cap карда, бо хамрохии падарам чизхои дар хона бударо ба ан- бор кашондан гирифт (Улугзода). ...баъд аз |)асоиидани супориш, аспро бадал карда боз дартоз ба рохи омадаашон бармегаштаид (Айнй). Мардак хам дархол максади уро мефахмид (Улугзода). Вай маро даррав аз шарфаи поям шинохт (Улугзода).

§ 510. Префикси то- танхо аз асосй фсьли рафт зарфи тарз сох- тааст: торафт: ...онхо дар рушноии машъал торафт памоёнтар мсша­ванд (Улугзода). Хама хислатхои бади у торафт бештар зохир ме­гардад («Маориф ва маданият»), Боди сарду рутубатноки ноябрй то­рафт сахттар мевазид (Мухаммадиев).

ЗАРФХОИ МУРАККАБ

§ 511. Зарфхои мураккаб аз чихати муносибати байни хамдига- рии чузъхо ба ду гурух чудо мешаванд: зарфхои мураккаби пайваст ва тобеъ. Дар таркибн зарфхои мураккаби пайваст чузъхо ба якднгар алокаи баробари доранд, дар зарфхои мураккаби тобеъ як чузъ ба чузъи дигар тобеъ аст.

ЗАРФХОИ МУРАККАБИ ПАЙВАСТ

§ 512. Зарфхои мураккаби пайваст сермахсул буда, бо роххои гуногун сохта мешаванд.

Такрори калима яке аз роххои асосии калимасозии зарфхои му­раккаб мебошад. Дар он хиссахои гуногуни нутк такрор шуда ме­ояд.

  1. Такрори исм. Аз исмхои такрор зарфи тарз, микдор ва монан- дй сохта мешавад:

Ман ба у иборати дарси хондашуданиро калима-калима ёд ме- додам (Айнй). Хамаи гулхо Faftp аз гули шомй... чаман-чаман шу- куфтанд (Рахим Налил). Ман бисьёр чохой «Одина»-ро сахифа-са- хифа ба дафтарам кучонда аз ёд мекардам (Улугзода). Одамон ту­да-туда ва танхо-танхо ба хар тараф тез-тез мерафтанд (Айнй).

  1. Зарфхои тарз аз такрори калнмахои таклидй сохта мешаванд:

Зебй бо кадамхои майдаи чобукона аз пайрахахои пурбарф

гарч-рарч пой монда рафт (Ниёзй). ...монанди як банд алафи юнуч- каи курпа хим-хим метофт (Айнй). Хама кох-кох механдиданд (Ра­хим Налил). Аз он чо хик-хик гиристани у ба туши мо мерасид (Айнй).

  1. Такрори сифат. Ин навъи зарфхо тарзи ичрои амал ва дара- чаро ифода мекунанд: Похои бисьёр калонашро бешитоб, вазнин- вазнин монда рох мерафт (Улугзода). ...осон-осон аз сари кор наме- рафтанд (Айнй). Айнй ба суи бачагон хуш-хуш табассумкунон cap чунбонданд (Рахим Хошим). Ду нафар чубдори саллакалон бо чуб- дастхои дарозашон дарвозаро сахт-сахт мезаданд (Улугзода).

  2. Такрори шумора. Зарфхои бо такрори шумора сохташуда тар­зи ичрои амалро мефахмонад. Шуморахо дар мавриди такрор нуме- ратив низ гирифта метавонанд: Рузе амалдормахраме ба зиндон да- ромада, хамаи бандиёиро як-як аз назар гузаронид (Айнй). Мо ду-ду ру ба ру нишастаем (Амонов). Пеш-пеш Урунпонсад ва аз кафояш аскархо милтикхоро ба китф гирифта, дута-дута сета-сета аз назди у гузашта ба рох даромадан гирифтанд (Икромй). Мо чизхои шах- саи ба худашон тааллукдоштаро як-як шумурдем (Улугзода).

  3. Такрори чонишин. Ин тарзи калимасозии зарф каммахсул аст: ...тахминан бист сол пеш аз ин ...ин чо омада сангхояшонро ягон- ягон шумурда будам (Айнй). Агар як асои хушшакли моргардан ёф- та гирам, азамат ва бузургвории май боз чанд-чанд меафзояд (Айнй). ...дар оташи орзу ва иштиёк, ки барои шунидани овозй суруд ва naF- маи дутори у доштем ва бо дидани у чанд-чанд зиёд шуда буд, мета- пидам (Айнй).

  4. Такрори феълй хол. Феълй хол такрор шуда, зарфхои тарзе ме­созад, ки дорой тобиши давомнокй ва такрори амал мебошанд: а) такрори пурра: шабгардоп он чавонро пеш андохта бо себандхои худ зада-зада мебурданд (Айнй). ...аз гиребонам сахт дошта, кашон- кашон ба кадом як чое гирифта бурд (Толис). ...май тарчимахо ва таълифхоро гашта—баргашта тахрир кардам (Айнй). Рафта- рафта ип тахаллус маъкул нашуд (Айнй);

б) такрори нопурра: Шодигул дав-давон руяшро бо сачок пок карда, хандону шукуфон ба суи Нуралй омад (Улугзода). Хусусап ду- ми он, ки чун муи шонакарда хим-химкунон харидорро ба худ каши- данй аст, ифлос шуда аз кор мебарояд (Айнй).

  1. Такрори зарф. Дар шакли такрор зарфи микдор ва зарфи за­мон меояд. Зарфхои мураккабе, ки аз такрори зарфхои микдор ва замон сохта шудаанд, тарзи ичрои амалро нишон медиханд. Ин зарф­хо тобиши микдор ва замон низ доранд: Ёдгор... кам-кам хуши худро ба cap оварда андешид (Айнй). Байзо... Шарифбойро назди худ ома­дан намонда сахл-сахл акиб мерафт (Амонов). ...аз зери деворхои хароби аигиштвор еиёх шуда андак-андак дуди тунук мебарояд (Улуг­зода). ...як чуфт кафш ва масхиро пеш-пеш харида дар хурчин чой ■карда монда буд (Айнй). Ман бо як азобе гох-гох ба акиб нигох кар­да, зорню тавалло мекардам (Толис).

Зарфхои мураккаби пайваст аз исмхои антонимии замону ма­кон низ сохта мешаванд: ...агар Карим рост гуфта бошад, дуй дига- раш хам пагох-бегох ба чанг меравад (Толис). ...сари синааш бо­ло-поён дамида... ором мегирифт (Айнй). Амир сарг худр^ боле- поён чунбонида гуфт (Айнй). Мо пагох—фардо ба хач меравем, хам- хонахои ман намоз мехонанд (Мухаммадиев).