Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2160
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 465. Сифатхои феълии замони хозира-оянда факат дорой на­муди давомнок буда, амалй бо хабарй чумла дар як замон вокеъша- вандаро мефахмонанд:

Сохти рул-ишкел аз сохти ишкелхои оддй он кадар фарк надошт, факат халкахои ба пои одам андохта мешудагии он монанди ишкелхои мукаррарй танг набуда, ба дарачае ки рони одамро гунчонад, васеъ буд (Айнй). Дар сухбатхои бо колхозчиён мекардагиашон аз ин ра- камхо истифода мебаранд (Улутзода).

§ 466. Сифатхои феълии замони хозира-оянда гузаранда (медо- нкстагй, медодагй, мешинохтагй, мегуфтагй, мегирифтагй) ва монда (мерафтагй, меомадагй, намегунчидагй, мерасидагй, акиб мемондагй). мешавапд. Шаклхои гузаранда амалй бевосита ба объект равонаша- вандаро мефахмонад:

Мон ки он урфу одатхои занро каниз, мардро гулом мекардагй аз миён бардошта шавад (Хаким Карим). Ман мехохам, ки як агро- номи хамин корро медонистагй ёфта фиристонанд, ки ба ман омузад (Икромй).

Шаклхои монда амалу холатро хамчун аломати субъект ифода мекунанд ва пуркунандаи беЕосита намегирапд:

Роххои охани аз каламраваш мегузаштагиро вайрон карда, ба сурати вахшиёна ва хоинона коргарони рохи оханро бо зану бачахояш кушт (Айнй). Расамаи аз ин ба ман мерасидагй ба харочоти ахлу аё- лам намерасад (Айнй). Кафшхои ба ту хуш меомадагй ба хавлиат нарафта бепошна мемонад (Рахим Чалил).

§ 467. Сифатхои феълии замони хозира-оянда хамчун феъл ду тарз доранд: тарзи фоил ва тарзи мафъул.

Сифатхои феълии замони хозира-ояндаи тарзи фоил бо амалй гузаранда ифода мешаванд ва одатан бо пуркунандаи бевосита ме­оянд:

Артистхои Шокиру зани профессорро бозй мекардагй артистхои бепарво ё камкобилият... (Толис). У мехост, ки ба чои Муроди каму беш музд мегирифтагй як каниз ва як гуломбачаи бемузд ба даст дарорад (Айнй).

Сифатхои феълин замони хозира-ояндаи тарзи фоил бо феълхои монда ифода шавад, амалу холатро хамчун аломати субъект мефах­монанд:

17-322

Автомобильном бо кор ба идора меомадагй х,амин гулзорчаро аз тарафи рост ба чап давр зада, дар пеши дари калони шишакории иди- рай колхоз меистоданд (Икромй). Хамаи и,и ахли аз шодй ва хурсаи- дй ба пусти худ намегунчидагиро ба шахр фуровард (Хаким Карим). У ба гумонам дар майнааш гап\ои талху тумди ба магзи устухои рафта мерасидагиро чамъ мекард (Рахим Чалил). Падари ман элек­трик ва хар хел мошинхои бо электрик кор мекардагиро орзу мекар­данд (Улугзода).

Сифатхои феълии замони хозира-ояндаи тарзи мафъул аз феълхои гузаранда бо ёрии феълй «шудан» сохта мешаванд:

Дар ин бутта кураки, албатта кушода мешудагй 80 дона (Икромй). Рушноиро аз як даричаи ба руи сахии беруни Мадраса кушода мешу­дагй мегирифт (Айнй). Ло.и хишти имруз рехта мешудагиро як руз пеш хобоидан даркор (Рахим Чалил).

Агар калимаи муайяншавандаи сифати феълии замони хозира- оянда объектро фахмонад, тарзи мафъул низ ифода мешавад ва си­фати феълй одатан бандаки шахси-сохиби мегирад:

Дар он вакт помай ба Бухоро ва Хисор мефиристодагиатон хам рост мебарояд (Улутзода). У ришвахои мегирифтагиашро доимо бо хоким ва бо девонбегии амир бо хам медид (Улугзода).

Сифатхои феълии замони хозира-оянда хосияти вобастакунии феълии худро нигох медоранд ва иборахои сифати феълии замони хозира-оянда месозанд:

Мударрис баъди дошта додани Восеъ хадьяву инъоми фаровони аз хоким мегирифтагиашро тасаввур карда дарунакй шод гардид (Улугзода). Дар пешн дари ба 6of кушода мешудагии он пишаста як кудаки ширмакконро мемаккоиид (Айнй). Киемхои Армияи Сурх, ки дар рузи таърихии хеч вакт аз ёди кас намебаромадагй—7 ноябри соли 1941 аз Майдони Сурх мегузаштаанд... (Рахим Чалил).

Ин сифатхои феълй объекти бевоситаро хам гирифтаанд, ки дар ин хол хусусияти вобастакунии феълии онхо барчаста зохир мешавад. Иборахои дигари сифатхои феълии замони хозира-оянда бо холхое, ки дар алокан хамрохй омадаанд, низ сохта мешаванд:

Ана, имруз дидам, ки одамхои нагз кор намекардагй хам будаанд (Рахим Чалил). Барои мактаббачагони аъло мехондагй концерти ка- лон нишон дода буданд («Точикистони советй»).