Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2160
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 394. Тобишхои асосии маъной ва замонии ин шакли феъл дар матн равшан мушохида мешавад.

    1. Шакли хикоягии наклй замони гузаштаи давомпок ва мулкара- тиро мефахмонад:

Сонитар фахмидам, ки тутй як мурги бисьёр зебои зирак буда- аст. Хар чизро ба вай талкин кунанд, ёд мегирифтааст ва такрор кар­да мегуфтааст. Аммо, азбаски вай одам нест, маъпиашро намедонис- тааст. Бинобар ин касонеро, ки маънии чизеро надониста онро ёд кардаанд, ба тутй монанд мекардаанд (Айнй). Дар он чо дар завод- хои пахта ё ки дар чойхои дигар кор мекардааст ва хар сол тобистон ба кишлокамон бармегаштааст. Пас аз ин падараш ба хар кучое ки мерафтааст, аввал хасрати музаи писарашро баён мекардааст^ (Хаким Карим). Иакл мекунанд, ки боре Ахмадбек дар як пуштап ( нишеби мисли ёнахои Сафедкух душворгарде чуфт мерондааст (Му­хаммадиев) .

    1. Гузаштаи хикоягии наклй замони хозираи умумиро ифода ме­кунад, ки он одатан, натича ва хулосаи мантикиро мефахмонад:

1$ ' т

Хуллас, ки хислати одам ба дилаш мувофик мешудааст (Мухам­мадиев). Шавхарашро аз дилу чон дуст медоштааст (Икромй). Маъ­лум мешавад, ки маро намешинохтаед. Ин корхоро коммунистон ва комсомолон нагз медонистаанд. Худатон фикр кунед, умри одамизод мисли оби чуй гузашта рафтан мегирифтаасту аммо худи одам беха- бар мемондааст (Хаким Карим).

    1. Шакли хикоягии наклй замони ояндаро бо мазмуни пакли ифо­да мекунад:

Одамон мегуянд, ки окподшох, бачахои моро ба чанг мефиристо- дааст! (Хаким Карим). Ачоиботаш боз дар ин, ки байракро сардори бригадаи бойдода бо фаъолопаш якчоя дар хузури яке аз рохбарони колхоз ба бригадаи голиб шахсан бурда месупурдааст (Мухаммади- ев).

    1. Чамъ

      Гузаштаи хикоягии наклй маънии замони гузашта ва ояндаи шартиро бо тсбиши маъноии натича ва хулосабарории мантим ифода мекунад.

Замони гузаш.таи дур

§ 395. Феълй замоии гузаштаи дур аз шакли феълй холи (сифа­ти феълии) феълй асосй бо иловаи шакли замони гузаштаи феълй ёридихандаи будан сохта шуда, ба таври зер тасрнф меёбад:

Танхо

      1. ман дида будам

      2. ту дида буди

      3. вай дида буд

        1. мо дида будем

        2. шумо дида будед

        3. онхо дида буданд

§ 396. Шакли гузаштаи дур низ дар мавридхои гуногун бо тобиш­хои гуногуии замопию маънои истеъмол мешавад, ки опхоро вобаста ба мазмуни матн муайян кардан мумкин аст:

          1. Феълй гузаштаи дур амали гузаштаееро ифода мекунад, ки фо- силаи замониаш мутлако ё нисбатан дур аст. Ин маънй гохо аз маз­муни умумии сухан (матн), баъзан аз калимаю нборахои алохида фахмида мешавад:

а) Мода рам як чуволча тутмавиз хушконда монда буд (Айнй). Он вакт муборизаи синфии зидди кулакхо дар кишлок ба авчаш ра- сида буд (Рахим Чалил). Мирак дар умраш аз касе шатта нахурда буд (Икромй).

б) Дар ик хона мехмонхо хастанд, кайхо омада буданд. — Перор- сол аз хар гектар 35-центнерй пахтай мисрй дода будам (Хаким Ка­рим). Кариб се мох аз руи тахта харфхонй карда будам, лекин баъд ба мактаб нарафта будам (Рахим Чалил). Сайд Амон хунаопамоии мутрибони мумтозро борхо дида ва шунида буд (Мухаммадиев).

          1. Шакли гузаштаи дур амалеро мефахмонад, ки пеш аз амали дигар вокеъ шуда анчом ёфтааст. Амали дуюм дар чумлахои мурак­каби пайваст ва тобеъ бештар ба шаклхои замони гузашта (гузаш­таи наздик, гузаштаи дур, гузаштаи хикоягй) ва гохо ба шаклхои за­мони хозираю оянда оварда мешавад. Феълй гузаштаи дур хам пеш аз амали дуюм ва хам пас аз он омада метавонад. Мавкеи он вобаста ба сохти чумла мебошад. Дар баъзе мавридхо гуё амали якум ва ду­юм хамчун феълй гуногуншакли хамзамон содир мешавад:

а) Гулнор, ки аз нармгуфторихои аввалии ясавул ба халосии махбубаш умедвор шуда буд, бо суханхои охиринаш якбора ба нав- медй афтод (Айнй). Тугмачагуле, ки хола бо дастони ларзонаш лаби чуй хавлиашро канда корида буд, аз гармии хаво пажмурда шуда буд (Хаким Карим). Поезд ба Каттакургон расида буд, ки фурома- дам (Икромй). Кабинет ба андозае дим шуда буд, ки нафасгириро душвор мекард. — Ба бозор рафта буданд, хозир меоянд, амак, ба хона дароед (Рахим Чалил).

б) Фируза баргашта ба руи Карим нигох кард, аммо Карим ма- лулона сарашро хам карда буд.— Дар ин чо сухбати онхо ба охир расид, зеро ки ба дами дарвозаи хавлиашон расида буданд (Икромй).

Биё, мехмон,— гуфт сохибаи хона..., ки туппии мудаввари зардузи- ашро то ба сари абрувоиаш фароварда пуш ид а буд (Мухаммадиев).

в) Вакте ки мачлис cap шуд, офтоб рост ба болои cap омада буд (Каким Карим). Дар берун руз ба охир мсрасид, якто-дуто дуконхои кушода хам баста шуда буданд ва дар кучахо равандагон кам монда буданд (Икромй).

          1. Шакли гузаштаи дур дар мавридхое кор фармуда мешавад. ки амали дигаре пас аз он зикр намеёбад, вале ба ягон шаклу маънй вокеъ шуданаш тасаввур карда мешавад. Ин мавриди истеъмол асо­сан ба чумлахои содда дахл дорад:

Аммо набудаии хурок барои йнгитхо, ему хошок барои аспхо вай- ро аз хар чй хам зиёдтар ба танг оварда буд. Сардори гарнизон хам- рохи аксарияти аскарон ба операция рафта буд (Каким Карим). Дар рох равандахои дигар низ пайдо шуда буданд. — Магар Насим- чон барин мардхоро пеш аз ин вай надида буд? (Икромй). Ронанда сару руяшро шуста буд. Чанги рох пароканда шуда буд (Мухамма­диев) .

          1. Шакли гузаштаи дури феълхои истодан, нишастан (шиштан), хобидан (хоб кардан) ва баъзе феълхои дигар, ки одатан ё дар мав- ридаш, холату вазъиятро мефахмонад, маънии давомнокиро ифода мекунад. Дар шакли гузаштаи дури ин гуна феълхо маънии амали гузаштаи дур ва ё пеш аз амале содиршуда кариб хис карда намеша­вад. Аз ин ру шаклхои гузаштаи дури ин гуна феълхо мохиятан муро- дифи шаклхои гузаштаи хикоягии онхо мебошанд. Масалан, мукоиса кунем: нишаста буд—менишаст, хобида буд — мехобид, истода буд — меистод, гуш дода буд — гуш медод ва м. ин:

а) Ярокхо дар чояшон, дар гушаи хона истода буданд. Колашни- ков дар миёнчои калъа танхо, чун хайкали пуршукух рос г истода буд (Каким Карим). Дар паси руль Каххор нишаста буду дар пахлу- яш Касан (Рахим Чалил). Дар кабулгохи сафир Куйбышев, Фируза (бефаранчй) ва Карим ба руи курсихо нишаста будаид (Икромй). Коваленко дар нишебии баланде ру ба замин истода хобида буд. Ман дар хона хоб карда будам (Каким Карим). Дар берун дар болохона хама ба сухбати Карим гуш дода буданд (Икромй).

б) Анбархола, ки то ин дам хомуш, гуш карда меистод, токат карда иатавонисту сухани уро аз миён бурид (Икромй). Дар кабинам автомобили боркаш ду кас менишаст (Мухаммадиев).

          1. Таркибхои хабарй, ки аз сифати феълй (бо суффикси -гй) ва феълй будан ташкил ёфтаанд, маънои гузаштаи дурро бо тобиши ус- луби гуфтугуй ифода мекунанд. Муродифи адабии онхо одатан ба шакли гузаштаи дур вокеъ мешавад, чунончи: пухтагй буд—пухта буд, даридагй буд — дарида буд, баста шудагй буд — баста шуда буд ва гайра:

Ман, ки хисоби абчадро ёд гирифтагй будам, ин гапхои падарам- ро ба зуди ва осонн фахмидам. Коло хам бемасхй будам, кафши бул- горам тамоман даридагй буд ва бо ии кафм! дар даруни лою барфн хавлй ва куча мегаштам (Айнй). Одилов аз дастаи чанговаронаш чу­до, гирду атрофашро дах-помздах нафар аз йигитхои курбошй печони- да гирифтагй буданд. Зам бисьёр монда шудагй буд (Каким Карим).

Эзох: Таркиби хабарии сифати феълии замони гузашта бо суффикси -гй ва шак­ли хикоягии феьли ёридихандаи будан сигаи шаргиро ифодч мекунад. Чунончи: Бо шунндани ин сухан рангу руи Гулнор аз хичолат суп-еурх шуд, агар чашми Едгорро андешаи ояндаи сиёх торнк накардагй мебуд, ин хслати Гулнорро днда, аз аввал хам зиёдтар волаву шайдои вай мегардид (Айнй).

          1. Таркибхои хабарии аз сифати феълии замони оянда ва феълй будан сохташуда гузаштаи дурро бо тобиши сигаи хохишмандй ифо­да мекунанд. Дар ин гуна таркибхои феълй анчоми замой маълу.м бо­шад хам, анчоми амал ва натичаи он помаълум аст (гуфтанй будам.

гуфтанй будй, гуфтанй буд...). .Муродифи онхо бо таркибх,ои гуногуни феълй омада метавонад. Агар чунин таркиби феълй ба таври чида омада бошад, феълй будан одатан бо таркиби охирин оварда меша­вад:

Дар умри худ аввалин маротиба саргузашти худро ба рафико- иаш накл карданй буд, ки чи тавр баъд аз революция ба гвардиям сурх даромадаает (Хаким Карим). Ха, киссаи рузи истирохатро гуф танй будам (Рахим Налил). Олим дудила шуда, кариб таклифи сар- корро кабул кардани буд, ки аз дур аспе шеха кашид (Ниёзй). Он шаб бо чура ва дугонахояшон аз ракехои точикй cap карда, то хар гуна ракехои европагиро адо карданй, аз музыкаи классикй ва хал- кии точикй то ария ва симфонияхои бастакорони иомдори рус ва Ев- ропаро шуниданй, нихоят, шабро бо сухбатхои самимона ва хар гу­на бозихои дилкушои замонашон гузарониданй буданд (Хаким Ка­рим).

Гузаштаи дури нак,лй