Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2160
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 388. Феълй замони гузаштаи наздик (гузаштаи оддй) аз асосй замони гузашта ва бандакхои феълй сохта мешавад. Шахси сеюми танхои ин феъл бо асосй замони гузашта баробар аст.

Чамъ

Хамаи феълхои гузаштаи наздик ба тарзи зер тасриф меёбанд:

Танхо

  1. ман хондам

  2. ту хондй

  3. вай (у) хонд

  1. мо хондем

  2. шумо хондед

  3. онхо хонданд

      1. Шакли гузаштаи наздик (оддй) маънихои зиёдро мефахмонад.

Амалй яккаратаи анчомьёфтаро мефахмонад, ки катъи назар аз

фосилаи замони амал натича и он маълум аст:

Пиракй ба ман аз оби ширчой як пиёла нушонд. Хоб пахш кард, хобидам. — Хуб кардетон, ки ин бачаро ба хондан овардетон — гуфг (Айнй). Маро хайрон кардед, дустам (Рахим Налил). Фахмидам!-- гуфт Наими Талх ва хомуш монд (Икромй). Сохибаи хона косаи пур дар даст ба назди айвон пайдо шуд ва мехмонро бо имою ишора ба поён даъват намуд (Мухаммадиев).

Баъзан дар нутк, барои таъкиди лахзаи замони амал калимаю иборахои замонй кор фармуда шаванд хам, фосилаи замони феълро комилан не, балки нисбатан муайян мекунанд:

Баъд аз чанд дакика Махдуми хазорагй маро аз пеши мардико- рон имо карда хезонд ва ба рохрави хавлн бурда, ба болохонае ба- ровард (Айнй). Ман хозир аз банд гурехта омадам (Рахим Налил). Аммо дар болои кори чуворй меистам, ки хосили вай он сол маро аз халокат рахонид (Айнй).

Пасу пеш вокеъ шудани амал мохияти нисбии фосилаи амал ва категорияи феълро тагьир намедихад, чунончн:

Рокиа руяшро пушиду ба хона даромада рафт (Рахим Налил). Хушбахтона, он сол хаво хам ба Бозор ёрй дод, дар вактхои муносиб боришхои хуб шуд, дар вакташ офтоб заминро тафсонд: дар натича хосил аз чашмдошти Бозор ва бой барзиёд омад (Айнй).

      1. Феълй гузаштаи наздик хам вобаста ба маънии лугавии худ, хам алокамандона бо матн амалй бардавоми анчомьёфтаро мефахмо­над:

Назарчон моро ба ин чо кучонида овард. Мария Григорьевна бо хаячони пуррае мазмуии онро ба Шарофат хикоя карда дод (Хаким Карим). Вай дар пеши чашми онхо калон шуд, хонд, кор кард ва то ба дарачаи раиси мамоа боло бардошта шуд (Икроми). Пас аз ин мас- лихати табиби окил ва роздон Карим хеле фикр кард, дуру дароз андешид ва карори катъй дод, ки дар хакикат пеш аз хама сихат шудан лозим (Икромй).

      1. Шакли замони гузаштаи наздик дар нутки гуфтугуй ва дар адабиёти .бадей бо тобиши маъноии майлу хохиш, таъкиду катъият ва шарту зарур омада, амалй ояндаро низ ифода мекунад:

Хуб! Ман рафтам (меравад). Канй рафтем (Хаким Карим). Ка- нй, ба кор cap кардем. Хама ба гуфти сардор итоат карда аз дунболи вай рафтанд (Рахим Налил). Акнун ман рафтам, шаб хам бевакт шуд (Ф. Ниёзй). Махмудчон парешонхотирона чавоб дод. Колхозамон бад не, албатта рафтед, боз худатон мебинед. Пагох ба мачлис хамин масъаларо хам мемонем. Чй гуфтед? Вакте ки комиссия омад, ана баъд ба кори амалй cap мекунем (Икроми).

Замони гузаштаи нацлй

§ 389. Замони гузаштаи наклй аз шакли феълй холи (сифати феъ­лии) феълй асосй бо иловаи бандакхои хабарй сохта шуда, ба таври зср тасриф меёбад:

Танхо

        1. ман навиштаам

        2. ту навиштай

        3. вай (у) навиштааст

Чамъ

          1. мо навиштаем

          2. шумо навиштаед

          3. онхо навиштаанд

§ 390. Феълй гузаштаи наклй мефахмонад, ки гуянда вокеъ шу­дани амалро аз руи шунид ва баёни сарчашмахои дигар накл меку­над. Райр аз ин, гузаштаи наклй натичаи амал ва бо хулосабарории кантики огох шудан аз амалро мефахмонад:

            1. Феълй наклй аз руи шунид ва баёноти шахеи дигар маълум шудани вокеаро ифода мекунад:

Ассалом, духтараки нагз, — гуфтаанд ва хам шуда аз пешонаи духтар бусиданй шудаанд. —I Инак дар вакти вафоти падарам ман ба дасти модарам ёздахмоха мондаам (Хаким Карим)./Ахмадбек чавоб додааст, ки рафта наметавонад, чунки ба сардорон то пагох тамом кардани шудгори би заминро ват>да кардааст (Мухаммадиев). Баъд чи навиштааст, гуед, хуш, хуш? — Гуфтааст, ки ба вай чавоб додаан- ду худаш дар тараддуди рох будааст (Толис).

Эзох: Фсъли ёридихандаи будан ва феълхои дигар дар афсонахо ва ривоятхоп халкй аксар ба шакли наклй истеъмол мешаванд. Чунончи: Будаст, набудаст, як кам- пир будаст. Вай як чисар доштааст. Як руз писараш ба сахро баромадаст...

. Дар хамин гуна мавридхо кор фармуда шудани таъбири феълии буд-набуд низ маънои наклй дорад, масалан:

Буд-набуд, будгор буд, Замин набуд, шудгор буд...

(Фольклор).

            1. Феълй замони гузаштаи наклй амали вокеъшудаеро мефах­монад, ки натичааш маълум аст. Истеъмоли ин шакли феълй ба ин маъно аксар бо шаклхои феълй, баъзан бо ёрии иборахои тавзехй вокеъ мешавад. Ин гуна иборахо аз «маълум аст», «маълум шуд», «маълум мешавад» иборатанд. Феълхои наклие, ки бидуни ин гуна тавзехот ифода меёбанд, мантикан натичаи чунин тавзехот мебошанд. Чунончи, мисолхои зеринро мукоиса кунед: — .

Маълум шуд, ки рохи оханро одамони амир вайрон кардаанд, (Икромй). Пас маълум мешавад, ки аз акибамон афтодаанд (Хаким Карим). Аз дах дакика гузаштааст, — чавоб дод Чамила ба соати тиллоии худ нигох карда (Рахим Чалил). Ана, фахмидед, амир гу- рехтааст, аскарбачахо зур буромадаанд (Икромй). Чизе ки доштам, тала кардаанд, ба хонаам алав cap додаанд, — гуфт Давлат (Хаким Карим).

            1. Феълй замони гузштаи наклй натичаи амалеро мефахмонад, ки он пеш аз ин ба гуянда номаълум буда, бо хулосабарории мантикй ва ё пас аз вокеаи дигаре маълум мешавад. Аксаран тарзи ифодаи натича ва хулосаи мантикй ба хам монанд аст ва ин ду маъно ба осо- нй аз хам фарк намекунад. Бо вучуди он, дар ин миён фарки нозуке хис карда мешавад:

Ба шумо факат хаминашро мегуям, ки он чиз ба модарам аз мо­да, ркалонам мерос мондааст.вХамин тавр, дЬст ба даст гузашта, вай се авлодро дидааст (Хаким Карим) ." Агар на'ояд, маълуй мешавад, ки рйштаи ошноиро баркандааст. Бай ба назараш аз хама бачахо хуш- руйтар намудаасту нонро ба вай дода омадан гирифтааст (Рахим

Чалил). Ту х,оло бо собуни ман чомашуй накардай. Бахор шуда мон- дааст, ман бехабар! (Икромй).

Агар феълй пакли хамчун натичаи мухокима вокеъ шуда бошад, маънои хулосаи мантикиро дорад. Гайр аз ин, дар чумла ба шакли наклй омадани феълй будан низ далели хулосаи мантикист:

Наим фахмид, ки суханаш ду маъно дода, талх шуда рафтааст, бинобар он узр хоста, дархол ба пиёлахо май рехт (Икромй). Ягон пахлавони асил аз пушти мугамбирй обруй наёфтааст. Ана. он миш- мишу пичир-пичирхои Мухаммадмурод чй маъное доштаанд (Мухам­мадиев). ... лекин сонитар фахмидам, ки тутй як мурги бисьёр зебои зирак будааст (Айнй). Ман надоннстам, ки ту дил надоштй ва агар бошад хам, дар дасти худат набудааст (Икромй).

Эзох: Дар забони гуфтугу ва дар лахчахои шимоли рарбии забони точик:! тарзи махсуси сухани мазмунан наклшудае хает, ки ба шакли наклии феълй бу­дан сурат меёбад. Ип тарзи ифода дар адабиёти бадей хам кор фармуда мешавад:

Рафнк Николаи, маовини раис телефон карданд, гуфтанд, ки то омадани он кас дар хамин чо сабр карда шинето" будааст (Икромй).

Дар чумлахои саволй ба шакли наклй омадани феълхо бештар барои ифодаи натича ва хулосаи мантикй вокеъ мешавад. Чунончи: Кй дидаасту кй шунидааст, ки дар ягон чои касе хушу ёди ахли як дехаро, бигузор он дехаи бузург набошад, бо таронахои сози худ тае- хир карда бошад (Мухаммадиев).

Н1акл%ои ифодаи феълй нак,ли