Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
3271
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 460. Сифатхои феълии замони гузашта гузаранда (партофта, навишта, дидагй, Еобаста кардагй, пешвоз гирифтагй) ва монда (хан­дида, омада, баромадагй, хобида, боридагй, нишастагй, руй додагй) мешаванд.

Сифатхои феълии замони гузаштаи гузаранда одатан амалеро ифода мекунанд, ки ба пуркунандан бевосита равона мешавад:

Барои одами чи ботинан ва чи зохиран такдири худ, хаёт ва фаъ олияти худро ба партия вобаста кардагй дари партия хамеша кушода аст (Ниёзй). Баъзе кампирони хануз фаранчиашонро напартофтагй дар хонаи дигар чои гирифтанд (Хаким Карим). Ман ба Шодй папч; шаш бор халво пухта фиристодагй (Икромй).

Сифатхои феълии замони гузаштаи монда факат амалу холатро хамчун аломати субъект мефахмонанд ва ба объекти бевосига паме- гузаранд:

Катрахои оби ба даруни гушаш даромада ва ба ёлу думаш час- пидаро аз худ дур карда сокиту ором истод (Айнй). Аз чор каси дар ин чо нишастагй факат як нафар либоси махаллй дошт (Рахим Ча­лил). Дар зери дарахти зардолуи cap то cap шукуфтае кампал пахн карда-.. (Айнй). Аверченкои гурехтаро дар Конибодом дастгир карда буданд (Рахим Чалил).

Сифатхои феълии замони гузаштаи монда ба воситаи суффикси -он ба гузаранда бадал мешаванд:

Аз чойники бо румол иечондагй як пиёла чои ширгарм кашида ба у дароз кардам (Айнй). Сангхои чаллодони амирй паррондаро аз за­мни чида гирифта 6а тарафи аробакаш хаво медоданд (Айнй).

Агар сифатхои феълии замони гузаштаи гузаранда суффикси -он гиранд, сифатхои феълии гузарандаи бавосита ба амал меояд: шуна- вонда, фахмондагй, пушондагй, нависондагй ва гайра.

§ 461. Сифатхои феълии замони гузашта ду тарз доранд: тарзи фоил ва тарзи мафъул.

Тарзи фоил факат бо сифатхои феълии замони гузаштаи гуза­ранда ифода мешавад ва одатан объекти бевосита мегирад:

Барфи руи найрахаро пушида дар зери пои Рустамов гичиррос мезад (Ниёзй). Сорохон мактаби санъатро дар Сталинобод тамом кардагй (Икромй)-

Сифатхои феълии тарзи фоили замони гузашта бо феълхои монда ифода шаваад, амалу холатро хамчун аломати субъект низ нишон ме­дихад:

Бино0ар ин хандаи аз шунидани ин суханон омадаашро ба зурй нигох---дбшта... (Айнй). Ходимони туйхона ошхои аз пеши мехмонон баргаштаро мувофики одат ба хизматгорони онхо додаанд (Айни). Зогони дар шохи садахо нишаста аз гудоки автобус тарсида ба хаво париданд (Улутзода). Усто Мухтор як табаки калони сафолини нав аз'хумдон баромадаро ба дасташ гирифта санчида истода буд (Ниё­зй).... вай Давлати хануз дар замин хуфтаро боз назанад (Ра\им. Ча­лил).

Тарзи мафъул аз сифати феълии замони гузаштаи гузаранда бо ёрии феълй «шудан» сохта мешавад:

Куртаи крепдешинп гулобиранг ва хеле санъаткорона духташу- даро дар бар кард (Икромй). Нуги тасмаи кандашуда ба миёни кор- гаре, ки ба гардана равган мерехт, бархурда, уро хам ба коми чарх фиристод (Айни). Байти як бор хондашударо дубора хондан дуруст нест (Айнй). Командиром хар кадом мавкеи аз руи план таьии кар- дашударо ишгол карда буданд (Рахим Чалил). Чароги ба миончоч стол гузошташуда кабинсти партиявиро хира равшан мекард (Улуг­зода).

Сифатхои феълии замони гузаштаи таркибии номй бо феълхои ёридихандаи «шудан» ва «ёфтам» тарзи мафъулро низ ифода меку­нанд:

Завод пахтай гуншударо тоза намуда наметавочист (Айнй). Ли- босхои он аз пустлоххои хушкидаи дарахтон, аз баргхои хазонгар- дидаи гулхо, аз гюяхои дар натичаи беобй ва касалй ба хоеил нада- ромада монанди кох хушк ва зардшудаи гандум ва дигар набобот духта шудаанд (Турсунзода). Бо гарм шудани хаво пахтахои таршуда хам гарм шудан гирифтанд (Айнй). Уивоии маълум ва машхури аз тарафи уламо ва сипохиён кабульёфтаи у буд (Айнй). Духтаронидар таги дастшуяк чамъшуда кийчувкунон ба якдигарашон об мепоши- данд (Улугзода).

§ 462. Сифати феьлии замони гузашта хусусияти вобастакунии феълии худро нигох медорад ва нборахои сифати феълй месозад: Ин хусусияти вай махсусан хангоми тобеъ намудани объекти бевосита барчаста зохир мешавад: Чавони хамаро дар хайрат гузоштагй хамин аст? (Улугзода). Ба чои чавоб Захро ангушти ба кадом санге зада хуншоршудаашро нишон дод (Хаким Карим)- Дар як лахза падари дар замони босмачиён кушташуда ва додари солхои 1921 — 22 дар гуоуснагй чоидодаи вай аз хаёлаш гузаштанд (Ниёзй).

Сифатхои феълии замони гузашта пеш аз хама ба вазифаи му- айянкунандахои изофй меоянд:

Хикояхои аз Тутапошшо шунидаам бисьёранд (Айнй). Беихтиёр яке аз шохчахои хушкидаи дар боришхои зимистонй намгирифтан алафро шикаста, ба дахонаш андохт (Айнй). Ин саволи ба оханги гилагузорй гуфташуда Кодирро ба худаш овард (Рахим Чалил).

Муайяикунандахои сифатхои феълии замони гузашта дар назм монанди сифатхо пеш аз муайяншаванда хам меоянд:

Менависад аз шукуфта дехахою шачрхо, Менависад аз диёри некбахтн точикон.

, (Турсунзода).

Эзох: Шакли дуюми сифати феълии замони гузашта гохо пеш аз муайянша­ванда низ меояд. Ин ходиса асосан хоси путки гуфтугу мебошад:

Аскари сурхро надидагй одам хам будааст-дия (Хаким Карим). Шумо гуф- тагй пазанда чи кор мекунад, ки вай нагз ва ширин мешавад (Икромй).

Сифати феълии замони гузашта ба вазифаи хабар хам меояд ва дар ин холат намуди мутлаки амал махсусан равшан ифода мешавад.

Дар куху дар дашт лола расида, Дар 6orv дар кншт сабза дамида.

(Айнй).

Заминхо шудгор кардагй, порухой маъданй са махаллй андохта- ги, пунбадона кашондагй ва тоза кардагй, молаю сихмолахо дар сари замин ба кор хозир, формалин дар зарфхо андохта мондагй, сеялкахо хама тахт (Улугзода). Охир, ман уро бо дастонам калон кардагй (Миршакар). Ман худам дар хамин чо зоида шудагй (Улугзода)-

Сифатхои феълии замони гузашта (бо суффикси -а) дар забони точикй ба вазифаи хол фаровон кор фармуда мешаванд ва вазифаи феълихолии худро адо мекунанд, онхо маънои мустакили замонй на­доранд, дар чумла холатро хамчун аломати амали феълй асосй ифо­да мекунанд. Онхо амали пеш аз хабар вокеъгардидаро мефахмонанд: Абрхо руи осмони баланд болу пар боз карда мегаштанд (Тур­сунзода). Аз куллахои барфини куххои Помиру Зарафшону Алай об- хои мусаффои нилгун кафкхои сарди худро ба руи сангхо пош дода сарозер мешаванд (Улугзода). Духтар кокулхои то хами зонуяш фу- рюмадаро даста намуда, ба тахтапушташ мепартофт (Рахим Налил). Хадича ин суханхои Шамсияро шунида хандид (Икромй). Хочиумар рангу руи канда ва кабудии таги чашмони уро дида дилаш як тоб хурд (Улугзода).

Такрори ин шакл чихати феълихолии онро кувват медихад: У ба- гоят суханвар буд, аммо дар вакти ran задан забонашро макида-ма- кида гаи мезад (Айнй). Зубайда Абдурасулро кофта-кофта анча дур рафта монд (Икромй). Рамаи гусфандон сабзахои сарирохиро хурда- хурда ба кишлок, наздик мешуданд (Икромй). Амонбокй миёни ба шикастан наздикрасидаи худро молида-молида аз чой хеста берун баромад (Айнй). Дудхо... тоб хурда-тоб хурда дар фазой осмони ло- чувардй пинхон мешуданд (Рахим Налил). У бо шунидани ин таъриф обхои аз дахонаш рафтаро ба лаби худ лесида-лесида гуфт (Айнй). Вай зардолуро гирифта, хурда-хурда боз ба куча медавид (Улугзода).

§ 463. Дар забони точикй чараёни ба категорияи сифат гузашта­ни сифатхои феълии замони гузашта низ мушохида мешавад, ки яке аз хусусиятхои характерноки инкишофи сохти забони адабии точик мебошад. Ин хол дар натичаи суст гардидани чихати феълии оихо ба амал меояд. Агар сифати феълй бе калимахои эзохкунанда омада бошад, ба сифат тезтар мегузарад: бачаи тез китобро хондагй—бачаи тез хондагй—бачаи хондагй. Дар мисоли сеюм «хондагй» ба сифат наздик буда, ба маънои саводнок кор фармуда шудааст. Шакли якуми сифатхои феълии замони гузашта (хусусан сифатхои феълии монда) бисьёртар ба сифат гузаштаанд: дари кушода, гули пажмурда, одами пухта, замони гузашта:

Гапи пухта, амак,—гуфт табассумкунон Пулод (Рахим Налил). Тамоми зучуди ин одами осударо оташи газаб фаро гирифтааст (Ха- ким Карим). Ин ёддошти сохтаи падарам ба ман чунон таъсир карда буд, ки... (Айнй). -Кам механдид ва суханхои пухтаи чиддй мегуфг (Айнй).

Сифатхои феълии замони гузаштаи сифатгашта аломатхои асо­сии сифатхои аслиро кабул менамоянд:

  1. дарачахои киёсй мегиранд:

Шумо одами аз мо пухтатару дурандештар хастед (Ниёзй)- Ал- батта, ин хобгохаш назар ба хобгохи пешгарааш бехтар ва осудатар аст (Айнй). Дар самти шарк, ки нисбатан ба шимол ва Fap6 домани осмон ваееътар ва кушодатар буд, уфук месухт (Икромй). Дили моро, ки дар асл шикастагй, боз хам шикастатар накунед (Айнй). У маро ба як писари дустдоштатаринаш, ки Александр ном дошт, монанд карда буд (Рахим Налил). Ин дар замони хозира яке аз пахншуда- тарин чараён ба шумор меравад («Садои Шарк»);

  1. бо зарфхои микдору дарача меоянд:

Инр&-~гуфту хола бо овозй хеле хаста хонд (Икромй). Дадобой ба андоми хеле логаршуда ва рангпаридаи вай бо диккат нигох кар­да.-. (Нисзй). Усто Саъдй дафтари кухнаи бисьёр фарсударо гирифта ба дасти Хдйдаркул дод (Ирфон).

Ту он шамъй, ки дар дил дида дорй Хунархои басе арзида дорй.

(Л о х у т й);

  1. бо сифатхои аслй баробар чида шуда меоянд:

Шумо бояд шогирдони хаматарафа доно, пухта тайёр кунед (Улуг­зода). У пушоки чиркин ва даридаи худ ва чупонбачагонро нишон дода боз давом намуд (Айнй). Ман бурьёхсп кухна ва даридаро барои сухтан ба тахоратхона мефиристонам (Айнй). Фамилияаш Са­вельев, одами пухта, хушьёр ва босавсд буд (Икромй).

Баъзе сифатхои феълии замони гузашта хамчун хол дар шакли такрор хусусияти феълии худро суст намуда, ба зарф наздик меша­ванд: Рафта-рафта кувваи чонноки Рузимурод хам кам шуд (Айнй).

Сифатхои феълии замоин гузашта дар чумла ба исм гузашта аломатхои онро гирифтаанд:

Гулшан бо рохбарии агроном и участка пундонахои тозашударо ба омехтаи формалин тар мекард (Икромй). Вай ба шуиида бовао намекард (Улугзода)- Куфтагии рохи дур галаба мекард (Улугзода). Агар шуморо ба тахта бароварда имтихон мекарданд, шумо хам донистагиатонро гум мекардед (Рахим Налил).

Сифатхои феълии замони гузаштаи исмгардида шакли чамъ ги­рифтаанд:

Гузаштагони мо дар банди гуломй ва гуруснагй чон доданд (Ай­нй). Ба хонданй навмштахон матбуот ва бо шунидэчи гуфтахои радио оташи шавки тамошои пойтахти Ватам дар дили май торафт баланд­тар мешуд (Дехотй). Мол надоштагихо чй мекунанд? (Икромй). Мо дидагй ва шунидагихои Солехро хикоя кардем..- (Ул>тзода).

Сифати феълии «гуфта» дар чумла ба вазифаи пайвандаки тобеъ- кунада низ меояд:

Бахташ баланд ва пешомадаш нек гуфта, ба мехмони нав Икбт ном мондаид (Дехотй). Чапаев бачахо натарсанд гуфта, аввал пи сараш Аркадийро ба пеши онхо фиристод (Х,икояхо дар бораи Ча паев).

Сифати феълии замони хозира-оянда

§ 464. Сифати феълии замони хозира-оянда аз шакли дуюми си­фати феълии замони гузашта бо хамрох кардани префикеи ме- сохта мешавад: меомадагй, мерафтагй, мехондагй, хал мешудагй, хонда ме- баромадагй ва монанди инхо.

Сифатхои феълии замоин хозира-оянда дар замони оянда вокеъ гардидани амалу холатро ифода мекунанд:

Шумо хуб маслихат карда, плани корхои баъд аз им мекардагиа- тонро созед (Икромй). Пагохй вай ин ракамхоро ба аъзоёни бюрои партиявй маълум хохад кард, то дар сухбатхои бо колхозчиён мекар- дагиашон истифода намоянд (Улугзода).

Сифатхои феълии замони хозира-оянда амалу холати доимии пред- метхоро дар замони хозира хам нишон медиханд:

Бой як бурда пони коки харруза ба Ятим медодагиашро харчи барзиёд донист (Айнй). У ба точикони дар Москва мехондагию кор мекардагй маколахо нависонда, тахриру тайёр карда мефиристад (Рахим Чалил). Акнун аз рохи калони ба суи Куктош мерафтагй омада, пули оханинро ки гузаштед,... («Точикистони сурх»), У риш- вахои мегирифтагиашро доимо бо хоким ва бо девонбегии амир бо хам медид (Улугзода). Ту одами бисьёр рох мегаштагй, дагал-магал нагуфта харидан намегирй (Рахим Чалил).

Сифати феълии замони хозира-оянда дар замони оянда тобиш­хои азму заруриятро низ мефахмонад:

...суханхои мегуфтагии худро фаромуш мекунам (Икромй). Лои хишти имруз рехта мешудагиро як руз пеш хобондан даркор (Рахим Чалил).