Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
ТОПИК.doc
Скачиваний:
49
Добавлен:
11.05.2015
Размер:
793.09 Кб
Скачать

Вазорати маориф ва илмии љумњурии тољикистон

ДОНИШГОЊИ ДАВЛАТИИ ОМЎЗГОРИИ

ТОЉИКИСТОН

ба номи Садриддин Айнӣ

ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНИ АНГЛИСЇ

КАФЕДРАИ УСЛУБШИНОСЇ

ВА НАЗАРИЯИ ТАРЉУМА

100 МАВЗЎЪЊОИ ОЗОД

ВА 50 ЊИКОЁТИ ТАРБИЯВЇ

Душанбе -2013

Барномаро Шўрои методb ва табъу нашри ДДОТ ба номи Садриддин Айнb ба чоп тавсия намудааст.

Муаллиф: д.и.п профессор Авѓонов С.

Муќарризон: н.и.п дотсент Валиев Н. мудири

кафедраи адабиёти руси ДДОТ ба

номи Садриддин Айнї ва

н.и.ф. дотсент Саидов Њ мудири

кафедраи забонњои хориљии ДМТ

Сарсухан

Соњаи маориф, њамчун яке аз соњањои муњими хољагии халќи Љумњурии Тољикистон дар маркази таваљљуњи Њукумати Љумњурии Тољикистон ќарор дорад ва рушди ин соњаро бе инкишофи љањонбинии ањолї оиди соњањои гуногуни хољагии ќишлоќи кишварњои тараќќикарда тассавур кардан мумкин нест, ки дар ин љо донистани забони хориљї, алалхусус забони англисї наќши баѓоят муњим дорад.

Ислоњоти соњаи маориф дар Љумњурии Тољикистон ба такмили мундариља ва сохти маълумот, аз он љумла маълумоти олии омўзгорї равона карда шудааст. Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф», Консепсияи миллии маълумот ва стандартњои давлатии маълумот њуљљатњое мебошанд, ки системаи маълумоти кишварро ба сатњи байналмиллалї бардошта, инкишофи минбаъдаи соњаи маорифро муайян мекунанд. Дар Консепсияи миллии маълумоти Љумњурии Тољикистон зарурати омўзиши забони хориљї барои инкишофи љомеа чунин арзёбї гардидааст: «Омўзиши забонњои хориљї, алалхуссус русї, англисї ва арабї дар њамбастагї бо забони модарї аз синфњои ибтидої оѓоз мегардад ва тамоми марњилањои маълумотро фаро мегирад. Зарурати омўзиши забони хориљиро њамун сарчашмаи дониш барои омўхтани илму фарњанги дунё, прогрессии илмию техникї ва воситаи муоширати байни миллатњо бояд ба эътибор гирифт».1

Хусусан Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тасдиќи барномаи давлатии такмил ва омўзиши эабонњои русї ва англисї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2004-2014», ки аз љониби Президенти кищвар Э.Ш.Рањмонов дар таърихи 2 декабри соли 2003 ба имзо расидааст, назди мутахассисону омўзгорони мактабњои олї ва миёнаи тањсилоти умумї вазифањои пурмасъули ба таври куллї такмил додани таълими забонњои русї ва англисиро таќозо менамояд.2

Такмили мазмун, восита ва усулу методҳои таълиму тарбия, куллан баланд бардоштани сифати дониш ва имкониятҳои эљодии мутахассисон-омўзгорон ва тарљумонњои ояндаи забонњои хориљї таќозо менамояд, ки донишљўён донишњои назариявию амалии тахассусї, педагогї ва психологиро бештар аз худ намуда дар оянда ин донишњоро дар таълими насли навраси кишварамон истифода намуда дар ободгардонии он сањмгузор бошанд.

Барои иљро намудани ин вазифаю талаботҳои имрўзаи давлат ва љомеа дар самти омўзиш ва такмили забонњои хориљї китоби «100 мавзўъњои озод ва 50 њикоёти тарбиявї » наќши басо муњимро мебозад. Китоби мазкур барои донишомўзон ва донишљўёни факултетњои забонњои хориљии донишкадаву донишгоњњои омўзгорї яке аз фаннњои муњим ба шумор рафта, дар тайёр намудани омўзгорони баландихтисоси забони хориљї барои мактабњои тањсилоти умумї, касбї ва махсус сањми арзанда хоњад гузошт. Тайёр намудани омўзгори забони хориљї маќсади асосии мактаби олї ба шумор меравад. Донишљў, ки дар оянда омўзгори забони хориљї (англисї) мешавад, бояд на танњо фаннњои амалиро наѓз аз худ кунад, балки оиди фаннњои дигар низ бо назардошти маълумот ва технологияи муосир маълумот дошта бошад, то ин ки дар раванди таълим дар мактаб ба њадафи хеш ноил гардад.