Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
quran.doc
Скачиваний:
44
Добавлен:
10.04.2015
Размер:
2.47 Mб
Скачать

Сураи НӯҲ1

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон!

1. Мо, ҳаройна, Нӯҳро ба сӯи қавмаш фиристодем, ки қавми худро пеш аз он ки азобе дардовар бар сарашон фуруд ояд, бим деҳ.

2.Гуфт: «Эй қавми ман, ман ҳаройна, бимдиҳандае равшангарам,

3.Худоро бипарастед ва аз ӯ битарсед ва аз ман итоъат кунед,

4.то гуноҳонатонро биёмурзад ва шуморо то муддате муъайян мӯҳлат диҳад, ҳаройна, он аҷали илоҳӣ чун ба сар ояд, агар бидонед, дигар таъхир нашавад».

5.Гуфт (Нӯҳ): «Эй Парвардигори ман, ман ҳаройна, қавми худро шабу рӯз даъват кардам

6.ва даъвати ман ҷуз ба фирорашон наяфзуд.

7.Ва албатта, ман, ҳар бор, ки даъваташон кардам, то Ту онҳоро биёмурзӣ, ангуштҳо дар гӯшҳои худ карданд ва ҷома дар сар кашиданд ва пой фишурданд ва ҳар чӣ бештар саркашӣ карданд.

8.Пас, ба овози баланд даъваташон кардам.

9.Боз, ҳаройна,ба ошкор гуфтам ва дар ниҳон гуфтам.

10. Сипас гуфтам: «Аз Парвардигоратон омурзиш бихоҳед, ки ӯ, албатта, омурзанда аст,

11.то аз осмон бароятон пай дар пай борон фиристад

12.ва шуморо ба амволу фарзандон мадад кунад ва бароятон бӯстонҳову наҳрҳо биёфаринад.

13.Шуморо чӣ мешавад, ки аз шукӯҳи Худованд наметарсед,

14.ҳол он ки шуморо ба гунаҳои (навъҳо) мухталиф биёфарид.

15.Оё намебинед, ки чӣ гуна Худо ҳафт осмони табақа – табақаро биёфарид?

16.Ва моҳро равшании онҳо ва хуршедро чароғашон гардонид.

17.Ва Худо шуморо чун растание аз замин бирӯёнид.

18.Боз шуморо ба он бозмегардонад ва боз аз он берун меоварад.

19.Ва Худо заминро чун фарше бароятон бигустурд,

20.то бар роҳҳои паҳновари он биравед».

21.Нӯҳ гуфт: «Эй Парвардигори ман, онҳо фармони ман набурданд ва аз касе пайравӣ карданд, ки молу фарзандаш ҷуз ба зиёнаш наяфзуд.

22.Макр карданд – макре бузург.

23.Ва гуфтанд: «Худоёнатонро тарк накунед, Вадд ва Сувоъ ва Яғус ва Яъуқ ва Насрро тарк макунед!2»

24.Бисёреро гумроҳ карданд ва ту ҷуз бар гумроҳии ситамкорон маяфзой!» (Нӯҳ гуфт: “Инҳо худ хоҳони гумроҳианд, гумроҳашон кун”).

25.Ба ҷазои гуноҳонашон ғарқа шуданд ва ба оташ рафтанд ва ҷуз Худо барои худ ёваре наёфтанд.

26.Ва Нӯҳ гуфт: «Эй Парвардигори ман, бар рӯи замин ҳеҷ як аз кофиронро магузор,

27.ки агар ту, ҳаройна, бигузорияшон, бандагонро гумроҳ мекунанд ва ҷуз фарзандоне фоҷиру кофир наёваранд.

28.Эй Парвардигори ман, марову падару модарамро ва ҳар киро бо имон ба хонаи ман ворид шавад ва низ мардони мӯъмину занони мӯъминро биёмурз ва ситамкоронро ҷуз ба ҳалокаташон маяфзой!»

72

Сураи Ҷин1

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Бигӯ: «Ба ман ваҳй шудааст, ки гурӯҳе аз ҷин гӯш фаро доданду гуфтанд, ки мо, ҳаройна, Қуръоне аҷиб шунидем.

2.Ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Пас, мо ба он имон овардем ва ҳаргиз касеро шарики Парвардигорамон намесозем.

3. Ва албатта, азамати Парвардигори мо олист. На ҳамсаре гирад ва на фарзанде дорад.

4.Ва бехиради мо дар бораи Худо суханоне ба ноҳақ мегуфт.

5. Ва мо, ҳаройна, мепиндоштем, одаму ҷин дар бораи Худо, ҳаргиз, дурӯғ намегӯянд.

6.Ва низ мардоне буданд аз одамиён, ки ба мардоне аз ҷин паноҳ мебурданд ва бар саркашиашон меафзуданд.

7.Ҳамчунон, ки шумо мепиндоштед, онҳо ҳам мепиндоштанд, ки Худо, ҳаргиз, ҳеҷ касро дубора зинда намесозад.

8.Мо ба осмон расидем ва онро пур аз нигаҳбонони қудратманду шиҳобҳо (ситорагон) ёфтем.

9.Ва мо, ҳаройна, дар ин ҷойҳо, ки метавон гӯш фаро дод, менишастем. Аммо ҳар кӣ акнун барои гӯш кардан (гӯш додани малоикаҳо) нишинад, шиҳоберо (оташпораеро) дар камини худ ёбад.

10.Ва мо намедонем, ки оё барои касоне, ки ба рӯйи замин ҳастанд, бадӣ муқаддар мешавад ё Парвардигорашон мехоҳад ба роҳи росташон бибарад?

11. Баъзе аз мо солеҳанд ва баъзе ҷуз он ва мо фирқаҳое гуногунем.

12.Мо медонем, ки Худоро дар замин ҳаргиз оҷиз натавонем кард ва, ҳаргиз, бо гурехтан низ нотавонаш насозем.

13.Ва чун сухани ҳидоят шунидем, ба он имон овардем. Ва ҳар кӣ ба Парвардигораш имон оварад, на аз нуқсон метарсад ва на аз ситам.

14.Ва ҳаройна, баъзе аз мо (ҷинниён) мусалмононанд ва баъзе аз ҳақ дур. Ва онон, ки ислом овардаанд, дар ҷустуҷӯи роҳи рост будаанд.

15.Аммо онон, ки аз ҳақ дуранд, ҳезуми ҷаҳаннам хоҳанд буд».

16.Ва агар (одамиёну париён) бар тариқаи рост (яктопарастӣ ва тоъати Худо) пойдорӣ кунанд, ҳаройна, аз обе фаровон серобашон кунем,

17.то онҳоро биёзмоем дар он (неъмати фаровон). Ва ҳар кӣ аз зикри Парвардигораш рӯй гардонад, ӯро ба азобе сахт дарандозанд.

18.Ва ҳаройна, масҷидҳо аз они Худост. Ва бо вуҷуди Худои барҳақ касеро ба худоӣ нахонед.

19.Чун бандаи Худо (Муҳаммад) барои парастиши ӯ бар пой истод, гирди ӯро гирифтанд (ҷинҳо).

20.Бигӯ: «Танҳо Парвардигорамонро мехонам ва ҳеҷ касро шарики ӯ намесозам».

21.Бигӯ: «Албатта, ман наметавонам бар шумо зиёне бирасонам ё шуморо ба салоҳ оварам».

22.Бигӯ: «Ҳеҷ кас маро, ҳаргиз, аз уқубати Худо паноҳ надиҳад ва ман ҷуз ӯ, ҳаргиз, паноҳгоҳе намеёбам,

23.он чӣ метавонам ҷуз расондани пайёми ӯ ва анҷом додани рисолатҳои ӯ нест. Ва ҳар ки Худову паёмбарашро нофармонӣ кунад, пас, насиби ӯ, ҳаройна, оташи ҷаҳаннам аст, ки ҳамеша дар он хоҳад буд,

24.То он гоҳ ки он чиро ба онҳо ваъда дода буданд, бингаранд. Пас, хоҳанд донист, чӣ касонеро ёрони нотавонтар ва шумори камтар будааст».

25.(Эй паёмбар, ба кофирон) Бигӯ: «Ман намедонам, ки оё он ваъдае, ки ба шумо додаанд, наздик аст ё Парвардигори ман барои он замоне ниҳодааст?

26.ӯ донои ғайб аст ва ғайби Худро бар ҳеҷ кас ошкор намесозад,

27. магар бар он паёмбаре, ки аз ӯ хушнуд бошад, зеро ки барои нигаҳбонӣ аз ӯ, пеши рӯй ва пушти сараш нигаҳбоне қарор медиҳад,

28.то бидонад, ки онҳо паёмҳои Парвардигорашонро расонидаанд ва Худо ба он чӣ дар назди онҳост, иҳота дорад ва ҳама чизро ба адад шумор кардааст.

73

Сураи МУЗЗАММИЛ1

(ҷома бар худ печида)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Эй ҷома бар худ печида,

2.шабро зинда бидор, магар андакеро,

3.нимае аз онро ё андаке аз нима кам кун,

4.ё андаке бар нима бияфзой ва Қуръонро шумурдаву (бо диққат) равшан бихон.

5.Мо ба ту сухане душворро илқо (андохтан, омӯхтан) хоҳем кард.

6.Албатта, шабҳангом аз бистар бархостан мувофиқати забону дилро афзояндатар аст ва баёни суханро устувордорандатар,

7.ки албатта, корҳои ту дар рӯз бисёр аст.

8.Ва номи Парвардигоратро ёд кун ва аз ҳама бибур ва ба ӯ бипайванд:

9.Парвардигори машриқу мағриб. Ҳеҷ Худое барҳақ ҷуз ӯ нест. ӯро корсози хеш интихоб кун!

10.Ва бар он чӣ мегӯянд, сабр кун ва ба ваҷҳе писандида аз онҳо дурӣ ҷӯй.

11.Дурӯғшуморандагони соҳибнеъматро ба Ман вогузор. Ва андаке мӯҳлаташон деҳ.

12.ҳаройна, назди Мост бандҳои гарон ва дӯзах

13.ва таъоме гулӯгиру азобе дардовар,

14.рӯзе, ки замину кӯҳҳо ба ларза оянд ва кӯҳҳо теппае аз реги равон гарданд!

15.ҳаройна, Мо бар шумо паёмбаре фиристодем, ки бар аъмолатон гувоҳ аст, ба он сон, ки ба Фиръавн ҳам паёмбаре фиристодем.

16.Ва Фиръавн аз паёмбар фармон набурд. Мо низ ӯро ба сахтӣ фурӯ гирифтем.

17.Агар кофир бошед, дар рӯзе, ки кӯдаконро пир мегардонад, чӣ гуна дар амон монед?

18.Дар он рӯз осмон бишикофад ва ваъдаи Худо ба вуқӯъ пайвандад.

19.ҳаройна, ин пандест. Пас, ҳар кӣ бихоҳад, роҳе ба сӯи Парвардигораш оғоз кунад.

20. ҳаройна, Парвардигори ту медонад, ки ту ва гурӯҳе аз онон, ки бо ту ҳастанд, наздик ба ду саввуми шаб ё нисфи он ва ё сеяки шабро ба намоз меистед2. Ва Худост, ки андозаи шабу рӯзро муъайян мекунад. Ва медонад, ки шумо ҳаргиз ҳисоби онро натавонед дошт. Пас, тавбаи шуморо бипазируфт. Ва ҳар чӣ муяссар шавад, аз Қуръон бихонед. Медонад чӣ касоне аз шумо бедор хоҳанд шуд ва гурӯҳе дигар ба талаби рӯзии Худо ба сафар мераванд ва гурӯҳи дигар дар роҳи Худо ба ҷанг мераванд. Пас ҳар чӣ муяссар шавад, аз он (қуръон) бихонед. Намоз бигузореду закот бидиҳед ва ба Худо қарзи некӯ диҳед. Ва ҳар хайреро, ки барои худ пешопеш бифиристед, онро назди Худо хоҳед ёфт. Ва он мукофоти беҳтар аст ва подоше бузургтар (дар назди Худо). Ва аз Худо омурзиш бихоҳед, ҳаройна, Худо омурзандаву меҳрубон аст!

74

Сураи МУДДАССИР1

(ҷомадарсаркашида)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Эй ҷома дар сар кашида,

2.бархезу бим деҳ!

3.Ва Парвардигоратро такбир гӯй!

4.Ва ҷомаатро покиза дор!

5.Ва аз палидӣ, дурӣ ҷӯй!

6.Ва чизе мадеҳ, ки беш аз он чашм дошта бошӣ (базл ва бахшиш барои зиёдталабӣ макун).

7.Барои (ҳукми) Парвардигорат собир бош!

8.Ва он гоҳ ки дар сур дамида шавад,

9.он рӯз, рӯзе сахт хоҳад буд.

10. Ва барои кофирон душвор.

11. Маро бо он ки танҳояш офаридаам, вогузор2.

12. ӯро моле бисёре додам.

13. Ва писароне ҳама дар назди ӯ ҳозир

14. Ва (васоили зиндагиро)аз ҳар ҷиҳат барои ӯ фароҳам сохтаам.

15. Он гоҳ тамаъ мебандад, ки (бар неъматаш) биафзоям.

16. Ҳаргиз, ки ҳаройна, ӯ дар баробари оёти Мо ситеза ҷӯст.

17. ӯро ба машаққате меандозам.

18.Ҳаройна, ӯ андешид ва тарҳе афканд (нақшае кашид).

19.Марг бар ӯ бод, чӣ гуна тарҳе афканд?

20.Боз ҳам марг бар ӯ бод, чӣ тарҳе афканд?

21.Он гоҳ нигарист.

22.Сипас рӯй турш кард ва пешонӣ дарҳам кашид.

23.Сипас рӯй гардониду гарданкашӣ кард,

24.гуфт: «Ин (Қуръон) ҷуз ҷодуе, манқул (аз пешиниён ривоят шуда), ҳеҷ нест.

25.Ин ҷуз сухани одамӣ ҳеҷ нест».

26.Ба зудӣ ӯро ба сақар (дӯзах) бияфканам.

27.Ту чӣ медонӣ, ки сақар чи гуна аст?

28.На, (чизеро) боқӣ мегузорад ва на (чизеро) раҳо месозад.

29.Сӯзонандаи пӯст аст .

30.Нуздаҳ фаришта бар он муваккаланд.

31.Муваккалони дӯзахро ҷуз аз фариштагон қарор надодем. Ва шумори онҳо ҷуз барои имтиҳони кофирон нест. То аҳли китоб яқин кунанд ва бар имони мӯъминон бияфзояд ва аҳли китобу мӯъминон шак накунанд. Ва то онон, ки дар дилҳояшон маразест, ва кофирон бигӯянд: «Худо аз ин мисол чӣ мехостааст?» Худо инчунин ҳар касро, ки бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар касро, ки бихоҳад роҳ менамояд. Ва шумори лашкари Парвардигоратро ҷуз ӯ касе надонад. Ва ин сухан ҷуз панде аз барои мардум нест.

32.Инчунин нест, ки онҳо мепиндоранд, савганд ба моҳ!

33.Ва савганд ба шаб, чун пушт кунад (рӯй ба рафтан орад)

34.ва савганд ба субҳ, чун парда барафканад,

35.ки ҳаройна, ин (дӯзах) яке аз ҳодисаҳои бузург аст.

36.Тарсонандаи одамиён аст

37.барои ҳар кас аз шумо, ки хоҳад, пеш ояд (бо амали нек) ё бозпас монад (бо куфру нофармонӣ).

38.Ҳар кас гаравгони корест, ки кардааст,

39.ғайри аҳли саъодат,

40.ки дар биҳиштҳо нишастаанд ва мепурсанд,

41.аз гунаҳкорон,

42.ки чӣ чизҳое шуморо ба ҷаҳаннам кашонид?

43.Мегӯянд: «Мо аз намозгузорон набудем

44.ва ба дарвешон таъом намедодем

45.ва бо онон, ки сухани ботил мегуфтанд, ҳамовоз мешудем

46.ва рӯзи қиёматро дӯруғ мешуморидем,

47.то марги мо фаро расид».

48.Пас, шафоъати шафоаткунандагон фоидаашон набахшад3.

49.Онҳоро чӣ шудааст, ки аз панд (Қуръон) рӯй гардонанд?

50.Монанди харони рамида,

51.ки аз шер мегурезанд,

52.балки ҳар як аз онҳо мехоҳанд, ки (аз сӯйи Худо) номаҳое кушода ба ӯ дода шавад.

53. На чунин аст, ки онҳо мепиндоранд, онҳо аз охират наметарсанд.

54.На чунин аст, (ки онҳо дар бораи Қуръон меандешанд) албатта, ки ин Қуръон пандест (агар саъодати худро бихоҳанд),

55.ҳар ки хоҳад онро бихонад (ва аз он андарз бигирад ва аз ҳидояташ суд бибарад).

56.Ва панд нагиранд, магар ин ки Худо хоҳад (ҳидояти онҳоро). ӯ шоёни он аст, ки аз ӯ битарсанд. Ва ӯ шоёни омурзидан аст!

75

Соседние файлы в предмете [НЕСОРТИРОВАННОЕ]