Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
quran.doc
Скачиваний:
44
Добавлен:
10.04.2015
Размер:
2.47 Mб
Скачать

Сураи Муҳаммад 1

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Худо аъмоли (неки) касонеро, ки кофир шуданд ва мардумро аз роҳи Худо боз доштанд, ботил сохтааст.

2.Худо касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва ба он чӣ бар Муҳаммад нозил шуда, ки он ҳақ аст ва аз ҷониби Парвардигорашон омада, имон овардаанд, гуноҳонашонро аз онҳо дур кард ва корҳояшонро ба салоҳ овард.

3.Ва ин (зоеъ сохтани аъмоли неки кофирон ва бахшидани гуноҳи мӯъминон) ба он сабаб аст, ки кофирон аз ботил пайравӣ карданд ва онон, ки имон оварданд, аз ҳаққе, ки аз ҷониби Парвардигорашон омада буд, пайравӣ кардаанд. Худо барои мардум инчунин мисолҳои (некиҳо ва бадиҳояшонро) баён мекунад.

4.Чун бо кофирон рӯ ба рӯ шудед (дар майдони набард), гарданашонро бизанед. Ва чун онҳоро сахт фурӯ кӯфтед (бо куштан ва захмӣ кардан), асирашон кунед ва сахт бибандед (яъне, сахт назорат ва нигаҳбонияшон кунед). Он гоҳ ё ба миннат озод кунед ё ба фидя (ба ивази пул). То он гоҳ, ки ҷанг ба поён ояд. Ва ин аст ҳукми Худо. Ва агар Худо мехост (аз роҳҳои дигаре, мисли тӯфон, заминларза, сел, ғарқ сохтан ва дигар офатҳо) аз онон (кофирон) интиқом мегирифт, вале хост, то шуморо ба якдигар биёзмояд (ва мӯъминонро бо ҷиҳод кардан бар зидди кофирон, имтиҳон кунад). Ва онон, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд, ҳаргиз (савоби) аъмолашонро ботил намекунад.

5.Ба зудӣ, ки ҳидояташон кунад ва корҳояшонро ба салоҳ оварад.

6.Ва ба биҳиште, ки барояшон васф кардааст, дохилашон созад.

7.Эй касоне, ки имон овардаед, агар Худоро ёрӣ кунед, шуморо ёрӣ хоҳад кард ва пойдорӣ хоҳад бахшид.

8.Бар кофирон: “Ҳалокату шӯрбахтӣ бод”. Худо аъмолашонро ботил кардааст.

9.Зеро онон чизеро, ки Худо нозил кардааст, нохуш доранд. Худо низ аъмолашонро нобуд кард.

10.Оё (кофирон) дар замин сайр накардаанд, то бингаранд, ки оқибати касоне, ки пеш аз онҳо будаанд, (ва паёмбаронашонро дурӯғгӯ баровардаанд) чӣ гуна будааст? Худо ҳалокашон кард ва кофирон низ оқибате ончунон хоҳанд дошт.

11.Ин (яъне, ёрӣ додани мӯъминон ва ҳалок кардани кофирон) ба он сабаб аст, ки Худо ёвари касонест, ки имон овардаанд. Ва кофиронро ҳеҷ ёваре нест.

12.Худо касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд, ба биҳиштҳое, ки наҳрҳо дар онҳо ҷорист, дохил хоҳад кард. Вале кофирон аз ин ҷаҳон баҳраманд мешаванд ва чун чорпоён мехӯранд ва ҷойгоҳашон оташ аст.

13.Чӣ қарияҳое (ободӣ ва шаҳрҳо), ки мардумаш аз мардуми қарияи ту2, ки аз он берунат карданд, хеле нерӯмандтар буданд, ки ҳалокашон кардем ва ҳеҷ ёрикунандае надоштанд.

14.Оё касе, ки аз ҷониби Парвардигораш далели равшане дорад, монанди касест, ки кирдори бадаш дар назараш ороста шудааст ва (монанди касоне аст, ки) аз паи ҳавасҳои худ мераванд?

15.Васфи биҳиште, ки ба парҳезгорон ваъда дода шуда, ин аст, ки дар он наҳрҳоест аз обҳое тағйирнопазир ва наҳрҳое аз шире, ки таъмаш дигаргун намешавад ва наҳрҳое аз шароб, ки ошомандагон аз он лаззат мебаранд ва наҳрҳое аз асали мусаффо. Ва дар он ҷо ҳар гуна мева, ки бихоҳанд, ҳаст ва низ омурзиши Парвардигорашон. (Оё биҳиштиён) монанди касоне ҳастанд, ки дар оташи ҷовидонаанд ва ононро аз обе ҷӯшон меошомонанд, чунон ки рӯдаҳояшон тика-тика мешавад?

16.Баъзе (аз мунофиқон) ба ту гӯш медиҳанд, то он гоҳ ки аз назди ту берун раванд, аз донишмандон (асҳоби паёмбар, ки Худованд ба онҳо илм додааст) мепурсанд: «Ин чӣ суханоне буд, ки (Муҳаммад) алҳол (чанд лаҳза пештар) гуфт?» Худо бар дилҳояшон мӯҳр ниҳодааст ва аз пайи ҳавою ҳавасҳои худ рафтаанд.

17.Онон, ки ҳидоят ёфтаанд, Худо ба ҳидояташон меафзояд ва парҳезгориашон арзонӣ медорад.

18.Оё танҳо мунтазири онанд, ки ба ногоҳ қиёмат фаро расад? Ҳаройна, нишонаҳои қиёмат ошкор шудааст. Ва чун фаро расад, панд гирифтанашонро чӣ фоида?

19.Пас, бидон ҳеҷ маъбуде ҷуз Аллоҳ нест. Аз гуноҳи худ ва аз гуноҳи мардону занони мӯъмин омурзиш бихоҳ. Худо медонад, ки рӯз ба куҷо меравед ва шаб дар куҷо меоромед.

20.Касоне, ки имон овардаанд мегӯянд: «Кошки аз ҷониби Худо сурае нозил мешуд (ва моро ба ҷанги зидди душманон мехонд)?» Чун сурае аз мӯҳкамот3 нозил шавад, ки дар он сухан аз ҷанг рафта бошад, ононро, ки дар дилашон маразе ҳаст, бинӣ, ки чун касе, ки беҳушии марг бар ӯ ғолиб шуда, ба ту менигаранд. Пас барояшон шоистатар

21. фармонбардорист ва сухани некӯ гуфтан. Ва чун тасмим ба ҷанг гирифта шуд, агар бо Худо садоқат варзанд, барояшон беҳтар аст.

22.(Эй, касоне, ки аз Ислом рӯй гардонидед ва ё касоне, ки аз ҷиҳод саркашӣ кардед) Оё агар ба ҳукумат расидед, мехоҳед дар замин фасод кунед ва пайванди хешовандиятонро бибуред, (мисле, ки пешиниёнатон карданд)?

23.Инҳоянд (фасодкунандагон ва қатъкунандагони пайванди хешутаборӣ), ки Худо лаънаташон кардааст ва гӯшҳояшонро (аз шунидани ҳақ) кару чашмонашонро (аз дидани роҳи ҳидоят) кӯр сохтааст.

24.Оё дар Қуръон намеандешанд ё бар дилҳо қуфлҳост (яъне, қуфлҳои он дилҳо)?

25.Шайтон аъмоли касонеро, ки баъд аз ошкор шудани роҳи ҳидоят ҳаройна муртад шуданд (аз дин гаштанд) ва боз гаштанд, (ба куфр гумроҳияшон) дар назарашон биорост ва орзуяшонро дароз кард.

26.Ва ин (аз дин баргаштанашон) ба он сабаб аст, ки ба он гурӯҳ, ки оёти Худоро нохуш медоштанд мегуфтанд: “Мо дар баъзе аз корҳо фармонбардори шумо ҳастем”. Ва Худо аз розашон огоҳ аст.

27.Чӣ гунаанд он гоҳ ки фариштагон онҳоро мемиронанд ва бар чеҳраҳову пуштҳояшон мезананд?

28.Ин ба ҷазои он аст, ки аз он чӣ Худоро ба хашм меоварад, пайравӣ мекардаанд ва аз он чӣ хушнудаш месохта бадбинӣ доштаанд. Худо низ аъмолашонро (савоби амалҳои некашонро) нобуд кард.

29.Оё онон, ки дар дилашон маразест, мепиндоранд, ки Худо кинаеро, ки дар дил пинҳон доранд, ҳаргиз, ошкор нахоҳад кард?

30.Ва агар бихоҳем онҳоро ба ту менамоёнем, пас, ҳаройна, ту онҳоро ба симоҳояшон ва ҳатман, аз шеваи суханашон хоҳӣ шинохт ва Худо аз аъмолатон огоҳ аст.

31.Ва албатта, шуморо меозмоем (бо вуҷуди огоҳӣ аз аъмолатон), то муҷоҳидон ва собиронатонро (аз муҷоҳиднамоҳо ва ношикебоҳо) маълум дорем ва ҳадисатонро ошкор кунем, (ки оё дар роҳи Ислом содиқона сухан гуфтаед ё не).

32.Албатта, касоне, ки имон наёварданд ва аз роҳи Худо рӯй гардонданд ва бо он ки роҳи ҳидоят барояшон ошкор шуда буд, бо паёмбар мухолифат варзидаанд ҳаргиз, ҳеҷ зиёне ба Худо нахоҳанд расонид ва Худо аъмолашонро нобуд хоҳад кард.

33.Эй касоне, ки имон овардаед, ба Худо ва ба паёмбар итоъат кунед ва аъмоли хешро (бо муртад шудан) ботил масозед.

34.Албатта, Худо касонеро, ки куфр варзиданд ва мардумро аз роҳи Худо боздоштанд ва дар куфр мурданд, ҳаргиз нахоҳад омурзид.

35.Сустӣ наварзед, то даъват ба мусолиҳа кунед. Шумо бартар ҳастед ва Худо бо шумост ва аз подошҳоятон (савоби амалҳоятон) ҳаргиз, кам нахоҳад кард.

36.Зиндагии инҷаҳонӣ фақат бозиву беҳудагист (магар он ки барои Худо бошад). Ва агар имон биёваред ва парҳезгорӣ кунед, Худо подошҳоятонро хоҳад дод. Ва аз шумо амволатонро наметалабад.

37.Агар аз шумо моле талабад ва ба исрор ҳам талабад, он гоҳ бухл меварзед ва кинаҳои нуҳӯфтаатонро ошкор месозад.

38.Огоҳ бошед, ки шуморо даъват мекунанд, то дар роҳи Худо бахшиш кунед. Баъзе аз шумо бухл меварзанд ва ҳар кас ки бухл варзад, дар ҳаққи худ бухл варзидааст. Зеро Худо бениёз аст ва шумо ниёзмандонед. Ва агар рӯй бартобед, ба ҷойи шумо мардуме дигар орад, ки ҳаргиз ҳамсони шумо набошанд4.

48

Сураи ФАТҲ1

(пирӯзӣ)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Ҳаройна, Мо барои ту пирӯзии2 намоёнеро ҳукм кардем.

2.То Худо гуноҳи туро, он чӣ пеш аз ин буда ва он чӣ пас аз ин бошад, барои ту биёмурзад3 ва неъмати худро бар ту тамом кунад ва туро ба сироти мустақим роҳ намояд.

3.Ва Худо ёриат кунад, ёрӣ кардане пирӯзмандона.

4.ӯст, ки ба дилҳои мӯъминон оромиш фиристод, то бар имонашон пайваста бияфзояд. Ва аз они Худост лашкарҳои осмонҳову замин ва Худо донову ҳаким аст!

5.Ва то мардону занони мӯъминонро ба биҳиштҳое дохил кунад, ки дар он наҳрҳо ҷорист ва дар он ҷо ҷовидонанд ва гуноҳҳояшонро нест кунанд. Ва ин дар назди Худо комёбии бузургест!

6. Ва мардону занони мунофиқ ва мардону занони мушрикро, ки бар Худо бадгумонанд, азоб кунад. Бар гирдашон бадӣ ҳалқа занад ва Худо бар онҳо хашм гирифт ва лаънаташон кард ва ҷаҳаннамро барояшон омода кардааст ва ҷаҳаннам бад саранҷомест!

7.Аз они Худост лашкарҳои осмонҳову замин ва Худо пирӯзманду ҳаким аст!

8.Ҳаройна, Туро гувоҳидиҳандаву муждадиҳанда ва бимдиҳанда фиристодаем.

9.То ба Худову паёмбараш имон биёваред ва ёриаш кунеду бузургаш доред ва Худоро субҳгоҳ ва шомгоҳ тасбеҳ гӯед.

10.Ҳаройна, онон, ки бо ту байъат (аҳд) мекунанд, ҷуз ин нест бо Худо байъат мекунанд. Дасти4 Худо болои дастҳояшон аст. Ва ҳар кӣ байъатро бишканад, албатта, бар зиёни худ шикастааст. Ва ҳар кӣ ба он байъат, ки бо Худо бастааст, вафо кунад, ӯро музде некӯ диҳад.

11.Аз Аъроби бодиянишин онон, ки аз ҷанг қафокашӣ карданд, ба ту хоҳанд гуфт: «Дороиву касони мо моро аз ҷанг боздоштаанд, пас барои мо омурзиш бихоҳ». Ба забон чизе мегӯянд, ки дар дилашон нест. Бигӯ: «Агар Худо бароятон зиёне бихоҳад ё суде бихоҳад, чӣ касе метавонад дар баробари Худо онро дигаргун кунад?» Балки ӯст, ки ба корҳоятон огоҳ аст!

12.Оё мепиндоштед, ки паёмбар ва мӯъминон ҳаргиз назди касонашон боз нахоҳанд гашт ва дил ба ин хуш карда будед. Пиндори баде доштаед ва мардуме сазовори ҳалокат будаед.

13.Ва ҳар кас ба Худову паёмбараш имон наёвардааст, бидонад, ки ҳаройна, барои кофирон оташе сӯзон омода кардаем.

14.Аз они Худост фармонравоии осмонҳову замин. Ҳар киро бихоҳад, меомурзад ва ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва Худо омурзандаву меҳрубон аст!

15. Чун барои гирифтани ғаниматҳо ба роҳ бияфтед, онон, ки аз ҷанг тахаллуф ( қафокашӣ) варзидаанд, хоҳанд гуфт:

“Бигзоред, то мо ҳам аз паи шумо биёем”! Мехоҳанд сухани Худоро дигаргун кунанд. Бигӯ: «Шумо ҳаргиз аз паи мо нахоҳед омад. Худо аз пеш чунин гуфтааст». Сипас хоҳанд гуфт: «Балки, бар мо ҳасад мебаред?» Балки, инҳо ҷуз андаке намефаҳманд.

16.Ба аъроби бодиянишин, ки аз ҷанг тахаллуф варзидаанд, бигӯ: «Ба зудӣ барои ҷанг бо мардуме сахт нерӯманд фаро хонда мешавед, ки бо онҳо меҷангед ё мусалмон мешаванд. Агар итоъат кунед, Худоятон подоше некӯ хоҳад дод ва агар ҳамчунон ки пеш аз ин сар бартофтед, сар бартобед, шуморо ба азобе дардовар азоб мекунад».

17.Бар кӯр гуноҳе нест ва бар ланг гуноҳе нест ва бар бемор гуноҳе нест. Ва ҳар кӣ аз Худову паёмбараш итоъат кунад, ӯро ба биҳиштҳое дохил мекунанд, ки дар он наҳрҳо равон аст. Ва ҳар кӣ сар бартобад, ба азобе дардовар азоб мекунад».

18.Худо аз мӯъминон, он ҳангом ки дар зери дарахт5 бо ту байъат карданд, хушнуд гашт ва донист, ки дар дилашон чӣ мегузарад. Пас, оромиш бар онҳо нозил кард ва ба фатҳе (ғалабае) наздик подошашон дод

19. ва ба ғаниматҳои бисёр, ки ба даст меоваранд. Ва Худо пирӯзманду ҳаким аст!

20.Худо бар шумо ваъдаи ғаниматҳои бисёре додааст, ки ба даст меоваред ва ин ғаниматро зудтар арзонӣ дошт ва шуморо аз осеби мардумон амон бахшид, то барои мӯъминон ибрате бошад ва ба роҳи рост ҳидояташон кунад.

21.Ва ғаниматҳои дигаре, ки ҳанӯз ба онҳо даст наёфтаед. Ҳаройна, Худо ба он иҳота дорад ва ӯ ба ҳар коре тавоност.

22.Ва агар кофирон бо шумо ба ҷанг бархезанд, пушт карда бигрезанд ва дигар ҳеҷ дӯсту ёридиҳандае намеёбанд.

23.Ин суннати Худост, ки аз пеш чунин будааст ва ту дар суннати Худо, ҳаргиз, дигаргунӣ нахоҳӣ ёфт!

24.ӯст, ки чун дар батни (мобайни) Макка бар онҳо пирӯзиятон дод, дасти онҳоро аз шумо ва дасти шуморо аз онҳо боздошт. Ва Худо бар ҳар корҳое, ки мекардед, огоҳу бино буд!

25.Онҳо ҳамонҳоянд, ки куфр варзиданд ва шуморо аз масҷиду-л-ҳаром боз доштанд ва нагузоштанд, ки қурбонӣ ба қурбонгоҳаш бирасад. Агар мардони мусалмону занони мусалмоне, ки онҳоро намешиносед, дар миёни онҳо набуданд ва бими он набуд, ки онҳоро зери пой кунед ва надониста муртакиби гуноҳ шавед, Худо дасти шуморо аз онҳо бознамедошт. Ва Худо ҳар киро бихоҳад, машмули раҳмати худ гардонад. Агар аз якдигар ҷудо мебуданд, албатта, кофиронашонро ба азобе дардовар азоб мекардем.

26.Он гоҳ ки кофирон тасмим гирифтанд, ки дил ба таъассуб, таъассуби ҷоҳилӣ супоранд (ва тасмим гирифтанд, ки мусалмонон вориди Макка шаванд), Худо низ оромиши Худро бар дили паёмбараш ва мӯъминон фурӯ фиристод ва тақворо лозимашон кард, (ихлос ва итоъати онҳо аз Худо ва расулаш) ки инҳо ба тақво сазовортару шоистатар буданд ва Худо бар ҳар чизе доност!

27.Ҳаройна, Худо хоби паёмбарашро ба ростӣ пайваст, ки гуфта буд: “Агар Худо бихоҳад, эмин гурӯҳе сар тарошида ва гурӯҳе мӯй кӯтоҳ карда, бе ҳеҷ биме ба масҷиду-л-ҳаром дохил мешавед”. Худо чизҳое медонист, ки шумо намедонистед. Ва ҷуз он дар ҳамин наздикӣ фатҳе (фатҳи Хайбар) насиби шумо карда буд.

28.ӯст, ки паёмбарашро ба ҳидоят ба дини ҳақ фиристод, то он динро бар ҳамаи динҳо пирӯз гардонад. Ва Худо барои шоҳидӣ додан кофист!

29.Муҳаммад – паёмбари Худо ва касоне, ки бо ӯ ҳастанд, бар кофирон сахтгиранд ва бо якдигар меҳрубон (яъне, дар муқобили мухолифони динашон сахтгирӣ мекунанд ва дар муқобили мувофиқони дини худ меҳру нармиш ва утуфат нишон медиҳанд, чунки Худованд ба мӯъминон фармон додааст, ки нисбат ба куффор ғализ ва сахтгир бошанд). Ононро бинӣ, ки рукӯъ мекунанд, ба саҷда меоянд (яъне, порсоёни шаб ва шерони рӯз ҳастанд) ва (ба василаи тоъату ибодати Худ) талабкунандаи фазлу хушнудии Худо ҳастанд. Нишонаашон асари саҷдаест, ки бар чеҳраи онҳост5. Ин аст васфашон дар Таврот ва дар Инҷил, ки чун киштзоре ҳастанд, ки ҷавона (хӯша) бизанад ва он ҷавона маҳкам шавад ва бар пояҳои худ биистад ва кишоварзонро ба ҳайрат водорад (мӯъминон низ ҳамин гунаанд ва лаҳзае аз ҳаракат бознамеистанд ва мисли гандум саркашида, хӯша мезананд. Он хӯшаҳо парвариш ёфта, борвар мешаванд. Ин пешрафту қувва ва қудратро Худо насиби мӯъминон мекунад), то он ҷо, ки кофиронро ба хашм оварад. Худо аз миёни онҳо касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба омурзиш ва мукофоте бузург ваъда додааст!

49

Сураи ҲУҶУРОТ1

(ҳуҷраҳо)

Ба номи Худои бахшандаи меҳрубон!

1.Эй касоне, ки имон овардаед, бар Худову паёмбари ӯ пешдастӣ макунед (ҳеҷ ҳукмеро бар ҳукми Худо ва паёмбараш муқаддам масозед ва пеш аз фаҳму дарёфти дастури Худо ва расул дар бораи ҳукм сухане нагӯед ва аз худ ҳукме накунед) ва аз Худо битарсед, зеро Худо шунавову доност (ба гуфтору кирдоратон)!

2.Эй касоне, ки имон овардаед, садои худро аз садои паёмбар баландтар макунед ва ҳамчунон, ки бо якдигар баланд сухан мегӯед, бо ӯ ба овози баланд сухан магӯед, ки аъмолатон ночиз шавад ва шумо огоҳ нашавед.

3.Ҳаройна, касоне, ки дар назди паёмбари Худо садояшонро поин меоваранд, ҳамонҳоянд, ки Худо дилҳояшонро ба тақво озмудааст. Онҳорост омурзишу музди бисёр.

4.Ҳаройна, онҳое, ки аз он сӯи ҳуҷраҳо нидоят медиҳанд, бештарашон намедонанд (ки ту чӣ мақоми волое дар даргоҳи Худо дорӣ ва бояд бо ту боэҳтиром рафтор кунанд).

5.Агар сабр мекарданд, то ту худ берун меомадӣ ва назди онҳо мерафтӣ, албатта, барояшон беҳтар мебуд ва Худо омурзандаи меҳрубон аст!

6.Эй касоне, ки имон овардед, агар фосиқе бароятон хабаре овард, таҳқиқ кунед, мабодо аз рӯи нодонӣ ба мардуме осеб бирасонед, он гоҳ аз коре, ки кардаед, пушаймон шавед.

7.Ва бидонед, ки ҳаройна, паёмбари Худо дар миёни шумост. Агар дар бисёре аз корҳо аз шумо фармон бибарад, ба ранҷ меафтед. Вале Худо имонро маҳбуби шумо сохт ва онро дар дилатон биорост ва куфру фисқу исёнро дар назаратон макрӯҳ гардонид. Инҳо худ роҳёфтагонанд.

8.Бахшишу неъматест аз ҷониби Худо ва Худо донову ҳаким аст!

9.ва агар ду гурӯҳ аз мӯъминон бо якдигар ба ҷанг бархостанд, миёнашон оштӣ афканед. Ва агар як гурӯҳ бар дигаре даст дарозӣ кард, бо он ки дастдарозӣ кардааст, биҷангед, то ба фармони Худо бозгардад. Пас, агар бозгашт, миёнашон сулҳе одилона барқарор кунед ва адолат варзед, ки ҳаройна, Худо одилонро дӯст дорад.

10.Ҳаройна, мӯъминон бародаронанд. Миёни бародаронатон оштӣ бияфканед ва аз Худо битарсед, то ки бар шумо раҳмат орад.

11.Эй касоне, ки имон овардаед, мабод, ки гурӯҳе аз мардон гурӯҳи дигарро масхара кунад, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва мабод, ки гурӯҳе аз занон гурӯҳи дигарро масхара кунад, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва аз ҳам айбҷӯӣ макунед ва якдигарро ба лақабҳои зишт махонед. Бад аст унвони фисқ пас аз имон овардан. Ва касоне, ки тавба намекунанд, худ ситамкоронанд.

12.Эй касоне, ки имон овардаед,аз бисёре аз гумонҳо бипарҳезед. Ҳаройна, баъзе аз гумонҳо дар ҳадди гуноҳ аст. Ва дар корҳои пинҳонии якдигар ҷосусӣ макунед ва аз якдигар ғайбат макунед. Оё ҳеҷ як аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? Пас, онро нохуш хоҳед дошт. Ва аз Худо битарсед, ҳаройна, Худо тавбапазиру меҳрубон аст!

13.Эй мардум, ҳаройна, Мо шуморо аз як марду як зан биёфаридем. Ва шуморо ҷамоъатҳо ва қабилаҳо кардем, то якдигарро бишиносед. Албатта, гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумост. Ҳаройна, Худо огоҳ ва бохабар аст!

14.Арабҳои бодиянишин гуфтанд: «Имон овардем!» Бигӯ: «Имон наёвардаед. Бигӯед, ки таслим шудаем ва ҳанӯз имон дар дилҳоятон дохил нашудааст. Ва агар Худову паёмбарашро итоъат кунед, аз савоби аъмоли шумо кам карда намешавад, ҳаройна, Худо омурзандаву меҳрубон аст».

15.Ҳаройна, мӯъминон касоне ҳастанд, ки ба Худову паёмбари ӯ имон овардаанд ва дигар шак накардаанд ва бо молу ҷони хеш дар роҳи Худо ҷиҳод карданд. Инҳо ростгӯёнанд.

16.Бигӯ: «Оё мехоҳед Худоро аз диндории худ огоҳ кунед? Ҳол он ки Худо аз ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, огоҳ аст ва ӯ ба ҳар чизе дақиқан огоҳ аст!»

17.Аз ин ки ислом овардаанд, бар ту миннат мекунанд. Бигӯ: «Ба хотири исломатон бар ман миннат магузоред, балки Худо ба он сабаб, ки шуморо ба имон роҳ намудааст, бар шумо миннат мениҳад, агар рост мегӯед!»

18.Ҳаройна, Худо ғайби осмонҳову заминро медонад ва ба ҳар коре, ки мекунед, биност!

50

Соседние файлы в предмете [НЕСОРТИРОВАННОЕ]