Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
quran.doc
Скачиваний:
44
Добавлен:
10.04.2015
Размер:
2.47 Mб
Скачать

Сураи саф1

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Худоро тасбеҳ гӯянд ҳар чӣ дар осмонҳову дар замин аст ва ӯст пирӯзманду ҳаким!

2.Эй касоне, ки имон овардаед, чаро суханоне мегӯед2, ки иҷро намекунед?

3.Худованд сахт ба хашм меояд, ки чизеро бигӯеду ба ҷой наёваред.

4.ҳаройна, Худо дӯст дорад касонеро, ки дар роҳи ӯ меҷанганд, саф кашида монанди деворе, ки хиштҳояшонро бо ҳам пайванд дода бошанд.

5.Ва мӯсо ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, чаро маро меозоред, ҳол он ки медонед, ки ҳаройна, ман паёмбари Худо бар шумо ҳастам?» Чун аз ҳақ рӯй гардониданд, Худо низ дилҳояшонро аз ҳақ бигардонид. Ва Худо мардуми нофармонро ҳидоят намекунад.

6.Ва Исо бинни Марям гуфт: « Эй бани Исроил, ҳаройна, ман паёмбари Худо бар шумо ҳастам. Тавротеро, ки пеш аз ман будааст, тасдиқ мекунам ва ба паёмбаре, ки баъд аз ман меояд ва номаш Аҳмад аст, хушхабаратон медиҳам». Чун он паёмбар бо оёти равшани худ омад, гуфтанд: « Ин ҷодуест ошкор!»

7.Кист ситамкортар аз он кас, ки ба Худо дурӯғ мебандад, дар ҳоле ки ӯро ба ислом даъват мекунанд? Ва Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад.

8.Мехоҳанд нури Худоро ба даҳонҳояшон хомӯш кунанд, вале Худо комилкунандаи нури хеш аст, агарчи кофиронро нохуш ояд.

9.ӯст он Худое ки паёмбари Худро ҳамроҳ бо ҳидоят ва дини ростин бифиристод, то ӯро бар ҳамаи динҳо пирӯз гардонад, ҳарчанд мушриконро нохуш ояд.

10.Эй касоне, ки имон овардаед, оё шуморо ба тиҷорате, ки аз азоби дардовар раҳоиятон диҳад, роҳ бинамоям?

11.Ба Худову паёмбараш имон биёваред ва дар роҳи Худо бо молу ҷони хеш ҷиҳод кунед. Ин барои шумо беҳтар аст, агар доно бошед.

12.Гуноҳони шуморо меомурзад ва ба биҳиштҳое, ки дар дарунаш наҳрҳо ҷорист ва низ хонаҳое хушу покиза дар биҳиштҳои ҷовидон дохил мекунад. Ин пирӯзии бузургест.

13.Ва неъмате дигар, ки дӯсташ медоред: нусратест аз ҷониби Худованд ва ба пирӯзии наздик (фатҳи Макка) мӯъминонро хабари хуш деҳ.

14.Эй касоне, ки имон овардаед, ёварони Худо бошед, ҳамчунон ки Исо ибни Марям ба ҳавориён (ёварон) гуфт: «Чӣ касоне ёварони ман дар роҳи Худоянд?» Ҳавориён гуфтанд: « Мо ёварони Худо ҳастем. Пас, гурӯҳе аз бани Исроил имон оварданд ва гурӯҳе кофир шуданд. Мо, касонеро, ки имон оварда буданд, бар зидди душманонашон мадад кардем, то пирӯз шуданд.

62

Сураи Ҷумъа1

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Худоро тасбеҳ гӯянд ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, он фармонравои пок аз айбро, он пирӯзманди ҳакимро!

2.ӯст Худое, ки ба миёни мардуме бесавод паёмбаре аз худашон фиристод, то оёташро бар онҳо бихонад ва онҳоро покиза созад ва китобу ҳикматашон биёмузонад. Агарчи пеш аз он дар гумроҳии ошкор будаанд.

3.Ва бар гурӯҳе дигар (аз бани Одам) аз онҳо, ки ҳанӯз бо онҳо напайвастаанд (яъне, ҳанӯз ба дунё наомадаанд). Ва ӯст пирӯзманду ҳаким!

4.Ин бахшоиши Худост, ки ба ҳар кӣ хоҳад, медиҳад ва Худоро бахшоише бузург аст.

5.Мисоли касоне, ки Таврот ба онҳо дода шуда ва ба он амал намекунанд, мисли он хар аст, ки китобҳоеро ҳамл мекунад. Бад мисолест мисоли мардуме, ки оёти Худоро дурӯғ мешуморидаанд. Ва Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад.

6.Бигӯ: «Эй қавми яҳуд, ҳар гоҳ мепиндоред, ки ҳаройна, шумо дӯстони Худо ҳастед, на мардуми дигар, пас орзуи марг кунед, агар рост мегӯед!»

7.Ва онон ба сабаби аъмоле, ки пеш аз ин кардаанд, ҳаргиз орзуи марг нахоҳанд кард ва Худо ба ситамкорон доност!

8.Бигӯ: «ҳаройна, он марге, ки аз он мегурезед, шуморо, ҳатман, дархоҳад ёфт ва сипас назди он донои ниҳону ошкоро баргардонда мешавед, то ба корҳое, ки кардаед огоҳатон созад.

9.Эй касоне, ки имон овардаед чун азони намози рӯзи ҷумъа гуфта шавад, ба намоз бишитобед2 ва хариду фурӯшро тарк кунед. Агар доно бошед, ин кор (чизе, ки ба иҷрои он дастур дода мешавед) бароятон беҳтар аст.

10.Ва чун намоз поён ёфт, (аз пайи ризқу рӯзӣ) дар замин пароканда шавед ва ризқи Худо талаб кунед ва Худоро (бо дил ва забон) бисёр (натанҳо дар вақтҳои намозҳои панҷ- вақта) ёд кунед3, бошад, ки растагор шавед!

11.Ва чун тиҷорате ё бозие бинанд, пароканда мешаванд ва ба ҷониби он мераванд ва туро ҳамчунон истода раҳо мекунанд4?. Бигӯ: «Он чӣ дар назди Худост, аз бозиву тиҷорат беҳтар аст». Ва Худо беҳтарини рӯзидиҳандагон аст!

63

Сураи МУНОФИҚУН1

(дурӯяҳо)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Чун мунофиқон назди ту оянд, гӯянд: «Шаҳодат (гувоҳӣ) медиҳем, ки ту ҳаройна, паёмбари Худо ҳастӣ». Албатта, Худо медонад, ки ту паёмбараш ҳастӣ ва Худо шаҳодат медиҳад, ки ҳаройна, мунофиқон дурӯғгӯянд.

2.Аз савгандҳои худ сипаре сохтанд ва аз роҳи Худо боздоштанд ва ба ҳақиқат он чӣ мекунанд, нописанд аст.

3.Ин ба он сабаб аст, ки ҳаройна, онҳо имон оварданд, сипас кофир шуданд. Худо низ бар дилҳояшон мӯҳр ниҳод ва онон дарнамеёбанд.

4.Чун онҳоро бубинӣ, туро аз зоҳирашон хуш меояд ва чун сухан бигӯянд, ба суханашон гӯш медиҳӣ. Гӯё ки ҳаройна, онҳо чӯбҳое ҳастанд ба девор такя дода. Ҳар овозеро ба зиёни худ мепиндоранд. Онҳо душманонанд. Аз онҳо ҳазар кун. Худо бикушадашон. Ба куҷо каҷрав мешаванд?

5.Чун ба онҳо гуфта шавад, ки биёед, то паёмбари Худо бароятон омурзиш бихоҳад, сар мепечанд. Мебинӣ, ки рӯйгардониву кибр мекунанд.

6.Тавофуте накунад, чи барояшон омурзиш бихоҳӣ, чи омурзиш нахоҳӣ. Худо нахоҳад омурзидашон. Ва ҳаройна, Худо мардуми нофармонро ҳидоят намекунад!

7.Инҳо ҳамонҳоянд, ки мегӯянд: «Бар онҳо, ки гирди паёмбари Худоянд, чизе надиҳед, то аз гирдаш пароканда шаванд». Ва ҳол он ки хазинаҳои осмонҳову замин аз они Худост, вале мунофиқон намефаҳманд!

8.Мегӯянд: «Чун ба Мадина бозгардем, соҳибони иззат хору залилҳоро аз он ҷо ҳатман берун хоҳанд кард». Иззат аз они Худову паёмбараш ва мӯъминон аст. Вале мунофиқон намедонанд.

9.Эй касоне, ки имон овардед, амволу авлодатон шуморо аз зикри Худо ба худ машғул надорад, ки ҳар кӣ чунин кунад, зиёнкор аст.

10. Аз он чӣ рӯзиятон додем, дар роҳи Худо садақа кунед, пеш аз он ки яке аз шуморо марг фаро расад ва бигӯяд: «Эй Парвардигори ман, чаро марги маро андаке ба дертар наяндохтӣ, то садақа диҳам ва аз шоистагон бошам?»

11.Чун касе аҷалаш фаро расад, Худо марги ӯро ба таъхир (дертар) намеяфканад. Ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!

64

Соседние файлы в предмете [НЕСОРТИРОВАННОЕ]