- •ТарҶумаи Қуръон аз Тафсири Мухтасари хатлонӣ
- •Сураи оли имрон1
- •1. Алиф. Лом. Мим.
- •Сураи анфол1
- •Сураи юнус1
- •Сураи ҳуд 1
- •Сураи юсуф1
- •Сураи иброҳим1
- •Сураи ҳиҷр1
- •Сураи исро1
- •Сураи марям1
- •Сураи ҳаҷ1
- •Сураи МӯЪминун1
- •Сураи фурқон1
- •Сураи шуъаро1
- •Сураи қасас1
- •Сураи луқмон1
- •Сураи саҷда1
- •Сураи сод1
- •(Ҷамоъатҳо)
- •Сураи Фуссилат1
- •Сураи Муҳаммад 1
- •Сураи қоф1
- •Сураи саф1
- •Сураи Ҷумъа1
- •Сураи тағобун1
- •Сураи талоқ1
- •Сураи Қалам1
- •Сураи НӯҲ1
- •Сураи Ҷин1
- •Сураи қиёмат1
- •Сураи Инсон1
- •Сураи набаъ1
- •Сураи мутаффифин1
Сураи тағобун1
(мағбунӣ)
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1.Худоро тасбеҳ мегӯянд ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст. Фармонравоӣ аз они ӯст ва ҳамд сазовори ӯст ва ӯ ба ҳар чизе тавоност!
2.ӯст, ки шуморо биёфарид. Баъзе аз шумо кофир ва баъзе мӯъминанд. Ва корҳое, ки мекунед, мебинад!
3.Осмонҳову заминро барҳақ биёфарид ва шуморо тасвир кард ва некӯ тасвир кард. Ва саранҷоми ҳама ба сӯи ӯст!
4.Ҳар чиро дар осмонҳову замин аст, медонад ва ба он чӣ пинҳон медоред ё ошкор месозед, огоҳ аст. Ва Худо ба ҳар чӣ дар дилҳо мегузарад, олим аст!
5.Оё шуморо хабари касоне, ки аз ин пеш кофир шуда буданд, нарасидааст? Уқубати (ногувори) амалашонро чашиданд ва онҳоро азобе дардовар аст.
6.Ин ба ҷазои он буд, ки ҳаройна, паёмбаронашон бо далелҳои равшан бар онон фиристода шуданд: Ва онҳо гуфтанд: «Оё одамиён моро ҳидоят мекунанд?» Пас, инкор карданд ва рӯй гардониданд ва Худо бениёз асту тавонгар ва сазовори ситоиш аст.
7.Кофирон пиндоштанд, ки онҳо ҳаргиз зинда карда намешаванд. Бигӯ: «оре, ба Парвардигорам савганд, ки шуморо, ҳатман, зинда хоҳад кард, то ба корҳое, ки кардаед, ҳатман, огоҳ созад. Ва ин бар Худо осон аст».
8.Пас, ба Худову паёмбараш ва ин нур, (қуръон) ки нозил кардем, имон биёваред. Ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!
9.Рӯзе, ки ҳамаи шуморо дар маҳшар гирд оварад, он рӯз, рӯзи зиён (барои кофирон ва суд барои мӯъминон) аст. Ва ҳар кӣ ба Худо имон биёварад ва кори шоиста кунад, гуноҳонашро мебахшад ва ба биҳиштҳое, ки дар онҳо наҳрҳо ҷорист, дохил кунад. Он ҷо ҷовидона хоҳад буд. Ин комёбии бузургест!
10. Ва онон, ки куфр варзиданд, ва оёти Моро дурӯғ шумориданд, аҳли оташанд. Дар он ҷовидонаанд ва ҷаҳаннам бад саранҷомест!
11. Ҳеҷ мусибате ҷуз ба фармони Худо ба касе намерасад. Ва ҳар кӣ ба Худо имон биёварад, Худо қалбашро ҳидоят мекунад. Ва Худо ба ҳар чизе доност!
12.Худоро итоъат кунед ва паёмбарро итоъат кунед. Пас, агар шумо рӯй гардонед, ҳаройна, ба фиристодаи Мо вазифае ҷуз расонидани паёми ошкор нест.
13. Худои яктост, ки ҳеҷ Худое барҳақ ҷуз ӯ нест. Пас, мӯъминон бояд бар Худои якто таваккул кунанд.
14. Эй касоне, ки имон овардаед, ҳаройна, баъзе аз занону фарзандонатон душмани шумо ҳастанд. Аз онҳо ҳазар кунед. Ва агар афв кунед ва чашм бипӯшеду гуноҳашонро пӯшида доред, ҳаройна, Худо омурзандаву меҳрубон аст!
15. Ҷуз ин нест, ки амволу авлоди шумо озмоише ҳастанд. Ва ҳол он ки музди фаровон назди Худост.
16. То тавонед, аз Худо битарсед ва гӯш фаро доред ва итоъат кунед ва ба суди (манфиъат) худ аз молатон хайр кунед. Ва онон, ки аз ҳирси нафси хеш дар амон мондаанд, растагоронд.
17. Агар ба Худо қарзу-л-ҳасана (садақа дар роҳи Худо) диҳед, бароятон ду баробараш хоҳад кард. Ва шуморо меомурзад, ки ӯ шукркунандаву (қадршинос) бурдбор аст.
18. Донои ниҳону ошкор аст, пирӯзманду ҳаким аст!
65
Сураи талоқ1
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1.Эй паёмбар агар занонро талоқ медиҳед, ба вақти идда2 талоқашон диҳед. Ва шумори иддаро нигаҳ доред. Ва аз Худои якто- Парвардигоратон битарсед. Ва ононро аз хонаҳояшон берун накунед: Ва аз хона берун нараванд, магар он ки ба ошкоро коре зишт кунанд. Инҳо аҳкоми Худованд аст ва ҳар кӣ аз он таҷовуз кунад, ба худ ситам кардааст. Ту чӣ донӣ, шояд Худо аз ин пас амре тоза падид оварад.
2.Ва чун ба поёни муддат расиданд ё ба ваҷҳе некӯ нигоҳашон доред ё ба ваҷҳе некӯ аз онҳо ҷудо шавед ва ду тани одил аз худатонро ба гувоҳӣ гиред. Ва барои Худо гувоҳиро ба ростӣ адо кунед. Ҳар киро ба Худову рӯзи қиёмат имон дорад, инчунин панд медиҳанд. Ва ҳар кӣ аз Худо битарсад, барои ӯ, барои берун шудан (аз ҳар мушкиле) роҳе қарор хоҳад дод
3.ва аз ҷое, ки гумонашро надорад рӯзияш медиҳад. Ва ҳар кӣ ба Худо таваккул кунад, Худо ӯро кофист. ҳаройна, Худо кори худро ба иҷро мерасонад. Ва ҳар чизро андозае қарор додааст.
4.Агар дар шубҳа ҳастед аз миёни занонатон аз онҳое, ки аз ҳайз маъюс шудаанд ва онҳое, ки ҳанӯз ҳайз надидаанд, иддаашон се моҳ аст ва иддаи занони ҳомила ҳамон вазъи ҳамл (таваллуд) аст. Ва ҳар ки аз Худо битарсад, Худо корашро осон хоҳад кард.
5.Ин фармони Худост, ки бар шумо нозил кардааст. Ва ҳар ки аз Худо битарсад, гуноҳашро аз ӯ дур мекунад ва ӯро подоше бузург медиҳад.
6. ҳар ҷо, ки худ сукунат ихтиёр кардед, онҳоро низ ба қадри тавоноии худ манзил диҳед. Ва ба онҳо зиён нарасонед, то дар машаққат қарорашон диҳед. Ва агар ҳомила буданд, нафақаашонро бидиҳед,то ин ки таваллуд кунанд. Ва агар фарзанди шуморо шир медиҳанд, муздашонро бидиҳед ва бо тарзи некӯ бо якдигар тавофуқ кунед. Ва агар ба тавофуқ нарасидед, аз зани дигар бихоҳед, ки кӯдакро шир диҳад.
7.Ҳар молдоре аз моли худ нафақа диҳад ва касе, ки тангдаст бошад, аз ҳар чӣ Худо ба ӯ додааст, нафақа диҳад. Худо ҳеҷ касро ғайри он андоза, ки ба ӯ додааст, вазифадор намесозад ва ба зудӣ Худо пас аз сахтӣ осонӣ пеш орад.
8.Чӣ басо мардуми деҳае, ки аз фармони Парвардигорашон ва паёмбаронаш саркашӣ карданд. Он гоҳ Мо сахт ба ҳисобашон расидем ва ба азобе вазнин азобашон кардем.
9.Пас, уқубати амали худро чашиданд. Оқибати корашон зиёнкорӣ буд.
10. Худованд барояшон азобе сахт омода кард. Пас, эй хирадмандоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед. Худо бар шумо Қуръонро нозил кардааст.
11. Ва паёмбаре, ки оёти равшани Худоро бароятон мехонад, то касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, аз торикӣ ба рӯшноӣ оварад ва ҳар киро ба Худо имон оварад ва коре шоиста кунад, ба биҳиштҳое медаровард, ки дар онҳо наҳрҳо ҷорист, ҳамеша дар он ҷо бимонанд ва Худо рӯзияшонро неку гардонад.
12. Худост, ки ҳафт осмону монанди онҳо замин биёфарид. Фармони ӯ миёни осмонҳову замин ҷорист, то бидонед, ки ҳаройна, Худо ба ҳар чиз қодир аст ва ҳаройна, ба илм бар ҳама чиз иҳота дорад.
67
Сураи ТАҲРИМ1
(ҳаром кардан)
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1.Эй паёмбар, чаро чизеро, ки Худо бар ту ҳалол кардааст, ба хотири хушнуд сохтани занонат бар худ ҳаром мекунӣ? Ва Худо омурзанда ва меҳрубон аст!
2.Худо барои шумо кушодани савгандҳоятонро муқаррар доштааст. Худост ёвари шумо, ӯст донову ҳаким!
3.Он гоҳ ки паёмбар бо яке аз занони худ розе дар миён ниҳод, чун он зан он роз бо дигаре боз гуфт, Худо паёмбарро аз он огоҳ сохт ва ӯ баъзе аз он розро бар он зан ошкор кард ва аз ифшои пораи дигар худдорӣ кард. Чун ӯро аз он хабар дод, гуфт: «Чӣ касе туро аз ин моҷаро огоҳ кардааст?» Гуфт: «Он Худои донои огоҳ ба ман хабар додааст».
4.Агар шумо ду зан тавба кунед, беҳтар аст, зеро дилҳоятон аз ҳақ (каме) бозгаштааст. Ва агар барои озораш ҳамдаст шавед, Худо ёвари ӯст ва низ Ҷабраил ва мӯъминони шоиставу фариштагон аз он пас ёвари он хоҳанд буд.
5.Шояд агар шуморо талоқ гӯянд, Парвардигораш ба ҷойи шумо заноне беҳтар аз шумо барояш бидиҳад. Заноне мусалмон, мӯъмин, фармонбардор, тавбакунанда, аҳли ибодату рӯзагир, хоҳ шавҳар карда, хоҳ бокира.
6.Эй касоне, ки имон овардаед, худ ва хонаводаи худро аз оташе, ки ҳезуми он мардум ва сангҳо ҳастанд, нигаҳ доред. Фариштагоне дуруштгуфтору сахтгир бар он оташ муваккаланд (гумоштаанд). Ҳар чӣ Худо бигӯяд, нофармонӣ намекунанд ва ҳамон мекунанд, ки ба он амр шудаанд.
7.Эй кофирон, дар он рӯз узр махоҳед. Фақат барои коре, ки кардаед, ҷазо дода мешавед.
8.Эй касоне, ки имон овардаед, ба даргоҳи Худо тавба кунед, тавбае аз рӯи ихлос. Бошад, ки Парвардигоратон гуноҳонатонро маҳв (дур) кунад ва шуморо ба биҳиштҳое дохил кунад, ки дар он наҳрҳо ҷорист. Дар он рӯз Худо паёмбар ва касонеро, ки бо ҳамроҳии ӯ имон овардаанд, хору зор накунад ва нурашон пешопеш аз самти росташон дар ҳаракат бошад. Мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, нури моро барои мо ба камол расон ва моро биёмурз, ки ҳаройна, ту бар ҳар коре тавоно ҳастӣ!»
9.Эй Паёмбар, бар кофирону мунофиқон ҷиҳод кун ва бар онҳо сахт бигир. Ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст, ки бад саранҷомест!
10. Худо барои кофирон мисоли зани Нӯҳу зани Лутро меоварад, ки ҳар ду дар никоҳи ду тан аз бандагони солеҳи Мо буданд ва ба он ду хиёнат карданд. Ва онҳо натавонистанд аз занони худ дафъи азоб кунанд ва гуфта шуд: «Бо дигарон ба оташ дароед!»
11. Ва Худо барои касоне, ки имон овардаанд, зани Фиръавнро мисол меорад, он гоҳ ки гуфт: «Эй Парвардигори ман, барои ман дар биҳишт назди худ хонае бино кун ва маро аз Фиръавн ва амалаш наҷот деҳ, маро аз мардуми ситамкор бираҳон!»
12. Ва Марям духтари Имронро, ки шармгоҳи хешро аз зино нигаҳ дошт ва Мо аз рӯҳи Худ дар он дамидем. Ва ӯ калимоти Парвардигори худ ва китобҳояшро тасдиқ кард. Ва ӯ аз фармонбардорон буд.
13.Чи ба роз сухан гӯед ва чи ошкоро, ҳаройна, ӯ ба ҳар чӣ дар дилҳо мегузарад доност.
14.Оё он зоте, ки (махлуқотро) офарида намедонад? Ҳол он ки ӯ борикбину огоҳ аст.
15.ӯст, ки заминро роми шумо гардонид. Пас, ба рӯӣ он сайр кунед ва аз ризқи Худо бихӯред. Чун аз қабр берун оед, ба сӯи ӯ меравед.
16.Оё аз он зоте, ки дар осмон аст, эмин нишастаед, ки шуморо дар замин фурӯ барад, пас ногаҳон замин меларзад.
17.Ё аз он зоте, ки дар осмон аст, эмин нишастаед, ки ногоҳ боде ҳамроҳ ба сангрез бар сари шумо фиристад? Ба зудӣ хоҳед донист, ки бим додани Ман чӣ гуна аст.
18. Албатта, касоне, ки пеш аз онҳо буданд, паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд. Пас, азоби ман чӣ гуна буд!
19. Оё паррандагонеро, ки бол кушуда ва бол кашида бар болои сарашон дар парвозанд, надидаанд? Онҳоро ҷуз Худои раҳмон касе дар ҳаво нигоҳ натавонад дошт. ҳаройна, ӯст, ки ба ҳама чиз биност!
20. Оё онон, ки ёрони шумоянд, тавонанд дар боробари Худо ёриатон кунанд? Кофирон дар фиребе беш нестанд.
21. Оё кист он зоте, ки ба шумо рӯзӣ диҳад, агар ӯ рӯзии хеш боздорад? Балки, дар саркашиву дурӣ аз ҳақ пойдор меистанд.
22. Оё он касе, ки нагунсор (хамшуда) ба рӯй афтода роҳ меравад, ҳидоятёбандатар аст ё он ки бар пой истода ва ба роҳи рост меравад?
23. Бигӯ: «ӯст, ки шуморо офаридааст ва гӯшу чашму дил додааст. Чӣ андак шукр мегузоред!»
24. Бигӯ: «ӯст, ки шуморо дар замин офарид ва дар қиёмат назди ӯ гирд оварда мешавед».
25. Мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда чӣ вақт фаро мерасад?»
26. Бигӯ: «ҳаройна, илми он (қиёмат) назди Худост ва ҳаройна, ман бимдиҳандае ошкорам».
27.Пас, чун кофирон онро (азоби қиёматро) наздик бубинанд (аз дидани азоб), чеҳраашон гирифта шавад (ва ҳоли инсонеро пайдо мекунанд, ки ӯро ба қатлгоҳ мебаранд). Ва ба онҳо гуфта мешавад: «Ин аст он чӣ ботилаш мехондед (ва ба фаро расидан ва дидани он шитоб меварзидед)!»
28.Бигӯ: «Хабар диҳед, ки агар (фаразан) Худо марову ҳамроҳонамро (ки имон овардаанд) ҳалок кунад ё бар мо раҳмат оварад, чӣ касе кофиронро аз азоби дардовар мераҳонад2?»
29.Бигӯ: «ӯ Худои раҳмон, аст ба ӯ имон овардем ва бар ӯ таваккул кардем. Ва ба зудӣ, хоҳед донист, ки чӣ касе дар гумроҳии ошкор аст!»
30.Бигӯ: «Хабар диҳед, агар обатон дар замин фурӯ равад, чӣ касе шуморо оби равон хоҳад дод?»
68
