- •Низомномаи намунавии низоми кредитии тањсилот дар муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон
- •1.Ќоидањои умумї
- •2.Мафњумњои асосї
- •3.Банаќшагирї ва ташкили раванди таълим
- •4.Низоми назорат ва бањодињї ба дараљаи азхудкунии фанњо
- •Љадвали муайян намудани ифодаи њуруфї ва ададии бањои донишљў
- •Тарзи њисоби холи умумии миёнаи (gpa)-и донишљў дар семестр
- •5.Ташкили корњои мустаќилонаи донишљў бо роњбарии омўзгор
- •6. Тартиби иљро ва њимояи лоиња ва корњои курсї
- •7. Тартиб ва ташкили раванди сессияи имтињонї
- •8. Апеллятсия ва тартиби гузаронидани он
- •9.Тартиби бартараф намудани ќарзњои академї
- •10. Тартиби ташкил ва гузаронидани триместр (семестри иловагї)
- •11. Тартиби бартараф намудани фарќияти академї
- •12.Тартиби гузаронидани таљрибаомўзї
- •13.Тартиби хориљ, барќароркунї ва интиќоли донишљў
- •14.Фаъолияти маркази баќайдгирї ва машварат
- •15.Фаъолияти хадамоти мушовирони академї (эдвайзерњо)
- •16.Њуќуќ ва уњдадорињои донишљў
- •17.Пардохти маблаѓи тањсил
15.Фаъолияти хадамоти мушовирони академї (эдвайзерњо)
138.Бо маќсади расонидани кўмак ба донишљў дар муайян намудани самт (траектория)-и тањсилоти ў ва амалї гардонидани он дар факултетњо хадамоти мушовирони академї ташкил карда мешавад.
139.Хадамоти мушовирони академї дар назди факултет ташкил карда шуда, бевосита ба садорати факултет итоат мекунад. Шумораи мушовирони академї дар љадвали воњидњои корї вобаста ба миќдори донишљўён муайян карда мешавад. Ба њар як мушовири академї то 200 донишљў вобаста карда мешавад.
140.Мушовири академї фаъолияти худро дар доираи на зиёда аз як ё ду ихтисоси як равия ташкил намуда, донишљўёнро аз курси аввал то курси нињої роњбаладї менамояд.
141.Вазифаи мушовири академї (эдвайзер)-ро корманде ишѓол карда метавонад, ки дар муассисаи тањсилоти олии касбї дорои таљрибаи ѓании корї буда, мазмуну мундариљаи наќшањои таълимї ва раванди таълимро аз рўи самт (ихтисос)-њо ба хубї дарк намояд ва ба донишљў љињати муайян намудани самт (траектория)-и тањсилот, ташаккули наќшаи таълимии фардии ў, интихоби фанњо ва омўзгорон маслињатњои муфид дода тавонад.
142.Мушовири академї дар мувофиќа бо садорати факултет ва муовини ректор оид ба таълим тибќи фармоиши ректори муассисаи тањсилоти олии касбї ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
143.Муассисаи тањсилоти олии касбї вазифадор аст, ки дар љадвали воњидњои корї вазифаи мушовири академї (эдвайзер)-ро њамчун вазифаи иловагї ба фаъолияти асосии омўзгор бо муќаррар намудани музди мењнати иловагї дар њаљми 25-35%-и моњонаи асосии ў ё њамчун вазифаи озод пешбинї намояд. Дар њолати охирин музди мењнати мушовири академї дар сатњи на камтар аз музди мењнати миёнаи омўзгорони факултет муќаррар карда мешавад. Мушовири академї бояд њатман аъзои Шўрои методии факултет бошад;
144.Мушовири академї чунин вазифањоро иљро мекунад:
-манфиати донишљўро дар муассисаи тањсилоти олии касбї тибќи ќонунгузории амалкунандаи Љумњурии Тољикистон њифз менамояд;
-тамоми маълумоти заруриро оид ба раванди таълим барои донишљўён омода намуда, онњоро дар тахтаи эълонњо ва сомонаи муассисаи тањсилоти олии касбї љойгир мекунад;
-бо маќсади ба таври самаранок тањия намудани наќшањои таълимии фардї бо донишљўён машваратњои гуруњї ва фардї мегузаронад;
-ќабули наќшањои таълимии фардии донишљўёнро дар мўњлати муќарраршуда ташкил намуда, дар тартиб додани наќшањои таълимии кории самт (ихтисос)-њои муассисаи тањсилоти олии касбї ширкат меварзад;
-ба ворид намудани таѓйирот дар наќшањои таълимии фардии донишљўён дар мўњлати муќарраршуда мусоидат менамояд;
-дар љаласањои садорати факултет, ки масъалањои азхудкунии барномањои таълимии фанњо ва маќоми академии донишљўён муњокима карда мешаванд, ширкат меварзад;
-тањияи сариваќтї ва мављудияти тамоми маводи таълимию методиро аз рўи самт (ихтисос)-њои алоњида назорат мекунад;
-иљрои ќоидањои ќабули санљишњои љорї, имтињонњои фосилави якум ва дуюмро аз тамоми фанњо мавриди омўзиш ќарор дода, дар муайян намудани азхудкунии барномаи таълимии фанњо аз љониби донишљўён дар кори комиссияи назоратии назди раёсати муассисаи тањсилоти олии касбї њамчун аъзои фаъоли он иштирок менамояд;
-дар давоми соли тањсил гузаронидани машваратњои академиро бо донишљўён дар наќшаи кории худ мунтаззам пешбинї намуда, онро амалї мегардонад.
145.Мушовири академї уњдадор аст, ки њар сол тахассуси худро оид ба технологияи кредитии таълим такмил дињад.
