- •Низомномаи намунавии низоми кредитии тањсилот дар муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон
- •1.Ќоидањои умумї
- •2.Мафњумњои асосї
- •3.Банаќшагирї ва ташкили раванди таълим
- •4.Низоми назорат ва бањодињї ба дараљаи азхудкунии фанњо
- •Љадвали муайян намудани ифодаи њуруфї ва ададии бањои донишљў
- •Тарзи њисоби холи умумии миёнаи (gpa)-и донишљў дар семестр
- •5.Ташкили корњои мустаќилонаи донишљў бо роњбарии омўзгор
- •6. Тартиби иљро ва њимояи лоиња ва корњои курсї
- •7. Тартиб ва ташкили раванди сессияи имтињонї
- •8. Апеллятсия ва тартиби гузаронидани он
- •9.Тартиби бартараф намудани ќарзњои академї
- •10. Тартиби ташкил ва гузаронидани триместр (семестри иловагї)
- •11. Тартиби бартараф намудани фарќияти академї
- •12.Тартиби гузаронидани таљрибаомўзї
- •13.Тартиби хориљ, барќароркунї ва интиќоли донишљў
- •14.Фаъолияти маркази баќайдгирї ва машварат
- •15.Фаъолияти хадамоти мушовирони академї (эдвайзерњо)
- •16.Њуќуќ ва уњдадорињои донишљў
- •17.Пардохти маблаѓи тањсил
14.Фаъолияти маркази баќайдгирї ва машварат
131.Маркази баќайдгирї ва машварат - сохторест, ки тамоми маълумотро оид ба дастовардњои таълимии донишљўён дар давраи тањсил ба ќайд мегирад.
132.Самтњои асосии фаъолияти маркази баќайдгирї ва машварат:
-тањияи таќвими академї ва назорати риояи ќатъии он;
-тањияи роњнамои донишљў;
-омода намудани намунањо (шаклњо)-и гуногуни њуљљатњо барои баќайдгирии донишљўён, омўзгорони фаннї ва фанњои таълимї тибќи наќшањои таълимии намунавї, корї ва фардї;
-ташкили баќайдгирии њамасола ва рамзгузории донишљўён љињати омўзиши фанњои њатмї ва интихобї, интихоби омўзгорони фаннї дар якљоягї бо мушовирони академї;
- гузаронидан чорабинињо оид ба ташкил ва назорат аз рўи татбиќи низоми холдињї-рейтингї дар раванди таълим ва баргузории сессияњои имтињонї;
-ташкили љамъгурўњњои академї (патокњо) љињати гузаронидани машѓулиятњои лексионї аз рўи натиљањои баќайдгирї, интихоби фанњо ва омўзгорони фаннї аз љониби донишљўён;
-назорати раванди, имтињонњои фосилави якум ва дуюм ва љамъбастї;
-таъмини донишљўён бо санадњои меъёрии њуќуќї;
-љамъбасти натиљањои имтињонњои фосилавї (рейтингњои 1 ва 2) ва љамъбастї;
-муайян намудани натиљањои дараљаи азхудкунии барномањои таълимии фанњо аз љониби донишљўён ва барои тањлил ва чораљўї пешнињод намудани онњо ба садорати факултетњо;
-муайян намудани холи умумии миёнаи бадастоварда (GPA)-и донишљўён дар асоси љамъбасти њар як давраи академї (семестр) ва њолати мувофиќати намудани он ба меъёрњои дар барнди 57-и Ниомнома љињати аз курс ба курс гузаронидани онњо муќарраршуда;
-бо маќсади тањлил, чораљўї ва ќабули ќарорњои дахлдор ба ќисми таълим ва садорати факултетњо пешнињод намудани рўйхати донишљўёне, ки аз фанњои алоњида бањои F (Fx) гирифтанд ё холи умумии миёнаи бадастоварда (GPA)-и онњо аз меъёри холи умумии миёна (GPA)-и дар банди 57-и Низомномаи мазкур муќарраршуда паст аст;
-ташкили триместр ва љамъбасти натиљањои он;
-тањия ва ба расмият даровардани транскрипт (маълумотномаи академї), замимаи диплом барои њар як донишљў;
-ба расмият даровардани наќшањои таълимии фардии донишљўён ва дар муњлатњои муќарраршуда ворид намудани таѓйироту иловањо ба онњо;
-дар асоси тањлили натиљањои имтињонњои фосилави якум ва дуюм ба садорати факултет пешнињод намудани рўйхати донишљўён љињати омодасозии лоињаи фармоиш оид ба роњ додани онњо ба сессияи имтињонї;
-ба садорати факултет пешнињод намудани рўйхати донишљўён барои тањияи лоињаи фармоиш љињати аз курс ба курс гузаронидани донишљўён дар асоси натиљањои сессияњои имтињонї ва холи умумии миёнаи бадастоварда (GPA)-и онњо.
133.Маркази баќайдгирї ва машварат вобаста ба љойгиршавии факултетњо ба таври муттамарказ њамчун сохтори таркибии ќисми таълим, таъсис дода мешавад.
134.Њайати кормандони маркази баќайдгирї ва машварат аз сардори марказ ва мутахассисон (баќайдгирандагон) иборат аст.
135.Роњбарии бевоситаи маркази баќайдгирї ва машваратро сардори марказ ба ўњда дорад, ки бо пешнињоди муовини ректор оид ба таълим аз љониби ректор ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
136.Сардори маркази баќайдгирї ва машварат кори марказро ташкил намуда, барои фаъолияти он пурра љавобгў мебошад.
137.Фаъолияти маркази баќайдгирї ва машварат њамасола дар Шўрои олимони муассисаи тањсилоти олии касбї мавриди баррасї ва муњокима ќарор дода мешавад.
