Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
кори семестри №1.doc
Скачиваний:
0
Добавлен:
01.05.2025
Размер:
238.08 Кб
Скачать

Халли холатхо доир ба мавзуи “Ташкилот ва чузъхои он”

3.1

Ба сухбат наздатон зердастатон хозир мешавад, ки шумо ба зиммаи вай назорати карори мухимро гузошта будед. Вай исбот мекунад, ки дар як вакт хам кори чории худ ва хам назорати шахсони дигарро ичро намудан номумкин аст ва талаб мекунад, ки барои кори иловаги ба у мукофоти пули дода шавад. Шумо аник медонед, ки фаъолияти асосии корманди мазкур нисфи рузи кори уро ташкил медихад. Шумо:

а) бо фикри у рози шуда, мукофоти пули медихед;

б) ба кумаки у якчанд ёрдамчи медихед ва мукофотпулиро байни онхо таксим менамоед;

в) талаботхои уро рад мекунед ва бо маълумотхои машаххас ба мукофотпули сазовор набуданашро мефахмонед;

г) кори уро ба дигар корманд мефармоед.

Аз карорхои дар боло кайд шуда мувофикашро интихоб намоед ва ё акидаи хешро баён созед.

3.2

Шумо – рохбари корхонаи калони сохтмони. Дар навбати аввал шумо хама вакт корхои зарурро ичро мекунед. Шумо мекушед, ки масъалахои мухимро мустакилона хал намоед, аз ин сабаб вакти зиёди кори хешро ба он сарф мекунед, вале кисми корхо «дар руи миз» мемонанд. Холати зеринро чи тавр хал намудан тмумкин аст?

3.3

Шумо хис мекунед, ки кори ба як руз ба накша гирифтаатонро дар вакташ то ба охир расонида наметавонед. Илова бар он, ки то ин дам шумо ичро кардед, боз бо рохбарони шуъбахо мачлис бояд гузаронед, ба сафари хидмати бо тайёра чипта харидан лозим, ба тахвили мол фармоиш додан ва бо коргарон оиди чори намудани технологияи нав дар истехсолот вохури гузаронида лозим буд. Дар ин холат шум очи кор мекунед:

а) мекушед то тез хамаашро худатон ичро кунед?

б) баъзе корхоро ба котиба ё ёрдамчиатон месупоред?

в) Корхои ичронагаштаро ба рузи дигар мегузаронед?

Карори интихобкардаатонро шарх дихед.

3.4

Бо рохбарони шуъбахо мачлис ба накша гирифта шудааст, вале дар ин «хаос» шумо хуччатхои лозимаро барои гузаронидани мачлис намеёбед. Дар ин холат шум очи кор мекунед?

3.5

Проблемахои зиёд бо саломати аз нафасгирии нодуруст ва мачбуркунихои пургавго пайдо мешаванд. Кадом системаи нафаскаширо барои амали доими Шумо интихоб мекунед (нафаскашӣ мувоффики Бутейко, сахаҷи – йога, сигун)? Оё шумо харруз ба хавои тоза мебароед, оромиро гуш карда метавонед ва дар ботини худ оромиро сохта метавонед? Фикр кунед, ки дар хаётатон чиро бояд тагйир дод, то ки кувва зиёд, осудагӣ ва саломатро пайдо кунед?

3.6

Шумо ба зиммаи зердастатон, бригадири корхонаи таъмири, чавобгарии таълими коргарони чавонро гузоштед. Барои ин шумо ба вай хукукхои муайянро додед. Баъди гузаштани якчанд вакт, хангоми аз наздикии ин коргох гузар карданатон, шумо шохиди чунин ходиса мешавед, ки чи тавр у бо коргари нав машгул аст ва муайян мекунед, ки у тамоман нодуруст амал мекунад Шумо чи хел рафтор мекунед?

3.7

Ширкати шумо ба неки аз бухрони иктисоди баромад вахолати молиявии он бех аст. Лекин шумо дидед, ки шавки пештара ва кушиши коргрон паст шуд, дар пеш – намоиши байналхалки ва барои шумо чун хечвакт гурухи касби лози аст. Бо кадом тарз Шумо рухи кории коргаронро мебардоред?.

3.8

Дар конвейери чамъкунанда чои холишударо коргари чавон ишгол намуд. У кувваи зиёдро мекунад, то ки равиши корро аз дугрнахои наваш омузад. Ба хамаи кушишхояш нигох накарда, у мисли дигар аъзоёни бригада кор карда наметавонад ва додани чузъхоро боз медорад. Коркунон асаби шуданд ва дар бригада низоъ сар зад.

Соседние файлы в предмете [НЕСОРТИРОВАННОЕ]