Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
кори семестри №1.doc
Скачиваний:
0
Добавлен:
01.05.2025
Размер:
238.08 Кб
Скачать

ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКИИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН

ба номи академик М.Осимӣ

Факултети «Мухандиси-иктисоди»

Кафедраи «Иктисодиет ва идора»

Дастури методӣ

оид ба иҷрои кори семестрии №1

барои донишчуёни бахши 2_25.01тб

аз фанни «Менечмент»

Тартибдиҳанда: Файзиева П.У.

ХУЧАНД-2013

Дар чаласаи кафедраи

«Иктисодиёт ва идора»

тасдик карда шудааст.

суратчаласаи №_ аз санаи ________2013с

мудири кафедра Баходурова С.А.__________

Дастурамал оид ба ичрои кори семестрии №1

Кори семестрии 1 аз намудхои мисол масъалаҳое, ки мавзӯъҳои барномаи таълимиро дарбар мегирад иборат аст.

Номгӯи вазифаҳо аз дараҷаи дониши донишҷӯ вобаста аст. Хар донишчу бояд раками ки дар журнал ба кайд гирифта шудааст, ба хар яки киматхое ки дар масъалахо оварда шудааст, бояд чамъ намояд.Баъди халли хар як масъалахо донишчу бояд хулосаи худро оиди натичаи халли масъалахо иброз намояд. Дар натичаи ичрои корхои семестри донишчу бояд ба меъёрхои санчишие, ки аз тарафи кафедра чори карда шудааст, риоя намояд.

Кисми 1 (назарияви)

  1. Менечмент чист?

  2. Максадхои асосии менечмент аз чи иборат аст?

  3. Вазифахои менечментро номбар кунед

  4. Мохияти принсипхои А.Файол дар чист

  5. Ба тарики хронологи мактабхои идоракуниро номбар кунед

  6. Принсипхои асосии мактаби илмии идоракуниро номбар кунед

  7. Асосгузори мактаби маъмурии идоракуни ки буд?

  8. Намояндагони мактаби муносибатхои инсониро номбар кунед

  9. Ташкилот (корхона) чист?

  10. Ба кадом талаботхо ташкилот бояд чавобгу бошад

  11. Намудхои ташкилотро номбар кунед

  12. Гуруххои расми ва гайрирасми чист?

  13. Менечер кист?

  14. Сатххои идоракуниро номбар кунед

  15. Амалиётхои базавии менечер

  16. Накшахои менечментро номбар кунед

  17. Муносибатхои идоракуниро номбар кунед

  18. Мохияти муносибати идоракунии чараёни

  19. Мохияти муносибати идоракунии системави

  20. Мохияти муносибати идоракунии холати

  21. Намудхои банакшагириро номбар кунед

  22. Банакшагирии стратеги чист?

  23. Функсияхои асоси ва алокамандкунии менечмент

  24. Зинахои банакшагирии стратеги номбар кунед

  25. Функсияхои созмондихи чист?

  26. Функсияхои назорат чист?

  27. Таксимоти вазифа(делегирование), ухдадори чист?

  28. Чанд намудхои назорат вучуд дорад?

  29. Муҳити таъсиррасонии мустақим чист?

  30. Муҳити таъсиррасонии ғайримустақим чист?

  31. Характеристикаи муҳити берунаи ташкилот чист?

  32. Чанд намуди муҳити беруна вучуд дорад?

  33. Тағйирёбандаҳои дохилӣ чист?

  34. Сохтори ташкилот чист?

  35. Ташхиси идоравӣ чист?

  36. Тахлили холати молияви чист?

Халли холатхо доир ба мавзуи « Мукаддима. Мафхумхои асосии менечмент»

1.1

Холати 1

Каримова Марҳабо дар ташкилот 15-сол фаъолият бурд, аммо аз сабаби қарори роҳбар оиди аз кор хориҷнамоии коргарон ӯ ва 400 нафар ҳамкорони ӯро аз кор хориҷ карданд. Марҳабо маҷбур шуд, ки ҷои кори навро кобад, аммо он ягон натиҷа надод. Рӯзе ӯ ногаҳон дар рӯзнома эълонеро хонд, ки дар он имконияти пайдо намудани корро дошт. Вай дар якчанд хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ кор карда сабзазори онро тоза намуд.

Рӯзе вай ба қарор омад, ки кори худро кушода, бо нигоҳубини сабзазор машғул мегардад.

Вай хело хушнуд буд, ки дигар ҷои кори навро намекобад ва худаш хӯҷаини худ мебошад.

Дар аввал кораш нисбатан суст буда, аммо рафта –рафта одамон Марҳаборо медонистагӣ шуданду ӯро ба ҳавлии худ даъват мекарданд. Кор ҳамин хел хуб буд, ки вай ду ёрдамчиро ба кор гирифт, ҳангоми доштани хоҳиш вай метавонист фаъолияташро васеъ намояд.

Саволҳо барои муҳокима.

  1. Ба фикри Шумо Марҳабо менеҷер аст ё соҳибкор?

  2. Оё Марҳабо менеҷери истеҳсолии бизнеси худ ба ҳисоб меравад?

  3. Бартарии ҳар як варианте, ки Марҳабо ҳангоми дида баромадани муаммоҳои зерин ба инобат гирифт:

-дар ташкилот кор кардан ё дар дасти худ?

-кори худро васеъ намояд ё не?

1.2

Холати 2

Голибият дар бозии компутери

Компутер дар замони муосир нишони оянда ва бизнеси аз хама тез инкишофёбанда ба хисоб меравад, аз ин сабаб 2 ширкат дар ин соха ба ракобат баромаданд. Ширкати А – яке аз корпоратсияхои калонтарини амрикои, ки дар сохаи электроника чои хешро ишгол намудааст. Вай дар ихтиёри худ садхо миллион доллар дорад, то ки ба ин кор маблаггузори кунад, барои тадкикоти бозор сарф кунад, диккати мутахассисони бехтарини техникиро чалб кунад, барои сохтмони заводи нав ва хуб тачхизотонидашуда сарф кунад.

Ширкати Б – ин хамаги ду нафар мебошанд, ки хатто донишгохро тарх карда буданд. Хамаи тачрибаи онхо дар сохаи электроника дар фуруши «куттичахои кабуд» - тачхизот барои гуфтугуи гайриконунии бепули байнишахрхо, изхор мегашт. Пеш аз огози коркарди мошинаи худ онхо барои тадкикот ягон маблаг сарф намекунанд. Сармояи аввалини онхо хамаги як калкулятори киссаги ва 1300 доллар, ки аз фуруши автобуси «Фолксваген» ба даст оварда буданд, иборат буд. Штаби онхо – хонаи яке аз онхо, «конвейер»-и истехсолкуни дар гараж буд. Кадоме аз ширкатхо инкишофёбанда- ширкати А ё Б?

1.3

Холати 3

Номи баланд дар савдои чакана

Ин ширкат дар маркетинг ва савдои чакана навташкил аст. Вай яке аз компанияхои аввалинест, ки коркард ва хариди махсулотро мувофики хохиши муштариёни худ чори намудааст. Шояд, махз ба у магозаи аввалини универсали тааллук дошта бошад, дар кучое вай аввалин маротиба акидаи худро ба рох монд: ба харидор пешниход намудани интихоби васеи махсулот, ки кисми зиёди он мувофики хохиши вай тайёр шуда буд.

Ин сети магозахои инкишофёфта , ки бо сиёсати зерини худ машхур аст: «Мо маблагатонро бармегардонем, суоле надода». Баъди чандин дахсолахо ширкати калонтарини савдои чакана гаштааст. Дар бораи кадом компания сухан меравад?

1.4.

Холати 4

Номи баланд дар савдои чакана

Ин ширкат дар маркетинг ва савдои чакана навташкил аст. Вай яке аз компанияхои аввалинест, ки коркард ва хариди махсулотро мувофики хохиши муштариёни худ чори намудааст. Шояд, махз ба у магозаи аввалини универсали тааллук дошта бошад, дар кучое вай аввалин маротиба акидаи худро ба рох монд: ба харидор пешниход намудани интихоби васеи махсулот, ки кисми зиёди он мувофики хохиши вай тайёр шуда буд.

Ин сети магозахои инкишофёфта , ки бо сиёсати зерини худ машхур аст: «Мо маблагатонро бармегардонем, суоле надода». Баъди чандин дахсолахо ширкати калонтарини савдои чакана гаштааст. Дар бораи кадом компания сухан меравад?

1.5

Холати 5

Сардори бевоситаи шумо, бе иштироки шумо, ба зердасти шумо ичрои тези вазифаеро месупорад. Зердасти шумо машгули ичрои вазифаи супоридаатон буд. Шумо ва сардоратон вазифахои супоридаатонро мухим мехисобед. Халли бехтарини барои Шумо пешниход шударо интихоб намоед:

а) вазифаи сардорро мубохиса накарда , сахтгирона мартабаи вазифагиро риоя менамоям ва ба тобеам таклиф менамоям, ки кори чориро ба дертар во гузорад;

б) хамааш аз он вобаста аст, ки то чи дарача сардорам барои ман шахси обруманд аст;

в) ба тобеам норозигиамро оиди вазифаи супоридаи сардорам баён мекунам, уро огоҳ мекунам, ки минбаъд дар чунин холатхо вазифаи бе розигии манн супоридаи уро манъ мекунам;

г) барои пешрафти кор таклиф менамоям, ки тобеам кори огозкардаашро анчом дихад.

1.6

Холати 6

Директори яке аз ширкатхои калонтарин вазифахои худро байни зердасташ таксим(делегировал) намуд. Итоаткунанда бояд ба вохурии мухим бо фармоянда равад ва шартномаи хеле мухимро баста ояд. Директор дар салохияти ин коргар ва кобилиятноки у бовари дошт. Ногахон директор бохабар мешавад, ки зердасташ аз хад зиёд кушида, хамаашро вайрон кардааст. Директор ӯро ба наздаш даъват мекунад ва мегӯяд……

1.7

Холати 7

Шумо – менечери асосии ширкати номдор ва кушиш доред, ки шартномаро ба маблаги калони фуруш бо як корхона ба имзо расонед. Дар рафти мулокот маълум мешавад, ки

намояндаи харидор барои худ кори бехтарро мечуяд. Шумо хохиши уро ба кор гирифтан надоред, вале агар шумо оиди чунин имконият доштанатон ба у маълум созед, вай ин фармоишро ба ширкати шумо медихад?

Шумо чи тавр рафтор мекунед? Барои чи?

1.8

Холати 8

Шумо – менечери ширкати сайёхи. Зане ба наздатон омад, ки хохиши дар Гретсия истирохат намуданро дорад. Шумо сайри гарм ба Изроил ба бахри Мурда доред. Зан душвори бо фишори баланди хун дорад. Шумо медонед, ки чунин шахсон ба бахри Мурда рафтанашон номумкин аст. Шумо чи тавр амал мекунед?

Соседние файлы в предмете [НЕСОРТИРОВАННОЕ]