Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2040
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 386. Сигаи эхтимолии феъл дар бораи вокеъ шудан ё нашудани амалу холат аз руи тахмин, эхтимол, гумон ва шубха сухан кардани гуяндаро мефахмонад.

Шаклу воситахои ифодаи сигаи эхтимолй низ гуногун буда, за­мони гузашта, хозира ва оянда доранд. Маънии замонии ин гуна шакл­хои феълй хам вобаста ба сохту таркиби опхо, сохти чумла ва оханги сухан ифода меёбад.

Шакли маъмулу серистеъмоли сигаи эхтимолй аз сифати феълй гирифта мешавад, ки он ду тарзи ифода дорад: шакли пурра ва шак­ли мухтасар.

Таркиби шакли пурран феълй эхтимолй аз сифати феълии замони гузашта бо суффикси -гй, ба шакли ихтисори -ст ба он васл ёфтани хает ва иловаи бандакхои хабарй иборат мебошад.

209

Шахси сеюми танхо хамчун асос бе бапдак меояд. Чунончи, тас- рнфи феълй хондан ба тарзи пурраи сигаи эхтимолй чуиои аст:

14-322

Танхо

  1. хондагистам хондагистем

  2. хондагистн хондагистед

  3. хондагист хондагистанд

Чамъ

Шакли мухтасари чунин феълхои эхтимолй низ аз руи коидаи баёншуда сохта шавад хам, аз он як андоза фарк дорад, шакли их- тисори калимаи хает (ст) факат дар шахеи сеюми танхо дида меша­вад, зада одатан дар хичои аввал меояд:

Танхо

  1. хондагиям

  2. хондагий

  3. хондагист

Чамъ

хондагием хондагиед хондагиянд

Дар айни хол ин ду тарзи ифодаи сигаи эхтимолй шаклхои замо­ни гузашта буда, барои шаклхои дигари замони сигаи эхтимолй низ хамчун асос хизмат мекунад. Дар забони гуфтугуй ьа лахчахо истеъ­моли шаклхои дигари ин сига низ дида мешавад:

Бечора, балки ин модар доштагист, ки вай хам ман барин муш- типар ва барчомонда будагист (Х,аким Карим). Ягон мох шудагист (Икромй). Сипае «дастуру мешустагистед» гуфта... камераи кухнаи ре зинии пуробро бардошта омад (Мухаммадиев). Агар ман ба гапи шумо дарояму уро ба худ ёр гирам, ба у дил бандам, балки дар оян­да хамрохи у монанди инсон зиндагй ба cap мебурдагем (Икромй).

Шакли эхтимолии феълй будан аксар замони хозира, гохо замони ояндаро мефахмонад:

Агар хамон фаранчидор Пулод набошад, миёиаравак будагист. — Ягонта такдир кардагиаш будагист-дия, — мегуфт (Хаким Карим). Шодй ба идораи чамоа рафта буд, — гуфт муйсафед, — дар хамон чо будагист (Икромй).

Замони хозира-ояндаи сигаи эхтимолй бо хамрох кардани пре­фикси ме- ба сифати феълии замони гузашта (бо суффикси -гй) ва иловаи бандакхои хабарй ифода меёбад: меомадагистам/меомадаги- ям, меомадагистем//меомадагием, меомадагистй//меомадагий, меома- дагистед, меомадагиед, меомадагист — меомадагистанд//меомадагиянд: То бахор сохта тамом мекардагистем-а, рафик Баротов? (Улуг- зода). Не, хануз нафурухтаам, — гуфт каллапушфуруш дар чавоб.— Бояд фурухта бошед-куя, лекин пулашро чанд руз кор мефармуда- гед! — гуён Корй-ишкамба нобоварй изхор кард (Айнй). Надонам, ба ягон чой сарф мешудагист-дия, — гуфт (Хаким Карим). Акнун дигар одам намсомадагист (Мухаммадиев).

Сигаи эхтимолй шакли замони хозираи давомдор (муайян) низ дорад, ки таркибаш чунин аст: феълй асосй ба шакли феълй хол (сифати феълии замони гузашта) ва феълй ёридихандаи истодан ба шакли эхтимолии замони гузашта омада, бо шакли пурра ё мухтаса­ри бандакхои хабарй тасриф меёбад.

Танхо

    1. хонда истодагистам

    2. хонда истодагистй

    3. хонда истодагист

Чамъ

хонда истодагистем хонда истодагистед хонда истодагистанд

Майнаашро хаёлхои гуногуии пур аз дахшат: «балки вай бо ягон тири ногахонии босмачиён, дар ягон чарие ба хуну хокаш огушта шу­да, чон канда истодагист» фаро гирифтаид (Хаким Карим).

Дар адабиёти бадей ва забони гуфтугуй шаклу воситахои дигари ифодаи сигаи эхтимолй хам мавчуданд. Баъзан калимаи эхтимол бо шакли эхтимолии феъл дар як чумла омада, маънии сигавнро таъкид мекунад:

«Эхтимол боз ягон чиз даркор будагист* гуфтанду ба кори худ машгул шуданд (Каким Карим).

Шаклхои аористи феъл, аз чумла онхое, ки бо аористи будан таркиб меёбанд, дар мавриди худ бо ёрии калимахои модалии эхти­мол, бояд, шояд, мабодо инчунин бо калимаи мумкин ва таъбири мумкин аст маънии сигаи эхтимолиро мефахмонанд ва муродифи (си- ноними) шаклхои эхтимолии феъл мебошанд: эхтимол биёяд//меома- дагист; бояд омада бошад//омадагист; шояд омада монад//омада ме- мондагист ва гайра:

Эхтимол аз вай ба инхо хабар оварда бошад! (Каким Карим). Сайд Амон наклхои одамопро ба ёд оварда, аз дил гузаронид, ки як кисми дарахтони Мунавваршох шинонида эхтимол хаминхо бошанд (Мухаммадиев). Фардо бояд хуччатхояшро диханд (Рахим Налил). Шояд чашми пиразани берузй дар рохи фарзанди азизаш чор бошад. Мабодо ягон андешаи бад ба майнаи инхо наёмада бошад? (Каким Карим).

Алокамаидоиа бо сохти чумла, оханги сухан ва муносибати маъ­ноии феълхо ё чузъхои дигари чумла аорист ё шакли хозира-оянда бо тобиши маъноии гумону тахмин омада, мохиятан ба сигаи эхтимо­лй маисуб мегардад:

Лекин ман гумон мекунам, ки амаки Едгор имшаб осиё рафта наметавонад (Айнй). Чй аидешае дошта бошад (Мухаммадиев).

ЗАМОНХОИ ФЕЪЛ

§ 387f Чунон ки дида шуд,'феъл хамчун мураккабтарин хиссаи нутк дорой доираи васеи маъной ва муносибати грамматикй мебо­шад, ки он дар шаклхои феълй, тарзхо, памудхо, сигахо ва замонхои феъл ифода меёбад.

Замони феъл муносибати амалро ба хангоми нутк, ва ё ба лахзаи дигари дар нутк зохиршуда нишон медихад. Феъл се замой дорад ва бо шаклхои гуногуни замонй тасриф меёбад: замони гузашта, замо­ни хозира, замони оянда.

Замони гузаштаи феъл сарфи пазар аз хаман шаклу тобишхои грамматикиаш амали пеш аз лахзаи нутк вокеъшударо мефахмонад, яъне гуянда дар бораи замони катъшудаи амал ва процессхои дигар сухан меронад: навиштам, навиштаам, менавиштам, навишта будам, навишта истода будам ва г. Камаи феълхои замони гузашта шакли наклй доранд.

Замони хозираи феъл амали хангоми нутк давом доштаро ифода мекунад, масалан: Додари май дар мактаби тиббй мехонад. Вай ба­рои бо муваффакият тамом кардани мактаб кушиш карда истодааст.

Замони оянда и феъл амалеро мефахмонад, ки он баъд аз лахзаи сухани гуянда содир мешавад: чунончи: Аз гунчишк тарсй — арзан накор (Зарб.). Расул ба Норак меравад, ман низ хохам рафт.

Замонхои феъл дорой лахзахо ва тобишхои зиёди грамматикие мебошанд, ки ба воситаи шаклхо ва таркибхои муайяни феьлй дар нутк (матн) ифода меёбанд. Аз ин ру аксарияти шаклхои замони феълхо сермаъно ва сервазифа буда, гайр аз вазифаи асосии худ маъ­иою вазифахои иловагиро низ дар бар мегиранд. Шаклхои асосии за­монхои феълро аз назар мегузаронем.

ЗАМОНИ ГУЗАШТАИ ФЕЪЛ Замони гузаштаи наздик (гузаштаи оддй)