Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2040
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 358. Феълхо аз чихати воситаи ичрои амал ва муносибати бо он доштаи фоилу мафъул бевосита ва бавосита мешаванд.

Феълхои бевосита аз тарафи фоил (субъект) барон худи фоил вокеъ шудани амалро мефахмонанд. Ба ин гурух хам феълхои монда дохил мешаванд, хам феълхои гузаранда:

Акбар дар суфачаи дарвозахона нишаст (Рахим Налил). Ахмад- бек ба кафо нигарист (Мухаммадиев). Фурсате гузашту Намилаи дар руи чогах хамьёзаи дарозкашида чашмакони сиёхашро пушид (Рахим Налил).

« ЗЙ9. Феълхои бавосита ё барои мафъул вокеъ гардидани амал ва ё ба воситае ичро шудани амалро мефахмонанд.

Шаклхои бавоситан феъл бо рохи ба асоси замони хозира хам­рох кардани суффикси -он (-ён) сохта мешаванд. Хамаи феълхои ба­восита феълхои гузаранда мебошанд ва онхо мохиятан ду rypyxjpo ташкил медиханд.

Гурухи якуми феълхои бавосита аз феълхои монда сохта меша­вад, монанди рафтан — равондан, чунбидан — чунбондан, афтадан — афтондан, гузаштан — гузарондан ва г.

Аксарияти феълхои бавоситан гурухи якум махз барои мафъул вокеъ шудани амалро мефахмонад ва ба ин восита хусусияти гуза- рандагии .ин гуна феълхо бо рохи таъкид кувват мегирад. Масалан: гузаштан — гузарондан, афтодан — афтондан, кучидан — кучондан, нишастан — шинондан, гаштан — гардондан, хобидан — хобондан; чингирос задан — чингирос занондан, дер мондан — дер монондан, сайр кардан — сайр кунондан, дар хайрат (тааччуб) мондан — дар хайрат (тааччуб) монондан ва гайра:

Ман хам инро бе каму кост ба руи когаз кучонидам (Хаким Ка­рим). Мухаммадмурод... охирин голиби майдонро афтонид (Мухам­мадиев). Хеч парво накарда миёнатро сахт банд, аз хамин сол дер намонон (Айнй). У ... зангуларо аз руи стол гирифта чингирос занонд (Рахим Налил).

Аз феълхои омадан, зистан, будан, шудан бо суффикси -он шак­ли бавосита сохта намешавад.

193

Гурухи дуюми феълхои бавосита аз асоси замони хозираи феълй гузаранда бо иловаи хамон суффикси -он (-ён) сохта мешавад. Ин гуна феълхои бавосита ба воситаи каси дигар ичро шудани амалн фоилро мефахмонанд, яъне амали шахеи дигар хамчун натичаи ама- ли фоил (субъект) вокеъ мегардад. Чунончи: хондан — хонондан, хур- дан — хурондан, коридан — корондан, чидаи — чинондан, бастан —

13-322

бандондан, кандан—канондан, пурсидан — пурсондан, овардан — ова- рондан, фуровардан — фуроварондан, омухган — омузондан, рсхтан— резондан, шинохтан — шиносондан, гирифтан — гирондан, навиштан — нависондан ва гайра:

.. .имсол дехконони он чоро кор фармуда хамон заминхоро гандум ва шолй корондам (Айнй/!

Аввал худамро ба ин д^таи калтакдорони сурх менависонам (Ка­ким Карим). Х,амаи чрр абзоли зиндагониро мухайё карда, ба илова онхоро мехононанд^унар меомузонанд (Икромй). Вай... дами гарме тайёр намуда, б-а-"чону холи мехмоноиаш намонда, ба онхо нимшоко- сагй хуронд (Рахим Чалил). Ба котиб гуфтам, ки идораро шуёнад (Икромй).

Феълхои таркибии иомии гузаранда хам бо суффикси -он айнан дорой хамин гуна хусусиятн маънои ва грамматикй мебошанд: кайд кардан — кайд кунондан, суст кардан — суст кунондан, коил кардан — коил кунондан, даъват кардан — даъват кунондан ва г.

Дар ин кабил феълхои таркибии номй муайянкунандаи мохияти грамматикии амал хиссаи номй не, балки феълй ёридиханда мебо­шад, ки бо суффикси -он (-ён) омадааст:

Офарнн саркор, хамаро худатон хам коил кунонидеду нисара- тон хам (Х,аким Карим). Зудтар фонаи кундаи дасту поямро сусттар кунонед, ки хеч токатам намонд (Айнй).

Баъзе феълхои содда ва таркибии бавосита, ки аз феълхои мон- да бо суффикси -он сохта шудаанд, аз чихати маънои грамматики ба гурухи дуюми феълхои бавосита медароянд: давидан — давондан, раксидан — раксондан, шиштан — шинондан, гурехтан — гурезондан, ran задан — гаи занондан ва м. ин:

Болибо1фо бо чашми аду нигох мекард ва бо хашму ?азаб ба пеш сур менамуд, медавонд, мераксонд (Каким Карим). Ман туро мегурезонам ва ба кишлоки худамон Чоркух гирифта мебарам (Ра­хим Чалил). Мо 5'ро чег занонида, чанд соат боз ran заионида вактн киматашро мегирифтем (Каким Карим).

Як хусусиятн феълхои бавосита ин аст, ки дар аксарияти онхо дар шаклхои гуногуни феълхои замони гузашта пас аз суффикси -он (-ён) овозй -и пайдо мешавад. Вале чунин тагьири чузъии шакл ба маънй таъсир намекунад ва аз ин ру хар ду шакли феълхои бавосита баробармаъно ва серистеъмол аст: расондан — расонидан, ёзондан — ёзонидан, руёндан — руёнидан, даргирондан — даргиронидан, гуза- рондан — гузаронидан, печондан — иечонидан, паррондан — паррони- дан, гуёндан — гуёнидан, мубаддал гардондан — мубаддал гардони- дан ва г. Чунончи, феьлхои бавоситаи ду чумлаи аввалро бо феълхои бавоситаи чумлахои дигар мукоиса кунед:

Май хар руз як соат вактамро сарф карда, уро алифбо хонондам (Айнй). Вай... нишастагонро як аз назар гузаронду пас охистекак ба ran cap кард (Каким Карим). У бо нуги як чубчае, ки дар даст дошт, хар харфро нишон дода, номи онро мегуёнид. Бачагон шабу рузашоиро дар як чо мегузарониданд (Каким Карим). Шабро шаб, рузро руз намегуфт, бо гайрати калон кор мекард ва то метавонист аз замин хосили бисьёр меруёнид (Икромй). Фотима... ба суи камера даст ёзонид (Мухаммадиев).

ТАРЗИ ФОИЛЙ ВА МАФЪУЛ И И ФЕЪЛ

§ 360. Тарзи феълй, хамчун категорияи махсуси грамматикй, бо феълхои мондаву гузаранда ва бевоситаю бавосита алокаманд буда, муносибати дар феъл аксьёфтаи байни фоил ва мафъули амалро ифо­да мекунад. Дар забони точикй ду тарзи феълй хает: тарзи фоилй во мафъули.

§ 361. Тарзи фоилй. Тарзи фоилй дмЯЗста ба шаклу маъной феъл­хо хаминро мефахмонад,. Аи ичрокунандаи амал худи мубтадо (субъ­ект) мебошад: -<г

Хакимчон ду чойникЦбй овард (Икромй). Дар ин хангом аз дур, аз дарае гирдбоди сахге берун омад (Рахим Налил). Дар яке аз к,ин1- локхои калон бо калтакдорони сурх мачлис гузаромндам (Хаким Ка­рим).

Дар ин мисолхо мубгадохои грамматикй (Хакимчои, гирдбод, ман) дар айнй замон сохиби амал ва таъсиру холат (овард, берун омад, гузаронидам) мебошаид ва байни мубтадою ичрокунандаи амал фархе пест.

Тарзи фоилй аз руи маъно ва шакли ифодаи феъл, яъне вобаста ба хусусияти феълхои гузаранда ду хел мешавад: тарзи фоилии бе- восита ва тарзи фоилии бавосита.

Тарзи фоилии бевосита нишон медихад, ки фонл (ичрокунандаи амал) бевосита мубтадо шуда омадааст. Ин тарзи муносибати амал ва фоилу мафъул дар асл бо хусусияти феълхои гузарандаи бевосита баробар аст:

Шарикон дар он мачлис маблаги мазкурро сарф намуда, барои худ ва мехмонони худ зиёфати миёнахолонае тартиб доданд (Айнй). Олими чавон ба назднктараш расида салом гуфт, у бо ним таъзиме алек гирифта, занчирй ба мехи сохил аидармонкардаашро кушод ва ба сари суккон баргашт (Мухаммадиев). Солдат аз киса качкордаш- ро бароварда, нокро пора намуд (Рахим Налил).

Тарзи фоилии бавосита дар асл бо хусусияти феълй гузарандаи бавосита баробар буда, ба воситае ичро шудани амалй фоилро ме­фахмонад, яъне амалй дигаре хамчун натичаи амалй фоил (мубтадо) вокеъ мегардад:

Навой дар бораи муаммо ба Мавлоно Камолиддин ва Мавлоно Шамсиддин китобхо фармуда нависонд (Айнй). Холо ту рафта аз дукони бакколи нону ангур гирифта, ба бачахо бурда хурон (Икро­мй).

§ 362. Тарзи мафъулй. Тарзи мафъулй муносибати мураккаби байни фоил (мубтадо), мафъул (пуркунанда) 'ва феъл (амал ё хо­лат)-ро ифода мекунад. Дар тарзи мафъулии феъл фоилй аслй (ич­рокунандаи амал) хамчун мафъул (пуркунандаи бавосита), мафъулй аслй бошад, ба вазифаи фоил (мубтадо) меояд. Масалан, дар чумлан зерин тарзи ифодаи мафъулй айпан аз рун хамин коида вокеъ шу­дааст:

Мухаббат ва самимияти ин пирони хушбахт бехтарин мукофотесг, ки ба вай аз тарафи халк изхор карда мешавад (Икроми). — Тарзи фоилии ин чумла: халк ба вай изхор мекунад.

Тарзи мафъулй хам вобаста ба шакл ва тобишхои маъной феълхо ду хел мсшавад: бевосита ва бавосита.

§ 363. Тарзи мафъулии бевосита аз феълхои гузаранда бо ёрии феълй шудан 'сохта мешавад. Дар ин njri^rapKii6xo феълн асосй (чу­зъи якум) ба шакли фсъли хол (сифати фгьлй) ва феълй ёридихандаи шудан (чузъи дуюм) ба шакли тасрифи омада, таркиби феълиро аз чихати грамматикй сурат медихад. Чунин сохт ва тарзи ифода вобас­та ба хусусияти феълхои гузарандаи бевосита нишон медихад, кп дар ичрои амал воситаи дигаре ширкат надорад.

Мумкин аст, чузъи якуми тарзи мафъулии бевосита аз феълхои содда ё сохтаи гузаранда иборат бошад, мисли шунида шудан, духта шудан, фиристода шудан, навншта шудан, гирифта шудан, дода шу­дан ва Faiipa:

Аз дур садои моторхо, гулдурроси ба сайг хурдани оханхо шуни­да шуд. Аз хар су хониши паррандагон, аз дур садои чув-чуви гов- рон — дехконони "заминрон шунида мешуд (Хаким Карим). Мактуб

ба корази кадимии абрешимин навишта шуда буд, аз он буи атр мео- мад (Икромй). Дар бахори соли 1931 ман хам дар катори рафикони дигар сафарбар шуда, ба районхои шаркни республикаамон фирис- тода шуда будам (Хаким Карим). Тамоми сохтмонхои директивй бояд ба зери назорати махсус гирифта шаванд («Точикистони советй»),

Чузъи якуми таркибхои мафъулии бевосита аз феълхои таркибии номии гузаранда иборат шуда метавонад, ки бештар бо феълй ёриди- хандаи кардан ва кисман бо ёрии феълхои дигар мисли гардидан, гаштан, додан, сохтан ва f. таркиб меёбанд. Шакли мафъулии онхо низ бо ёрии шудан сохта мешавад: такдим карда шудан, курбон кар­да шудан, таъмии карда шудан, тайёр шудан, бор карда шудан, таъ­ин шудан, бартараф гардидан, тартиб дода шудан, бархам дода шу­дан ва м. ин.

Тамоми чизхое, ки барои чойгиршавй ва инкишофи ин мехмони нав зарур буданд, дар вакташ ба бригадаи Точибой саркор такдим карда шуданд (Хаким Карим). Дар ним соат ширчой тайёр шуд (Ай­нй). Духтар дар кафои аробае менишаст, ки дар он, ба Faiip аз у, як марди миёнсоли монандй чувозкунда гафсу гула, як зани фаранчи- дор, ду бачаи хурдсол ва халтахои пури чизу чорахо зич бор карда шуда буданд (Рахим Чалил).