Добавил:
Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:

СКАДА-системаҳо (Кори озмоишии №1)

.docx
Скачиваний:
1
Добавлен:
10.10.2020
Размер:
971.95 Кб
Скачать
  1. Дар аввал мо ба барномаи Trace Mode 6 ворид мешавем то ин ки кори худро оғоз намоем. Барои ин дар равзанаи мизи кори мо нишонаи барномаро ёфта ба он бо пахши дукаратаи муш ворид мешавем

Расми 1. Нишонаи барномаи Trace Mode

  1. Баъд аз ворид шудан ба мо равзанаи кории барнома намоён мешавад ва мо метавонем ба кор оғоз намоем. Ба тугмачаи “Создать новый проект” ки дар аввал истодааст пахш менамоем.

Расми 2. Равзанаи барномаи Trace Mode

  1. Дар натиҷаи пахши тугма равзана пайдо мешавад ва дар он шакли “Простой” яъне соддаро интихоб менамоем ва ба тугмаи навбатии “Создать” пахш менамоем.

Расми 3. Интихоби дарачаи лоиха

  1. Ба мо равзанаи кориамон пайдо мешавад ва дар ин равзана аз сатҳи “Навигатор проекта” ба гуруҳи “RTM” ворид шуда ба зерлавҳаи “Экран#1.1” бо пахши дукаратаи тугмаи муш ворид мешавем.

Расми 4. Мухити кории барнома

  1. Аз болои сатҳи кори тугмаҳои асбобҳо ҷойгиранд ва аз он тугмаи “Стрелочный прибор”-ро интихоб менамоем. Барои интихоби он ба он тугмаи рости мушакро пахш намуда ва тугмачаи рости онро интихоб менамоем.

Расми 5.Интихоби объект аз асбобхо

  1. Ин тугмаи интихоб шударо кашида ба фазои кори мебарем ва мебинем ки шакли объекти мо пайдо мешавад, дар фазои кори ҷои мувофиқи худро ёфта объектро дар он ҷо ҷойгир менамоем.

Расми 6.Ворид намудани объект

  1. Ба зерлавҳаи “Источники/Приемники” бо пахши тугмаи рости мушак пахш намуда ба он “Создать группу Генераторы” интихоб менамоем.

Расми 7.Дохил намудани лавхаи нав

  1. Дар натиҷа зерлавҳаи “Генераторы_1” пайдо мешавад ва дар он ҳам боз тугмаи рости мушакро пахш намуда “Создание компоннента Синусоида”-ро интихоб менамоем.

Расми 8.Дохил намудани зерлавха

  1. Баъд аз ин дар фазои кори объекти матнро дохил менамоем. Барои ин аз равзанаи асбобҳо ба тугмаи “ABC (Текст)” пахш намуда ду маротиба дар фазои кори ин объектро дохил менамоем.

Расми 9.Дохил намудани объекти матн

  1. Ба объекти матни якум ду маротиба пахш намуда дар равзанаи чап “Свойства” пайдо мешавад ва дар зерлавҳаи “Текст” пахш намуда дар он матни онро ба “Қиммати параметр” иваз менамоем.

Расми 10.Ивазнамоии матни объект

  1. Ба объекти дуюм пахш намуда дар равзанаи таҳрири он ба “Текст” ду маротиба пахш намуда дар зерлавҳаи “Вид индикации” ба ҳолати “Значение” мегузорем.

Расми 11.Дохил намудани киммат ба объект

  1. Дар натиҷа ба зерлавҳаи дигар ки бо номи “Привязка” мебошад мушро ба тарафи рости он пахш намуда дар равзанаи пайдошуда тугмаи якумашро “Привязка аргумента” интихоб менамоем ва матни онро ба “Параметр” иваз менамоем ва ба тугмаи “Готово” пахш менамоем.

Расми 12.Чазб намудани объект

  1. Ба “Экран#1.1” тугмаи рости мушакро пахш намуда ба тугмаи “Свойства” пахш намуда ба равзанаи таҳрири он ворид мешавем.

Расми 13.Тахрири равзанаи асоси

  1. Дар зери муҳити кории мо равзанаҳои таҳрир пайдо мешаванд, дар ин равзанаҳо ба равзанаи “Агрументы” ворид мешавем ва дар он ба “Параметр” як маротиба пахш намуда аз боло ба тугмаи якум пахш менамоем.

Расми 14.Равзанаи Агрументы

  1. Дар натиҷа параметр бо объекти матни ҷазб мешавад.

Расми 15.Чазб намудани объект бо параметр

  1. Акнун ба мо як объекти дигар бо номи матне ки ворид намуда будем пайдо мешавем.

Расми 16.Пайдо намудани лавхаи нав

  1. Боз ба лавҳаи “Генераторы_1” ворид мешавем.

Расми 17.Равзанаи объекти Синусоид

  1. Аз он “Синусоид”-ро бо амалиёти муш кашида ба объекти навсохтаи худ мегузорем ва мебинем ки дар он як тирчаи дигар пайдо мешавад.

Расми 18.Чазб намудани ду объект

  1. Акнун кори худро ба компютер “Сохранить” намуда барои санҷиши кор ба тугмаи рости он пахш менамоем, баъд аз он боз ба тугмаи рости он ки ишораи одамчаи сурх мебошад, пахш менамоем.

Расми 19.Санчиши лоиха

  1. Дар равзанаи пайдошуда аз боло тугмаи оғози санҷишро пахш менамоем ки бо ишораи одамчаи сурх мебошад ва мебинем, ки дар объекти сохтаи мо ва дар объекти матнии мо рақам ва шкалаи он пасту баланд мешавад.

Расми 20.Натичаи санчиши лоиха

Хулоса

Дар кори озмоишии гузаронида мо яке аз ҳама соддатарин сохтани лоиҳаи кориро дар амалиёт дида баромадем. Дар ин кори озмоиши мо объекти тирчадорро гузоштем ва аз тарафи рости он ду объекти матни гирифтем, ба якум объекти матни танҳо матн гузоштем ва ба объекти матни дуюм бошад қиммати динамики сабт намудем. Боз як объекти дигар ки синусоид ном дорад интихоб намуда онро ба дуюм объекти матни ҷазб намудем ва объекти тирчадор ва объекти матнии дуюмро ба синусоид ҷазб намудем, ки дар натиҷаи санҷиш ҳам объекти тирчадор ва ҳам объекти матнии динамикии мо қиммати тасодуфи гирифта дар равзанаи озмоиши ба мо нишон медод. Албатта, ки ин коре ки мо ба анҷом расонидем яке аз соддатарин корҳое мебошад, ки метавон иҷро намуд, вале дар корҳои озмоишии дигар низ мо аз объекти дигар хоҳем истифода бурд ва боз ба иҷрои амалиётҳои мураккабе хоҳем сару кор дошт то ин ки васеъ ва рушантар ин барномаро аз худ намоем.

10