Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Hukuki_mehnati-spaces.ru.doc
Скачиваний:
0
Добавлен:
01.07.2025
Размер:
1.31 Mб
Скачать
  1. Изофакорї.

Моддаи 72. Изофакорї. Изофакорї коре мебошад, ки корманд бо амри корфармо зиёда аз давоми ваќти кории њаррўзаи барои корманд муќарраргардида ва ё зиёда аз миќдори муќаррарии соатњои кори давраи бањисобгирї иљро мекунад. Изофакорї дар њолатњои истиснои, ки моддаи 73 ин Кодекс муќаррар намудааст, бо розигии корманд дар асос ва ба тартибе, ки корфармо бо мувофиќаи маќомоти дахлдори намояндагии кормандон муќаррар намудааст, татбиќ карда мешавад. Корфармо вазифадор аст њангоми изофакорї бехатарии мењнат ва шароити мўътадили истењсолї ва иљтимоию маиширо таъмин намояд.

Љалби кормандон ба изофакорї бо риояи мањдудиятњое, ки моддањои 152, 163, 181 ин Кодекс муќаррар иамудаанд, сурат мегирад. Дар сурати 12 соат будани давомнокии смена, инчунин дар корњое, ки шароиташон махсусан вазнин ва махсусан зарарнок мебошад, изофакорї манъ аст.

Изофакорї набояд дар давоми ду рўз пай дар пай беш аз ин бошад:

- ду соат дар корњое, ки шароити мењнат зараровар ва ё вазнин мебошад;

- чор соат дар дигар корњо.

Барои њар корманд изофакорї дар як сол набояд аз 120 соат зиёд бошад.

Кори изофа гуфта, кореро меноманд, ки онро корманд зиёда аз давомияти барои муќарраргардидаи ваќти корї бо амри корфармо иљро менамояд. Кори изофа ифодаи худро дар он меёбад, ки корманд онро зиёда аз ваќти кории њаррўза ё микдори соатњои давраи бањисобгирї иљро мекунад. Агар иљрои кори зиёда аз меъёр бо додани ваќти иловагии истироњатї ба корманд љуброн карда шуда бошад, пас он изофакорї њисобида нашавад. Изофакорї дар асоси амри корфармо ба амал бароварда мешавад, яъне дар ин хусус корфармо фармон бароварда, дар он зарурат ва сабабњои љалб намудани гурўњњои алоњидаи кормандонро ба иљрои ин кор дарљ менамояд. Агар чунин фармон бароварда нашуда бошад, вале кори зиёда аз аз давоми ваќти кори њаррўза аз љониби корманд дар асоси амри шифоњии роњбари ташкилот иљро шуда бошад, пас чунин кор низ, изофакорї ба њисоб меравад. Ба изофакорї занони њомила ва заноне, ки тифли то сесола доранд, љалб карда намешаванд. Занонеро, ки фарзанди аз 3 то 14 сола (фарзанди маъюби то 16 сола) доранд, ба изофакорї бо розигии худашон љалб кардан мумкин аст (нигаред, ба моддаи 162 КМ ЉТ ва тафсири он). Кормандони аз 18 сола хурдро ба изофакорї љалб кардан мумкин нест (нигаред, ба моддаи 181 КМ ЉТ ва тафсири он). Маъюбонро ба изофакорї бо розигии худашон ва бо шарте љалб кардан мумкин аст, ки агар чунин кор бо нишондоди тиббї манъ нашуда бошад (нигаред, ба тафсири моддаи 152 КМ ЉТ). Иљрои кор дар соатњои коркарди рухсатии бемаош, иљрои кор аз тарафи шахсони дар чанд љой коркунанда (ваќти зиёда аз давомнокии ваќти кории муќарраршуда), корњое, ки аз тарафи корманд зиёда аз нишондоди ваќти дар шартномаи мењнатї буда, вале дар доираи давомнокии рўзи (басти) кори муќарраршуда иљро мешавад, изофакорї ба њисоб намераванд. Ба изофакорї дар њолатњои истисної кормандон мувофиќи талаботи моддаи 73 љалб карда мешаванд (нигар., ба моддаи 73 КМ ЉТ ва тафсири он). Моддаи 72 КМ зарурияти гирифтани розигии кормандро барои љалб намудан ба изофакорї пешбинї намудааст. Иљозат барои истифода аз изофакорї бояд аз тарафи корфармо то сар кардани иљрои он гирифта шавад. Танњо дар њолатњои фавќуллода (офатњои табиї, садама, ба кор њозир нашудани корманди ивазкунанда ва ѓ.) мумкин аст изофакорї бидуни гирифтани розигии пешакии маќомоти намояндагии кормандон татбиќ карда шавад.Маќомоти намояндагии корманд бояд мурољиати корфарморо дар хусуси ба изофакорї љалб намудани корманд дар маљлиси худ дида барояд. Маљлис њамон ваќт салоњиятнок њисобида мешавад, ки агар дар он на камтар аз нисфи шумораи аъзоёни ин маќомот иштирок намуда бошанд. Ќарор бо овоздињии аксарият ќабул карда мешавад. Аз тарафи раиси маќомоти намояндагии корфармо баррасии мурољиат дар танњої роњ дода намешавад. Њангоми њал намудани масъала оид ба љалб намудани корманд ба изофакорї маќомоти намояндагии корманд бояд чунин њолатњоро муайян намояд:

1) њолатњои њаќиќии љалб намудан ба изофакорї;

2) таалуќ доштани ин њолатњо ба њолатњои истисноии, дар моддаи 73 КМ ЉТ пешбинишуда;

3) мушаххасан муайян намудани корманди ба изофакорї љалбшаванда:

а) љой доштани розигии кормандони дар ќисмњои 5 ва 7 моддаи 72 КМ ЉТ пешбинигардида;

б) дохил набудани корманди ба кори изофа љалбшаванда ба ќатори кормандони дар моддаи 72 КМ ЉТ пешбинишуда.

Моддаи тафсиршаванда њадди нињоии соатњои кори изофаро муќаррар намудааст, ки чунинанд:

ба њар як корманд дар давоми ду рўз пай дар пай то 2 соат дар корњои шароиташон вазнин ва ё зараровар ва то 4 соат дар дигар корњо вале, на зиёда аз 120 соат дар як сол зиёд шудани изофакорї. Ѓайр аз ин, ќонунњо гурўњи кормандонеро муќаррар намудаанд, ки ба онњо изофакорї тибќи нишондоди тиббї манъ шудааст (нигар., ба моддањои 152, 162 КМ ЉТ ва тафсири онњо).

Моддаи 73. Њолатњои истисноии истифодаи изофакорї. Њолатњои истисноии истифодаи изофакорї чунинанд:

а) иљрои корњое, ки барои мудофиаи кишвар, пешгирї ва рафъи оќибатњои офатњои табиї ва хатар зарур аст;

б) иљрои корњо барои рафъи њолатњои тасодуфї ва ѓайричашмдошт, ки фаъолияти мўътадили истењсолотро халалдор месозанд;

в) зарурати ба охир расонидани корњои шурўъгардида, ки онро бинобар сабабњои техникї ѓайричашмдошт ва тасодуфан ба таъхир афтодани истењсолот дар давоми ваќти муќаррарии корї иљро кардан имкон надорад, дар сурате ки зимиан ќатъи кори шурўъгардида боиси харобии маводу таљњизот гардад;

г) иљрои корњои муваќќатї оиди таъмир ва барќарорсозии таљњизоту иншооте, ки вайронии онњо боиси ќатъ шудани кори бисъёр коркунон мегардад;

д) давом додани кор дар истењсолоти муттасил коркунанда дар сурати ба кор њозир нашудани корманди ивазкунанда, дар ин њолат корфармо вазифадор аст, ки барои бо корманди дигар иваз намудани корманди навбатчї чорањои фаврї андешад;

е) иљрои корњои боркунї ва борфарорї ва корњои ба он вобаста дар наќлиёт дар сурати зарурати холї кардани анборњои ташкилоти наќлиёт, инчунин барои бор кардан ва фаровардани борњои воситаи наќлиёт ба маќсади пешгирии ѓуншавии бор дар нуќтањои борфиристию боргирї ва бекористии воситањои наќлиёт.

Моддаи мазкур њолатњои истисноиеро номбар кардааст, ки дар сурати рух доданашон кормандро ба изофакорї љалб кардан мумкин аст. Барои ба изофакорї љалб намудани корманд, корфармо бояд розигии пешакии ўро гирад ва бо тартибе, ки бо маќоми намояндагии дахддори кормандон муќаррар гардидааст, изофакориро ба роњ монад. Дар ташкилотњои муттасил коркунанда корфармо метавонад њангоми ба кор њозир нашудани корманди ивазшаванда, ба љои ў корманди ивазкунандаро ба кори изофа дар њолати розї шуданаш ба изофакорї љалб намояд. Истифода бурдани изофакорї аз тарафи корфармо бархилофи ќонун ва ё бархилофи тартиби муќарраргардида, боиси љавобгарии шахсони мансабдор мегардад (нигар., ба моддаи 228 КМ ЉТ ва тафсири он).

Соседние файлы в предмете [НЕСОРТИРОВАННОЕ]