
- •Душанбе – 2009.
- •§1. Предмети њуќуќи мењнатї
- •§2. Услуби њуќуќи мењнатї
- •§3. Системаи њуќуќи мењнатї њамчун
- •§4. Таносуби њуќуќи мењнатї бо дигар соњањои муљовири њуќуќ
- •§5. Предмет, услуб ва системаи илми њуќуќи мењнатї
- •Саволу супоришњо барои худсанљї
- •Боби II. Манбаъњои њуќуќи мењнатї
- •§1. Мафњум ва хусусиятњои хоси манбаъњои
- •§2. Таснифи манбаъњои њуќуќї мењнатї
- •§3. Ќонунгузории умумї ва махсус оид ба мењнат. Ягонагї ва тафриќа дар танзими муносибатњои мењнатї
- •§4. Амали ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї оид ба мењнат дар замон, макон
- •§5. Наќши фаъолияти њуќуќэзоњдињии маќомоти судї дар танзими муносибатњои мењнатї
- •Боби III. Принсипњои њуќуќи мењнатї
- •§1. Мафњум, ањамият ва таснифи принсипњои њуќуќї
- •§2. Принсипњои байнисоњавии танзими
- •§3. Таркиб ва мазмуни принсипњои асосии
- •1) Принсипи озод будани мењнат, аз љумла њуќуќ ба мењнат;
- •2) Принсипи манъи њамагуна мањдудият дар бахши мењнат;
- •3) Принсипи манъи мењнати иљборї;
- •4) Принсипи њимоя аз бекорї ва мусоидат ба шуѓлмандї;
- •6) Принсипи баробарии њуќуќу имкониятњои кормандон;
- •7) Принсипи таъмини њуќуќи кормандон ба пардохти айниваќтї ва одилонаи музди мењнат;
- •9) Принсипи таъмини њуќуќи кормандон ва корфармоён ба муттањидшавї бањри њифзи њуќуќ ва манфиатњои хеш;
- •10) Принсипи таъмини њуќуќи кормандон љињати иштирок дар идоракунии ташкилот;
- •11) Принсипи мувофиќати танзими давлатї ва шартномавии муносибатњои мењнатї ва дигар муносибатњои бо онњо алоќаманди љамъиятї;
- •12) Принсипи шарикии (њамкории) иљтимої;
- •13) Принсипи талофии зиёни ба корманд дар иртибот ба иљрои вазифањои мењнатї расонидашуда;
- •14) Принсипи муќаррар намудани кафолатњои давлатии таъмини њуќуќњои кормандон ва корфармоён ва ба амал баровардани назорату тафтиши риояи онњо;
- •15) Принсипи таъмини њуќуќи њар як шахс ба њимояи давлатии њуќуќу озодињо;
- •16) Принсипи таъмини њуќуќ ба баррасии бањсњои инфиродї ва коллективии мењнатї, инчунин ба корпартої;
- •18) Принсипи таъмини њуќуќи иттифоќњои касаба љињати ба амал баровардани назорату тафтиши риояи ќонунгузории мењнатї ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии таљассумкунандаи меъёрњои њуќуќи мењнатї;
- •19) Принсипи таъмини њуќуќи корманд љињати дар љараёни фаъолияти мењнатї њифз намудани шарафи худ;
- •20) Принсипи таъмини њуќуќи корманд ба суѓуртаи иљтимої.
- •Боби IV. Субъектњои њуќуќи мењнатї
- •§1. Мафњуми субъектњои њуќуќї мењнатї
- •§2. Шахси воќеї њамчун субъекти њуќуќи мењнатї
- •§3. Корфармо њамчун субъекти њуќуќи мењнатї
- •§4. Коллективи мењнатї њамчун субъекти
- •§5. Маќомоти намояндагии кормандони ташкилот ва маќомоти намояндагии корфармоён њамчун субъекти њуќуќи мењнатї
- •Боби V. Муносибатњои њуќуќї дар бахши њуќуќи мењнатї
- •§ 1. Мафњум ва тавсифи умумии низоми муносибатњои њуќуќї дар соњаи њуќуќи
- •§2. Муносибати њуќуќии мењнатї ва хусусиятњои он
- •§3. Субъектњои муносибати њуќуќии мењнатї
- •§4. Мазмуни муносибати њуќуќии мењнатї
- •§5. Асосњои ба вуљуд омадан, таѓйир ёфтан ва ќатъ гаштани муносибати њуќуќии мењнатї
- •§6. Муносибатњои њуќуќии алоќаманд ба
- •2) Муносибатњои њуќуќии иљтимої-шарикї1.
- •7) Муносибатњои њуќуќї оид ба баррасии бањсњои мењнатї.
- •Боби VI. Шарикии иљтимої дар бахши мењнат
- •§1. Мафњум ва низоми шарикии иљтимої дар бахши муносибатњои мењнатї ва дигар муносибатњои љамъиятии ба онњо алоќаманд
- •§2. Намояндагии манфиатњои кормандон ва корфармоён дар бахши шарикии иљтимої
- •§3. Маќомоти шарикии иљтимої
- •§4. Шартномањои коллективї ва созишномањо
- •§5. Назорати иљрои шартномаю созишномањои
- •Накардани онњо
- •Ќисми махсус Боби VII Бозори мењнат ва танзими њуќуќии мусоидат ба шуѓлмандї ва бокортаъминкунї
- •Боби VIII Шартномаи мењнатї
- •Мафњум ва ањамияти шартномаи мењнатї.
- •Љонибњо ва тартиби умумии бастани шартномаи мењнатї.
- •Мазмуни шартномаи мењнатї.
- •Намудњои алоњидаи шартномаи мењнатї.
- •Таѓйир ёфтани шартномаи мењнатї.
- •6.Ќатъшавии шартномаи мењнатї. Муќаррароти умумї оид ба ќатъшавии шартномаи мењнатї.
- •Бекор намудани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корманд.
- •8. Бекор намудани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корфармо.
- •Ќатъшавии шартномаи мењнатї бинобар њолатњои ба иродаи љонибњои он вобаста набуда.
- •Ба расмият даровардани ќатъшавии шартномаи мењнатї.
- •Дафтарчаи мењнатї.
- •Боби IX
- •Мафњум ва танзими њуќуќии ваќти корї.
- •Намудњои ваќти корї. Ваќти кори мўътадил. Ваќти кори кўтоњшуда. Ваќти нопурраи кор.
- •Изофакорї.
- •Реља ва бањисобгирии ваќти корї. Мафњуми рељаи ваќти корї. Рўзи кори ба меъёр гирифтанашуда.
- •Рељаи чандирии ваќти корї. Кори бастї.
- •Таќсимоти рўзи корї ба ќисматњо. Бањисобгирии ваќти корї.
- •Боби X Ваќти дамгирї
- •Рухсатињои боподоши њарсола. Мафњум ва намудњои рухсатии боподоши њарсола. Тартиби пешкаш намудани рухсатињои боподоши њарсола.
- •Рухсатињои эъљодї ва иљтимої.
- •Рухсатињои бе подоши музди мењнат.
- •Боби XI Танзими њуќуќии музди мењнат
- •Мафњум ва усулњои танзими њуќуќии музди мењнат.
- •Низоми тарифии музди мењнат ва унсурњои он.
- •Шаклњо ва низоми музди мењнат.
- •Музди мењнат њангоми дуршавї аз шароитњои мўътадили мењнат.
- •Бамеъёргирии мењнат.
- •Боби XII Кафолатњо ва љубронпулињо
- •1. Мафњуми кафолатњо ва љубронпулињо.
- •2. Кафолатњо ва љубронпулињо њангоми фиристонидани кормандон ба сафари хизматї ва кўчидан љињати иљрои кор ба дигар мањал.
- •3. Кафолатњо ва љубронпулињо барои кормандон бинобар иљро намудани ўњдадорињои давлатї ё љамъиятї.
- •4. Кафолат ва љубронпулињо барои кормандон њангоми таъвизї тањсил ва кор.
- •5. Дигар намудњои кафолатњо ва љубронпулињо.
- •Боби XV Њифзи мењнат
- •Боби XVI Њифзи њуќуќњои мењнатии кормандон
- •Боби XVII
- •Боби XVIII Танзими байналмилалї-њуќуќии мењнат
Ќатъшавии шартномаи мењнатї бинобар њолатњои ба иродаи љонибњои он вобаста набуда.
М. 53 КМ ЉТ. Шартномаи (ќарордоди) мењнатї дар њолатњои зерин, ки ба иродаи тарафњо вобаста нестанд, ќатъ карда мешавад:
1) њангоми даъват ё ба хизмати њарбї дохил шудани корманд;
2) њангоми ба кор барќарор намудани корманде, ки пештар ин корро иљро мекард;
3) њангоми ќувваи ќонунї пайдо намудани њукмнома, ки бо он корманд ба љазо мањкум шудааст ва давом додани кори пештараашро истисно менамояд;
4) бинобар вафот кардани корманд;
5) дар сурати вайрон кардани ќоидањои муќарраршудаи ќабул ба кор;
6) дар њолатхои дигаре, ки Ќонун пешбинї кардааст.
Дар моддаи тафсиршаванда њолатњое сабт шудаанд, ки новобаста аз иродаи корфармо ва корманд асоси ќатъ шудани шартномаи (ќарордоди) мењнатї мегарданд. Номгўи ин њолатњо мањдуд набуда, бо дигар ќонунњо васеътар карда мешавад.
Аз рўи талаботи ќонун њифзи Ватан ва тањкими иќтидори мудофиавии он вазифаи муќаддаси шањрванд мебошад. Дар мавриди даъват ё дохил шудани корманд ба хизмати њарбї корфармо новобаста аз хоњишаш бояд ў бо асоси номбурда шартномаи (ќарордоди) мењнатиро ќатъ намояд.
Ба кор барќарор намудани корманде, ки пештар њаминкорро иљро мекард, дар асоси њалнома суди дахлдор сурат мегирад. Њалномаи суд, њамзамон асоси на танњо ба кор барќароркунї корманде, ки пештар њамин корро иљро мекард, инчунин асоси ќатъ намудани шартномаи (ќарордоди) мењнатї бо корманди коркардаи сода бидуни иродаи ў ва корфармо мешавад.
Банди сеюми моддаи тафсиршаванда ба мањкум шудани корманд дахл дорад. Мањкум шудани корманд бояд ду оќибатро ба бор орад. Аввал ин, ки бо њукми суд корманд ба љазое сазовор шуда бошад, ки давом додани кори пештараашро истисно мекунад. Ба чунин љазоњо аз озодї мањрум шудан, мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансабњои муайян ё машѓул шудан бо фаъолияти муайян, корњои ислоњи мењнатї дар љойњои дигаре, ки маќоми иљрокунандаи њукм муайян менамояд, мисол шуда метавонанд. Дуюм ин, ки њукми нисбати корманд бароварда эътибори ќонунї пайдо карда бошад.
Яке аз асосњои дигари ќатъ намудани шартномаи (ќарордоди) мењнатї вафоти корманд мебошад. Фавти корманд бо шањодатномаи вафот, ки маќомоти сабти њолатї шањрвандї бо тартиби муќарраркарда медињад, тасдиќ мегардад.
Дар банди 5 моддаи тафсиршаванда њамчун њолати ба иродаи тарафњо вобастанабуда, ки боиси ќатъ гаштани муносибатњои мењнатї мегардад, вайрон кардани ќоидањои муќарраршудаи ќабул ба кор нишон дода шудааст (дар ин бора ба таври муффасал нигаред ба банди 13 ќисми якуми моддаи 46 КМ ЉТ ва тафсирашон).
Дигар њолатњои ќатъ шудани шартномаи (ќарордоди) мењнатї бо њолатњое, ки ба иродаи тарафњо вобаста нестанд дар дигар ќонунњои амалкунандаи љумњурї пешбинї шудаанд. Масалан, дар моддаи 30 Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи хизмати дипломатї” аз 2 декабри соли 2002 мањрумшавї аз шањрвандии Љумњурии Тољикистон њамчун асоси ќатъ гардидани муносибатњои мењнатии кормандони хизмати дипломатї пешбинї шудааст. Талаботи мазкур айнан дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи хизмати давлатї” нисбати кормандони хизмати давлатї, пешбинї шудааст.