- •Душанбе – 2009.
- •§1. Предмети њуќуќи мењнатї
- •§2. Услуби њуќуќи мењнатї
- •§3. Системаи њуќуќи мењнатї њамчун
- •§4. Таносуби њуќуќи мењнатї бо дигар соњањои муљовири њуќуќ
- •§5. Предмет, услуб ва системаи илми њуќуќи мењнатї
- •Саволу супоришњо барои худсанљї
- •Боби II. Манбаъњои њуќуќи мењнатї
- •§1. Мафњум ва хусусиятњои хоси манбаъњои
- •§2. Таснифи манбаъњои њуќуќї мењнатї
- •§3. Ќонунгузории умумї ва махсус оид ба мењнат. Ягонагї ва тафриќа дар танзими муносибатњои мењнатї
- •§4. Амали ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї оид ба мењнат дар замон, макон
- •§5. Наќши фаъолияти њуќуќэзоњдињии маќомоти судї дар танзими муносибатњои мењнатї
- •Боби III. Принсипњои њуќуќи мењнатї
- •§1. Мафњум, ањамият ва таснифи принсипњои њуќуќї
- •§2. Принсипњои байнисоњавии танзими
- •§3. Таркиб ва мазмуни принсипњои асосии
- •1) Принсипи озод будани мењнат, аз љумла њуќуќ ба мењнат;
- •2) Принсипи манъи њамагуна мањдудият дар бахши мењнат;
- •3) Принсипи манъи мењнати иљборї;
- •4) Принсипи њимоя аз бекорї ва мусоидат ба шуѓлмандї;
- •6) Принсипи баробарии њуќуќу имкониятњои кормандон;
- •7) Принсипи таъмини њуќуќи кормандон ба пардохти айниваќтї ва одилонаи музди мењнат;
- •9) Принсипи таъмини њуќуќи кормандон ва корфармоён ба муттањидшавї бањри њифзи њуќуќ ва манфиатњои хеш;
- •10) Принсипи таъмини њуќуќи кормандон љињати иштирок дар идоракунии ташкилот;
- •11) Принсипи мувофиќати танзими давлатї ва шартномавии муносибатњои мењнатї ва дигар муносибатњои бо онњо алоќаманди љамъиятї;
- •12) Принсипи шарикии (њамкории) иљтимої;
- •13) Принсипи талофии зиёни ба корманд дар иртибот ба иљрои вазифањои мењнатї расонидашуда;
- •14) Принсипи муќаррар намудани кафолатњои давлатии таъмини њуќуќњои кормандон ва корфармоён ва ба амал баровардани назорату тафтиши риояи онњо;
- •15) Принсипи таъмини њуќуќи њар як шахс ба њимояи давлатии њуќуќу озодињо;
- •16) Принсипи таъмини њуќуќ ба баррасии бањсњои инфиродї ва коллективии мењнатї, инчунин ба корпартої;
- •18) Принсипи таъмини њуќуќи иттифоќњои касаба љињати ба амал баровардани назорату тафтиши риояи ќонунгузории мењнатї ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии таљассумкунандаи меъёрњои њуќуќи мењнатї;
- •19) Принсипи таъмини њуќуќи корманд љињати дар љараёни фаъолияти мењнатї њифз намудани шарафи худ;
- •20) Принсипи таъмини њуќуќи корманд ба суѓуртаи иљтимої.
- •Боби IV. Субъектњои њуќуќи мењнатї
- •§1. Мафњуми субъектњои њуќуќї мењнатї
- •§2. Шахси воќеї њамчун субъекти њуќуќи мењнатї
- •§3. Корфармо њамчун субъекти њуќуќи мењнатї
- •§4. Коллективи мењнатї њамчун субъекти
- •§5. Маќомоти намояндагии кормандони ташкилот ва маќомоти намояндагии корфармоён њамчун субъекти њуќуќи мењнатї
- •Боби V. Муносибатњои њуќуќї дар бахши њуќуќи мењнатї
- •§ 1. Мафњум ва тавсифи умумии низоми муносибатњои њуќуќї дар соњаи њуќуќи
- •§2. Муносибати њуќуќии мењнатї ва хусусиятњои он
- •§3. Субъектњои муносибати њуќуќии мењнатї
- •§4. Мазмуни муносибати њуќуќии мењнатї
- •§5. Асосњои ба вуљуд омадан, таѓйир ёфтан ва ќатъ гаштани муносибати њуќуќии мењнатї
- •§6. Муносибатњои њуќуќии алоќаманд ба
- •2) Муносибатњои њуќуќии иљтимої-шарикї1.
- •7) Муносибатњои њуќуќї оид ба баррасии бањсњои мењнатї.
- •Боби VI. Шарикии иљтимої дар бахши мењнат
- •§1. Мафњум ва низоми шарикии иљтимої дар бахши муносибатњои мењнатї ва дигар муносибатњои љамъиятии ба онњо алоќаманд
- •§2. Намояндагии манфиатњои кормандон ва корфармоён дар бахши шарикии иљтимої
- •§3. Маќомоти шарикии иљтимої
- •§4. Шартномањои коллективї ва созишномањо
- •§5. Назорати иљрои шартномаю созишномањои
- •Накардани онњо
- •Ќисми махсус Боби VII Бозори мењнат ва танзими њуќуќии мусоидат ба шуѓлмандї ва бокортаъминкунї
- •Боби VIII Шартномаи мењнатї
- •Мафњум ва ањамияти шартномаи мењнатї.
- •Љонибњо ва тартиби умумии бастани шартномаи мењнатї.
- •Мазмуни шартномаи мењнатї.
- •Намудњои алоњидаи шартномаи мењнатї.
- •Таѓйир ёфтани шартномаи мењнатї.
- •6.Ќатъшавии шартномаи мењнатї. Муќаррароти умумї оид ба ќатъшавии шартномаи мењнатї.
- •Бекор намудани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корманд.
- •8. Бекор намудани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корфармо.
- •Ќатъшавии шартномаи мењнатї бинобар њолатњои ба иродаи љонибњои он вобаста набуда.
- •Ба расмият даровардани ќатъшавии шартномаи мењнатї.
- •Дафтарчаи мењнатї.
- •Боби IX
- •Мафњум ва танзими њуќуќии ваќти корї.
- •Намудњои ваќти корї. Ваќти кори мўътадил. Ваќти кори кўтоњшуда. Ваќти нопурраи кор.
- •Изофакорї.
- •Реља ва бањисобгирии ваќти корї. Мафњуми рељаи ваќти корї. Рўзи кори ба меъёр гирифтанашуда.
- •Рељаи чандирии ваќти корї. Кори бастї.
- •Таќсимоти рўзи корї ба ќисматњо. Бањисобгирии ваќти корї.
- •Боби X Ваќти дамгирї
- •Рухсатињои боподоши њарсола. Мафњум ва намудњои рухсатии боподоши њарсола. Тартиби пешкаш намудани рухсатињои боподоши њарсола.
- •Рухсатињои эъљодї ва иљтимої.
- •Рухсатињои бе подоши музди мењнат.
- •Боби XI Танзими њуќуќии музди мењнат
- •Мафњум ва усулњои танзими њуќуќии музди мењнат.
- •Низоми тарифии музди мењнат ва унсурњои он.
- •Шаклњо ва низоми музди мењнат.
- •Музди мењнат њангоми дуршавї аз шароитњои мўътадили мењнат.
- •Бамеъёргирии мењнат.
- •Боби XII Кафолатњо ва љубронпулињо
- •1. Мафњуми кафолатњо ва љубронпулињо.
- •2. Кафолатњо ва љубронпулињо њангоми фиристонидани кормандон ба сафари хизматї ва кўчидан љињати иљрои кор ба дигар мањал.
- •3. Кафолатњо ва љубронпулињо барои кормандон бинобар иљро намудани ўњдадорињои давлатї ё љамъиятї.
- •4. Кафолат ва љубронпулињо барои кормандон њангоми таъвизї тањсил ва кор.
- •5. Дигар намудњои кафолатњо ва љубронпулињо.
- •Боби XV Њифзи мењнат
- •Боби XVI Њифзи њуќуќњои мењнатии кормандон
- •Боби XVII
- •Боби XVIII Танзими байналмилалї-њуќуќии мењнат
Мазмуни шартномаи мењнатї.
Дар асоси моддаи 30 КМ ЉТ мазмуни шартномаи (ќарордоди) мењнатиро созишномаи тарафњо, инчунин санади ќонунгузорї ва дигар санади меъёрии њуќуќї оид ба мењнат, аз љумла созишномаи генералї, соњавї ва шартномаи коллективї муайян мекунанд.
Дар матни шартномаи (ќарордоди) мењнатї бояд љои кор (ташкилот ва ё воњидњои муайян), вазифаи мењнатии корманд, рўзи оѓози кор, мўњлати амали шартномаи (ќарордоди) мењнатї, њаљми музди мењнат, давомнокї ва низоми ваќти корї, давомнокии рухсатии мењнатї ва дигар шароитњои мењнат нишон дода шавад.
Сатњи њуќуќњо ва кафолатњои мењнатии кормандонро, ки санади ќонунгузорї ва дигар санади меъёрии њуќуќї муќаррар намудаанд, њангоми бастани шартномаи (ќарордоди) мењнатї паст кардан мумкин нест.
Мазмуни њамагуна шартнома, аз љумла шартномаи мењнатиро шартњои шартнома ташкил медињанд, ки њуќуќу ўњдадорињои тарафњои онро муайян месозанд. Шартњои шартномаи (ќарордоди) мењнатї ба ду гурўњ људо мешаванд: якум, шартњои дар ќонун муќарраршуда ва бо таќозои ќонун ба шартнома (ќарордод) воридшаванда; дуюм, шартњои бо созиши љонибњо ќабулшуда ва дар шартномаи (ќарордоди) мењнати инъикосшаванда. Гурўњи дуюми шартњои шартномаи (ќарордоди) мењнатї дар навбати худ ба шартњои зарурї ва иловагї људо мешаванд.
Шартњо оид ба риояи интизоми мењнат, муносибати эњтиёткорона ба амволи корфармо, аз љониби корфармо таъмин намудани њифзи мењнати кормандон амсоли шартњое мебошанд, ки дар ќонун пешбинї шуда, аз љоииби тарафњои шартнома мавриди муњокима ќарор додани онњо маънї надорад. Ва иљрои чунин шартњо амри воќеъ мебошад.
Шартњо дар хусуси љои кор, вазифаи мењнатии корманд (касб, ихтисос, мансаб), рўзи оѓози кор, мўњлати амали шартномаи (ќарордоди) мењнатї, њаљми музди мењнат, давомнокї ва низоми ваќти корї, давомнокии рухсатии мењнатї, ки дар ќисми 2 моддаи тафсиршаванда оварда шудаанд, аз зумраи шартњои зарурии шартномаи (ќарордоди) мењнатї буда, дар матни шартномаи (ќарордоди) мењнатї инъикос намудани онњо њатмист.
Муайян намудани љои кор танњо бо ишора ба муассисаи мушаххас ё воњиди таркибии он (сех, лаборатория, шўъба, филиал, намояндагї ва ѓайра) мањдуд намегардад. Дар матни шартномаи (ќарордоди) мењнатї, инчунин номи пурра, љои воќеъшавї ва суроѓаи ташкилот инъикос бояд шавад. Агар ба њайси кордињанда ашхоси воќеї баромад кунад, дар ин сурат ному насаби пурра ва суроѓаи хонаи ў нишон дода мешавад.
Дар шартномаи (ќарордоди) мењнатї дар баробари шартњои дар боло зикршуда, шартњои иловагиро низ љой додан имкон дорад. Шартњои иловагї гуфта, он шартњои шартномаи (ќарордоди) мењнатиро меноманд, ки ба амри воќеъ будани басташавии он таъсир расонида наметавонанд, масалан, шарт дар бораи мўњлати санљиш, бо манзил таъмин намудани корманд, пардохти харољотњои иќомат дар мењмонхона, људо намудани ќитъаи боѓ, автомобил ва ѓайра. Њамин тариќ, ба шартномаи (ќарордоди) мењнатї, њамагуна шартњоро ворид намудан мумкин аст, ба шарте ки онњо вазъи кормандро дар ќиёс ба ќонунгузории мењнатї, созишномаю шартномањои коллективї бадтар насозанд.
