Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Hukuki_mehnati-spaces.ru.doc
Скачиваний:
0
Добавлен:
01.07.2025
Размер:
1.31 Mб
Скачать

13) Принсипи талофии зиёни ба корманд дар иртибот ба иљрои вазифањои мењнатї расонидашуда;

Моњият ва мазмуни принсипи зикрёфта, ки аз муќаррароти Ќонуни ЉТ «Дар бораи суѓуртаи давлатии иљтимої» бармеояд, дар моддаи 156 КМ ЉТ ва меъёрњои дахлдори Ќонуни ЉТ «Дар бораи муњофизати мењнат дар ЉТ» ба таври мукаммал тавзењ дода шудааст.

14) Принсипи муќаррар намудани кафолатњои давлатии таъмини њуќуќњои кормандон ва корфармоён ва ба амал баровардани назорату тафтиши риояи онњо;

Принсипи мазкур дар меъёрњои сершумори КМ ЉТ марбут ба бастан, таѓйир додан ва ќатъ намудани шартномаи (ќарордоди) мењнатї, ваќти дамгирї, муќаррар намудан ва пардохти музди мењнат, пардохтњои кафолатї ва љубронї, интизоми мењнат, љавогарии моддї ва маънавї барои зиёни расонидашуда, њифзи мењнат, баррасии бањсњои мењнатї, суѓуртаи иљтимої таљассуми худро ёфтааст.

Назорати љамъиятии риояи ќонунњои мењнат ва ќоидањои њифзи мењнат ба зиммаи иттифоќњои касаба ва њамчунин нозироти њуќуќї ва техникии мењнат, маќоми дахлдори интихобии иттифоќи касабаи ташкилот ё маќоми дигари намояндагии кормандон гузошта шудааст.

Мувофиќи талаботи моддаи 14 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иттифоќњои касаба, њуќуќњо ва кафолатњои фаъолияти онњо», иттифоќњои касаба мувофиќи ќонунњо ва оиномањояшон аз тарафи маъмурият, молик ва маќомоти идории аз тарафи онњо ваколатдор риоя намудани ќонуни мењнатро назорат мекунанд ва њуќуќ доранд бартараф намудани вайронкунињои ќонуни мењнат ва иттифоќњои касабаро талаб намоянд. Маъмурияти ташкилот вазифадор аст, ки пешнињоди онњоро оиди бартараф намудани вайронкунињои ќонуни мењнат ва иттифоќњои касаба баррасї намуда, дар муддати як моњ аз натиљаи он ба иттифоќњои касаба хабар дињанд.

Иттифоќњои касаба њуќуќ доранд бо хоњиши аъзоёни худ ва дигар кормандон, инчунин бо ташаббуси худашон барои њимояи њуќуќњои мењнатии онњо дар суд баромад кунанд.

Ба ин маќсад иттифоќњои касаба метавонанд идораи тафтишотї, умури ёрии њуќуќї ва дигар маќомоти зарурї дошта бошанд.

15) Принсипи таъмини њуќуќи њар як шахс ба њимояи давлатии њуќуќу озодињо;

Њифзи њуќуќњои мењнатии кормандон аз тарафи маќомоти назорати риояи ќонунњо оид ба мењнат, маќомоти баррасикунандаи бањсњои мењна-тї ва суд ба амал бароварда мешавад. Принсипи мазкур аз љониби маќомотњои давлатию љамъиятї ва суд њифз намудани њуќуќњои мењнатии кормандонро дар назар дорад. Бояд хотиррасон кард, ки новобаста аз дигар воситањои њимоя, корманд њуќуќ ба њимояи судиро дорад, ки он аз муќарраро-ти Конститутсияи (Сарќонуни) ЉТ (моддаи 19) бармеояд. Аз ин рў, яке аз воситањои пурсамари њимояи њуќуќњои мењнатии кормандон, њимояи судї мањсуб мешавад.

Њифзи њуќуќњои мењнатии кормандро, инчунин маќомоти назорат оид ба риояи ќонунњои мењнат, ки дар моддаи 225 КМ ЉТ муайян шудаанд, амалї менамоянд. Њуќуќњои мењнатии кормандон ба ѓайр аз маќомотњои давлатї, инчунин аз љониби комиссия оид ба бањсњои мењнатии фардї, иттифоќњои касаба њифз карда мешаванд.

Таъсиси комиссияњо оид ба бањсњои мењнатї, салоњияти он, тартиби ќабули ќарор ва иљрои он дар моддањои 193-196 КМ ЉТ пешбинї шудаанд.

Ѓайр аз, ин корманд бо роњи пешнињод намудани аризаи даъвогї ба суд, ё ин, ки пешнињоди ариза (шикоят) ба маќомоти прокуратура ва дигар маќомоти давлатї, њуќуќњои мењнатии худро метавонад њифз намояд.

Соседние файлы в предмете [НЕСОРТИРОВАННОЕ]