Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Hukuki_mehnati-spaces.ru.doc
Скачиваний:
2
Добавлен:
01.07.2025
Размер:
1.31 Mб
Скачать

10) Принсипи таъмини њуќуќи кормандон љињати иштирок дар идоракунии ташкилот;

Принсипи мазкур ба Тавсияи СБМ №94 «Оид ба њамкорї дар сатњи корхона» (1952) асос ёфта, дар КМ ЉТ, ки њуќуќи кормандонро љињати иштирок дар идора намудани ташкилот муќаррар намудааст, таќвият ва тавсиа меёбад. Принсипи таъмини њуќуќи кормандон љињати иштирок дар идоракунии ташкилот дар боби 2 (Коллективи мењнатї, намояндагии манфиатњои кормандон), боби 3 (Шартномањо ва созишномањои коллективї), КМ ЉТ ва меъёрњои Ќонуни ЉТ «Дар бораи шарикии иљтимої, шартнома ва созишномањои коллективї» ба таври возењ ва мукаммал ифода ёфтааст.

11) Принсипи мувофиќати танзими давлатї ва шартномавии муносибатњои мењнатї ва дигар муносибатњои бо онњо алоќаманди љамъиятї;

Танзими њуќуќии муносибатњои мењнатї бо истифода аз ду услуб сурат мегирад. Яке танзими давлатї ва дигаре танзими шартномавї. Услуби шартномавии танзими муносибатњои мењнатї дар навбати худ ба ду намуд људо мешавад: коллективї-шартномавї ва фардї-шартномавї.

Агар танзими давлатии муносибатњои мењнатї бо истифода аз санадњои ќонунгузорї ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии аз љониби маќомоти ќонунгузор, маќомоти марказї ва мањаллии идоракунии давлатї ќабулшуда ба амал бароварда шавад, танзими шартномавии муносибатњои мењнатї дар асоси созишнома, шартномањои коллективї ва шартномањои (ќарордодњои) мењнатї амалї мегардад.

Њадафи танзими давлатии муносибатњои мењнатї муќаррар намудани сатњи њадди аќали њуќуќњо ва кафолатњои мењнатї барои кормандон аст, дар њоле, ки вазифаи танзими шартномавиро тафсилу мушаххасгардонии њуќуќу кафолатњои барои кормандон муќаррарнамудаи санадњои ќонунгузорї ва аз њама муњимтар, муќаррар намудани њуќуќу кафолатњои наву иловагии мењнатї ташкил медињад.

Таносуби танзими ќонунї ва шартномавии муносибатњои мењнатиро дар муќаррароту меъёрњои моддањои дахлдори КМ ЉТ дарёфтан мумкин аст, чунончи: ќисми 3 моддаи 31; ќисми 5 моддаи 32; ќисми 1 моддаи 37; ќисми 2 моддаи 40; ќисми 2 моддаи 41; ќисми 3 моддаи 47; ќисми 2 моддаи 48; моддаи 65; ќисми 2 моддаи 68; ќисми 3 моддаи 69; ќисми 1 моддаи 47; ќисми 2 моддаи 91; ќисми 2 моддаи 97; банди 4 ќисми 2 моддаи 99; ќисми 1 ва 2 моддаи 101; моддаи 105; ќисми 3 моддаи 106; ќисми 2 моддаи 107; ќисми 1 моддаи 108 моддаи 111; моддаи 117; ќисми 2 моддаи 126; банди 8 ќисми 2 моддаи 136; ќисми 3 моддаи 216.

Ду шарту талаботи ногузир ва доимї љой доранд, ки риояи бечунучарои онњо њангоми дар созишномањо, шартномањои коллективї ва мењнатї сабт намудани муќаррарот дар хусуси њуќуќу кафолатњои иловагї барои кормандон њатмист. Якум, мувофиќати пурраи онњо ба муќаррарот ва меъёрњои санадњои меъёрии њуќуќии ќувваи авлотари њуќуќидошта ва дуюм, тавассути шарту муќаррароти навину иловагии созишномњо, шартномањои коллективї ва мењнатї бењтар намудани вазъи кормандон дар ќиёс ба муќаррароти санадњои ќувваи авлотари њуќуќидошта.

Дар сурати риоя нашудани ин ду талабот, шартњо ва муќаррароти созишнома, шартномањои коллективї ва мењнатї беэътибор дониста мешаванд.

12) Принсипи шарикии (њамкории) иљтимої;

Ин принсип дар меъёрњои боби 2 (Коллективи мењнатї, намояндагии манфиатњои кормандон), боби 3 (Шартномањо ва созишномањои коллективї) КМ ЉТ ва меъёрњои Ќонуни ЉТ «Дар бораи шарикии иљтимої, шартнома ва созишномањои коллективї» ба таври возењ ва мукаммал ифода ёфтааст.

Соседние файлы в предмете [НЕСОРТИРОВАННОЕ]