Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Hukuki_mehnati-spaces.ru.doc
Скачиваний:
0
Добавлен:
01.07.2025
Размер:
1.31 Mб
Скачать

4) Принсипи њимоя аз бекорї ва мусоидат ба шуѓлмандї;

Принсипи мазкур аз моддаи 35 Конститутсияи (Сарќонуни) ЉТ маншаъ гирифта, дар Ќонуни ЉТ «Дар бораи мусоидат ба шуѓли ањолї», моддањои дахлдори КМ ЉТ ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї, ки ба танзими квотакунонии љойњои корї бахшида шудаанд, ифодаи худро меёбад.

5) принсипи таъминї њуќуќи њар як корманд ба шароитњои одилонаи мењнат;

Ин принсип, ки ба муќаррароти моддаи 7 Муоњидаи оид ба њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї ва моддаи 35 Конститутсияи ЉТ асос ёфтааст, дар бобњои 5 (Ваќти кор), 6 (Ваќти дамгирї), 7 (Музди мењнат), 71 (Меъёрњои мењнат ва нархномањои корбайъ), 8 (Пардохтњои кафолатї ва љубронї), 11 (Њифзи мењнат) КМ ЉТ мушаххас гашта, бо кафолатњои зарурї таъмин шудааст.

6) Принсипи баробарии њуќуќу имкониятњои кормандон;

Асоси принсипи мазкурро принсипи конститутсионии дар моддаи 35 Конститутсияи (Сарќонуни) ЉТ муќарраршуда ташкил дода, он дар моддаи 7 (Манъи мањдудсозии њуќуќ дар муносибатњои мењнатї), ќ.2 моддаи 102 (Кафолати пардохти музди мењнат) КМ ЉТ мушаххас ва сањењтар сабт шудааст.

7) Принсипи таъмини њуќуќи кормандон ба пардохти айниваќтї ва одилонаи музди мењнат;

Ин принсип аз моддаи 35 Конститутсияи ЉТ ва моддаи 7 Муоњидаи байналмилалї оид ба њуќуќњои иќтисодї иљтимої ва фарњангї ибтидо гирифта, ифодаи мушаххаси худро, аз љумла дар моддањои 101 (Муќаррар намудани музди мењнат), 102 (Кафолати музди мењнат), 1021 (Кафолати давлатї ба пардохти музди мењнат), 103 (Андозаи њадди аќали музди мењнат), 1042 (Тартиби пардохти музди мењнати кормандон), 1045 (Таѓйир додани шартњои музди мењнат), 108 (Мўњлати додани музди мењнат), 109 (Нигоњдоштани маблаѓ аз музди мењнат) КМ ЉТ ёфтааст.

8) принсипи таъмини имконоти баробар ба кормандон љињати пешбарї ба вазифаи (кори) баландар, омодасозї ва бозомодагии касбї ва такомули ихтисос;

Принсипи мазкур аз моддаи 7 Муоњида оид ба њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї, инчунин аз моддаи 35 Конститутсияи (Сарќонуни) ЉТ маншаъ гирифта, дар моддањои дахлдори КМ ЉТ, масалан, моддаи 184 (Муњайё кардани шароит ба пешбурди якљояи кор ва тањсил), моддаи 185 (Ташкили тањсили муттасили касбии корманд), моддаи 186 (Имтиёзњо барои кормандоне, ки дар муассисањои таълимї мехонанд), моддаи 187 (Имтиёзњо барои талабагони маълумоти умумї), моддаи 188 (Имтиёзњо барои талабагони омўзишгоњњои маълумоти умуми касбї) ба таври возењтар ва мушаххастар сабт шудааст.

9) Принсипи таъмини њуќуќи кормандон ва корфармоён ба муттањидшавї бањри њифзи њуќуќ ва манфиатњои хеш;

Тибќи муќаррароти моддаи 28 Конститутсияи (Сарќонуни) ЉТ ва Конвенсияи (Созишномаи) СБМ №87 «Оид ба иттињодия ва њифзи њуќуќ ба ташкилот», шањрвандон дорои њуќуќ ба муттањид гаштан, аз љумла њуќуќ ба созмон додани иттифоќњои касаба бањри њимояи манфиатњояшон мебошанд.

Тибќи муќаррароти КМ ЉТ, Ќонунњои ЉТ «Дар бораи шарикии иљтимої, созишномаю шартномањои коллективї», «Дар бораи иттифоќњои касаба, њуќуќњо ва кафолатњои фаъолияти онњо», «Дар бораи иттињодияњои љамъиятї», «Дар бораи иттињодияњои корфармоён» аз ин њуќуќ, аз љумла, кормандон ва корфармоён бархурдоранд. Онњо метавонанд бањри њимояи њуќуќу манфиатњои худ ва аъзоёнашон дар бахши мењнат, шарикии иљтимої иттињодияњо созмон дињанд ё ба онњо шомил гарданд.

Кормандон ба иттифоќњои касаба ва маќомо-ти худфаъолиятї ва љамъиятии аз љониби маљлиси умумии (конференсияи) коллективи мењнатї созмон додашуда, корфармоён бошанд, ба иттињодия-њои аз љониби онњо созмон додашуда, муттањид мешаванд.

Соседние файлы в предмете [НЕСОРТИРОВАННОЕ]