Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Hukuki_mehnati-spaces.ru.doc
Скачиваний:
0
Добавлен:
01.07.2025
Размер:
1.31 Mб
Скачать

3) Принсипи манъи мењнати иљборї;

Манъ будани мењнати иљборї талаботи конститутсионї мебошад (ќисми сеюми моддаи 35 Конститутсияи ЉТ). Ќисми якуми моддаи 8 КМ ЉТ ин ќоидаро айнан такрор менамояд. Аммо моддаи зикргардидаи КМ ЉТ мафњуми мењнати иљбориро надодааст. Ѓайр аз ин, дар КМ ЉТ шаклњои мењнати иљборї низ номбар карда нашудаанд. Дар моддаи 1 Конвенсияи СБМ «Дар бораи барњам додани мењнати иљборї» №105 (санаи ќабул 25 июни соли 1957 ва санаи амал 17 январи соли 1959) шаклњои зуњуроти мењнати иљборї номбар шудаанд. Мутобиќи ќоидаи муќаррарнамудаи Конвенсияи зикргардида, њар як давлати узви СБМ ўњдадор аст мењнати иљбориро барњам дињад ва кўшиши дар ягон шакл истифода намудани онро нанамояд, масалан, аз мењнатї маљбурї ба сифати:

а) василаи таъсиррасонї ё тарбия, ё ба сифати чораи љазо барои доро будан ва ифода намудани аќидаи сиёсї ё эътиќоди ѓоявии хилофи низоми мављудаи сиёсї, иљтимої ё иќтисодї;

б) усули сафарбарї ва истифодаи ќувваи корї бањри рушди иќтисодиёт;

в) усули пуштибонї аз интизоми мењнат ва тањкими он;

г) муљозот барои иштирок дар корпартої;

д) чораи мањдудкунї аз рўи мансубияти нажодї, иљтимої, миллї, диннї1 истифода накунад.

Њар шахс дар интихоби касб ва љои кор аз рўи ќобилияти худ озод мебошад. Дар њалли ин масъала набояд маљбуркунї роњ дода шавад. Шахс вобаста ба ќобилияти худ дар бораи аз рўи ихтисоси муайян ва дар љои муайян машѓул шудан ба мењнат бо корфармо озодона шартнома баста, шарту шароити онро муайян месозад. Инчунин, ў бо хоњиши худ озодона метавонад ќатъ намудани чунин шартномаи (ќарордодї) мењнатиро талаб намояд.

Конститутсияи (Сарќонуни) ЉТ (ќисми сеюми моддаи 35) пешбинї намудааст, ки ќонунгузор њуќуќ дорад дар ќонун кору мењнатеро пешбинї намояд, ки маљбурї эътироф карда намешаванд. Дар ќисми дуюми моддаи 8 КМ ЉТ њолатњое номбар шудаанд, ки кору мењнати маљбурї намебошанд:

1) корњое, ки иљрои онњо мутобиќи ќонун оид ба хизмати њарбї талаб карда мешавад;

2) корњое, ки иљрои онњо дар шароити њолатњои фавќулодда њангоми тањти хатар будани њаёт, амнияти шахсї ва ё саломатии ањолї талаб карда мешавад;

3) корњое, ки дар натиљаи эътибор пайдо намудани њукми суд талаб карда, тањти назорати маќомоти давлатї, ки масъули назорати ќонуният иљрои њукми суд мебошанд, иљро карда мешаванд.

Њолати якум бо Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ўњдадории умумии њарбї ва хизмати њарбї» пешбинї шудааст. Тибќи Ќонуни мазкур, њукуматњо барои гузаронидани чорабинињои вобаста ба иљрои ўњдадории умумии њарбї, духтурон – муттахассисон, њайати миёнаи тиббї, дигар мутахассисон ва кормандони техникиро љалб менамоянд. Яъне шахсони номбурда вазифаи худро берун аз шартномаи мењнатї иљро менамоянд1. Њолати дуюм дар иртибот бо вазъияти фавќуллода, тањти хатар будани њаёт, амнияти шахс ва ё саломатии ањолї муќаррар шудааст. Мутобиќи талаботи моддаи 6 Ќонуни Конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи низоми њуќуќии вазъияти фавќуллода», дар давраи вазъияти фавќуллода роњбарони ташкилоту муассисањо њуќуќ доранд дар мавридњои зарурї кормандонро бе розигии онњо ба кори дигар, ки дар шартномаи мењнатї пешбинї нашудааст, гузаронанд2. Њолати сеюм ба њукми суд ва салоњияти маќоми иљрокунандаи њукм алоќаманд аст. Тибќи ќ.1 моддаи 52 КМ ЉТ дар асоси њукми суд ба мањкумшуда мумкин аст љазо дар намуди корњои ислоњи мењнатї дар љои кори ў ё дар љойњои аз љониби маќоми иљрокунандаи њукм муайянкарда, вале дар ноњияи истиќомати мањкумшуда ба мўњлати аз ду моњ то ду сол таъин карда шавад. Њамзамон ќ.4 моддаи мазкур таъини корњои ислоњиро барои ашхоси ба синни 16 сола нарасида ва занони њомиладор манъ менамояд. Дар ин маврид ќонунгузор муќаррар кардааст, ки шахси адокунандаи љазоро ба ихтиёри шахси алоњида ё ширкати хусусї гузоштан мумкин нест. Чунин талабот бањри њимояи саломатї, њуќуќу манфиатњои ќонунии шахси ба корњои ислоњи мењнатї мањкумшуда равона шудааст.

Соседние файлы в предмете [НЕСОРТИРОВАННОЕ]