Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Hukuki_mehnati-spaces.ru.doc
Скачиваний:
0
Добавлен:
01.07.2025
Размер:
1.31 Mб
Скачать

Боби III. Принсипњои њуќуќи мењнатї

Мафњум, ањамият ва таснифи принсипњои њуќуќї. Принсипњои байнисоњавии танзими њуќуќии мењнат. Таркиб ва мазмуни принсипњои асосии њуќуќи мењнатї.

_______________________________________________

§1. Мафњум, ањамият ва таснифи принсипњои њуќуќї

Истилоњи принсип аз истилоњи лотинии «principum» маншаъ гирифта, маънои «асос» ё «ибтидо»-ро ифода менамояд.

Омўзиши принсипњои њуќуќї ва ањмияти онњо дер боз дар маркази таваљљўњи муњаќќиќони соњањои мухталифи њуќуќ ќарор дорад.

Дар назарияи њуќуќ зери мафњуми принсипњои њуќуќї ѓояњои роњбарикунанда, асос, ибтидо фањмида мешаванд, ки моњият, хусусиятњои асосї ва самти умумии такмили меъёрњои њуќуќиро дар њудуди низоми њуќуќ ё соњањои алоњидаи он ё институтњои алоњидаи њуќуќї ифода менамоянд1. Њамоно дар адабиёти њуќуќї аќидаи дигаре иброз шудааст, ки тибќи он танњо чунин ѓояњои роњбарикунандае ба сифати принсипњои њуќуќї эътироф мешаванд, ки агар онњо дар меъёрњои њуќуќї дарљ шуда бошанд2. Ба андешаи мо мањз чунин нуќтаи назар љоизтар ва бештар ќобили ќабул аст.

Агар њуќуќ дар шакли раводид, фармоиш, амр, манъкунї ифода ёбад, меъёри њуќуќї тарзу намунаи рафтори одамон, ташкилотњо ва дигар субъектњои њуќуќро дар шароитњои гуногуни њаётї муќаррар менамояд. Њуќуќ ва меъёрњои њуќуќї бояд аз ѓояњои роњбарикунанда ибтидо гирифта, онњоро дар худ дарљ ва таљассум намоянд.

Принсипњои њуќуќї на танњо дар марњалаи њуќуќэљодкунї, инчунин дар љараёни шарњу эзоњ ва татбиќи меъёрњои њуќуќї наќши муњимро мебозанд. Мањз принсипњои њуќуќ имкони шарњу эзоњи моњият ва мазмуни меъёрњои њуќуќиро фароњам оварда, татбиќи дурусти онњоро таъмин менамоянд.

Аз ин рў, принсипњо ва меъёрњои њуќуќї тавъам буда, бидуни якдигар љой дошта наметавонанд. Бо вуљуди ин якзайлу якмаъно пиндоштани принсипњои њуќуќ ва меъёрњои њуќуќї нодуруст мебуд. Принсипњои њуќуќ аз меъёрњои њуќуќї бо чанд аломати худ тафовути љиддї доранд. Якум, гарчанде принсипњои њуќуќ нуфузу таъсири муњими танзимнамоиро доро бошанд њам, чун меъёрњои њуќуќї тарзу намунаи рафтори мушаххасро муайян намесозанд ва тавассути онњо танзими њамаљо-нибаи муносибатњои мушаххаси љамъиятї аз имкон берун аст. Дуюм, принсипњои њуќуќ тамоми унсурњои меъёри њуќуќиро (фарзия, диспозитсия, муљозот) доро нестанд. Сеюм, принсипњои њуќуќ дар ќиёс бо меъёрњои њуќуќї дарозумру пойдортар буда, на танњо моњият ва мазмуни меъёрњои њуќуќии амалкунанда, балки меъёрњои њуќуќии минбаъдаро муайян намуда, дар дуруст татбиќ намудани меъёрњои њуќуќї ва њаллу фасли масъалањои њанўз танзими худро наёфта, яъне дар мукаммал намудани ќонунгузорї, кўмак мерасонанд. Чорум, принсипњои њуќуќ њамчун асосу тањкурсї барои дар низоми ягонаи ин ё он соњаи њуќуќ муттањид намудани меъёрњои алоњидаи њуќуќї хизмат мекунанд. Ба ибораи дигар принсипњои њуќуќ категорияњое мебошанд, ки тавсифи љамъбастшуда ва хулосавии мазмуни системаи бутуни њуќуќ ё соњањои алоњидаи он ё институтњои алоњидаи њуќуќро дар худ таљассум менамоянд. Ва дар нињоят принсипњои њуќуќ дар баробари предмет, услуб ва маъхазњо, њамчун мањак барои эътироф намудани ин ё он соњаи њуќуќ хизмат мекунанд.

Принсипњои њуќуќ на танњо аз меъёрњои њуќуќї, балки аз шуури њуќуќї низ тафовут доранд. Шуури њуќуќї аз аќидаю мулоњизаи одамон, бањои онњо нисбати меъёрњои њуќуќии амалнамуда ва амалкунанда, инчунин нисбати принсипњои тамоми системаи њуќуќ ва принсипњои соњањои алоњидаи њуќуќ иборат аст.

Дар маъхазњои илмї ва таълимї принсипњои њуќуќ ба се гурўњ таљзия шудаанд: принсипњои умумињуќуќї; принсипњои байнисоњавї ва принсипњои соњавї.

Принсипњои умумињуќуќї принсипњое мебошанд, ки хоси тамоми соњањои њуќуќанд (принсипњои ќонуният, адолат, инсондўстї, баробарњуќуќии њама дар назди ќонун, демократизм ва ѓайра). Принсипњои байнисоњавї бошанд, принсипњоеро меноманд, ки хосї якчанд соњањои њуќуќ мебошанд. Масалан, принсипи озодї ва подоши мењнат, њифзи моликият дар ќисмати ба татбиќи мењнат алоќаманд на танњо ба њуќуќи мењнатї, инчунин ба њуќуќи гражданї, соњибкорї, маъмурї низ хосанд.

Принсипњои соњавї бошанд, чунин принсипњое мебошанд, ки хусусияти хоси меъёрњои соњаи алоњидаи њуќуќро ифода менамоянд. Мисоли равшани принсипи соњавї, принсипи таъмини иштироки кормандон дар идоракунии ташкилот, принсипи шарикии иљтимої, принсипи таъмини њуќуќи кормандон ба суѓуртаи иљтимої ва дигар принсипњо мебошанд, ки танњо ба њуќуќи мењнатї хосанд.

Масоили принсипњои њуќуќ на танњо мавриди таваљљўњи тадќиќотчиёни назария њуќуќ, балки олимони соњаи њуќуќи мењнатї низ ќарор гирифтаанд. Агар олими намоёни соњаи њуќуќи мењнатї Н.Г.Александров принсипњои њуќуќро ба принсипњои умумї, байнисоњавї ва дохилисоњавї таљзия намуда бошад1, В.А.Андреев боз ба дигар гурўњи принсипњои њуќуќї, яъне принсипњои институтњои алоњидаи соњањои њуќуќ ишора намудааст2.

Принсипњои байнисоњавии ба мењнат алоќаманд, дар маъхазњои таълимї њамчун принсипњои танзими њуќуќии мењнат ном гирифтаанд. Принсипњои соњавии њуќуќи мењнатї бошанд, њамчун воситаи мушаххасгардонии принсипњои байнисоњавї мутобиќ ба муносибатњои мењнатї ва меъёрњои танзимкунандаи онњо баромад мекунанд3.

Ба вуљуди ин, принсипњои танзими њуќуќии мењнат ва принсипњои соњавии њуќуќи мењнатро комилан айниятдошта њисобидан хато мебуд4, чунки сарфи назар аз шабењияти зоњирї њар яке аз ин гурўњи принсипњо дорои хусусиятњои ба худ хос мебошанд.

Соседние файлы в предмете [НЕСОРТИРОВАННОЕ]