
- •Њуќуќи оилавї
- •Њуќуќи оилавї ва вазифањои он
- •Конститутсияи Љумњурии Тољикистон оид ба њифзи давлатии оила
- •3. Њуќуќ ба њимояи модарї ва кўдакї
- •4. Принсипњои њуќуќи оилавї
- •5. Тавсифи ќонунгузории оила
- •6. Никоњ: шартњо ва тартиби бастани он. Монеањои аќди никоњ
- •7. Беэътибории никоњ ва ќатъ гардидани никоњ
- •8. Њуќуќ ва ўњдадорињои шахсии њамсарон
- •1) Њуќуќу интихоби насаб (фамилия)
- •2) Њуќуќи њамсарон ба интихоби машѓулият ва касбу њунар
- •3) Њукуќи њамсарон ба интихоби љои истиќомат
- •4) Њуќуќњо оид ба масъалањои њаёти оилавї ва тарбияи фарзандон
- •9. Њуќуќњои молумулкии зану шавњар
- •10. Ањдномаи никоњ: мазмун, шакл ва тартиби бастани он
8. Њуќуќ ва ўњдадорињои шахсии њамсарон
Муносибатњои њуќуќии шахсї чунин муносибатњое мебошанд, ки дар асоси аз тарафи њамсарон њангоми бастан ё бекоркунии никоњ, интихоби касб, њаллу фасли якљояи масъалањои њаёти оилавї, интихоби озодонаи машѓулият, љои истиќомат, розигї додан ба фарзандхонї, њалли масъалањои бекоркунии никоњ ва ѓайра ба вуљуд меоянд. Њуќуќњои шахсї ба шахсияти њамсарон алоќаманданд.
Њуќуќњои шахсї аз лањзаи бастани никоњ ба вуљуд омада, њангоми вафот ќатъ мешаванд. Онњоро бо созиши тарафњо ќатъ ё таѓйир додан мумкин нест. Њуќуќњои шахсї бояд ба талаботи ќонун зид набошанд.
Њуќуќњои шахсї дар муносибатњои оилавї дар муќоиса бо муносибатњои молумулкї табиати муайянкунанда доранд, яъне сараввал муносибатњои шахсї ва баъд муносибатњои молумулкї пайдо мешаванд. Мањз њамин хусусият њуќуќи оилавиро аз дигар соњањои дигар, аз љумла аз њуќуќи гражданї фарќ мекунонад. Њуќуќ ва вазифањои њамсарон асосан аз инњо иборатанд:
1) Њуќуќу интихоби насаб (фамилия)
Мувофиќи моддаи 33 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон зану шавњар њангоми бастани никоњ аз рўи хоњиши худ метавонанд насаби яке аз њамсаронро ба сифати насаби умумии худ интихоб намоянд, ё њар кадоми онњо насаби пештараи худро нигоњ медоранд ё ба насабашон насаби њамсари худро илова менамоянд. Агар зану шавњар, ё яке аз онњо насаби дукарата дошта бошад, он гоњ бо њам пайвастани насабњо мумкин нест. Масъалаи интихоби насаб кори ихтиёрии никоњшавандагон буда, озодона ва бо ризоияти якдигар, бидуни дахолати дигарон њал карда мешавад.
Хоњиши зану шавњар барои доштани як насаб комилан ќонунист. Ин хоњиш махсусан ваќти тавлиди кўдак њаќ мебарояд. Шањрвандони болиѓи Љумњурии Тољикистон њуќуќ доранд насаб, ном ва номи падари худро таѓйир дињанд ва ислоњ намоянд. Чунин таѓйирот тибќи моддаи 58 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон бо њамроњ кардани пайвандњои «зод», «ї», «зода», «пур», «духт», ё изофањои «пури», «духти» ва ё бо тартиби баъди номи кўдак илова кардани номи падар ба амал бароварда мешавад.
Дигар кардани насаб бо иљозати шўъбањои шањрї, вилоятї ва љумњурии маќомоти САЊШ сурат мегирад. Дар њолатњои зерин ба дигар кардани насаб иљозат дода намешавад: агар аризадињанда дар зери тањќиќу тафтишоти суд бошад, доѓи судї дошта бошад ё ба он аз љониби маќомоти давлатї норозигии асоснок изњор шуда бошад. Њангоми бекор кардлани аќди никоњ њамсарон метавонанд насаби худро таѓйир дињанд.
2) Њуќуќи њамсарон ба интихоби машѓулият ва касбу њунар
Ин њуќуќи конститутсионии њар як шањрванд дар меъёрњои соњањои гуногуни њуќуќ сабт ёфтааст. Дар моддаи 32 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон гуфта шудааст, ки зану шавњар дар интихоби машѓулият, касб ва намудњои фаъолият соњибихтиёранд. Дар њаёт татбиќ намудани ин меъёри ќонун барои дастгирии њамсарон ва мустањкам намудани оилањо омили муњим ба њисоб меравад. Масъалањо оид ба интихоби машѓулият ва касбу њунарро зану шавњар бо розигии њамдигар њал мекунанд.
3) Њукуќи њамсарон ба интихоби љои истиќомат
Зану шавњар дар интихоби љои истиќомат низ озод мебошанд. Ин чунин маъно дорад: ўњдадории юридикие вуљуд надорад, ки дар сурати љои истиќоматро дигар кардани яке аз њамсарон нафари дуюм њам аз паси ў равад.
Ќонун кафолати њар як њамсарро ба озодї, интихоби љои истиќомат муќаррар намуда, њамзамон омилњои зисту зиндагии якљояи онњоро низ ба инобат мегирад.