Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Hukuki_oilavi-spaces.ru.doc
Скачиваний:
0
Добавлен:
01.07.2025
Размер:
234.5 Кб
Скачать

Њуќуќи оилавї

  1. Њуќуќи оилавї ва вазифањои он

Оила сохтори ибтидоии њар гуна љомеа, зинаи аввалини ташаккули он ба шумор меравад. Пайдоиши оила, чунон ки олимони њафриётшинос ва мардумшинос исбот кардаанд, таърихи 10-12 њазорсоларо дар бар мегирад. Пайдоиш ва инкишофи обшинањои авлодї њамчун мањсули асосии иќтисоди истеъмолї ба замони гузариш ба неолит (тахминан њазорањои VII - III то милод) рост меояд. Заминаи инкишофи тадриљии ин обшинањоро муносибатњои хешутабории якчанд насл ташкил медоданд ва аз ин рў ин сохти ќадимаро сохти авлодї меномиданд. Бояд гуфт, ки мањз дар замони неолит табаќањои гуногуни иљтимої пайдо шуда, онњо бавуљудої ва рушди муназзами синфњо, давлат ва њуќуќро таъмин карданд.

Баъдан дар асрњои XVII - XVIII дар даврони ављи ташаккули сохти сармоядорї таваљљўњи ањли љомеа ба оила њамчун институти мустаќили иљтимої хеле зиёд гардид. Мувофиќи аќидаи њуќуќшиносони ин давра, оила дар натиљаи никоњ ба вуљуд меояд ва никоњ бошад, навъи хоси шартномае мебошад, ки дар он њуќуќу ўњдадорињои њамсарон на аз љониби худашон, балки аз тарафи давлат муќаррар мегардад. То ибтидои асри XX њамсарон дар оила њуќуќи баробар надоштанд, танњо шавњар соњибихтиёри корњои оила ва ягона соњибмулки амволи он мањсуб мегардид.

Танњо баъди љанги дуюми љањонї афкори љомеа ба масъалаи оила таѓйир ёфт, аз нигоњи илми њуќуќ никоњ њамчун шартномаи шањрвандони баробарњуќуќ баррасї гардид. Акнун дар замони мо навъњои гуногуни оилањоро ба мушоњида гирифтан мумкин аст, ки дар натиљаи никоњњои ба таври расмї баќайдгирифташуда ва бе ќайди давлатї (никоњњои воќеї ё шањрвандї) ташкил шудаанд, оилањои серфарзанд, оилањое, ки танњо аз модару кўдак иборатанд, њатто оилањои якљинса (дар баъзе давлатњои Скандинавия) ба як њодисаи муќаррарї табдил ёфтааст.

Дар сарзамини Шарќ, чунон ки аз сарчашмањои таърихї ва њукуќї маълум мешавад, њанўз дар даврони Зардушт, таќрибан дар асри IX пеш аз милод ба муносибатњои мардону занон дар заминаи њуќуќ таваљљўњ карда мешуд. Ташкили оила дар ањди Зардушт кори муќаддас њисоб меёфт ва пойдрии ахлоќу маънавиёти љомеаро аз устувории оилањо вобаста медонистанд. Чунончи, дар замони Сосониён, ки оини оташпарастї дини давлатї мањсуб мешуд, ихтиёран дохил шудан ба никоњ шарти асосии бунёди оила њисоб меёфт. Масалан, дар Ќонунномаи Сосониён сабт шуда буд, ки «инсон набояд духтари хешро зидди иродааш ба шавњар дињад». Синни расидан ба балоѓат аз 15 солагї эътироф мешуд.

Тамаддуни исломї, ки тўли 1400 сол ба аксарияти халќњои Шарќ нафаќат њамчун дин, балки њамчун намунаи тарзи зист ва маънавияту ахлоќ хизмат карда меояд, ба муносибатњои њуќуќии оилавї меъёрњои наве ворид кард, ки ба устувор нигоњ доштани оилањо мусоидат мекунанд. Бисёр арзишњои ахлоќию маънавї, аз љумла садоќати њамдигарии зану шавњар, масъули тарбияи фарзандон будани волидон ва баръакс, нигањбонии фарзандон аз волидони эњтиёљманд, муќаддас донистани падару модар аз ќабили арзишњое мебошанд, ки мустањкамии оилањоро таъмин мекунанд.

Бењуда нест, ки тибќи фармудањои дини ислом падарро ќиблагоњ мегўянд ва ризоияти падарро баробари ризоияти худо мењисобанд. Маќоли машњури «падар розї – худо розї», ё худ њикмати «бињишт зери пои модарон аст» гувоњи он аст, ки багумон дар ягон тамаддуни дигар маќому мартабаи падару модар ин ќадар баланд бошад. Аз нигоњи арзишњои умумибашарї низ оила як љомеаи хурди ташаккули шахсиятњо эътироф мешавад. Ба ќавли В.А.Сухомлинский «оила ин њамон муњити ибтидоиест, ки ба инсон накўкориро меомўзад».

Бояд дар назар дошт, ки оиладор шудан, пеш аз њама, маънои аз њуќуќу ўњдадорињои оилавї бархурдор будани њар як шахс ва иљро намудани онњоро дорад. Дар ќонунгузории ЉТ таърифи њуќуќии оила дода нашудааст, вале дар истинод ба нуќтаи назари мухталиф таърифи оиларо ба тариќи зайл додан мумкин аст: оила - иттифоќи озод, ихтиёрона,баробарњуќуќ ва чун ќоида якумраи зану шавњараст, ки ба муњаббату эњтироми тарафайн бо маќсади ташкили оила барои тавлид ва тарбияи фарзандон асос ёфта, бо риояи њама шартњои дар ќонун зикршуда ва умумияти маънавию хољагї, инчунин њуќуќу ўњдадорињоро байни аъзои оила ба вуљуд меорад ва дар тањти њимояи давлат ќарор дорад. Вазифањои асосии оила - репродуктивї ( ба вуљуд овардани насли солим), тарбиявї, хољагидорї (иќтисодй), маънавияти ба њам созгори аъзои оила ва дастгирии моддию маънавии байнињамдигарї мебошад.

Дар фањмиши соддаву муќаррарї њуќуќи оилавї маљмўи меъёрњои њуќуќиест, ки муносибатњои байни аъзои оиларо ба танзим медарорад. Аъзои оила гуфта, њамсарон, волидон ва фарзандонро дар назар доштан лозим аст, ки онњоро маљмўи њуќуќу ўњдадорињои амволї ва ѓайриамволї ба њам алоќаманд месозад. Дар фањмиши васеъ бошад, њуќуќи оилавї маљмўи меъёрњои њуќуќї буда, муносибатњои шахсї ва молумулкиеро, ки бо сабаби никоњ, таваллуди кўдак, фарзандхонї, хешутаборї, ба тарбия гирифтани кўдак, байни шањрвандон, шањрвандону шахсони њуќуќї, шањрвандону давлат пайдо мешаванд, танзим менамояд.

Вазифањои њуќуќи оилавї аз њалли масъалањои зерин иборат аст: мустањкам кардани оила, ки ба арзишњои ахлоќии љомеа асос ёфтааст, никоњи ихтиёрии зану мард, дўстї ва эњтироми њамдигарии аъзои оила, њифзи манфиати модару кўдак ва таъмини шароити арзанда барои инкишофи кўдакон, барњам додани таассубу хурофот ва урфу одатњои зарарноки замони гузашта, парвариши эњсоси баланди масъулият дар назди оила.

Њуќуќи оилавї мисли дигар соњањои њуќуќ мавзўи омўзиши худро дорад. Мавзўи омўзиши њуќуќи оилавї маљмўи муносибатњои чамъиятиеро фаро мегиранд, ки дар натиљаи бастан ё бекор кардани никоњ, таваллуди кўдак, хешї, фарзандхонї, парасторї, васоят пайдо мешаванд, таѓйир меёбанд ва ќатъ мегарданд.

Ин муносибатњо хислати хоси худро доранд ва онњо имконият медиханд, ки муносибатњои њуќуќи оилавї аз дигар намудњои муносибатњои њуќуќї, аз љумла аз муносибатњои њуќуќи гражданї фарќ карда шаванд. Масалан, субъекти њуќуќи оилавї танњо шањрвандоне ба шумор мераванд, ки доираи онњоро ќонун муайян кардааст (њамсарон, падару модарон, фарзандон, фарзандхондагон, парасторону васиён ва ѓ.) Субъектони муносибатњои њуќуќи оилавї доимо характери љиддї, инфиродї ва ивазшаванда доранд. Ѓайр аз ин, муносибати байни субъектони њуќуќи оилавї бардавом ва эътимоднок мебошанд.

Саволњо:

1) Пайдоиши оила ба кадом давра мансуб аст ва хусусиятњои он давраро бо истифода аз маводи фанни таърих шарњ дињед. 2) Никоњ њамчу навъи шартнома гуфта Шумо чиро мефањмед ? 3) Ташкили оила дар ањди Зардушт чї гуна бањо дода мешуд? 4) Чаро њуќуќу ўњдадорињои зану шавњар аз љониби давлат муќаррар мешавад? 5) Таърифи оиларо бигўед. 6) Фањмиши сода ва мураккаби њуќуќи оилавї аз њам чї фарќ доранд? 7) Вазифањои њуќуќи оилавї аз њалли кадом масъалањо иборат аст? 8) Мавзўи омўзиши њуќуќи оилавї чист? 9) Субъектони њуќуќи оилавиро номбар кунед.

Соседние файлы в предмете [НЕСОРТИРОВАННОЕ]