Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Шабакахои компютери.doc
Скачиваний:
207
Добавлен:
29.09.2019
Размер:
3.2 Mб
Скачать

Баќайдгирї дар почтањои электронї

Пеш аз истифода бурдани хизматрасонї бо ёрии почтањои электронї, њар истифодабаранда бояд ќутии худро дар ин сервер дошта бошад.

Ва ин ќутти бу суроѓаи худ муайн карда мешуд.

Дар ваќти баќайдгири намудани истифодабаранда бањри кушодании ќуттии электронї ва ё почтаи электронии хеш аз равзанаи асосии истинод ва ё њаволаи регистрацияро интихоб намудан зарур аст.

Баъди кушодашавии равзанаи баќайдгирї, њамаи бандњо ва ё ячейкањое, ки дар наздашон аломати * (ситорача) мављуд аст вобаста аз талаботи сервер њатман бояд пур карда шаванд.

Баъди пур намудани тамоми информатсияњои зарурї танњо барои истифода бурдани почтаи хеш номи почта ва парол, яъне суроѓаи хона ва калиди он зарур аст.

Ногуфта намонад ки пароли почта ба вориднашавии бегонагон сабаб шуда ва ё истифода мешавад.

Ѓайр аз ин њар почтаи электронї аз истифодабаранда савол ва љавоби назоратиро талаб менамояд, ки ин љавоб имконияти дар њолати фаромуш намудани пароли хеш бањри барќарор намудани парол истифода бурда шавад.

Мисол, барои истифода намудани почтаи davlatov_r@mail.ru чи кор намудан зарур аст. Кифоягї дар ячейкаи суроѓа номи почта ва ячеёка парол -пароли почтаро ворид намуд.

davlatov_r

@mail.ru

***********

номи почта

парол Номи почта парол ва ё калид

Баъди анљоми ин амал тугмаи «ВХОД» ва ё «ВОЙТИ»- ро зер намудан зарур аст.

Шумо ба хонаи худ ворид шудед. Акнун шумо метавонед бе ягон монеа нома фиристед, ќабул намоед, анкетаи худро дигар намоед ва ё дигар корњоро бањри нафъи хеш анљом бидињед.

Барномаи мурургари Internet Explorer

Барномаи мурургари MS Internet Explorer бар маҷмуаи бастаи стандартии системаи омилии Windows 98 (ва болотар) шомил мебошад ва қариб аз тамоми умури хадамотии шабакаи Интернет пуштибони мекунад.

Роҳандозии барномаи Internet Explorer-ро бо якчанд роҳҳои стандарти анҷом додан мумкин аст:

  • Бо клик кардан дар болои нишонаи Е (Internet Explorer) дар мизи корӣ;

  • Бо ёрии менюи асосии Windows

Системаҳои фавқматнӣ

Забони HTML дар натиҷаи раванди дуру дарози тараққии системаҳои иттилооти фавқулматнӣ, ки пайдоиши онҳо дар гузаштаи дур ниҳон аст, ба вуҷуд омадааст. Ғояи ин гуна системаҳо аз тарафи

В. Буш соли 1945 дар пешниҳодҳо барои сохтани системаи иттилооти электромеханикии Memex ҷорӣ шуда буд. Ғояи системаи иттилоотии фавқулматнӣ аз он иборат аст, ки корбар имкони аз назар гузарондани санадҳо (сафҳаҳои матн) ба он тартиберо дорад, ки дар он ба вай ин бештарписанд аст, балки на пайдарпаӣ, чи гунае ки ҳангоми хондани китоб аст. Аз ин рӯ истилоҳи фавқматнро метавон ба таври кутоҳ ҳамчун матни ғайрихаттӣ (нелинейный) таъриф намуд.

Ин бо роҳи сохтани механизми махсус барои рабти сафҳаҳои мухталифи матн ба воситаи пайвандҳои (Links) фавқматнӣ ноил мешавад, яъне матни оддӣ дорои пайвандҳои “хаттӣ”-и намуди “баъдӣ-қаблӣ” мебошад, аммо дар фавқматн боз ҳар қадаре, ки лозим бошад пайвандҳои бисёри дигареро сохтан мумкин аст. Намунаҳои фавқматн доиратулмаорифҳо мебошанд, ки дар онҳо матни ҳар як мақола пайвандҳо ба мақолаҳои дигарро доро мебошанд ва он мақолаҳо, дар навбати худ ба пайвандҳо бо ким-кадом дигар мақолаҳоро доро мебошанд ваҳоказо.

Ба қадри кофӣ возеҳ аст, ки системаҳои фавқматнӣ воситаҳои хеле қулайи нигоҳдорӣ ва пайвастсозии иттилооти гуногуннавъе мебошанд, ки дар компютерҳои бисёри муттаҳид дар шабака истифода мешавад.

Механизми дар назари аввал, соддаи сохтани пайвандҳо масъалаи хеле мураккаб мебошад, зеро пайвандҳо бо ишора кардан ба кулли санад статистикӣ (статическими), пуё (динамическими), муттаҳид (ассоциированными) мешаванд, ё бо ишора кардан танҳо ба қисми ҷудогонаи санад мешавонанд заминави (контекстӣ) шаванд. Тараққии минбаъдаи ин равиши ба то ҳаддимафҳуми фавқрасона (гипермедиа) тавсия додани мафҳуми фавқматн аз ҳисоби ба он шомил гардонидани дигар манбаъҳои иттилоотӣ масалан, нигора (графика), иттилооти савтию (аудиовию), басарӣ (видеоӣ) боис мешавад. Таҳиягарони HTML бояд се масъаларо ҳал мегардонад:

  • Ба созандагони нигоҳҳоӣ фавқматнии додаҳо додани воситаи оддии сохтани

санадҳо;

  • Ин воситаро ба қадри кофӣ тавоно кардан, то тасаввурот, ки дар он замон дар бораи робити корбари пойгоҳҳои фавқматнии додаҳо мавҷуд буд, инъикос ёбад;

  • Ба корбарон барои кор бо иттилооти фавқматнии дар сервисдиҳандаҳои шабака ҷойгирбуда барномаҳоро идора кардан. Ин гуна барномаҳоро мурургарҳои (браузерҳои) (аз калимаи англисии browser-аз назар гузаронидан, мурур кардан) шабакаи Web меноманд.

Масъалаи якум аз ҳисоби интихоби намунаи (модели) барчаспии (тегии) тавсифи санад, ки дар системаҳои тайёр кардани санадҳо барои чап ба таври васеъ ба кор бурда мешавад, ҳал карда шуд. Мисоли ин гуна система забони хеле машҳури нишонгузории санадҳои илмии TeХ, ки аз тарафи Ҷамъияти математикии Америка пешниҳод гардидаст, ва барномаи интерпретатсияи тафсири онҳо мебошад.

То замони сохтани HTML стандарти забони нишонагузории санадҳои чопии SGML (Standard Generalized Markup Language-забони стандартии умумишудаи нишонгузорӣ) мавҷуд буд, ки он ба унвони асоси HTML гирифта шуд. Тахмин мешуд, ки ин ҳал барои тафсири забони нав нармафзори (ПО) мавҷуд истифода карданро кумак менамояд. Ва гарчанде, ки бисёре за мудирони пойгоҳи додаҳои WWW ва таҳиягарони нармафзорҳо барои ин гуна системаҳо дар бораи SGML тасаввуроти хира дошта бошанд ҳам, таснифоти он аз тарафи W3C (созмоне, ки стандартҳои забони HTML-ро пуштибонӣ менамояд) барои тавсифи сохторҳои забони HTML истифода мешавад. Давраи муҳими дуюме, ки ба тақдири HTML таъсир расондааст, ба унвони асоси пойгоҳи фавқматнии додаҳо файли матнии оддиро интихоб кардан гардид, ки тавассути воситаҳои системаи файлии муҳити омили (опуратсионӣ) компютер нигоҳ дошта мешавад. Ин интихоб таҳти таъсири омилҳои зерин анҷом дода шуд:

  • Ин гуна файлро дар дилхоҳ таҳриргари матнӣ, дар дилхоҳо таҳриргари матнӣ, дар дилхоҳ платформаи дастгоҳӣ, дар муҳити дилхоҳ системаи омил сохтан мумкин аст.

  • То замони таҳия шудани HTML стандарти амрикоӣ барои таҳия кардани системаҳои иттилоотии шабакавӣ-Z3250 мавҷуд буд, ки ба унвони воҳиди нигоҳдории файли матнии оддӣ дар рамзгузори (кодировкаи) LATIN1, ки ба рамзгузории ASCII-и дар Амрико стандартӣ мувофиқат менамояд, ишора мешуд.

Ба ҳамин тариқ пойгоҳи фавқматнии додаҳо дар назарияи Web-ин маҷмуаи файлҳое, мебошад, ки бо воситаҳои забони HTML, ки шакли ироа кардани иттилоот (нишонагузорӣ) ва сохтори робитаи ин файлҳоро (пайвандҳои фавқматнӣ) муайян мекунад, барчаспгузорӣ шудаанд.

Масъалаи сеюми дар боло ишорашуда барои таҳиягарони HTML бо пайдо шудани мурургари Mosaic, ки соли 1993 аз тарафи Маркази миллии истифодаи суперкомпютерҳо (NCSA)-и Донишгоҳи Иллиноис, яъне қариб, ки якбора пас аз таваллуди Web ҳалли худро ёфт. Ин мурургари Web-ро гурӯҳи барномасозон ва донишҷӯёни донишгоҳ, ки роҳбарии онро Марк Андрисен (Mark Andreesen) бар ӯҳда дошт, таҳия кард. Мурургари Mosaic дар шабака ба таври ройгон бо суръати фавқулодда паҳн мегардид, дар давоми як сол онро қариб ду миллион корбарон дар компютерҳои худ насб карданд. Аҳамияти Mosaic-ро ба эътибор нагирифтан мушкил аст, зеро ғояҳои дар он гузошташуда асоси мурургари муосири Internet Explorer-и ширкати Microsoft мебошад.

Барои ба ин боварӣ ҳосил намудан, равзанаи О программе(Дар бораи)-и барномаи корбурдии Internet Explorer 5.5 (менюи Справка - О программе)-ро боз кунед ва дар он паёмеро хоҳед дид, ки ин мурургар дар асоси барномаи Mosaic сохта шудааст.