Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Шабакахои компютери.doc
Скачиваний:
251
Добавлен:
29.09.2019
Размер:
3 Мб
Скачать
☆

Internet –шабакаи глобалї Таърихи пайдоиши Internet

Таърихи пайдоиш ва тараккии шабакаи Internet зиёда аз 30-солро дар бар мегирад. То миёнаи солҳои хафтодум бисёре аз созмонҳои ҳукумати, лабораториҳои тадқиқотӣ ва донишгоҳҳои кишварҳои мухталиф алакай ба шабакаи компютерие, ки номи ARPAnet –ро гирифта буд, пайваст шуда буданд, аммо шабакаҳои маҳаллии созмонҳо дар платформаҳои гуногун кор мекарданд ва ба иҷрои вазифаҳои махсус равона карда шуда буданд. Ҳамин тавр шабака барои артиши ИМА тавассути ширкати DEC, шабака барои неруҳҳои ҳавои-тавассути ширкати IBM, шабака барои флоти ҳарби-тавассути ширкати Unisys насб карда мешуд. Тамоми шабакаҳо кор мекарданд, аммо ба забонҳои мухталиф “гуфтугу” мекарданд. Барои он ки шабакаҳои маҳалли бо якдигар якҷоя амал кунанд, лозим шуд, ки қарордодҳои (протоколҳои) байнишабакави, яъне забонҳои таҳя ва ба кор гузошта мешавад, ки компютерҳо дар вақти табадули иттилоот аз онҳо истифода мекарданд.

Маълумоти мухтасар дар бораи пайдоиши интернет

  • Интернет дар натиљаи татќиќотњои њарбии аз тарафи DARPA ( Defense Advanced Research Project Agency) гузаронида соли 1960 дар ШМА тавлид ёфтааст.

  • Тавлидёбии интернет дар соли 1969 пайдошавии шабакаи APRANet ба њисоб меравад, ки чор донишгоњи амрикоро ба њам пайваст менамуд.

  • Њамчун шабакаи академї тараќќи карда, донишгоњњо, китобхонањо ва ташкилотњои илмї- татќиќотиро ба њам пайваст менамуд.

  • Дар муддати солњои 1980-1990 баъди пайдо шудани компютерњои фардии арзон, шабакаи љањонї шуда монд.

TCP/IP

Соли 1974 Винт Серф (Vint Cerf) ва Боб Кан (Bob Kahn) мақолаеро бо номи “Қарордоди байнишабакавии интиқоли бастаҳои итттилоот (додаҳо)” (A Protokol fo Pocket Network Interworking) нашр карданд, ки дар он роҳҳо барои ҳалли ин масъала тафсил дода мешуданд. Соли 1982 бо таҳия шудани қарордоди TCP/IР ин масъала ҳалли худро пайдо кард. ТСР-ин қарордоди идоракунии интиқол (Transmission Control Protocol) буда, IP-қарордоди Internet (Internet Protocol) мебошад. Бо пайдо шудани TCP/IР калимаи Internet, ки мухтасари калимаҳои Interconnected Networks (Шабакаҳои ба ҳам пайваскунанда) маъмул гардид. Вазорати мудофиаи ИМА баъдтар TCP/IР-ро (ба унвони) қарордоди стандартӣ барои шабакаҳои компюткрҳои ҳарбӣ эълон кард. Ин қародод дар системаҳои компютерии зиёдеро коркарданро шуруъ кард, аз он ҷумла дар компютерҳои фардӣ ва он ба стандарти навъе барои интиқоли байнишабакавии иттилоот мубадал шуд. Махз ба туфайлӣ қарордоди TCP/IР имрӯз ингуна инфраструктураи бузург ва мутараққие ҳамчун Internet сохта шудааст.

Дар замони ҳозира TCP/IР бастае мебошад, ки аз зиёда аз садҳо қарордиҳандаҳои мухталиф иборат мебошад.

Он шомили қарордодҳои сапти дастёбӣ, интиқоли файлҳо, индексатсия ва ҷустуҷӯи маълумот ва ғайраҳо мебошад.

  • «Забони»- и Интернет. Протоколи шабакавї. Дар шабака, дар компютерњо метавонанд платформањои апаратї ё программавї гуногун мављуд бошанд, лекин протоколї шабакавї барои њама як аст.

  • Браузер- программа барои навигатсия (њаракат) дар шабака. Бештар пањншуда Internet Explorer ва Netscape Navigator. Пеш аз он Mosаic номида мешуд.