Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Шабакахои компютери.doc
Скачиваний:
207
Добавлен:
29.09.2019
Размер:
3.2 Mб
Скачать

Интернет. Сохтани сафњаҳои Web. Шабакаи компютерӣ. Мафҳумҳои асосӣ ва истилоҳот.

Шабакаи компютерӣ-системаи компютерҳо ва поёнаҳои (терминалҳои) ба ҳам марбуте мебошанд, ки барои интиқол, нигоҳдорӣ ва пардозиши (коркарди) иттилоот таъйин шудаанд.

Ҳар як шабакаи компютерӣ бо мақсади муайян сохта мешавад ва вобаст аз мақсад шабакаҳои компютериро ба намудҳои зерин ҷудо мекунанд:

  • Шабакаҳои маҳаллӣ (ШММ) компютерҳои аз якдигар дар масофаи наздик ҷойгирбударо муттаҳид мекунанд. Ин гуна шабакаҳо, аз рӯи қоида, дар корхонаҳо ширкатҳо, созмонҳо-поликлиникаҳо, МТО, бонкҳо, китобхонаҳо ва ғайрахо парпо карда мешаванд. Мақсади асосии сохтани ШММ (шабакаи муҳосиботии маҳаллӣ) ин истифодаи муштараки манбаъҳо (ҳофизаи дискӣ, барномаҳо, иттилоот ва дастгоҳҳо) мебошад. ШММ таҳти идоракунии системаи омили шабакавӣ кор мекунанд ва одатан аз якчанд компютерҳо (истгоҳҳои корӣ)-и ба як ё якчанд сервисдиҳандаи файлӣ пайвастшуда иборат мебошанд.

ШММ якдараҷагие мавҷуд мебошанд, ки дар онҳо ҳамаи компютерҳо баробаранд ва ба якдигар тавассути платаҳои шабакави ва симҳои махсус пайваст шудаанд. Кори корбари қатори дар ингуна шабака аз кор дар компютери мустакил кам фарк мекунад.

  • Шабакаҳои минтақави компютерҳо ва шабакаҳои маҳаллиро бо мақсади ҳалли масъалаҳои умумии дорои миқёси минтақави муттаҳид мекунанд, масалан, шабакаҳои Душанбе, Хучанд, Қургонтеппа, тамоми Тоҷикистон ва гайра.

Шабакаҳои иттиҳодияви (корпоративӣ) барои муттаҳид кардани компютерҳо ва шабакаҳои маҳалли дар ҳудуди як иттиҳодия (соҳа) истифода мешаванд, масалан, шабакаи Вазорати мудофиа, Вазорати маориф, шабакаҳо барои танзими анбуҳи нақлиёт, фурӯши чиптаҳои роҳи оҳан, ҳавопаймоҳо, шабакаҳои барки ваҳоказо.

Шабакаҳои маҳалли, минтақави ва иттиҳодияви маъмулан дорои баромад ба шабакаҳои беруни буда, бо шабакаи компютерии саросарии Интернет васл мебошанд.

  • Интернет- шабакаи компютерии саросари (ҷахони) (шабакаи шабакаҳо)-муттаҳид кардани компютерҳою шабакаҳои аз якдигар дар масофаҳои дур чойгирбуда, барои истифодаи муштараки манбаъҳои иттилоотӣ.

Ба шабакаи Интернет метавонанд дилхоҳ компютерҳои дар платформаҳои мухталиф кормекарда (Intel, Macintosh ва ғ) ва зерсистемаҳои омили гуногун (Windows, Unix ва г) истифодамекарда пайваст мешаванд. Алокаи байни ин гуна гиреҳҳо (нуқтаҳо, узелҳо) тавассути “шлюзҳо”-и махсуси иттилооти носозгорро таҳвилкунанда амали мешавад.

Дар шабакаи саросари гиреҳҳои махсуси алоқа дар пояи компютерҳои пуриктидор – сервисдиҳандаҳои шабакави ё компютерҳои мизбон мавҷуданд, ки интиқоли иттилоот, нигоҳдории он ва кори хамзамони корбарони зиёдро таъмин мекунанд.

Яке аз услуби муосири сохтани муҳити кории ба хам алоқаманд ин интрашабакаҳо (интрасето) мебошанд.

Интрашабака – ин шабакаи компютери дар ҳудуди корхона мебошад, ки дар вақти созмон додани он технологияҳои Интернет, масалан қарордодҳои HTTP, FTP ва ғайра мавриди истифода қарор мегирад. Ба туфайли ин зич якҷояшавии интершабака бо Интернет ноил мешавад. Гузоришҳо аз як санад ба санади дигад, аз як сафҳаи Web ба дигар саҳфа ва аз як шайъ ба шайъи дигар бо ёрии фаропайвандҳо анҷом дода мешаванд. Интрашабакаҳоро метавон барои интишори санадҳо, истифодаи муштараки манбаъҳои иттилоотии гуногун, муттаҳид шудан ҳангоми таҳия ва идора кардани лоиаҳо ба кор бурд.

Феълон тамоми хизматҳои Интернет дар асоси технологияи сервисдиханда (клиент сервер) расонда мешаванд. Нормафзори сервисгир ирсоли дархост ба сервисдиҳандаро иҷро мекунад ва аз он ҷавобҳо мегирад. Сервисдиҳанда баъди қабули дархостҳо барномаҳои гуногуни тақдими хидматҳои шабакавиро ба роҳ меандозад ва бо иҷро кардани онҳо ба дархостҳои сервисгирандаҳо ҷавоб мегардонад.

Сервисдиҳанда-(компютери марказии) асосии шабака мебошад, ки ҳамкории корбарони шабака (табодули иттилоот), истифодаи муштараки дастгоҳҳои вуруди-хуруҷи аз тарафи онҳо, дастёби ба пойгоҳҳои умумии додаҳо ва дигар хидматҳои хизматгузориро таъмин менамояд.

Сервисгиранда- компютери ба шабака пайваст шуда мебошад, ки дорои номи саптии худ ва гузарвожа мебошад ва ҳамчунин дорои дастёби ба мамбаҳои иттилооти ва дастгоҳҳои сервисдиҳанда мебошад. Сервисдиҳандаи як шабакаи компютери ҳамзамон метавонад сервисгирандаи шабакаи дигар бошад.

Сервисдиҳандаи Web-компютер барои пардозиши дархостҳои барномаҳо-мурургарҳо мебошад, ки бо онҳо корбарон кор мекунанд.

Сервисдиҳандаи Web-амали кардаисбат ба сервисдиҳандаҳои файлии одди бартариҳои зиёд доранд. Сервисдиҳандаи Web барои нормафзори тарақикарда такия мекунад ва метавонад супоришҳои “зеҳни”-ро чи ба таври мустақил ва чи дар ҳамкори бо сервисгирандаҳо хал кунад.

Барномаҳои корбурдии бастаи Майкрософт ОФФИС имконияти дар сервисдиҳандаи Web-нашр кардани иттилоотро таъмин менамояд ва ҳамчунин кори муштарак бо иттилоотро осон мегардонад, ки алакай дар Интернет чойгир карда шудааст.

Барои ин, ки иттилооти аз як компютер ирсолшударо компютерҳои дигар фаҳмида тавонанд, дар интернет қоидаҳои ягонаи созмондиҳи ва интиқоли додаҳо қарордодҳои махсус таҳия шудаанд. Дар замони хозир беш аз ҳама коркардҳои зерин мавриди истифодаанд:

  • IP(Internet Protokol)-барои суроғадиҳии додаҳо;

  • TCP(Transmission Control Protokol)-барои интиколи додаҳо;

  • HTTP(Huper Text Transfer Protokol)-барои интиқоли фавқматн ва таъмини мурур (навигатсия) дар фаропайвандҳо;

  • FTP(File Trasfer Protokol)-барои интиқоли файлҳо ва ғ.