Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Шабакахои компютери.doc
Скачиваний:
207
Добавлен:
29.09.2019
Размер:
3.2 Mб
Скачать

Суроѓа дар Интернет

Њар компютер дар интернет суроѓаи универсалии раќамии худро дорад. Ин суроѓањоро IP-суроѓањо низ ном мебаранд ва он таќрибанд чунин намуд дорад: 207. 46. 130. 45;

IP-cуроѓањо аз тарафи провайдерњое (ISP-Internet Service Provider) дода мешаванд, ки дар њар давлат мављуд мебошанд.

ДОМЕН ЧИСТ

Домен гуфта, нишондоди кутоњи дуњарфаеро дар назар доранд, ки ба кадом давлат таъалуќ доштан ва ё ба кадом гуруњи почтањо таалуќ доштани почтаро ифода мекунад.

Ифодакунандаи давлат

davlatov_r@mail.ru - почта мутаалиќи давлати Руссия мебошад.

davlatov_r@mail.tj -почта мутаалиќи давлати Тољикистон мебошад.

Ифодакунандаи намуди почта

davlatov_r@mail.edu - почта мутаалиќи таълимї- илмї (.edu- education) мебошад.

davlatov_r@mail.tj.edu - почта мутаалиќи таълимї- илмї (.edu- education) буда, сервери он дар љумњурии Тољикистон љойгир мебошад ва ё ба љумњурии Тољикистон таалуќ дорад. Яъне, (tj.edu) – edu –зердомени tj мебошад.

Эзоњ: оиди ДОМЕН-њо дар мавзўи НОМЊОИ ДОМЕНИ пурра гуфта гузашта шуда буд.

Номњои доменї

IP-суроѓањоро дар хотир гирифтан нињоят душвор аст, аз ин рў бисёри

компютерњо дар интернет номи домении махсусро доро мебошанд. Мисол www.miсrocoft.com, ки дар он IP суроѓаи 207.46.130.45 пинњон аст.

Номњои доменни ба IP суроѓањои компютерњо, ки чун Domain Name Server ё DNS ном бурдан мумкин аст гардонида мешавад.

www.microsoft.com

Чаптарин ќисми номи доменнї, ки њамчун номи сервер дар шабакаи локалї ба њисоб меравад. www-аз калимаи кутоњ кардашудаи World Wide Web

одатан номи ширкате, ки ин серверро соњиб аст

Ростарин ќисми номи доменнї индекс номида мешавад Одатан индекс намуди серверро ё ин ки вобаста аз мавќеияти географи онро нишон медињад com-тиљоратї.

Индексњои асосї

По ряду деятельности

По расположению

www.com -тиљоратї

www.microsoft.com

www.orq -ѓайри тиљорати

www.soros.orq

www.edy -таьлими

www.sesu-edu

www.gov-њукматї

www.whitehouse.gov

www.mil -њарбї

www.armq.mil

www.int - байналхалќї

www.nato.int

www.uk -британияи кабир

www.com.et.uk

www.jp -Япония (Љопон)

www.sony.ce.jp

www.ru-Руссия (Россия)

www.online.ru

www.az -Озорбойљон

www.president.az

www.am -Арманистон

www.motious.am

www.ua- Украина

www.kiev.ua

W WW- world wide web- тори анкабуди љањонї (всемирная паутина)

Тортанакхонаи ҷаҳонӣ - World Wide Web.

Дар тарҷума аз забони англисӣ ибораи “World Wide Web” маънои “Тортанакхонаи ҷаҳонӣ”-ро дорад, ки онро ҳамчунин Web низ меноманд. World Wide Web (WWW ё ба таври одди Web) Web-яке замимаҳои шабакаи сартосарӣ буда, шабакаи манбаҳои иттилоотие мебошад, ки дар компютерҳои махсуси тавонои (муктадире) ба ном сервисгирандаҳо (муштариҳо) ҷойгир шуданд, ки корбарони онҳо дастёбӣ ба манбаъҳои сервисдиҳандаҳоро ба даст меоварад. Барои бисёри корбарон истилоҳҳои Internet ва Web синонимҳоро ифода мекунанд, лекин бояд дар назар дошт, ки ба вазифаи шабакаи Internet таъмини техникии кори шабакаи Web шомил мешавад ва бо ин имкониятҳои он ба охир намерасад. Агар пайдоиши шабакаи Internet-ро ба соли 1961 нисбат додан мумкин бошад, онгоҳ шабакаи Web соли 1992 ба вуҷуд омадааст ва тариққии он ба пайдоиши системаҳои иттилооти фавқматнӣ марбут мебошад.

– Тортанакҳонаи ҷахони – яке аз умури иттилооти-чустучӯии асоси ва машҳуртарини Интернет мебошад.

Муҳити World Wide Web ба қарордоди интиқоли фавқматн HTTP (Hupper Text Transfer Protokol) асос ёфтааст, аммо истифода кардани қарордоди интиқоли файлҳо (FileTransfer Protokol), почтаи электронӣ ва дигар воситаҳоро низ иҷозат медиҳанд.

Намуди асосии созмондиҳии иттилоот дар World Wide Web-ин санадҳои электронии фавқматни дар қолиби HTML мебошад, ки дорои робита бо дигар санадҳои тавассути фаропайванд барқароршуда мебошанд. Туфайли ин робитаҳо иттиҳод бо тортанакхона, ки иттилооти дар тамоми олам парешоншударо муттаҳид мекунад, сурат мегирад.

Фаропайванд (hupperlinks)- ин интиқоли мустақилии нуқтаҳои ҷудогонаи санад бо дигар нуқтаҳои худи хамон санад ва ё дигар санадҳо мебошад. Пайвандҳои фавқматни гузариши фаврии байни ин нуқтаҳоро таъмин мекунанд.

World Wide Web-ин фазои иттилооти ягона иборат аз садҳо миллион санадҳои ба ҳамдигар алоқаманди дар сервисдиҳандаҳои Web нигоҳдоштамешуда мебошад. Санадҳои ҷудогонаи фазои Web-ро таркибдиҳанда, сафҳаҳои Web номида мешаванд. Гуруҳҳои сафҳаҳои Web-и аз руи мавзӯъ муттаҳидшударо гиреҳҳои Web, сайтҳои Web ё ба таври одди сайтҳо меноманд.

Сайтҳо (Web-Site)-бахши тортанакхонаи ҷахони аст, ки маҷмуи сафҳаҳо (файлҳо)-и дар забони HTML навишташуда ва байни худ ва бо дигар сайтҳо бо ёрии фаропайвандҳо пайвасткарда шуда мебошад. Ҳар як сайт ақалан дорои як сафҳа (и унвони) мебошад.

Дар сабоҳи тариққии шабакаи Internet барои намоягузори (индексирование) ва ҷустуҷуи иттилооте дар компютерҳои шабакаӣ ҷойгир шуда таҷрибаҳои зиёде анҷом дода шуд. Лекин ҳеҷкадоме аз равишҳои нав то замоне, ки дар соли 1991 Пол Линдер (Paul Sinder) ва Марк П., Мак Кохил (Mark P. Mc Cahill) аз донишгоҳи Миннесота системаи Gopher –ро насохтан, аз тарафи умум эътироф нашуд. Гарчанде, ки система дорои номи хушоҳанг ҳам набуд (Gopher –ин калламуши турбадорест, ки дар нишонаи вилояти (штатӣ) Миннесота тасвир шудааст), равиши ироашудаи созмондиҳии системаи файлӣ тавассути менюҳои ба таври беихтиёр фаҳмо якбора дар шабака қабул шуд. Сервисдиҳандаҳо Gopher нигоҳ накарда ба камбудиҳояшон, ки қариб якбора мушоҳида шуданд, зуд дар Шабака интишор гардониданд.

“Gopher-фазо” босуръат вусъат меёфт.

Ҳамзамон бо ин лоиҳаи муттаҳид кардани шабакаҳои компютери кишварҳои аврупоӣ тариққи мекард, ки қувваи ҳаракатдиҳандаи он Лабораторияи аврупоии физика зарраҳои элементарии (ибтидоӣ) (CERN) дар Женева буд, ки сервисдиҳандаи тавонтарини Internet –ро дар Ааврупо дар ихтиёр дошт. Натиҷаи ин кӯшишҳо ба амал татбиқ кардани назарияи шабакаи компютерии тавзеъшуда, ки соли 1992 номи World Wide Web-ро гирифт ва муалифи он ТИМ Бернерс- Ли (Tim Berners-fee) маҳсуд мешавад, гардид. Шабакаи WWW, ки дар худ ғалаҳои аз ҳама пешрафтаро таҷассум мекард, тариққии минбаъдаи системаи Gopher гардид.

Барои минбаъдаҳои худро ба аудиторияи аз ҳама васеи ироа кардан шабакаи Web ба се механизми зерин такя мекард.

  1. Системаи ягонаи номҳо, ки аз рӯи онҳо минбаъдҳо наметавонанд дар шабакаи бар суроғаҳои ба ном URL (Uniform Resource locator-Маҳалёби якшакли манбаъҳо) асосёфта ёфта шаванд.

  2. Қарордодҳо барои созмон додани дастёбии шабакаӣ ба манбаъҳои номгузоришуда тавассути шабака, ки ба унвони он қарордоди HTTP (Huper Text Transfer Protocol – Қарордоди интиқоли фавқматнҳо) амал мекунад.

  3. Фавқулматн осонкунандаи мурур (навигатсия) дар манбаъҳо, ки барои сохтани он забони HTML (Huper Text Markup language –забони нишонагузории фавқматн) истифода мешавад.

Маҳз забони HTML ва вусъатёбии минбаъдаи он мавзӯи ин китоб хоҳанд шуд. Минбаъдҳои тортанакхонаи ҷаҳонӣ дар сафҳаҳои Web ниҳон карда шудаанд, ки онҳо тавассути забони HTML сохта мешаванд.

Забони HTML аслан забони барномасозӣ нест. HTML-ин забони нишонагузори мебошад. Он барои нишонагузории санаи матнӣ истифода мешавад ба монанди нишонагузорие, ки таҳриргар (виростор) бо ёрии қалами сурхи ғавфс анҷом медиҳад. Ин нишонаҳо барои муайян кардани қолиб ё сабк, ки ҳангоми санадро ба корбар намоиш додан (муҳтавои онро ба экран (сафҳанамоиш) баровардан) истифода хоҳад шуд, хизмат мекунад.

Дар назари аввал метавонад чуниннамояд, ки забони HTML дар маҷмӯаи умумии воситаҳои таъминкунандаи амалкарди Web-танҳо нақиши ёридиҳанда ва ночизро бозӣ мекунад, лекин ин таассурот назарфиреб аст. Дар ҳақиқат забони HTML-ин воситаи бунёдие мебошад, ки ба он тараққии босуръат ва пурталотуми Internet дар солҳои охир асос ёфтааст.