Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Шабакахои компютери.doc
Скачиваний:
207
Добавлен:
29.09.2019
Размер:
3.2 Mб
Скачать

Чи тавр он кор мекунад ?

Њамаи компютерњо дар интернет бо забони TCP/ IP гуфтугў мекунанд.

TCP/ IP – протокол, ё ин ки стандартест, ки компютерњо байни якдигар робита ва иртиботи маълумот менамоянд.

TCP/ IP – маълумотњоро ба пакетњои хурди њаљмашон якхела таќсим намуда, ба самтњои гуногуни лозима равона сохта, то ба он љо мерасонад.

Суроғадиҳии додаҳо дар шабакаи Интернет

Ҳар як мизбони Интернет, яъне компютери ба шабакаи компютери саросари пайвастшуда дорои суроғаи (номи) фардии худ мебошад. Қоидаҳои шаклдиҳии ин суроғаҳо дар тамоми ҷаҳон яксон мебошанд.

Дар Интернет ду шакли сабте суроғаи (номи) компютер қабул шудааст:

  • Дар намуди рақамҳо-IP-суроға ё номи физикӣ.

  • Дар намуди аломатҳо-номи ҳавзаӣ (суроғаи рамзӣ).

Номи физики ё IP-суроға ё номи физики аз тарафи таълимкунанда (provider) таъмин карда мешавад. IP-суроға монанд ба шумораи телефон мебошад: он аз чор қисми ададҳои бо нуқтаҳо ҷудошуда ва бо нуқта интихобёбанда иборат аст, масалан 193.144.5.26.

Ададҳои дар ҳар як қисм буда метавонанд қиматҳои аз 0 то 255-ро қабул кунад. Барои IP-суроға чор байт истифода мешавад, ки ин доштани қариб 4 млрд IP-суроғаи беназирро (232) имкон медиҳад.

IP-суроға барои пардозиши барномависи истифода мешавад. Ноқулаии IP-суроға дар бе хусусиятии он мавҷуд набудани тавсифи маъногии компютерӣ мебошад. Ин номро ба хотир гирифтан душвор аст ва аз ин ру одатан бар ивази IP-суроға номи ҳавзаи истифода мешавад, ки дар худ иттилооти маъногиро доро аст.

Системаи номҳои ҳавзаи компютерҳоро аз руи минтақаҳои ҷуғрофи ё мавзӯи тақсим мекунад.

Масалан, суроғаи WWW.VT.MIEE.RU маънои онро дорад, ки дар тортанакхонаи ҷаҳони сайти созмони МИЕТ мавҷуд аст, ки дар ҳавзаи сервисдиҳандаҳои рус ҷойгир шудааст.

Номи пурраи ҳавзаии WWW.VT.MIEE.RU аз чор ҳавзаи соддаи тавассути нуқтаҳо ҷудокардашуда иборат аст. Теъдоди ҳавзаҳои содда дар номи пурраи ҳавзаи метавонад ихтиёри бошад.

Номи ҳавзаи бояд аз рост ба чап хонда шавад. Дар мисоли дар боло овардашуда, аз рост ҳавзаи сатҳи боло: Ru -Россия ҷойгир аст, сипас ҳавзаи сатҳи дуюм омадааст: miee-номи созмон, vt-номи ҳавзаи шабакаи маҳалли –кафедраи ВТ.

Мазмунҳои маъногии (номҳои) баъзе ҳавзаҳои сатҳи аввал(боло) дар ҷадвали 1.1 оварда шудаанд.

Ҷадвали 1.1 Номҳои ҳавзаҳои сатҳи боло.

Номҳои ҷуғрофии ҳавзаҳо

Номҳои мавзӯи

(созмонӣ) ҷавзаҳо

Ru Россия

Dov(Dovernment)

Ҳукуматӣ

Fr Фаронса

Mil(Military)

Ҳарбӣ

De Олмон

Edu(Educational)

Таҳсилотӣ

Us ИМА

Com(Commercial)

Тиҷоратӣ

Ca Канада

Org(Organizasion)

Ғайритиҷоратӣ

Cn Чин

Net(Network)

Шабакавӣ

Ҳавзаҳо метавонанд дорои ҳам сатҳи ҷуғрофи ва ҳам созмони бошанд, масалан edu.ru-созмонҳои таҳсилотии Россия.

Байни номҳои ҳавзаи ва IP-суроғаҳои ба онҳо марбут бояд мутобиқати қатъи муқарар шуда бошад. Барои ин хадамоти махсуси Интернет созмон дода шудааст, ки DNS-Domen Name Service номида мешавад.

Системаи суроғадиҳии URL ҳар як файли (барнома ё санад) дар Шабака ҷойгиршуда бояд дорои суроғаи ягонаи худ бошад. Суроғаи дилхоҳ файли дар Шабака ҷойгиршуда тавассути маҳалёби (локатори) якшакли манбаъ URL (Uniform Resaurce Locator) муайян карда мешавад. Мисоли URL-суроғаи санади Web:

http://www.microsoft.com/rus/products/uma.zip

1. http://-номи хадамоте (қарордоде) мебошад, ки дастёби ба санадро (манбаъро) амали месозад. Дар мисоли дар боло оварда шуда http: онро мефахмонад, ки санад дар сервисдиҳандаи www қарор дорад. Ба унвони сервисдиҳанда (қарордод) метавонанд ҳамчунин http:// doptuz:// new:// ва ғ. нишон дода шаванд. Баъди номи қарордод ду нуқта ва ду аломати //-хатти каҷ гузошта мешавад;

2. www.Microsoft.com-номи ҳавзаи сервисдиҳандае мебошад, ки дар он манбаи мавриди ҷустуҷӯ нигоҳ дошта мешавад.

3.rus/products/имя.zip-роҳи пурраи дастёби ба файли дар сервисдиҳандаи дар банди 2 ишорашуда ҷойгиршуда мебошад.

Ба унвони ҷудокунанда хатти каҷ “ / “ истифода мешавад.

URL-суроға бояд аз ҳарфҳои лотини иборат бошад. Он набояд дорои фосилаҳо бошад, лекин метавонад тире (-) хатти зер ва тилда дошта бошад.

Ҳангоми сабти суроғаҳо дар Интернет (бар хилофи Winclows ва MS DOS) харфҳои калон ва хурд фарқ карда мешаванд, аз ин ру дар URL-суроғаҳо ба таври дақиқ риоя кардани сабботи (регистри) аломатҳо зарур аст.

Зерфеҳрист(роҳ ба ҷузъгир) ва номи файл дар URL-суроға метавонанд мавҷуд набошанд ва дар охири URL-суроға метавонанд баъзе мушаххасот нишон дода шавад. Умуман URL-суроға ин пасванди мафҳуми дар компютерҳои маҳалли қабулшудаи роҳи пурра ба файл мутобиқ ба компютерҳои бисёри ба Интернет дохилшуда мебошад.

Мутобиқи қоидаҳои дар СО Unix қабулшуда пасванди номи файл метавонад аз дилхоҳ теъдоди аломатҳо иборат бошад масалан *.html.

URL-суроғаи дарозро дар хотир гирифтан хеле мушкил аст, аз ин рӯ дар тамоми воситаҳои барномавии кор дар Интернет олами Мунтаҳабот (Избранное) мавҷуд аст, ки ба воситаи он ба дилхоҳ URL-суроға номи маънодор (аз он ҷумла бо забони тоҷикӣ ) додан мумкин аст, ки он пайванд ( ё хатчуб) номида мешавад.

Дар натиҷа барои нишон додани суроға бар ивази URL-суроға мешавад, пайванди ба он мутобиқро истифода кард. Воситаҳои муосири кор дар Интернет воситаҳои қулайи сохтан, нигоҳ доштан ва ба кор бурдани пайвандҳоро таъмин мекунанд. Аз ҷумла ба ин гуна воситаҳо инҳо мансубанд:

  • Мавҷуд будани ҷузъгири будани мунтаҳабот (Избранное), ки дар тамоми барномаҳои кор бо WWW вуҷуд дорад, ки дар он ҷузъгирҳои мавзуии даруниро сохтан мумкин аст (масалан ҷузъгири бонкҳо, Интернет мағозаҳо ва ғ). Пайвандҳо метавонанд барои зуд пайдо карданашон дар ҷузъгирҳои мавзуии ба онҳо мувофиқ қарор дода шаванд.

  • Барои пайвандҳои нисбатан машҳур дар милаҳои обзорҳои барномаҳои кор бо Интернет тугмаҳои обзориро сохтан мумкин аст.

  • Пайвандҳо ё шамоили онҳоро бевосита ба мизи кори ё милаи вазифаҳо баровардан мумкин аст.