Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
КТМ Омор.doc
Скачиваний:
293
Добавлен:
24.04.2019
Размер:
705.02 Кб
Скачать

Нишондиҳандаи давраи ҳозира

ННД=---------------------------------------------------------------- *100

Нишондиҳандаи давраи гузашта ё ин ки базисӣ

2) ҳар як корхона ҳангоми банақшагирии фаъолияти худ ҳисоби нишондиҳандаи нисбии нақшавиро истифода мебарад. Нишондиҳандаи нисбии нақшавӣ аз рӯи чунин формула ҳисоб карда мешавад.

Нишондиҳандаи ба нақша гирифта шуда

барои давраи оянда

ННН=------------------------------------------------------------------*100

Нишондиҳандаи дар давраи ҳозира ҳақиқатан

ноилгашта.

3) барои муқоисаи натиҷаи ҳақиқатан ноилгаштаи корхона бо нишондиҳандаи ба нақшагирифташуда нишондиҳандаи нисбии иҷроиши нақша истифода бурда мешавад.

Нишондиҳандаи дар давраи ҳозираи

ноилгашта.

ННИН=---------------------------------------------------*100

Нишондиҳандаи дар давраи ҳозира

банақшагирифташуда

4) нишондиҳандаи нисбии таркибӣ ин муқоисаи таркиби ҳиссаҳои объекти омӯхташудаистода ба ҳачми умумии объект мебошад.

Нишондиҳандаи қисми маҷмӯъ

ННТ=----------------------------------------------*100

Нишондиҳандаи ҳамаи маҷмӯъ

5) нишондиҳандаи нисбии шиддатнокӣ дараҷаи паҳншавии ҳодисаҳо ва ҷараёнҳоро дар дохили муҳити ҳамин ҳодисаҳо тавсиф мекунад ва бо чунин формула ифода мешавад:

Нишондиҳандаи ҳодисаи А

ННШ=--------------------------------------------------------------

Нишондиҳандаи муҳити паҳншавии ҳодисаи А

6) нишонидҳандаи нисбии муқоисавӣ дар асоси тақсими нишондиҳандаи мутлақи якхела ба амал меояд, лекин объектҳояшон дигар аст ва бо чунин формула ҳисоб мешавад:

Нишондиҳандаи объекти А

ННМ=--------------------------------------*100

Нишондиҳандаи объекти Б

Дарси сеюм: «Нишондиҳандаҳои мутлақ ва нисбӣ»

Масъалаи 1. Чунин маълумотҳо оид ба шумораи корхонаҳои тиҷоратӣ аз рӯи шаклҳои гуногун дар охири сол оварда шудааст. (ҷадвали 3.1)

Ҷадвали 3.1.

Шаклҳои корхона

Шумораи корхонаҳои тиҷоратӣ

Мағозаҳо

237.8

Дӯконҳо

97.5

Супермаркетҳо

335.3

Нишондиҳандаҳои нисбии сохтории шаклҳои корхонаҳои тиҷоратиро ҳисоб намоед.

Ҳал:

Q = 237,8 + 97,5 + 335,3 = 670,6

ННМ (м) = 237,8 / 670,6 * 100 = 35,4

ННМ (д) = 97,5 / 670,6 * 100 = 14,5

ННМ (с) = 335,3 / 670,6 * 100 = 50

Масъалаи 2. Аз рӯи маълумотҳои Кумитаи давлатии омор дар соли 1980 аҳолии вилоят 1,65 млн. наф. ташкил мекард, ки 45% онҳо дар шаҳрҳо зиндагӣ мекарданд. Дар соли 2000 дар шаҳрҳои вилоят 940 ҳаз.наф. зиндагонӣ доштанд, ки 40% аз шумораи умумии аҳолии вилоятро ташкил мекард. Аз рӯи ин маълумотҳои зерин муайян карда шаванд:

- микдори аҳолии деҳот дар вилоят дар солҳои 1980 ва 2000.

- миқдори умумии аҳолии вилоят дар соли 2000.

Ҳал:

1650000 - 100%

X аҳол.деҳ.1980с - 55% X аҳол.деҳ.= (1650000 * 55) / 100 =907500

940000 - 40%

X аҳол.деҳ.2000с - 60% X аҳол.деҳ. = (940000 * 60) / 40 =1410000

940000 - 40%

X аҳ.умумӣ 2000с - 100% X аҳол.деҳ. = (940000 * 100) / 40 =2350000

Хулоса: миқдори аҳолии деҳот дар вилоят дар соли 1980, 907ҳаз.наф. ташкил кард, дар соли 2000 бошад 1,41 млн.наф. аст. Миқдори умумии аҳолии вилоят дар соли 2000, 2,35 млн.наф. ташкил мекунад.

Масъалаи 3. Аз рӯи маълумотҳои додашуда МУД-ро дар байни солҳои 2002 ва 2003 муқоиса намоед. Миқдори маҳсулот бо воҳиди пулӣ (млн.сомонӣ) оварда шудааст. (ҷадвали 3.2.)

Ҷадвали 3.2.

Нишондиҳандаҳо

Миқдори маҳсулот дар соли 2002

Миқдори маҳсулот дар соли 2003

Вазни қиёсӣ дар соли 2002

Вазни қиёсӣ дар соли 2003

Хоҷагии қишлок

650

800

29,24%

27,27%

Савдо

250

400

11,25%

13,63%

Сохтмон

7,4

13,4

0,38%

0,46%

Саноат

900

1200

40,5%

41%

Хизматрасонӣ

415

520

18,68%

17,64%

Ҳамагӣ

2222,4

2933,4

100%

100%

Ҳал:

Барои ҳалли ин масъала аз формулаи нишондиҳандаи нисбии динамикӣ истифода мебарем, ки тағйирёбиро дар вақт ифода менамояд:

ННД=(У1 / У0)*100%

ННД(базисӣ)=(Yn /Y0)*100%

ННД(пайдарпай)=(Yn / Yn-1)*100%

ННД(базисӣ)=(2933,4 / 2222,4)*100%=132% (+32%)

ННД(пайдарпай)=(2933,4 / 2222,4)*100%=132% (+32%)

Хулоса: муқоиса байни солҳои 2002-2003 нишон дод, ки дар соли 2003 нисбати соли 2002 миқдори маҳсулот ба ҳачми 711 млн.сомонӣ (32%) зиёд шудааст.

Муқоиса намудани МУД дар ҳар як нишондиҳандаҳо.

Саноат: ННДб=(1200 / 900)*100%=133,3% (+33,3%)

Хоҷагии қишлоқ: ННДп=(800 / 650)*100%=123% (+23%)

Савдо: ННДб=(400 / 250)*100%=160% (+60%)

Cохтмон: ННДп=(13,4 / 7,4)*100%=181% (+81%)

Хизматрасонӣ: ННДб=(520 / 415)*100%=125% (+25%)

Хулоса, муқоиса нишон дод, ки дар соли 2003 қариб ҳамаи нишондиҳандаҳо тамоили зиёдшавиро доранд, ба ғайр аз хоҷагии қишлоқ (- 1,97%) ва хизматрасонӣ (- 1,04).

Соседние файлы в предмете [НЕСОРТИРОВАННОЕ]