- •Ҳафтаи якум: Фан, усул ва вазифаи фанни омор. Мушоҳидаи оморӣ. Дарси якум: Фан, усул ва вазифаҳои фанни омор.
- •Дарси дуюм: Мушоҳидаи оморӣ Се марҳилаи тадқиқоти оморӣ
- •Масъалаҳои барпошавии мушоҳидаи оморӣ
- •Талаботҳо ба барномаи мушоҳидаи оморӣ:
- •Масъалаҳои ташкилии мушоҳидаи оморӣ
- •Хатогиҳои мушоҳидаи оморӣ
- •Намудҳои хатогиҳои мушоҳидаи оморӣ
- •Дарси сеюм: «Фан, усул ва вазифаи фанни омор. Мушоҳидаи оморӣ.»
- •Анкета барои гузаронидани пурсиш
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Фан, усул ва вазифаи фанни омор. Мушоҳидаи оморӣ».
- •Ҳафтаи дуюм: Гурўҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои оморӣ.Ҷадвалҳои оморӣ. Дарси якум: Гурўҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои оморӣ. Мақсади ҷамъбасткунӣ (натиҷабардорӣ) ва намудҳои он.
- •Усули гурӯҳбандӣ, намудҳои гурӯҳбандӣ
- •Дарси дуюм: Гурўҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои оморӣ. Техникаи иҷронамоии гурӯҳбандӣ
- •Муайян намудани бузургии фосила ва намудҳои он
- •Қисмҳои ҷадвалҳои оморӣ, намудҳои он
- •Дарси сеюм: Гурӯҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои оморӣ.Ҷадвалҳои оморӣ.
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Гурўҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои морӣ.Ҷадвалҳои оморӣ».
- •Ҳафтаи сеюм: «Нишондиҳандаҳои мутлақ ва нисбӣ» Дарси якум: «Нишондиҳандаҳои мутлақ ва аҳамияти онҳо»
- •Нишондиҳандаи давраи ҳозира
- •Дарси сеюм: «Нишондиҳандаҳои мутлақ ва нисбӣ»
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Нишондиҳандаҳои мутлақ ва нисбӣ».
- •Ҳафтаи чорум: «Бузургиҳои миёна» Дарси якум: «Бузургиҳои миёна»
- •Дарси дуюм: «Бузургиҳои миёна»
- •Дарси сеюм: «Бузургиҳои миёна»
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Бузргиҳои миёна»
- •Ҳафтаи панчум: Қаторҳои динамикӣ Дарси якум: Қаторҳои динамикӣ
- •Дарси дуюм: Қаторҳои динамикӣ
- •Дарси сеюм: Қаторҳои динамикӣ
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Қаторҳои динамикӣ».
- •Ҳафтаи шашум: «Индексҳо» Дарси якум: «Индексҳо»
- •Дарси дуюм: «Индексҳо»
- •Дарси сеюм: «Индексҳо»
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Индексҳо».
- •Маводҳо барои иҷроиши кори семестрии №1.
- •Хафтаи хаштум: Предмет, метод ва вазифаҳои омори иҷтимой-иқтисодӣ Дарси якум. Предмет, метод ва вазифаҳои омори иҷтнмой-иқтисодй. Ташкили омор дар давлатҳои хориҷй
- •Дарси дуюм: Тасниф ва гурӯҳбандй дар оии. Системаи нишондихандаҳо дар оии
- •Хафтаи дахум: Омори боигарии миллй
- •Хафтаи ёздаххум: Омори истеҳсоли маҳсулоти ҷамъиятй
Дарси дуюм: Мушоҳидаи оморӣ Се марҳилаи тадқиқоти оморӣ
Методологияи оморӣ системаи роҳҳо, тарзҳо ва усулҳо, ки ба омӯзиши қонуниятҳои миқдорӣ равона карда шуда, дар сохтор, инкишоф ва алоқамандии ҳодисаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ифода мегарданд. Методологияи оморӣ асоси тадқиқоти оморӣ мебошад.
Марҳилаҳои тадқиқоти оморӣ:
мушоҳидаи оморӣ, ё ҷамъ намудани маълумот (ахборот);
ҷамъбасткунӣ (натиҷабардорӣ) ва гурӯҳбандии натиҷаҳои мушоҳидаи оморӣ, ё коркарди маълумот (ахборот);
таҳлили маълумоти бадастовардашуда.
Мушоҳидаи оморӣ - ҷамъоварии илмӣ ташкилии маълумотҳо оид ба ҳодисаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии омӯхташаванда, бо ёрии усули мушоҳидаи оммавӣ.
Ҷамъбасткунӣ (натиҷабардорӣ) – маҷмӯи амалиётҳои пайдарпай оид ба ҷамъбандии маълумотҳои мушоҳидаи оморӣ барои тавсифи маҷмӯи оморӣ дар яклухтӣ (бутунӣ) ва қисмҳои алоҳидаи он (ҳисоби натиҷаҳои мобайнӣ ва умумӣ).
Гурӯҳбандӣ - ҷудо намудани маҷмӯи оморӣ ба воҳидҳои сифатан якхела.
Таҳлил ё ин ки тадқиқи моҳияти ҳодисаҳои омӯхташаванда марҳилаҳои зеринро дар бар мегирад:
исботи далелҳо ва баҳодиҳии онҳо;
муайян намудани хусусиятҳои хос ва сабабҳои ҳар як ҳодиса;
гузориши як ҳодиса бо дигар (аз он ҷумла бо эталон).
маънидодкунии гипотезаҳо, хулосаҳо ва пешниҳодҳо.
Масъалаҳои барпошавии мушоҳидаи оморӣ
Барномаи мушоҳидаи оморӣ дастаи аломатҳоеро дар бар мегирад, ки ба бақайдгирӣ мусоидат мекунад (яъне саволҳои мушаххасе, ки ба онҳо бояд ҷавобҳо дар варақаҳои оморӣ дода шаванд), намуд ва усули гузаронидани мушоҳидаи омориро асоснок менамояд.
Талаботҳо ба барномаи мушоҳидаи оморӣ:
барнома бояд тарзи гузориши мақсад ва вазифаҳои аниқи мушоҳидаи омориро дошта бошад;
барнома бояд нишонаҳои муҳим, тавсифи шакл, хусусиятҳои асосии хоси ҳодисаҳоро дар бар гирад;
дохил накардани нишонаҳои дуюмдараҷа ё душвормуайяншаванда;
масъалаҳои барнома бояд аниқ ва якмаъно бошанд;
бояд на фақат таркиб, балки пайдарҳамии масъалаҳоро низ муайян кард;
Саволҳои назоратиро дохил намудан мақсаднок аст.
Варақаи оморӣ - ҳуҷҷати намунаи ягона, ки барнома ва натиҷаи мушоҳидаи омориро дар бар мегирад (ҳисобот, варақаи бақайдгирӣ, пурсишнома).
Олотҳои мушоҳидаи оморӣ ин варақаи оморӣ ҷамъи дастурамал оид ба тартиби гузаронидани мушоҳидаи оморӣ ва пуркунии варақаи оморӣ мебошад.
Объкти мушоҳидаи оморӣ – маҷмӯи оморие, ки дар он ҳодиса ва ҷараёнҳои тадқиқшаванда ба вуҷуд меояд.
Воҳиди мушоҳидаи оморӣ - унсури таркибии объекти мушоҳидаи оморӣ ки дорои нишона аст ва ба бақайдгирӣ тааллуқ дорад.
Воҳиди ҳисоботӣ субъекте, ки аз он маълумот оид ба воҳиди мушоҳидаи оморӣ бармеояд.
Интихоби ҷои гузаронидани мушоҳидаи оморӣ аз мақсади он вобаста аст.
Лаҳзаи критикии мушоҳидаи оморӣ ин рӯз ва соати мушаххас, ки дар он бояд бақайдгирии нишонаҳо аз рӯи ҳар як воҳиди мушоҳидаи оморӣ гузаронида шавад.
Давраи гузаронидани мушоҳидаи оморӣ, вақте ки дар рафти он пуркунии варақаи оморӣ ба вуҷуд меояд.
Масъалаҳои ташкилии мушоҳидаи оморӣ
интихоби ҳисобкунакҳо, бақайдгирандагон ва таълими онҳо;
гузаронидани семинарҳо барои ташкилкунандагони мушоҳидаи оморӣ;
гузаронидани корҳои оммавии тавзеҳӣ (дар ВАУ, дар объекти мушоҳидаи оморӣ);
тартиб додани нақшаи тақвимии корҳо оид ба мушоҳидаи оморӣ;
нусхабардории ҳуҷҷатҳо.
