
- •Ҳафтаи якум: Фан, усул ва вазифаи фанни омор. Мушоҳидаи оморӣ. Дарси якум: Фан, усул ва вазифаҳои фанни омор.
- •Дарси дуюм: Мушоҳидаи оморӣ Се марҳилаи тадқиқоти оморӣ
- •Масъалаҳои барпошавии мушоҳидаи оморӣ
- •Талаботҳо ба барномаи мушоҳидаи оморӣ:
- •Масъалаҳои ташкилии мушоҳидаи оморӣ
- •Хатогиҳои мушоҳидаи оморӣ
- •Намудҳои хатогиҳои мушоҳидаи оморӣ
- •Дарси сеюм: «Фан, усул ва вазифаи фанни омор. Мушоҳидаи оморӣ.»
- •Анкета барои гузаронидани пурсиш
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Фан, усул ва вазифаи фанни омор. Мушоҳидаи оморӣ».
- •Ҳафтаи дуюм: Гурўҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои оморӣ.Ҷадвалҳои оморӣ. Дарси якум: Гурўҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои оморӣ. Мақсади ҷамъбасткунӣ (натиҷабардорӣ) ва намудҳои он.
- •Усули гурӯҳбандӣ, намудҳои гурӯҳбандӣ
- •Дарси дуюм: Гурўҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои оморӣ. Техникаи иҷронамоии гурӯҳбандӣ
- •Муайян намудани бузургии фосила ва намудҳои он
- •Қисмҳои ҷадвалҳои оморӣ, намудҳои он
- •Дарси сеюм: Гурӯҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои оморӣ.Ҷадвалҳои оморӣ.
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Гурўҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои морӣ.Ҷадвалҳои оморӣ».
- •Ҳафтаи сеюм: «Нишондиҳандаҳои мутлақ ва нисбӣ» Дарси якум: «Нишондиҳандаҳои мутлақ ва аҳамияти онҳо»
- •Нишондиҳандаи давраи ҳозира
- •Дарси сеюм: «Нишондиҳандаҳои мутлақ ва нисбӣ»
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Нишондиҳандаҳои мутлақ ва нисбӣ».
- •Ҳафтаи чорум: «Бузургиҳои миёна» Дарси якум: «Бузургиҳои миёна»
- •Дарси дуюм: «Бузургиҳои миёна»
- •Дарси сеюм: «Бузургиҳои миёна»
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Бузргиҳои миёна»
- •Ҳафтаи панчум: Қаторҳои динамикӣ Дарси якум: Қаторҳои динамикӣ
- •Дарси дуюм: Қаторҳои динамикӣ
- •Дарси сеюм: Қаторҳои динамикӣ
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Қаторҳои динамикӣ».
- •Ҳафтаи шашум: «Индексҳо» Дарси якум: «Индексҳо»
- •Дарси дуюм: «Индексҳо»
- •Дарси сеюм: «Индексҳо»
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Индексҳо».
- •Маводҳо барои иҷроиши кори семестрии №1.
- •Хафтаи хаштум: Предмет, метод ва вазифаҳои омори иҷтимой-иқтисодӣ Дарси якум. Предмет, метод ва вазифаҳои омори иҷтнмой-иқтисодй. Ташкили омор дар давлатҳои хориҷй
- •Дарси дуюм: Тасниф ва гурӯҳбандй дар оии. Системаи нишондихандаҳо дар оии
- •Хафтаи дахум: Омори боигарии миллй
- •Хафтаи ёздаххум: Омори истеҳсоли маҳсулоти ҷамъиятй
Дарси дуюм: Гурўҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои оморӣ. Техникаи иҷронамоии гурӯҳбандӣ
Муайян намудани миқдори гурӯҳ
Барои гурӯҳбандии сифатӣ аз рӯи шумораи шаклҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ.
Барои гурӯҳбандиҳои бо қимати мунтазам тағйирёбандаи қимати нишона – формулаи Стердҷесс:
n = 1 + 3,322*lg N
ки дар ин ҷо, n – миқдори гурӯҳ;
N – шумораи воҳиди маҷмӯъ.
Муайян намудани бузургии фосила ва намудҳои он
Фосила – ин сарҳадҳои қимати нишонаи тағйирёбанда.
Сарҳадҳои поёнӣ ва болоии фосила – мувофиқан қимати ҳадди ақал ва ҳадди аксари нишона дар фосила.
Бузургии фосила – фарқи байни сарҳадҳои болоӣ ва поёнӣ.
Намудҳои фосилаҳо:
баробар (агар қимати нишона баробар тағйир ёбад);
нобаробар (агар қимати нишона нобаробар тағйир ёбад):
прогрессивӣ баландшаванда,
прогрессивӣ пастшаванда,
махсусгардонидашуда
Бузургии фосилаи баробар аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:
ки дар ин ҷо h – бузургии фосила;
(Xmax - Xmin) – тағйирёбӣ баёни фосилаҳои каноравӣ.
Фосилаҳо инчунин кушода ва пӯшида мешаванд.
Фосилаи кушода ин фосилаҳое мебошанд, ки дар онҳо фақат як сарҳад ишора карда шудааст.
Фосилаҳои пӯшида ин фосилаҳоеанд, ки дар онҳо ҳарду сарҳадҳо ишора карда шудаанд.
Қисмҳои ҷадвалҳои оморӣ, намудҳои он
Ҷадвали оморӣ - шакли ифодаи ҳақиқӣ ва аёнии тавсифоти рақамии ҳодисаҳои тадқиқшаванда ва қисмҳои ташкилдиҳандаҳои он.
Элементҳои асосии ҷадвалҳои оморӣ - мубтадо ва хабар
Мубтадо ин объекте, ки бо рақамҳо тавсиф карда мешавад.
Хабар системаи нишондиҳандаҳое, ки бо онҳо объекти омӯзиш тавсиф карда мешавад, яъне мубтадо.
Намудҳои ҷадвалҳои оморӣ вобаста аз сохти мубтадо:
ҷадвалҳои оддии оморӣ, ки дар мубтадои он дастаи оддии ягон объектҳо ё воҳидҳои ҳудудӣ дода мешавад;
гурӯҳӣ чунин ҷадвалҳои оморианд, ки мубтадои онҳо гурӯҳбандии воҳиди маҷмӯъро аз рӯи як нишонаи миқдорӣ ва сифатӣ дар бар мегирад;
комбинатсионӣ чунин ҷадвалҳои омориро меноманд, ки мубтадои онҳо гурӯҳбандии воҳиди маҷмӯъро аз рӯи якчанд нишонаҳо дар бар мегирад.
Намудҳои ҷадвалҳои оморӣ вобаста аз сохти хабар:
ҷадвали омории бо коркарди оддии хабар (нишондиҳандае, ки онро муайян менамояд, ба зергурӯҳҳо тақсим намешавад);
ҷадвали омории бо коркарди душвори хабар (тақсимоти нишонаро, ки хабарро ба вуҷуд меорад, ба зергурӯҳҳо дар назар дорад).
Дарси сеюм: Гурӯҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои оморӣ.Ҷадвалҳои оморӣ.
Масъалаи 1. Маълумотҳо оид ба ҳаҷми воридот ба Тоҷикистон аз давлатҳои Европа дар соли 1999 чунин оварда шудаанд.
Ҷадвали маълумотҳо:
№ давлатҳо |
Ҳаҷми воридот |
1 |
979 |
2 |
184 |
3 |
176 |
4 |
311 |
5 |
761 |
6 |
614 |
7 |
323 |
8 |
209 |
9 |
1596 |
10 |
946 |
11 |
345 |
12 |
250 |
13 |
1002 |
14 |
1611 |
15 |
539 |
16 |
896 |
17 |
245 |
18 |
400 |
19 |
111 |
20 |
1627 |
Ин маълумотҳоро истифода намуда, қатори ҷобаҷогузории давлатҳоро аз рӯи ҳачми воридот ба Тоҷикистон ба 4 фосилаи пӯшида тақсим намуда, тартиб диҳед.
Ҳал:
Ин маълумотҳоро истифода бурда, ҷобаҷогузории давлатҳои Европа бо ҳачми воридот ба Точикистонро, ба 4 гурӯҳи фосилаи пушида тақсим мекунем. I=(Xmax-Xmin)/n=(1627-111)/4=379
Ҷадвали корӣ:
Фосилаҳо |
№давлатҳо |
Ҳаҷми воридот |
111-490 |
2,3,4,7,8,11,12,17,18,19 |
184,176,311,323,209,345,250,245,400,111 |
|
10 |
2554 |
490-869 |
5,6,15 |
761,614,539 |
|
3 |
1914 |
869-1248 |
1,10,13,16 |
979,946,1002,896 |
|
4 |
3823 |
1248-1627 |
9,14,20 |
1596,1611,1627 |
|
3 |
4834 |
Хамаги |
20 |
13125 |
Ҷадвали гурӯҳбандӣ:
№ |
Фосилаҳо |
Миқдори давлатҳо |
Ҳачми воридот |
1 |
111-490 |
10 |
2554 |
2 |
490-869 |
3 |
1914 |
3 |
869-1248 |
4 |
3823 |
4 |
1248-1627 |
3 |
4834 |
|
Ҳамагӣ |
20 |
13125 |
Масъалаи 2. Маълумот оид ба фаъолнокии донишҷӯён аз фанни омор дар нимсолаи якум бо маълумотҳои зерин тавсиф карда мешаванд: 2,3,4,6,8,4,2,5,2,2,3,2,5,2,8,10,8,9,5,7,5,6,5,2,3,5,10,9,6,8,2,3,4
Донишҷӯёнро аз рӯи фаъолнокиашон гурӯҳбандӣ намоед.
Ҳал:
Ҷадвали корӣ:
Балл |
Миқдори донишҷӯён |
10 |
2 |
9 |
2 |
8 |
4 |
7 |
1 |
6 |
3 |
5 |
6 |
4 |
3 |
3 |
4 |
2 |
8 |
Ҷадвали гурӯҳбандӣ:
нишондиҳандаҳо |
фаъол |
ғайрифаъол |
миқдори донишҷӯён |
25 |
8 |