
- •Ҳафтаи якум: Фан, усул ва вазифаи фанни омор. Мушоҳидаи оморӣ. Дарси якум: Фан, усул ва вазифаҳои фанни омор.
- •Дарси дуюм: Мушоҳидаи оморӣ Се марҳилаи тадқиқоти оморӣ
- •Масъалаҳои барпошавии мушоҳидаи оморӣ
- •Талаботҳо ба барномаи мушоҳидаи оморӣ:
- •Масъалаҳои ташкилии мушоҳидаи оморӣ
- •Хатогиҳои мушоҳидаи оморӣ
- •Намудҳои хатогиҳои мушоҳидаи оморӣ
- •Дарси сеюм: «Фан, усул ва вазифаи фанни омор. Мушоҳидаи оморӣ.»
- •Анкета барои гузаронидани пурсиш
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Фан, усул ва вазифаи фанни омор. Мушоҳидаи оморӣ».
- •Ҳафтаи дуюм: Гурўҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои оморӣ.Ҷадвалҳои оморӣ. Дарси якум: Гурўҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои оморӣ. Мақсади ҷамъбасткунӣ (натиҷабардорӣ) ва намудҳои он.
- •Усули гурӯҳбандӣ, намудҳои гурӯҳбандӣ
- •Дарси дуюм: Гурўҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои оморӣ. Техникаи иҷронамоии гурӯҳбандӣ
- •Муайян намудани бузургии фосила ва намудҳои он
- •Қисмҳои ҷадвалҳои оморӣ, намудҳои он
- •Дарси сеюм: Гурӯҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои оморӣ.Ҷадвалҳои оморӣ.
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Гурўҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои морӣ.Ҷадвалҳои оморӣ».
- •Ҳафтаи сеюм: «Нишондиҳандаҳои мутлақ ва нисбӣ» Дарси якум: «Нишондиҳандаҳои мутлақ ва аҳамияти онҳо»
- •Нишондиҳандаи давраи ҳозира
- •Дарси сеюм: «Нишондиҳандаҳои мутлақ ва нисбӣ»
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Нишондиҳандаҳои мутлақ ва нисбӣ».
- •Ҳафтаи чорум: «Бузургиҳои миёна» Дарси якум: «Бузургиҳои миёна»
- •Дарси дуюм: «Бузургиҳои миёна»
- •Дарси сеюм: «Бузургиҳои миёна»
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Бузргиҳои миёна»
- •Ҳафтаи панчум: Қаторҳои динамикӣ Дарси якум: Қаторҳои динамикӣ
- •Дарси дуюм: Қаторҳои динамикӣ
- •Дарси сеюм: Қаторҳои динамикӣ
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Қаторҳои динамикӣ».
- •Ҳафтаи шашум: «Индексҳо» Дарси якум: «Индексҳо»
- •Дарси дуюм: «Индексҳо»
- •Дарси сеюм: «Индексҳо»
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Индексҳо».
- •Маводҳо барои иҷроиши кори семестрии №1.
- •Хафтаи хаштум: Предмет, метод ва вазифаҳои омори иҷтимой-иқтисодӣ Дарси якум. Предмет, метод ва вазифаҳои омори иҷтнмой-иқтисодй. Ташкили омор дар давлатҳои хориҷй
- •Дарси дуюм: Тасниф ва гурӯҳбандй дар оии. Системаи нишондихандаҳо дар оии
- •Хафтаи дахум: Омори боигарии миллй
- •Хафтаи ёздаххум: Омори истеҳсоли маҳсулоти ҷамъиятй
Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Фан, усул ва вазифаи фанни омор. Мушоҳидаи оморӣ».
Кадом ҷойро дар тадқиқоти омори-иқтисодӣ мушоҳидаи оморӣ ишғол менамояд?
Пайдарҳамии марҳилаҳои мушоҳидаи омориро номбар кунед.
Чӣ хел мақсад бо объекти мушоҳидаи оморӣ алоқаманд аст?
Воҳиди ҳисобӣ аз воҳиди мушоҳида бо чӣ фарқ мекунад?
Вазифаҳои марҳилаи дуюми мушоҳидаи омориро фаҳмонед.
Фарқияти принсипиалии ҳисоби якуминдараҷа аз ҳисобот дар чист?
Мушоҳидаи бақайдгиранда чист? Кадом намудҳои онҳоро медонед ?
Кадом мақсадҳо пай бурда мешаванд ва кадом масъалаҳо ҳангоми гузаронидани мушоҳидаи омории махсус ҳал карда мешаванд?
Тарзҳои бадастории маълумотҳои омориро номбар кунед. Кадоме аз онҳо ба фикри Шумо нисбатан дастрас ва маъмуланд?
Барои чӣ назорати маълумотҳои оморӣ зарур аст?
Ҳафтаи дуюм: Гурўҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои оморӣ.Ҷадвалҳои оморӣ. Дарси якум: Гурўҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои оморӣ. Мақсади ҷамъбасткунӣ (натиҷабардорӣ) ва намудҳои он.
Мақсади ҷамъбасткунӣ - систематизатсияи маълумотҳои якуминдараҷа ва дар асоси он бадастории тавсифоти умумии объекти мушоҳидаи оморӣ бо ёрии нишондиҳандаҳои омории ҷамъбандикунанда.
Намудҳои ҷамъбасткунӣ аз рӯи амиқии коркарди мавод (нишонаи 1 -ум):
ҷамъбасткунии оддӣ - ин амалиёт оид ба ҳисоби маҷмӯҳои умумӣ ва мобайнӣ аз рӯи маҷмӯи воҳидҳои мушоҳидаи оморӣ;
ҷамъбасткунии душвор – ин маҷмӯи амалиётҳое, ки гурӯҳбандии элементарии мушоҳидаи оморӣ, ҳисоби натиҷаҳои ҳар як гурӯҳ, аз рӯи объекти умумӣ ва пешниҳоди натиҷаҳои ҷамъбастиро дар намуди ҷадвалҳои оморӣ дар бар мегирад.
Намудҳои ҷамъбасткунӣ аз рӯи шакли коркарди мавод (нишонаи 2-юм):
ҷамъбасткунии ғайримарказонидашуда, ки ҳангоми он коркарди маълумотҳои мушоҳидаи оморӣ аз рӯи ҳудуд, қисматҳои истеҳсолӣ ва ғ. пароканда карда шудааст.
ҷамъбасткунии марказонидашуда, ки ҳангоми он ҳамаи маводҳои якуминдараҷа ба маркази ягона дохил мешавад, ва дар он ҷо аз аввал то охир коркард карда мешавад.
Аз рӯи техникаи иҷрокунӣ (нишонаи 3-юм):
ҷамъбасткунии механикикунонидашуда, ки ҳангоми он ҳамаи амалиётҳо дар асоси истифодабарии МЭҲ иҷро карда мешаванд;
ҷамъбасткунии дастӣ, вақте ки ҳамаи амалиётҳои асосӣ дастӣ ба анҷом дода мешаванд.
Усули гурӯҳбандӣ, намудҳои гурӯҳбандӣ
Мақсади гурӯҳбандӣ - додани асоси илмӣ барои ҳисоби дурусти нишондиҳандаҳои оморӣ. Ин усули омории зарурии ҷамъбандикунии маълумотҳои мушоҳидаи оморӣ аст.
Вазифаҳои усули гурӯҳбандии оморӣ:
муайян намудани шаклҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҳодисаҳо;
омӯзиши сохтори ҳодиса ва лағжишҳои сохторӣ;
муайян намудани алоқамандӣ ва вобастагии байни ҳодисаҳо.
Вобаста аз характери масъалаҳои ҳалшаванда намудҳои зерини гурӯҳбандиро ҷудо месозанд:
гурӯҳбандии муқоисавӣ, ки ҳангоми он маҷмӯи гуногунҷинсаи сифатии тадқиқшаванда ба синфҳо тақсим мешаванд, намудҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, гурӯҳи воҳидҳои якҷинса мувофиқи қоидаҳои гурӯҳбандии илмӣ;
ҳангоми гурӯҳбандии оморӣ ҷудо шудани маҷмӯаи омории якҷинса ба вуҷуд меояд, ки сохтори он бо ягон нишонаи тағйирёбанда тавсиф карда мешавад;
гурӯҳбандии таҳлилӣ ҳамалоқамандии байни ҳодисаҳои омӯхташаванда ва нишонаҳои омилӣ ва натиҷавиро муайян месозад.
(бартарияти усули гурӯҳбандии таҳлилӣ байни дигар усулҳои таҳлили алоқаҳо: вай ягон шартҳоро барои татбиқи он талаб наменамояд, ба ғайр аз маҷмӯи омории якҷинсаи тадқиқшаванда).
Вобаста аз шумораи нишонаҳо, намудҳои зерини гурӯҳбандиро фарқ менамоянд:
гурӯҳбандии оддӣ, ки дар он гурӯҳҳо аз рӯи як нишона ташкил ёфтаанд;
гурӯҳбандии душвор, ки дар он маҷмӯъ ба гурӯҳҳо ва зергурӯҳҳо аз рӯи ду ва ё зиёда нишонаҳо тақсим мешаванд.
Вобаста аз характери нишонаи гурӯҳбандишаванда фарқ менамоянд:
гурӯҳбандии миқдорӣ (аз рӯи нишонаҳои миқдорӣ);
гурӯҳбандии сифатӣ (аз рӯи нишонаҳои сифатӣ).
Таснифот – тақсимоти системавии объектҳо ва ҳодисаҳо ба гурӯҳҳо, табақаҳо дар асоси монандӣ ва фарқияти онҳо.