
- •Ҳафтаи якум: Фан, усул ва вазифаи фанни омор. Мушоҳидаи оморӣ. Дарси якум: Фан, усул ва вазифаҳои фанни омор.
- •Дарси дуюм: Мушоҳидаи оморӣ Се марҳилаи тадқиқоти оморӣ
- •Масъалаҳои барпошавии мушоҳидаи оморӣ
- •Талаботҳо ба барномаи мушоҳидаи оморӣ:
- •Масъалаҳои ташкилии мушоҳидаи оморӣ
- •Хатогиҳои мушоҳидаи оморӣ
- •Намудҳои хатогиҳои мушоҳидаи оморӣ
- •Дарси сеюм: «Фан, усул ва вазифаи фанни омор. Мушоҳидаи оморӣ.»
- •Анкета барои гузаронидани пурсиш
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Фан, усул ва вазифаи фанни омор. Мушоҳидаи оморӣ».
- •Ҳафтаи дуюм: Гурўҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои оморӣ.Ҷадвалҳои оморӣ. Дарси якум: Гурўҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои оморӣ. Мақсади ҷамъбасткунӣ (натиҷабардорӣ) ва намудҳои он.
- •Усули гурӯҳбандӣ, намудҳои гурӯҳбандӣ
- •Дарси дуюм: Гурўҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои оморӣ. Техникаи иҷронамоии гурӯҳбандӣ
- •Муайян намудани бузургии фосила ва намудҳои он
- •Қисмҳои ҷадвалҳои оморӣ, намудҳои он
- •Дарси сеюм: Гурӯҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои оморӣ.Ҷадвалҳои оморӣ.
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Гурўҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои морӣ.Ҷадвалҳои оморӣ».
- •Ҳафтаи сеюм: «Нишондиҳандаҳои мутлақ ва нисбӣ» Дарси якум: «Нишондиҳандаҳои мутлақ ва аҳамияти онҳо»
- •Нишондиҳандаи давраи ҳозира
- •Дарси сеюм: «Нишондиҳандаҳои мутлақ ва нисбӣ»
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Нишондиҳандаҳои мутлақ ва нисбӣ».
- •Ҳафтаи чорум: «Бузургиҳои миёна» Дарси якум: «Бузургиҳои миёна»
- •Дарси дуюм: «Бузургиҳои миёна»
- •Дарси сеюм: «Бузургиҳои миёна»
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Бузргиҳои миёна»
- •Ҳафтаи панчум: Қаторҳои динамикӣ Дарси якум: Қаторҳои динамикӣ
- •Дарси дуюм: Қаторҳои динамикӣ
- •Дарси сеюм: Қаторҳои динамикӣ
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Қаторҳои динамикӣ».
- •Ҳафтаи шашум: «Индексҳо» Дарси якум: «Индексҳо»
- •Дарси дуюм: «Индексҳо»
- •Дарси сеюм: «Индексҳо»
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Индексҳо».
- •Маводҳо барои иҷроиши кори семестрии №1.
- •Хафтаи хаштум: Предмет, метод ва вазифаҳои омори иҷтимой-иқтисодӣ Дарси якум. Предмет, метод ва вазифаҳои омори иҷтнмой-иқтисодй. Ташкили омор дар давлатҳои хориҷй
- •Дарси дуюм: Тасниф ва гурӯҳбандй дар оии. Системаи нишондихандаҳо дар оии
- •Хафтаи дахум: Омори боигарии миллй
- •Хафтаи ёздаххум: Омори истеҳсоли маҳсулоти ҷамъиятй
Хатогиҳои мушоҳидаи оморӣ
Саҳеҳии мушоҳидаи оморӣ дараҷаи мувофиқати қимати ягон нишондиҳанда, ки бо роҳи ченкунии оморӣ муайян карда шуда, бузургии ҳақиқии он мебошад.
Хатогии мушоҳидаи оморӣ - ба ҳам мувофиқат наомадани байни қимматҳои ченкардашуда ва ҳақиқии бузургии омӯхташаванда.
Ду усули тафтиши маълумотҳои мушоҳидаи оморӣ чунинанд:
назорати ҳисобӣ тафтиши натиҷаҳо ва ҳисоби санҷишии нишондиҳандаҳо (мавҷудияти хатогӣ аниқ муайян карда мешавад);
назорати мантиқӣ муқоисаи маълумотҳои бо дигар нишонаҳои маълум, нишондиҳандаҳо оварда шудааст.
Намудҳои хатогиҳои мушоҳидаи оморӣ
Хатогиҳои ногаҳонӣ бо бедиққатӣ, беэҳтиётии бақайдгиранда ва аниқ набудани асбобҳои ченкунӣ алоқаманд аст.
Хатогиҳои мунтазам хатогиҳои яклухткунии синну сол ва суммаҳо, азхотирбарории «хароҷотҳои дуюмдараҷа» аст.
Хатогиҳои ногаҳонии намояндагӣ (репрезентативности) – хатогиҳо аз сабаби пурра дар бар нагирифтани маълумот.
Хатогиҳои мунтазами намояндагӣ - хатогиҳо аз сабаби тамоили сохтори маҷмӯаи интихобӣ ва генералӣ бавуҷудомада.
Хатогиҳои ғаразноки навъи якум – аз сабаби истифодабарии тарзҳои номувофиқ ҳангоми мавҷудияти тарзҳои мукаммал.
Хатогиҳои ғаразноки навъи дуюм аз сабаби истифодабарии схемаҳои ташкилотии номукаммали гузаронидани мушоҳидаи оморӣ (масалан, хатогиҳои мушоҳидаи дохилӣ) пайдо шудаанд.
Дарси сеюм: «Фан, усул ва вазифаи фанни омор. Мушоҳидаи оморӣ.»
Супориш: Гузаронидани мушоҳидаи оморӣ бо ёрии сохтани анкетаи пурсиш.
Анкета барои гузаронидани тадқиқот
Овардани анкета
Гузаронидани пурсиш
Миқдори пурсидашавандагон
Интихоби аудитория барои тадқиқот
Таҳлили натичаҳо
Алоҳида аз рӯи ҳар як саволи анкета овардани диаграмма, ҷадвал ва онҳоро ҷамъбаст кардан.
Пешниҳоди натиҷаҳои тадқиқот
Овардани хулосаи умумӣ ва тавсия оид ба мол (хизмат)
Анкета барои гузаронидани пурсиш
Синну соли шумо
a) 5 – 10
b) 11 – 20
c) 21 – 35
d) 36 – ва ғ
Ҷинс
а) зан
б) мард
Кадом андозаи мол ба шумоён бештар маъқул аст
а) 10-20см
б) 20-30см
в) 40-50см
г) 60-80см
Сифати мол
a) аъло
b) хуб
c) қаноатбахш
d) паст
Мақсади харидани маҳсулот
a) барои тӯҳфа
b) барои ороиш
c) барои кӯдакон
d) ҳолатҳои дигар
Кадом навовариҳоро Шумо дохил кардан мехоҳед:
a) ҳаракаткунанда
b) бо овоз
c) намудҳои гуногун
d) бе тағйирот
7. Молро бо кадом роҳ ба даст овардан мехоҳед?
a) аз мағоза
b) аз бозор
c) аз интернет – мағоза
Кадом ранги мол ба шумо маъқул аст.
a) равшан
b) тираранг
c) ҳарранга
Талабот нисбати нархи мол
a) 10 - 25 сомонӣ
b) 30 - 50 сомонӣ
c) 50 - 120 сомонӣ
d)120 - 250 сомонӣ
10. Ҷои гузаронидани пурсиш
a) шаҳр
b) ноҳия
c) деҳот
Гузаронидани пурсиш
Миқдори умумии пурсидашудагон 100 нафарро ташкил медиҳанд.
Интихоби аудитория барои тадқиқот:
- ш. Хуҷанд (муштариёни бозору мағоза, шахсони роҳгузар)
- н. Б. Ғафуров (истиқоматкунандагони маҳалла)
- н. Исфара (муштариёни мағоза)
1. Синну соли пурсидашудагон (100 нафар)
Аз рӯи нишондодҳо маълум гашт, ки аз 100 нафар пурсидашудагон фоизи зиёдро шахсони 21-36 сола ташкил кардаанд.
2. Ҷинс
Аз 100 нафар пурсидашудагон фоизи зиёдро мардон ташкил карданд.
Мо нисбати моли интихобкардаи худ ба мизоҷон 10 савол пешкаш намудем ва дар натиҷа ба чунин хулоса омадем. Бисёрии истифодабарандагон мехоҳанд, ки ин мол сифати баланду нархи каме пастар дошта бошад. Талабот нисбати андоза ва ранги ин мол низ зиёд аст. Хулоса, ба истемолкунандагони ин мол сифати баланду нархи паст, андозаи наонқадар калону ранги равшан, дастрас намудан аз мағоза ва овоздор будани ин мол писанд аст.