
- •Ҳафтаи якум: Фан, усул ва вазифаи фанни омор. Мушоҳидаи оморӣ. Дарси якум: Фан, усул ва вазифаҳои фанни омор.
- •Дарси дуюм: Мушоҳидаи оморӣ Се марҳилаи тадқиқоти оморӣ
- •Масъалаҳои барпошавии мушоҳидаи оморӣ
- •Талаботҳо ба барномаи мушоҳидаи оморӣ:
- •Масъалаҳои ташкилии мушоҳидаи оморӣ
- •Хатогиҳои мушоҳидаи оморӣ
- •Намудҳои хатогиҳои мушоҳидаи оморӣ
- •Дарси сеюм: «Фан, усул ва вазифаи фанни омор. Мушоҳидаи оморӣ.»
- •Анкета барои гузаронидани пурсиш
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Фан, усул ва вазифаи фанни омор. Мушоҳидаи оморӣ».
- •Ҳафтаи дуюм: Гурўҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои оморӣ.Ҷадвалҳои оморӣ. Дарси якум: Гурўҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои оморӣ. Мақсади ҷамъбасткунӣ (натиҷабардорӣ) ва намудҳои он.
- •Усули гурӯҳбандӣ, намудҳои гурӯҳбандӣ
- •Дарси дуюм: Гурўҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои оморӣ. Техникаи иҷронамоии гурӯҳбандӣ
- •Муайян намудани бузургии фосила ва намудҳои он
- •Қисмҳои ҷадвалҳои оморӣ, намудҳои он
- •Дарси сеюм: Гурӯҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои оморӣ.Ҷадвалҳои оморӣ.
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Гурўҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои морӣ.Ҷадвалҳои оморӣ».
- •Ҳафтаи сеюм: «Нишондиҳандаҳои мутлақ ва нисбӣ» Дарси якум: «Нишондиҳандаҳои мутлақ ва аҳамияти онҳо»
- •Нишондиҳандаи давраи ҳозира
- •Дарси сеюм: «Нишондиҳандаҳои мутлақ ва нисбӣ»
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Нишондиҳандаҳои мутлақ ва нисбӣ».
- •Ҳафтаи чорум: «Бузургиҳои миёна» Дарси якум: «Бузургиҳои миёна»
- •Дарси дуюм: «Бузургиҳои миёна»
- •Дарси сеюм: «Бузургиҳои миёна»
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Бузргиҳои миёна»
- •Ҳафтаи панчум: Қаторҳои динамикӣ Дарси якум: Қаторҳои динамикӣ
- •Дарси дуюм: Қаторҳои динамикӣ
- •Дарси сеюм: Қаторҳои динамикӣ
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Қаторҳои динамикӣ».
- •Ҳафтаи шашум: «Индексҳо» Дарси якум: «Индексҳо»
- •Дарси дуюм: «Индексҳо»
- •Дарси сеюм: «Индексҳо»
- •Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Индексҳо».
- •Маводҳо барои иҷроиши кори семестрии №1.
- •Хафтаи хаштум: Предмет, метод ва вазифаҳои омори иҷтимой-иқтисодӣ Дарси якум. Предмет, метод ва вазифаҳои омори иҷтнмой-иқтисодй. Ташкили омор дар давлатҳои хориҷй
- •Дарси дуюм: Тасниф ва гурӯҳбандй дар оии. Системаи нишондихандаҳо дар оии
- •Хафтаи дахум: Омори боигарии миллй
- •Хафтаи ёздаххум: Омори истеҳсоли маҳсулоти ҷамъиятй
Дарси дуюм: Қаторҳои динамикӣ
Шарти асосии дуруст тартиб додани қаторҳои динамикӣ муқоисашавандагии дараҷаи каторҳо мебошад, ки ба давраҳои гуногун рост меоянд. Дараҷахо бояд дар бузургиҳои яктаркиба нишон дода шаванд, бояд ба пуррагии якхела қисмхои алоҳидаи ҳодисаро дарбар гирад.
Барои он, ки ба хатогиҳои динамикаи воқеӣ роҳ дода нашавад, дар тадқиқоти оморӣ муҳосиботҳои пешакӣ гузаронида мешаванд, ки пеш аз таҳлили омории қаторҳои динамикӣ ба амал оварда мешаванд. Якҷихата (смыкание) кардани қаторҳои динамикӣ гуфта, чунин муайянкунии ду ва ё зиёда қаторҳоеро меноманд, ки дараҷаҳояшон бо усулҳои гуногун ҳисоб карда шудаанд ё сарҳади ҳудудҳояшон мувофиқат намекунанд. Якҷиҳата кардани қаторҳои динамикӣ инчунин ба асоси умумӣ овардани дараҷаҳои қаторҳои динамикиро пешбинӣ мекунад, ки номутаносибии дараҷаи қаторҳои динамикиро бартараф мекунад.
Барои тавсифи самараи инкишоф дар вақт, нишондиҳандаҳои омории аз муқоисаи дараҷахо байни ҳам дастовардашуда истифода мебаранд, дар натиҷа системаи нишондиҳандаҳои мутлақ ва нисбии динамикиро ба даст меоварем: афзоиши мутлақ, коэффитсиенти рушд, суръати рушд, суръати афзоиш, нишондиҳандаи мутлақи 1 % афзоиш. Барои тавсифи суръати рушд дар мӯҳлати дароз нишондиҳандаҳои миёна ҳисоб карда мешаванд: дараҷаи миёнаи қатор, афзоиши миёнаи мутлақ, коэффитсиенти миёнаи рушд, суръати миёнаи рушд, нишондиҳандаи миёнаи мутлақи 1 % афзоиш.
Агар дар рафти тадқиқот якчанд дараҷаҳои пайдарпайро муқоиса кардан лозим бошад, он гоҳ бо базаи доимӣ ё базаи тағйирёбанда (нишондиҳандаҳои пайдарапай) муқоиса карда мешавад.
Нишондиҳандаҳои базисӣ хулосаи натиҷавии ҳамаи тағйиротҳоро дар дараҷаҳои қатор аз давраи дараҷаи базисӣ то давраи додашуда тавсиф менамояд.
Нишондиҳандаҳои пайдарпай тағйирёбии дараҷаро аз як давр то даври дигар дар вақти ҷорӣ, ки тадкик карда мешавад тавсиф менамояд.
Афзоиши мутлақ суръати мутлақи қатори динамикиро баён намуда ҳамчун фарқияти байни дараҷаи додашуда ва дараҷаи ҳамчун база қабулшуда муайян карда мешавад.
(10.1)
ки дар ин ҷо yi- сатҳи давраи муқоисашаванда, y0- сатҳи давраи базисӣ
Афзоиши мутлақ бо базаи тағйирёбанда, ки онро суръати афзоиш меноманд
(10.2)
ки дар ин ҷо yi- сатҳи давраи муқоисашаванда, y0- сатҳи давраи омадаистода
Коэффитсиенти рушд Ki – ҳамчун нисбияти сатҳи давраи додашуда бар гузашата ё базисӣ муайян карда шуда, суръати тағйирёбии қаторҳоро нишон медиҳад. Агар коэффитсиенти рушд бо фоиз инъикос карда шавад, онро суръати рушд меноманд.
Коэффитсиенти рушд (базисӣ)
(10.3)
Коэффисиенти афзоиши (пайдарпай)
(10.4)
Суръати рушд
(10.5)
Суръати афзоиш ҳамчун нисбияти байни афзоиши мутлақи давраи додашуда дар гузашта ё давраи базисӣ муайян карда мешавад.
Суръати афзоиш (базисӣ)
(10.6)
Суръати афзоиш (пайдарпай)
(10.7)
Суръати афзоишро бо дигар роҳ ҳам ҳисоб намудан мумкин аст: ҳамчун фарқи баёни суръати рушд ва 100% ё ҳамчун фарқи байни коэффитсиенти рушд ва 1:
Тп = Тр - 100%; Тп = Ki - 1. (10.8)
Нишондиҳандаи мутлақи 1 % афзоиш Ai . Ин нишондиҳанда ҳамчун ченаки ғайримустақими (бавоситаи) сатҳи базисӣ хизмат менамояд. Он аз худ аз сад як қисми сатҳи базисиро ифода менамояд, лекин дар як вақт нисбияти афзоиши мутлақро бар суръати афзоиши мувофиқро ҳам инъикос менамояд.
Нишондиҳандаи додашуда аз руӣ формулаи зерин муайян карда мешавад.
(10.9)