Муаммоҳои асосии неология дар ҷанбаи фаъолияти муносибат ба забон
Дар амалияи неологӣ забоншиносони англис ва амрико ба коркарди ҷанбаи лексикографии неологизмҳо саҳми арзанда гузоштаанд.
Дар даҳсолаи охир ду луғати пурарзиши Барнхарт ( Barnhart 1973, 1980) аз чоп баромад. Онҳо тақрибан 10000 калимаҳои нав ва маъноро дар бар мегирад.
Муваффақияти бузурги лексикографияи англисӣ нашри замимаи чаҳорҷилдат луғати Калони Оксфордӣ таҳти таҳририяи Р. Бергфилд ба шумор меравад, ки қариб 60000 мақолаҳои луғавӣ ва қариб ниммиллион мисолҳои шарҳдиҳандаро дар бар мегирад.
Ҳамзамон назарияи неология дар англисзабонҳо ҳамчун соҳаи мустақили луғавӣ ҳоло ташаккул наёфтааст. Байни он дар забони англисӣ мувофиқи маълумоти Р. Бергфилд дар мобайни солҳо 800 калимаҳои нав пайдо мешаванд, ки нисбат ба ҳар як забонҳои дунё зиёданд. Ин дар назди англисзабонон масъалаи на танҳо муайян кардани калимаҳои нав, балки тадқиқоти онҳоро масъалагузорӣ мекунад. Муаммоҳои асосии неология дар ҷанбаи фаъолият ба инҳо оварда мерасонад:
Нишон додани роҳҳои тафриқаи калимаҳои нав ва маъно;
Таҳлили далелҳои пайдоиши онҳо дар мувофиқа ба талаботҳои ҷамъиятӣ;
Омӯхтани намунаҳои пайдоиши онҳо ва маҳдудият дар истифодаи онҳо;
Коркарди усули муносибат ба онҳо ( мақбул ё номақбулии онҳо ) дар гурӯҳҳои гуногуни касбӣ – иҷтимоӣ, синусолӣ ва дигарон;
Коркарди лексикографӣ бо нишон додани маҳдудияти гуногуни прагматӣ бо истифода дар ҳолатҳои гуногуни муошират бо назардошти фарқи иҷтимоии забон.
Дар ҷараёни ҳалли ин муаммоҳо забоншиносон барои ҷавоб додан ба саволҳои аз кадом эҳтиёҷоти прагматӣ калимаҳои нав пайдо мешавад, кадоме аз порчаҳои таҷриба ва барои чӣ маҳз онҳо муайянкунии луғавиро талаб мекунад, чӣ бояд дар таҷрибаи ҳаётии инсоният барои пайдоиши зарурати калимаи нав дигаргун шавад, ки калимаи навро ба вуҷуд меорад, чӣ хел ва дар кадом шароит ба вуҷуд меояд, механизмҳои лингвистии сохтаи калимаҳои нав чӣ гунаанд, чӣ гуна морфемаҳои монандӣ, захираи намунавӣ, луғавӣ, чӣ тавр фаъолияти номинативии механизмҳои алоҳида дигаргун мешавад, чӣ тавр калима ба сохти луғавӣ ворид мешавад, механизмҳои адаптатсионии калимаҳои нав кадомҳоанд, кӯшиш кардаанд.
Ҷаҳони муосир хусусияти тағъироти фаъоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ-техникиро нишон медиҳад, ки пайдоиши калимаҳои навро дар забон ба худ мекашад ва фаҳмиши навро таҷдиди назар мекунад.
Таркиби луғавӣ ин тарафи нуфузпазиранда, тағъирёбанда ва ҳаракаткунандаи забон ба шумор меравад, ки бевосита ҳодисоти дар олами реалӣ ба вуҷудомадаро ба танзим медарорад, дар он тасаввуроти моро оид ба падидаҳои гуногуни фаъолияти ғайризабонӣ инъикос мекунад. Хусусияти хоси луғат ин роҳҳои бемаҳдуд афзудан аз ҳисоби калимаҳо ва маъноҳои нав маҳсуб мешавад, ки бо роҳҳои гуногун сохта мешавад. Пайдоиши неологизм аз қобилияти ҳаётии забон, саъю кӯшиши он барои баён кардани ҳамаи боигариҳои дониши инсоният ва пешравии тамаддун гувоҳӣ медиҳад.
Омӯзиши неологизм ба вазифаи услубӣ ва луғавӣ дохил шуда, ҳамзамон ҳар яке аз ин илмҳо неологизмро аз ҷиҳати сохти худ, аз нуқтаи назари худ дида мебарояд. Илми луғатшиносӣ сабаби пайдоиши калимаҳои навро дар таркиби луғавии забон, роҳҳои сохти он ва роҳҳои пайдоиши нави калимаҳои аллакай дар забон мавҷудбударо меомӯзад. Илми услубшиносӣ неологизмро аз нуқтаи назари тобиши услубӣ ва имконияти тобиши экспрессивӣ меомӯзад. Ба назар чунин мерасад, ки тобиши услубии неологизм боиси пайдоиш ва истифодаи онҳо дар ин ё он услуби нутқӣ мегарданд.
Байни инкишоф ва дигаргуншавӣ дар ҷамъи маводҳо дар нутқи услубӣ дар баён ва таҳаввулоти таркиби луғавӣ алоқаи доимамалкунанда мавҷуд аст. На танҳо пайдоиши баёни неологизми услубӣ диққати услубшиносонро ба худ ҷалб мекунад, балки пайдоиши воҳидҳои луғавии нав оҳиста- оҳиста архаизмҳоро аз байн мебарад.
Калимаҳои нав аз рӯи қоида дар мувофиқа бо калимаи муайяни дар забон мавҷудбуда сохта шуда, ҳамчун образ пешкаш карда мешаванд. Ин гуна образ ба таври абстракт аз мундариҷаи муайяни сохти луғавӣ ё модели калимасозӣ дида баромада мешавад. Модели калимасозӣ сохти якхеларо дар бар гирифта, дорои мундариҷаи ягонаи луғавӣ-категориявӣ мебошад ва маводҳои гуногуни луғавиро бо мавҷудияти пайвастагии баробарҳуқуқи ҷузъҳои он бо ҳамдигар пурра мегардонад. Барои ин модели калимасозӣ якчанд аломатҳои фарққунанда мавҷуд аст:
а) маънои умумиии категориявӣ ин хосияти калима, ки аз рӯи ин ё он модели ҳиссаи нутқи муайян, қатори калимаҳои муайяни луғавӣ-семантикӣ сохта мешавад;
б) таркиби сохторӣ, яъне аз кадом ҷузъи калимасозӣ вай сохта мешавад;
в) хусусияти муносибати сохторӣ- маънодори ҷузъҳо;
г) маънои калимасозӣ, ки ба алоқаи маънодор бо калимаҳои сохта ё асоси ин алоқа хос аст;
д) фаъолияти калимасозӣ, ба таври дигар гӯем- продуктивӣ [2, 45].
Аз рӯи маълумоти ташкилоти Колифорния Global Language Monitor мақсади он аз қайди калимаҳои нав двр забони англисӣ мебошад, чунин омадааст, ки дар таркиби луғавии забонҳои ҷаҳон калимаҳои нав дар ҳар як 98 дақиқа пайдо мешаванд. Аз ин бармеояд, ки таркиби луғавӣ дар як сол метавонад ҳазор ё то ҳатто даҳ ҳазор калимаро зиёд гардонад. Ин гуна шумораи зиёди неологизм дар таркиби луғавии забони англисиро олимон чунин маънидод кардаанд, ки ин мавҷуд будани вариантнокии гуногуни онҳо, аз амрикоӣ- англисӣ даҳ ҳазор калимаро дар бар гирифта, дар стандарти варианти бритонӣ то чинӣ -англисӣ мавҷуд нест, ки қисман луғатҳое истифода бурда мешавад, ки танҳо истиқоматкунандагони Дунявӣ мефаҳманд. Тадқиқи неологизмҳои даҳсолаи охир нишон медиҳад, ки тараққиёти забони англисӣ дар офаридани калимаҳои нав аз ҳисоби сарчашмаҳои хусусӣ рӯ ба пешравӣ ниҳода истодааст .
Дар соҳаи калимасозии забони англисии муосир роҳҳои зерини сохтани калимаҳои навро ҷудо мекунанд :
Аффиксасия (префиксасия ва суффиксасия). Сохти калимасозӣ аз нав ба калимаи нав сохташаванда мавҷуд будани се қисмати ҳатмӣ мешуморад: реша ё асос, аффикс, ки дар натиҷаи пайваст кардани аффикс ба асоси сохташуда ба миён меояд. Ҳамзамон, калимаҳои сохта натиҷаи таъсири дутарафаи се қисмати нишондодашуда маҳсуб мешавад. Ин аз он сабаб ба вуҷуд меояд, ки асоси калимасозӣ аз ҷиҳати хусусияти структурӣ, семантикӣ ва грамматикии худ аффиксҳои мувофиқро аз рӯи модели объективии амалкунанда ба худ алоқаманд мекунад, ки алоқаи воқеии амалкунандаро аз рӯи пайвастагии мазкури асос ва аффикс инъикос мекунад. Илова бар ин, бевосита қайд кардан бамаврид аст, ки аффиксмаъноеро дар амал татбиқ мекунад, ки ҷудонашаванда буда, бо калима-асос пайваст мешавад.
Бадалшавӣ - роҳҳои морфологӣ- синтаксисии калимасозӣ, ки калимаҳои нав бе тағъирёбии шакли асосии калимаи аввала ба миён меояд. Калимаҳои нави аз рӯи конверсия сохташуда дар парадигмаи нав ҷойгир мешавад ва ба худ вазифа ва пайвастагии дигари синтаксисиро қабул мекунад, инчунин маънои нави луғавӣ- грамматикиро соҳиб мешавад. Ба ғайр аз ин натиҷаи конверсия шакли асосии омонимии калимаҳои сохта ва аввала маҳсуб мешавад, яъне пайдоиши воҳидҳои забонӣ, мувофиқаткунӣ аз рӯи шакл, садодиҳӣ ва навишт, аммо дорои маъноҳои гуногун ва ба ҳиссаҳои нутқи гуногун тааллуқдошта ба шумор меравад. Барои ин бевосита қайд кардан лозим аст, ки барои бадалшавии калима бо як маъно офарида мешавад, аммо сониян аз онҳо калимаҳои бисёрмаъногӣ ба вуҷуд меояд.
Сохти калима- маводи асосии пурра кардани таркиби луғавии забон ва такмили сохти он ба шумор меравад. Дар забони англисӣ ин яке аз роҳои сермаҳсули калимасозӣ ба шумор меравад. Монанди дигар роҳҳои сохтани калимаҳои нав сохти калима хусусияти худро дорад, ки ба сохти истифодашавандаи сохти асоси мураккаб ва пайвастшавии онҳо, тарзи истифодабарии воситаи мазкури калимасозӣ, инчунин факторҳои дорои сермаҳсул будани онҳо тааллуқ дорад. Сохтани калима хусусияти забонро инъикос карда, танҳо барои забонҳои амиқ хос аст. Ҳамин тавр, сохти аналитикии забони англисӣ, истифодаи васеи тартиби калима чун маводи ифодаи муносибати лексикӣ-грамматикӣ мавҷуд будани шумораи зиёдтари калимаҳои мураккабро мефаҳмонад, ки бе элементҳои пайвасткунанда ва флексия сохта мешавад, мисол brainwork, browbeat, handshake, job-hunt.
Ихтисоршавӣ (кӯтоҳкунӣ, кӯтоҳкунии инитсиалӣ ва телескопия)- ин ҷараён морфема ё фонемаҳои калима ё ибораҳои дар забон мавҷудбударо дар натиҷаи воҳидҳои нави номинативӣ ё варианти воҳидҳои аввала бе тағъироти маънои лексикӣ-грамматикии онҳо кам мекунад.
Калимасозии бараъкс (реверсия) ин сохти калимаҳои нав бо роҳи ҷудо кардани ҷузъи калимасозии калимаи аввала мебошад. Дар ҳолати мазкур дар назар дошта мешавад, ки калимаи аввала дар таркиби худ суффикс ё префиксро бо ёрии калимаҳои мазкури аввала, ки дар ҳамон вақт сохта шуда буд, дар бар мегирад. Ҳамин тавр, феълҳои to beg, to edit, to perk аз исмҳои мувофиқи beggar, editor, percolator гирифта шуда буданд.
постпозитивасия- роҳҳои калимасозии дохилифеълӣ дар тағъироти намудии асоси феълӣ бо ёрии сохти постпозитивҳои мураккаб ва мустаҳкам бунёд мешавад. Ҳамин тавр, дар сохти намуди to get up элементи бандаки баъдифеълӣ постпозитив ё пасоянд буда, вазифаи калимасозиро иҷро мекунад. Барои ин постпозитив ҳам морфология ва ҳам синтаксис мустақил набуда, дар як мақсад бо феъл якҷоя карда мешавад. Оид ба маънои гирифтаи ин намуд феълҳо бошад, онҳо баъзан метавонанд ҷамъи маъноҳои элементҳои иҳотакардашударо дар худ дошта бошанд, мисол, феъли иборавии to stand up сохти шаффофро дорад. Аммо дар бисёр ҳолатҳо постпозитивасия маънои чунин феълҳое мебошанд, ки натиҷаи таъсири дутарафаи мураккабтарини элементҳои онҳоро иҳотакарда маҳсуб мешавад. Аз ҳамин сабаб ҳам барои донистани маънои муайяни феълҳои фразавӣ ба луғат муроҷиат кардан аз имконият холӣ нест.
тақлиди овоз (ономатопея) офаридани чунин калимаҳоеро дар бар мегирад, ки пардаи овозӣ дар ин ё он дараҷа ифодаи предметҳо ё падидаҳоро хотиррасон мекунад, мисол: bounce, bump, buzz, hiss, mumble, smash, twitter. Қайд кардан бамаврид аст, ки тақлиди овоз ҳамчун воситаи калимасозӣ барои бисёр забонҳо, аз ҷумла барои забони тоҷикӣ низ хос аст.
такрор (редупликасия) ин роҳи сохтани калимаҳои нав бо роҳи пурра ё қисман такроршавии реша ё асоси калимаи аввала бетағйир ё қисман тағйир додани таркиби овозии онҳо маҳсуб мешавад, мисол: bye-bye, clop-clop helter-skelter, hurly- burly zig-zag. Намуди мазкури калимасозӣ барои нутқи гуфтугӯӣ, бештар дар лаҳҷаҳои лондонӣ хос буда, ҳамчун кокни машҳур аст.
иваз шудани овозҳо, кӯчонидани зада дар калима- воситаи калимасозӣ, ки таркиби фонетикии худро дар сохти калимаи нав тағйир медиҳад, ки ба гурӯҳи дигари лексикӣ-грамматикӣ тааллуқ дорад. Муқоиса кунед, мисол: ҷуфти калимаи зерин: food (n)- feed (v); life (n)- live (v), song (n)- sing (v).
На ҳамаи воситаҳои нишондодашуда фаъолона истифода бурда мешаванд. Ба калимасозии асосии забони англисӣ аффиксасия, конверсия, сохтани калима ва ихтисоршавӣ дохил мешавад.
Сарчашмаи асосии неологизм дар замони ҳозира шабакаи Интернет ва шабакаҳои ҷамъиятӣ ба шумор мераванд, аз ҳамин сабаб ҳам таркиби асосии калима ва ибораҳои нав маҳз бо онҳо алоқаманд аст.
Калимасозӣ аз давраҳои қадим дар забони англисӣ паҳн шуда, ҳамзамон шумораи зиёди калимаҳо дар навбати худ ба забони фаронсавӣ ва лотинӣ дар натиҷаи иқтибосшавӣ тағъир ёфтаанд. Мисол, ба ҷои калимаи қадимаи англисии goldhoard калимаи фаронсавии treasure-ро истифода мебурданд.
Дар забони англисии муосир калимае мавҷуд аст, ки бо роҳи калимасозии ниммаъногии асос пайдо шудааст, аммо дар замони ҳозира қисмати онҳоро дар баргирифта аллакай ҳамчун шакли мустақил истифодашаванда қабул карда нашудааст. Мисол, калимаи women аз аввал шакли wife-man- ро дошта, ки мобайни f хеле заиф буд ва аз ҳамин сабаб ҳам аз байн рафт [8, 36].
Бар замми ин рӯз аз рӯз ибораҳои нави ҷудонашаванда пайдо мешаванд, ки бештари онҳо фразеологизмҳо буда, ба луғат ворид карда шудаанд. Мисолҳои ин гуна ибораҳо, ки соли 2013 ба Oxford Dictionaries ворид карда шудаанд, дар таблисаҳо нишон дода шудааст.
